Аз Брест то Комбедҳо
Мухолифати эссерони чап бо болшшевикон, баъди имзои сулҳи Брест моҳи марти соли 1918 ба авҷи аълои худ расид. Эссерони чап сахт зидди ин сулҳ мавқеъ гирифтанд ва онро сулҳи "нангин" унвон карданд. Эссерони чап ба нишони эътироз алайҳи ин сулҳ Ҳукумати шӯроҳоро тарк карданд. Дар Анҷумани IV Шӯроҳо эссерони чап зидди сулҳи Брест овоз доданд. Аъзои КМ ҳизби эссерони чап Сергей Мстиславский, ки аъзои ҳайати вакилони Шӯравӣ дар гуфтушуниди сулҳи Брест-Литовск буд, баъди анҷоми гуфтушӯнид мардумро бо шиори “Агар ҷанг нашуд, шӯриш кунед!” барои муқобила бо немисҳо даъват кард.
Ин ҳизб, бо вуҷуди баромади аъзоёнаш аз ШКХ мавқеъи сиёсиашро дар чанд Комиссариати халқӣ, ВЧК, Артиш, Шӯроҳо ва кумитаҳову комиссияҳои гуногун нигаҳ дошт. 9 маи соли 1918 КИМ бо Декрети махсус истеҳсоли нонро дар кишвар монополияи давлатӣ эълон кард ва ин баҳонаи нави зиддияти эссерони чап бо болшевикон гардид. Декрети нави болшевикон алайҳи деҳқонони бой ва миёнаҳол, ки такягоҳи асосии эссерони чап дар деҳот маҳсуб мешуданд, равона гардида буд ва ин ногузир мухолифати эссеронро ба бор овард. Аммо ҷудогии қатъии ду ҳизб, ҳангоме ба вуқӯ пайваст, ки кумитаҳои камбағалии (комбед) болшевикон, намояндагони эссерони чапро аз Шӯроҳои қишлоқҳо берун намуданд.
Аксуламал ба Брест
Дар оғози моҳи июл эссерони чап Анҷуммани III ҳизбиашонро доир намуданд. Эссерони чап дар ин Анҷумани худ қарор доданд “бо роҳи инқилобӣ созишномаи барои инқилоби рус ва ҷаҳонӣ марговарӣ Брестро аз миён бардоранд”. Пиёда намудани ин қарорро Анҷуман ба зимаи КМ вогузор кард.
5 июли соли 1918 Анҷумани v Шӯроҳо доир гардид. Эссерони чап дар ин Анҷуман низ муқобили сиёсати пешгирифтаи болшевикон баромад намуданд. Яке аз пешвоёни ҳизби эссерони чап Мария Спиридонова болшевиконро “хоинони инқилоб” номид ва онҳоро бо намояндагони Ҳукумати муввақат қиёс намуд. Умуман вазъият дар ин Анҷуман бисёр тезу тунд гардид. Ҳар ду тараф ҳамдигарро муттаҳам мекарданд. 6 июл кормандони ВЧК Яков Блюмкин ва Николай Андреев (ки ҳар ду аъзои ҳизби эссерони чап буданд) бо мактуби қалбакӣ тавонистанд вориди сафорати Олмон гарданд. Тақрибан соати 14:50 диқиқа онҳоро сафири олмонӣ граф Вилгелм фон Мирбах ба ҳузур пазируфт. Ҳангоми ин гуфтугӯ, Андреев Мирбахро мепарронад ва сипас ин ду нафар аз сафорат берун омада, дар ситоди дастаи ВЧК таҳти фармондешии Дмитрий Попов, ки дар маркази Маскав қарор дошт паноҳ мебаранд. Баъди чанде роҳбари ВЧК Феликс Дзержинский ба ин даста ҳозир мешавад ва талаб мекунад муҷоҳимонро ба ӯ супоранд. Аммо эссерони чап Феликси оҳанинро низ ба ҳабс мегиранд. Эссерони чап баъди чанде Латсетис ва 27 болшевики намоёни дигарро низ гаравгон гирифтанд. Шаби ҳамон рӯз эссерони чап инчунин телеграфи марказиро ишғол намуданд, аммо ин охирин иқдоми шӯришчиён гардид. Эссерони чап шаби 7-ум ба пирӯзи бисёр наздик буданд, вале мутаасифона натавонистанд аз вазъияти барояшон қулай истифода намоянд.
Имкони аз даст рафта
Дар оғози шӯриш эссерон аз бартарии комили нерӯҳо низ бархурдор буданд. Ба дастаи Попов полки ба номи 1 Март ҳамроҳ гардид ва теъдоди нерӯи шӯришгарон ба 1800 пиёда, 80 савора, 4 мошини зиреҳпӯш ва 8 тӯп расид. Болшевикон бошанд он шабу рӯз дар Маскав танҳо 720 сарбоз, 4 мошини зиреҳпӯш ва 12 тӯп доштанд. Роҳбарияти болшевикӣ низ қисман ба ҳабс гирифта шуда буд ва қисмати дигарашон дар як пакарӣ қарор доштанд. Дар зимн, Ленин ба бовафоии қумандони тирандозини латиш (ки дар асл наҷотбахши болшевикон гардиданд) Латсетис боварӣ надошт. Сарвари ВЧК Феликси оҳанин низ аз боварии Илич баромада буд. Умуман эссерони чап шаби 7-ум имкон доштанд ҳамаи вакилони Анҷумани шӯроҳо ва Ҳукумати шӯравиро ба ҳабс гиранд, аммо бо сабабҳои номаълум ин корро накарданд. Барои мисол дастаи чекистони Попов умуман ягон иқдоми фаъолона накард ва то торумор шуданаш аз биное, ки дар он мустақар буд, берун наомад. Ин мавқеъи эссерони чап ба болшевикон фурсат дод, то худро наҷот диҳанд. Ленин ва Н. Подвойский, сарвари тирандозони латиш И. Латсетисро розӣ кунонданд, то ӯ хеле зуд барои пахши шӯриш чораандешӣ кунад. Болшевикон инчунин коргарони Маскавро барои пахши шӯриш сафарбар карданд.Субҳи 7 июл Ватсетис бо нерӯҳои ба ҳукумати шӯравӣ содиқ ҳуҷуми ҷавобиро оғоз намуд. Тирандозони латиш дар зарфи чанд соат шӯришгаронро шикаст доданд. Вакилони эссерони чап дар Анҷумани Шӯроҳо ба ҳабс гирифта шуданд. Баъзе аз аъзоёни шӯриш бе ҳеҷ муҳокима парронда шуданд. Боқиро ҳабсҳои дарозмудат интизор буд. 11 июл бошад ҳизби эссерони чап дар қаламрави Руссияи шӯравӣ ғайри қонуни эълон карда шуд.
Меҳрубон Салимшоев,
муаррихи СССР
Тел.: 937-77-66-30