Жуков ҳангоми тарроҳии амалиёташ дар Курск хатти мудофиаи бисёрзинаие сохт, ки ҷаҳон назирашро надида буд. Ва маҳз ин хатти дифоъи ба нерӯҳои Артиши Сурх имкон фароҳам кард, пешравии танкҳои немисро боздоранд.
Бузургтарин набарди танкӣ
Задухӯрди танкӣ дар назди деҳаи Прохоровка, яке аз машҳуртарин қисматҳои муҳориба Курск гардид. Дар он нерӯҳои корпуси 29-уми тонкии Артиши Сурх ва аз тарафи дигар нерӯҳои корпуси 2-юми танкии СС ширкат варзиданд. Шумораи танкҳои ҳар ду тараф низ, ки дар муҳориба ширкат варзиданд аз ҳамдигар тафовут доранд. Баъзе муҳаққиқони шӯравӣ то 850 танк аз ҷониби шӯравӣ ва 800 танк аз ҷониби Олмонро зикр кардаанд. Ба андешаи онҳо дар ин муҳориба 400 танки немисӣ аз кор бароварда шуд. Прохоровкаро дар СССР " қабристони танкҳои немис" меномиданд. Аммо тарафи немисӣ дар ин бобат назари мутафовит дорад. Ба гуфтаи немисҳо дар ин муҳориба 186 танки немисӣ ва 672 танки шӯравӣ ширкат доштанд ва Артиши Сурх дар ин муҳориба 235 танкро аз даст дод. Немисҳо мегӯянд, ки танкҳои корпуси 29-уми шӯравӣ дар як ҳуҷуми камикадзеии худ ба дом афтоданд. "Палангҳо" ва "Юзпалангҳо" аз масофаи дур танкҳои шӯравиро ҳадаф қарор медоданд, дар ҳоле, ки "Т-34" ҳо танҳо аз масофаи наздик метавонистанд танкҳои немисро ҳадаф қарор диҳанд. Дар ин ҳуҷум 219 танки шӯравӣ ширкат варзид ва "камикадзеҳои сурх" 172 танкро аз даст доданд. Дар миёни онҳо 118 танк ба пуррагӣ сӯзонда шуданд. Талафоти немисҳо бошад дар ин муҳориба 3 танкро ташкил дод. Майдони ҷанг низ дар дасти немисҳо боқӣ монда, муҳандисони корпуси 2-юми танкии СС шабона, танкҳои аз кор баромадаи худро ба ақибгоҳ кашида, танкҳои шӯравиро тарконданд.
Фронти дуввум
Дар арафаи муҳорибаи Курск нерӯҳои англо-амрикоӣ ба ҷазираи Ситсилияи Итолиё фуруд омаданд ва фронти дуввумро алйҳи немисҳо ифтитоҳ бахшиданд. Баъд аз ин, Гитлер амалиёти "Арк"-ро мутаввақиф намуда, корпуси танкии 2-юми СС-ро ба Итолиё равона кард. Гарчи немисҳо наметавонистанд зуд ба Итолиё бирасанд, аммо Гитлер аз суқути Мусоллинӣ метарсид ва бо вуҷуди эътирози ҳарбиён танкҳоро равонаи Итолиё кард. Бе нерӯҳои корпуси 2-юми танкӣ, немисҳо наметавонистанд амалиётро идома бидиҳанд ва Артиши Сурх ба ҳуҷум гузашта, немисҳоро ақиб ронд. Бисёриҳо муҳорибаи Курскро гардиши кулли дар рафти ҶБВ унвон мекунанд, аммо дар ин маврид низ, тарафи немисӣ назари дигар дорад. Ба андешаи немисҳо, лаҳзаи гардишӣ дар рафти ҷанг на Курск ва на Сталинград, балки муҳорибаи Маскав буд. Маҳз дар ин муҳориба тақдири ояндаи Рейхи саввум муаян гардид. Дар назди Маскав назарияи ҷанги барқосои "блитскриг" немисҳо ба шикаст мувоҷеҳ шуд ва Олмон дар ҷанги тӯлонӣ бо Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ба он Амрикову Англия ҳам ёрдам медоданд, ҳеҷ имкони истодагарӣ надошт. Ба андешаи онҳо, ҳатто агар Олмон дар муҳорибаи Курск ғалаба ҳам мекард, боз ҳам ҷангро бой медод.
Меҳрубон Салимшоев,
муаррихи СССР
Тел.: 937-77-66-30