ХАБАРИ ДОҒ

Фюрери осебнопазир ё амалиёти Валкирия

  • Чоршанбе, Июл 22 2020

 

Адолф Гитлер яке аз шахсиятҳои таърихист, ки ба ҷонаш чандин бор суиқасд анҷом дода шудааст. Аммо Фюрери олмонӣ ҳамеша бо як тарзи муъҷизаофар аз ин суиқасдҳо ҷон ба саломат мебурд. Бори аввал моҳи ноябри соли 1939 коммунистон ба ҷони Гитлер суиқасд карданд. Фюрер ҳар сол 9 ноябр, ба хотири солгарди “балвои пивоӣ”, ки соли 1923 ба нокоми дучор гардида буд, дар яке аз пивохонаҳои маъруфӣ Мюнхен баромад мекард. Бомбаи махсуси пешакӣ омодашуда, мебоист дар вақти зарурӣ инфиҷор мешуд, аммо Гитлер бо сабабҳои номаълум баромади худро пеш аз мӯҳлат ба охир расонида пивохонаро тарк кард.                                     

20 июли соли 1944 бошад, дар қароргоҳи Адолф Гитлер, “Хонаи гург”, ки дар Прусияи Шарқӣ воқеъ гардида буд, аз ҳама суиқасди маъруф ба ҷони Адолф Гитлер ба вуқӯ пайваст. Ин суиқасдро полковники ситоди нерӯҳои захиравии артиши пиёданизом граф Клаус Шенк фон Штауффенберг ва ҷонишини ӯ обер-лейтенант Вернер фон Хефтен тарроҳӣ ва амалӣ намуданд. 

Иттиҳоди ҳарбиён

   Аз ҳама бештар нисбати фюрери олмонӣ ҳарбиёни немис зиддият доштанд. Ин ҳарбиён, ки бештарашон ашрофзода буданд, ақидаи сотсиализми-миллигароро хуш надошта, аз пурзӯр гардидани нерӯҳои СС норозӣ буданд. Онҳо ақида доштанд, ки Олмон ба ҷанги бузург тайёр нест ва Гитлер кишварро ба сӯи нобудӣ мебарад. Аввалин иттиҳоди ҳарбиёни немис алайҳи фюрер ҳанӯз соли 1938, ҳангоми ташшануҷ ёфтани масъалаи Чехословакия ба вуқӯ пайваст. Ҳарбиёни немис бар ин гумон буданд, ки низоъ бо Чехословакия ба ҷанг бо кишварҳои бузурги ғарбӣ-Фаронса ва Англия мунҷар мегардад ва артиши тозатаъсиси олмонӣ дар ин ҷанг ногузир шикаст мехурад. Аз ин хотир ҳарбиён қарор доданд Гитлерро баъд аз он, ки ӯ фармони ҳуҷум ба Чехословакияро содир кунад аз вазифа сабукдӯш кунанд ва ҳукумати муввақатро созмон дода, интихоботи нави демократиро баргузор намоянд.                                                                                           

  Яке аз аъзоёни ин иттиҳод сардори ситоди нерӯҳои пиёданизом генерал-полковник Людвиг Бек ба шумор мерафт. Бек бар ин ақида буд, ки Гитлер Олмонро мувоҷеҳи хатари аз ҳад зиёд мекунад. Моҳи июли соли 1938 генерал меморандуме ба номи сарфармондеҳи нерӯҳои пиёданизом генерал-полковник фон Браухич равона карда, дар он ба роҳбарияти олии ҳарбии Олмон пешниҳод дод, ҳамагӣ ба истеъфо раванд ва ҷанги дар пеш истодаро пешгирӣ кунанд. Дар меморандуми Бек аз ҷумла омада буд: “Мавҷудияти миллат дар хатар аст. Таърих роҳбарияти нерӯҳои муссалаҳро намебахшад, агар онҳо ба вазифаи ҳирфаӣ, сиёси-давлатӣ ва виҷдонии худ амал накунанд”.

Мутаассифона генералҳои дигари немис ин гуна ирода надоштанд ва иддае ҳам дар фикри қасос гирифтан буданд ва ба ҳамин хотир аз Бек тарафдорӣ накарданд. Людвиг Бек истеъфо дод ва оҳиста оҳиста ба яке аз саркардагони ҳарбиёни мухолиф табдил ёфт.                                         

 Бо вуҷуди ин, иттиҳоди ҳарбиён нерӯи бузурге буд ва ба он як идда аз ҳарбиёни баландрутбаи олмонӣ аз қабили сардори нави ситоди нерӯҳои пиёданизом Франс Галдер, фармондеҳи армияи 1-ум генерал Эрвин фон Витслебен, сардори Абвер (хадамоти ҷосусии Олмон) Вилгелм Франтс Канарис, генерал Эрих Гёпнер, вазири молияи Пруссия Йоханес Попитс ва ғ. бо он шомил буданд. Сарфармондеҳи нерӯҳои пиёданизом Валтер фон Браухич низ аз иттиҳоди ҳарбиён огоҳӣ дошт. Ӯ аз иштирок дар суиқасд даст кашид, аммо сирри иштирокчиёни иттиҳодро фош накард.  

Умед ба Англия

   Суиқасдчиён кӯшиш карданд бо англисҳо муносибат барқарор намоянд ва ҳангоми сар задани бӯҳрони ҳарбӣ-сиёсӣ, вақте кишварҳои бузург алайҳи сиёсати Олмон баромад кунанд, ба амалиёти худ шурӯ намоянд. Аммо Англия ва Фаронса Чехословакияро дар конфронси Мюнхен таслими Олмон намуданд ва ин кишвар зери фишори абарқудратҳо вилояти Судетро бе ҷанг ба Олмон тақдим кард. Дар натиҷа, саросари Олмонро шодмонӣ фаро гирифту баромади ҳарбиён дигар маъно надошт. Қисмати зиёди суиқасдчиён аз имкони бардоштани низоми гитлерӣ ноумед гардиданд. Витслебен изҳор намуд: “Барои ин мардуми бадбахти нодон Ӯ боз “фюрери дӯстдоштаи мо”, ягонаи аз ҷониби Худо фиристодашуда гардид ва мо бошем танҳо як иддаи кӯчаки афсарон ва сиёсатмадорони иртиҷоии норозӣ хоҳем буд, ки ҷуръат намудем дар лаҳзаи пирӯзии бузургтарин сиёсатмадори замон, садди роҳаш сангпартоӣ кунем”.                                                                                 

Бори дигар иттиҳоди ҳарбиёни мухолиф пеш аз ҳуҷуми Гитлер ба Полша кӯшиш намуданд фюрерро канор зада, кишварро аз ҷанг наҷот диҳанд. Галдер, Шахт ва чанд суиқасдчии дигар аз чанд роҳ ҳукуматҳои Бритониё ва Фаронсаро аз ҳуҷуми дар пеш истодаи Фюрер огоҳ намуданд. Аз ин болотар онҳо ба англисҳо ва фаронсавиён пешниҳоди чораҳои ҷавобиро карданд, ки Гитлерро аз ҳуҷум боз хоҳанд дошт. Аз ҷумла пешниҳод карданд англисҳо флоти ҳарбиашонро ба баҳри Балтик барои муҳофизати Полша равона кунанд ва ба Фаронса нерӯи ҳарбӣ ворид намоянд. Аммо барои Англия ва Фаронса дар он шабу рӯз муҳим буд Гитлерро ҷониби СССР равона кунанд, бинобар ин, тамоми пешниҳодоти мухолифини немисро сарфи назар намуданд. 

Амалиёти “Аланга”

   Намояндаи дигари ҳарбиёни мухолиф бо фюрер ашрофзодаи пруссиягӣ, афсари Ситоди генералӣ Хеннинг фон Тресков ба шумор мерафт. Тресков ҳанӯз пеш аз ҷанг ақида дошт, ки танҳо аз миён бардоштани физикии фюрер Олмонро наҷот медиҳад. Тресков ба ин андеша буд, ки онҳо бояд дар ҳар сурат шӯриш бардоранд. Ҳатто агар мегуфт ӯ, кӯшиши нобуд кардани Гитлер ва табаддулоти ҳарбӣ ба нокомӣ дучор гардад, онҳо бадномиро аз Олмон мебардоранд ва ба тамоми дунё нишон медиҳанд, ки на ҳамаи немисҳо бо сиёсати сотсиалистони миллигаро розиянд.                                                                                                         

Тресков дар ситоди гурӯҳи армияҳои “Марказ” дар фронти Шарқӣ хизмат мекард ва чанд суиқасдро алайҳи фюрер тарроҳӣ намуд. Барои мисол 13 марти соли 1943 ҳангоме, ки Гитлер аз гурӯҳи армияҳои “Марказ” дидан кард, Тресков ва ҳамдастонаш дар тайёраи фюрер бомба гузоштанд. Амалиётро “Аланга” номгузорӣ карданд. Ин бомба мебоист ҳангоми бозгашти фюрер аз Смоленск ба Берлин метаркид. Аммо суиқасдчиён боз ба нокоми дучор гардиданд. Бомба бо сабабҳои номаълум натаркид. Он гоҳ дӯсти Тресков барон Рудолф Кристов фон Герсдорф баргузории амалиёти навро ба ӯҳда гирифт. Герсдорф ба хадамоти ҷосусии гурӯҳи армияҳои “Марказ” сарварӣ мекард ва тайёр буд барои наҷоти кишвараш аз ҷони худ низ даст кашад. 

21 марти соли 1943 Гитлер бо ҳамроҳии дигар сарварони Рейхи саввум мебоист аз намоишномаи техникаи ҳарбии ба ғанимат гирифта дар осорхонаи Цейхгауз дидан мекард. Техникаро бояд полковник Гесдорф намоиш медод. Герсдорф ду мини магнитиро дар зери либосҳояш ҷо кард ва мехост худро дар назди Гитлер тарконад. Таркиш мебоист баъди 20 диқиқа ба вуқӯ мепайваст, аммо бахти фюрер ин бор низ баланди кард. Гитлер баъди 15 дақиқа ногаҳон бинои осорхонаро тарк кард ва ин кӯшиш низ бе натиҷа анҷом ёфт. Герсдорф қариб буд худаш метаркид ва бо заҳмати зиёд таркишро пешгирӣ кард.

Амалиёти Валкирия

   Дар арафаи соли 1944 қисмате аз генералҳои немис ва афсарони олирутаби артиш шикасти яқини Олмонро дар ҷанг пешбинӣ намуда, ба хотири нигаҳдории Рейхи саввум аз шикасти дар пеш истода, бо ҳам забон як карданд то Гитлерро аз миён бардоранд ва бо кишварҳои ғарбӣ сулҳи сепаратиро ба имзо расонанд. Амалиёти нав Валкирия номгузорӣ гардид. Бори аввал суиқасдчиён ният доштанд 6 июл амалиётро доир намоянд. Дар ин рӯз онҳо бомбаи тайёрнамудаашонро ба қароргоҳи Гитлер оварданд, аммо Фюрер дар вақти муаяншуда ба машварат ҳозир нашуд. Кӯшиши дуввум 15 июл мебоист иттифоқ меафтод. Ин бор Штауффенберг дар “Хонаи гург” маърузаашро ба охир расонида, баъди маъруза барои тамос бо Олбрихт берун рафт ва вақте баргашт, Гитлер аллакай дар толор набуд. Фюрери олмонӣ боз ногаҳонӣ машваратро тарк кард. Клаус фавран Олбрихтро аз қазия огоҳ карда, фармони амалиёт бекор карда шуд.                     

Билохира ба суиқасдчиён маълум гардид, ки 20 июл дар қароргоҳи "Хонаи гург" машварати навбати бо Фюрер баргузор мегардад. Аммо Фюрери олмонӣ ба таври мӯъҷизаосо аз ин суиқасд ҷон ба саломат бурд. Фон Тресков ва афсари зертобеъи ӯ майёр Иоахим Кун бомбаҳоро омода карданд ва полковник Штауффенберг расониданд. Таркиши 2 бомба дар бинои маҳкам, ки аз 2 килло маводи тарканда иборат ёфта буд, ба Фюрер ҳеҷ умед боқӣ намегузошт. Дар қароргоҳи Гитлер Штауффеберги маъюб тавонист бо дасти чапи нисбатан солимаш танҳо қисмати таркандаи як бомбаро ба кор дарорад. Гарчи таркиши як бомба, бомбаи дуввумро низ ба кор медаровард, аммо Штауффенберг бо сабабҳои номаълум онро аз китфаш берун овард. Маҳз ин сабаби наҷоти ҷони Гитлер гашт. 

Меҳрубон  Салимшоев,

муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter