Акнун Горбачёв қарор дод, ин суннати куҳани болшевиконро дубора эҳё кунад. Вазъият дар кишвар бо шиддат тағйир меёфт ва ин тағйиротҳо дар зиндагии сиёсӣ ва иқтисодии мардум бештар хусусиёти ғайримуташаккилона доштанд. Дар дохили худи ҳизб мухилифине вуҷуд надоштанд, чун Низомномаи ҲКИШ созмон додани гурӯҳ ё фраксияҳоро дар дохили ҳизб мамнӯъ карда буд. Аммо ин ҳизб дигар сад дар сад якраъй ва як фикр (ҳатто дар КМ ҲКИШ ва Бюрои сиёсӣ) набуд. Худи Горбачёв аз мавҷудияти ду ҷараён дар дохили ҳизб-ислоҳотчиён ва кӯҳнапарастон хабар дода буд. Дар асл бошад ҳолати сиёсӣ дар дохили ҳизб ба маротиб мушкилтар, печидатар ва номуаян буд. Дар бисёр маврид ин печидагӣ аз номуаянӣ ва норавшании худи ислоҳоти ба нақша гирифта вобастагӣ дошт. Маҳз ба ҳамин хотир аксарияти аъзоёни ҳизб бар ин бовар буданд, ки даъвати конфронси ҳизбӣ ба фаъолияти ояндаи ҳизб равшанӣ меандозад ва самти ҳаракати ояндаро муаян мекунад. Мутаассифона, ин орзӯи коммунистон ҷомаи амал напӯшид.
Тезисҳои конфронс
Тезизҳои КМ ҲКИШ барои Конфронси XIX-уми ҲКИШ дар Пленуми КМ ҲКИШ 23 маи соли 1988 қабул гардиданд ва 27 май, яъне танҳо як моҳ қабл аз баргузории конфронс дар рӯзномаи “Правда” нашр карда шуданд. Тезисҳо барои конфронс натиҷаи заҳмат ва гузаштҳои зиёд буданд, аммо масоили зиёди сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ дар онҳо аслан инъикос наёфта буд, чун тартибдиҳандагони ин тезисҳо намедонистанд ин масоилро чи гуна тақвият бахшанд. Барои кормандони кадрии ҳизбӣ аз ҳама қисмати муҳими тезисҳо, масъалаи иваз намудани мунтазами кадрҳои роҳбарикунандаи ҳизбӣ ба шумор мерафтанд. Ин пешниҳодот ҳанӯз дар замони Н.С. Хрушёв дар анҷумани XXII-уми ҲКИШ қабул гардида, аммо баъди суқути Никита Сергеевич ба фаромӯшӣ супурда шуданд. Дар Тезисҳои нав зикр мегардид, ки ҳеҷ як аз роҳбарони ҳизбӣ аз ду дафъа зиёдтар, наметавонад ва ҳақ надорад дар мансаби худ боқӣ монад. Барои котибони КМ ҲКИШ ин давра ду 5 соларо ташкил мекард, аммо котибони аввали вилоятӣ, танҳо ду дафъа, 2 соли метавонистанд мансаби худро ишғол кунанд. Барои кормандони ташкилотҳои идеологии ҲКИШ аз ҳама қисмати муҳими “Тезисҳо”-ро масъалаи “гуногунандешии сотсиалистӣ” ташкил менамуд. Дар ин қисмат диққати асосӣ ба озодии сухан, матбуот, озодии баҳс ва маълумот, аммо дар чаҳорчӯби интихоби сотсиалистӣ дода мешуд. Касе ҳақ надошт асли сотсиализмро дар ин мубоҳисот зери савол барад.
Ҳокимияти Шӯроҳо
Аммо баҳсу мунозироти воқеъӣ дар кишвар аллакай моҳҳои апрел-майи соли 1988 аз чаҳорчӯби муаян намудаи ин тезисҳо берун рафта буд. Аммо аз ҳама қисмати асосӣ ва аз тарафе номуаяни тезиҳои конфронсро талаби додани тамоми қудрати сиёсӣ дар кишвар ба Шӯроҳо ташкил менамуд. Ин шиор, ки шиори Ленинро дар соли 1917 такрор мекард чӣ маъно дошт касе намедонист. Дар ин муддат сохтори ниҳодҳои Ҳукумати шӯравӣ комилан тағйир ёфта , барои мисол Шӯрои шаҳри Маскав (Моссовет) ба Шӯрои вилоятии Москвагӣ итоат намекард ва ин ҳарду низ ба Шӯрои Вазирони СССР итоат намекарданд. Шӯрои Олии СССР дар ин систем, танҳо ниҳоди қонунбарор маҳсуб меёфт ва ҳеҷ имконияте барои идораи ҷорӣ надошт. Ниҳодҳои ҳизбӣ-аз райком то КМ ҲКИШ кайҳо боз вазифаи идоракунии давлатиро анҷом медоданд ва дар шароити давлати якҳизбӣ ва идеологӣ чораи дигаре вуҷуд надошт.
Бо қарори КМ ҲКИШ интихоби вакилон барои ширкат дар конфронси ҳизбӣ бояд дар маҷлисҳои ҳизбӣ ё конфронсҳои ноҳиявӣ, аммо дар асоси ҷойгузинӣ (алтернативӣ) сурат мегирифтанд. Ин низ як навоварии дигар қаламдод мешуд. Пештар интихоби вакилон ба анҷумани ҳизб тибқи рӯихат, ки дар дастгоҳи КМ ҲКИШ ва дар якҷоягӣ бо дастгоҳҳои вилоятии ҳизбӣ тартиб дода мешуданд, амалӣ мегардид. Акнун бошад, рӯихати ягона вуҷуд надошт ва ба ҳар як ҷои номзадӣ 5-6 нафар довталаб номнавис гардиданд. Ин имкон дод ашхосе низ, ки ба сиёсати ҳизбӣ зид буданд ба ҳайси вакил интихоб гарданд. Барои мисол дар яке аз конфронсҳои ҳизбӣ дар Свердловск Борис Елтсин соҳиби чунин ваколатнома гардид. Дар Маскав Елтсин ба ҳар сурат соҳиби ваколатнома намешуд, аммо дар Свердловск аз маҳбубияти зиёде бархурдор буду касе наметавонист бо ӯ рақобат кунад.
Натоиҷи конфронс
Конфронс дар охирин рӯзи кориаш 5 қарор қабул намуд, ки масоили демократикунонии ҷомеаи шӯравӣ, мубориза бо бюрократизм, муносибати байни миллатҳо, ошкорбаёнӣ ва ислоҳоти ҳуқуқиро дар бар мегирифтанд. Бештари мувварихин бар ин назаранд, ки маҳз ин конфронс сабабгори асосии оғози шикасти системи сотсиалистӣ гардид. Натоиҷи ин конфронс ислоҳоти Шӯрои Олӣ ва ворид намудани тағйиротҳо дар қонунгузории интихоботӣ гардид. Ба худи Сарқонун низ чанд дигаргуни ворид карда шуд. Яке дигар аз натоиҷи ин конфронс оғози раванди таъсиси Анҷумани вакилони халқӣ буд. Бо вуҷуди ин, Конфронси XIX-уми ҳизбӣ натавонист ба усулҳои бунёдии сиёсати ҳизбӣ равшани андозад ва ваҳдатро дар суфуфи ҳизбӣ таъмин намояд. Ҳар гурӯҳ ва ҳар ҷараён дар роҳбарияти ҲК дар ақидаи худаш боқӣ монд ва дере нагузашта ин гуногунандешӣ сабаби пошхурии абарқудрате бо номи СССР гардид.
Меҳрубон Салимшоев,
муаррихи СССР
Тел.: 937-77-66-30