ХАБАРИ ДОҒ

Муҳорибаи Қафқоз яке аз тӯлонитарин набардҳо дар рафти ҶБВ ба шумор меравад. Ин муҳориба 24 июли соли 1942 оғоз гардида, 442 шабонарӯз идома дошт ва 9 октябри соли 1943 бо рондашудани немисҳо аз Қафқоз ва соҳили Баҳри cиёҳ ба поён расид.

Шерчангол (Эделвейс)

Дар нақшаи стратегии роҳбарияти олмонӣ, забти Қафқоз нақши бисёр муҳим дошт. Дар ин минтақа 95%-и нафти СССР истеҳсол мегардид ва агар немисҳо Қафқозро ишғол мекарданд, мошини ҷангии Иттиҳоди Шӯравӣ комилан аз кор мемонд. Моҳи июни соли 1942, ҳангоми машварат бо генералҳои худ дар шаҳри Полтава, Гитлер иброз намуд: "Агар мо нафти Майкоп ва Грознийро ба даст наорем, маҷбурем ҷангро хотима диҳем". Маҳз ба ҳамин хотир, тобистони соли 1942 зарбаи асосии немисҳо ба самти Қафқоз равона гардида, зарбаи дуюмдараҷа ба самти Сталинград нигаронида шуда буд.                                                             

 Амалиёти немисҳо Шерчангол (Эделвейс) номгузорӣ гардид. Тибқи нақшаи ин амалиёт, артиши олмонӣ мебоист нерӯҳои Артиши Сурхро дар ҷануб ва ҷанубу-шарқи Ростов ба муҳосира гирифта, Қафқози Шимолиро ба даст меовард. Баъд аз ин, як гурӯҳи нерӯҳои олмонӣ мебоист қаторкӯҳи Асосии Қафқозро аз ғарб давр зада, Новоросийск ва Туапсеро ишғол мекарданд. Гурӯҳи дуввуми нерӯҳо бошанд, аз шарқ ҷониби Грозний ва Боку ҳуҷум мекарданд. Ҳамзамон бо ин амалиёт, як қисми нерӯҳо мебоист дар маркази қаторкӯҳи Қафқоз убур карда, Тифлис, Кутаиси ва Сухумиро ишғол мекарданд. Немисҳо дар инҷо ният доштанд бо артиши туркӣ муттаҳид гардида, барои ҳуҷум ба Шарқи Наздик ва Миёна омодагӣ гиранд.   

Нақшаи кабуд (Fall Blau)

Дар аввали моҳи июни соли 1942, фронти шӯравӣ дар қисмати ҷанубиаш бисёр носубот гардида буд. Сабаби ин носуботӣ, ҳуҷуми баҳории Артиши Сурх ба самти Харков буд, ки дар он Артиши Сурх шикаст хурд. Немисҳо ҳам аз ин номусоиди истифода карданд ва 28 июн армияи 4-уми тонкии Вермахт, ки ба он Герман Гот сарварӣ мекард, фронти шӯравиро миёни Харков ва Курск рахна карда, бо суръат ҷониби Дон ҳаракат карданд. Ин амалиёт дар манобеи олмонӣ, "Нақшаи кабуд" (Fall Blau) номгузорӣ гардид. Немисҳо 3 июл Воронежро ишғол намуда, нерӯҳои маршал Тимошенкоро, ки самти Ростовро мудофиа мекарданд, аз шимол ба муҳосира гирифтанд. 

    Дар ин ҷангҳо Артиши Сурх, талафоти зиёд дид, танҳо теъдоди ба асорат афтодагон 200 ҳазор аскару афсарро ташкил медод. Армияи 4-уми танкии Гот, дар зарфи 10 рӯз, 200 км масофаро бо ҷангҳо тай кард ва ба соҳили Донетск ва Дон расид. 23 июл немисҳо Ростови лаби Донро ишғол карданд ва роҳ ба сӯи Қафқоз боз гардид. Рахнаи фронти шӯравӣ дар назди Харков ва тасарруфи Ростови лаби Дон, барои Фюрер имкони ҳуҷум ба самти Қафқозро фароҳам намуд.

Гурӯҳи армияҳои "А"

Боку ва Қафқози Шимолӣ он шабу рӯз нуқоти асосии нафтии Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафтанд. Баъди аз даст додани Украина бошад, Қафқоз ва Кубан инчунин маркази асосии таъмини ғалла низ гардиданд. Ғайр аз ин, дар ин манотиқ захираи зиёди ашёи стратегӣ, аз қабили кони волфрам ва молибдени Тирнауз ҷойгир гардида буданд.Ҳамаи ин, Қафқозро ба як минтақаи вежа табдил медод ва аз даст додани он барои СССР пайомадҳои бисёр ногувор дошт. Гитлер низ инро ба хуби медонист ва маҳз Қафқоз самти асосии амалиёти оянда интихоб шуд. Барои ҳуҷум ба Қафқоз Гитлер гурӯҳи армияҳои "А"-ро таҳти фармондеҳии генерал-фелдмаршал Вилгелм Лист созмон дод. Ба ҳайати ин гурӯҳи армияҳо, ду армияи тонкӣ (1-ум ва 4-ум), ду армияи пиёданизом (17-ум ва 11-ум) ва армияи 3 юми артиши руминӣ шомил гариданд. Нерӯҳои заминиро, тайёраҳои флотӣ ҳавоии 4-уми немисҳо дастгирӣ мекарданд. Дар маҷмӯъ, гӯрӯҳи армияҳои "А" аз 170 ҳазор аскар, 1130 тонк, 4,5 ҳазор тӯпу миномёт ва 1000 тайра иборат ёфта буд. Дар баробари гурӯҳи армияҳои "А", гурӯҳи армияҳои "Б" низ, дар ҳайати армияи 6-ум таъсис дода шуд, ки мебоист ҷониби Сталинград ҳаракат мекард.    

Вазифаи асосии гуруӯҳи армияҳои "А": муҳосира ва баъдан торумори нерӯҳои Фронти Ҷанубии шӯравӣ, ки тавонистанд ба он тарафи Дон ақибнишинӣ кунанд ва тасарруфи Қафқози Шимолӣ ба шумор мерафт.                                                            Баъдан ин гурӯҳи армияҳо мебоист қаторкӯҳи Қафқози Бузургро бо як гурӯҳ аз ғарб давр зада, Новороссийск ва Туапсе ва бо гурӯҳи дигар аз шарқ манотиқи нафтхези Грозний ва Бокуро ба тассаруф дароранд. Дар як вақт бо ин даврзанӣ, гурӯҳи дигари армияҳои "А" мебоист аз қаторкӯҳи Обрезро дар қисмати марказии он мегузашт ва тавассути ағбаҳо ба Гурҷистон мебаромад. Вазифаи ниҳоии гурӯҳи армияҳои "А" бошад омодасозии платсдарм барои ҷанг бо Англия дар Шарқи Наздик ба шумор мерафт. Ҳангоми ҳуҷум, немисҳо ба аҳолии таҳҷоии ин манотиқ низ таваҷҷӯҳ зоҳир мекарданд ва медонистанд, ки қисми зиёди казакҳои терекӣ, казакҳои Кубан ва мардуми кӯҳистонии Қафқози Шимолӣ бо ҳокимияти Шӯравӣ миёнаи хубе надоранд. Барои мисол дар ҳудуди Чечен ҳанӯз моҳи феврали соли 1940 шӯриши зиддишӯравӣ сар зада буд. Ба ин шӯриш Ҳасан Исроилов сарварӣ мекард. Шӯришгарон баъди шикасти Артиши Сурх дар солҳои 1941-1942 ва наздик шудани немисҳо ба Қафқоз, фаъолияти худро аз нав оғоз карданд ва ният доштанд ба немисҳо муҳлақ шаванд. Дар рафти муҳорибаи Қафқоз, немисҳо чанд воҳиди низомӣ аз ҳисоби казакҳо ва мардуми таҳҷоии Қафқоз таъсис доданд.

Иштибоҳ

Баъди тассаруфи Ростови лаби Дон, иртиботи Қафқоз бо манотиқи аврупоии СССР танҳо тавассути дарёи Хазар ва руди Волга ва инчунин тавассути роҳи оҳани Салск-Сталинград имконпазир гардид. Фюрер ният дошт бо буридани ин ду роҳ, хеле зуд Қафқозро ишғол мекунад ва СССР-ро аз захираи муҳимтарин маҳрум мегардонад. Барои ҳалли ин масъала бояд ҳуҷуми дигаре ҷониби Сталинград ҳам сурат мегирифт. Фюрер бе дудилагӣ қисмате аз нерӯҳои гуруҳи армияҳои "А"-ро ду тақсим кард ва гурӯҳи армияҳои "Б" ро созмон дод. Ба гурӯҳи армияҳои "Б" фелдмаршал фон Вейхс сарварӣ мекард ва вазифаи асосии ин гурӯҳи армияҳо, ишғоли Сталинград ба шумор мерафт. Аммо ин кори Гитлерро бештари муҳаққиқони немис як иштибоҳи бузург қаламдод мекунад. Онҳо бар ин боваранд, ки тақсими самтҳои стратегӣ дар шароити маҳдудияти нерӯҳо, иштибоҳи сахт буд, ки билохира ба шикасти немисҳо ҳам дар Сталинград ва ҳам дар самти Қафқоз мунҷар гардид. 

 

Меҳрубон  Салимшоев,

муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter