ХАБАРИ ДОҒ

Саразм - падари шаҳрсозии тоҷик

  • Чоршанбе, Авг 05 2020

"Сари замин"

Саразм қадимтарин шаҳрнишинии мардуми таҳҷоии Осиёи Миёна ба шумор меравад ва онро бар ҳақ метавон падари шаҳрҳои тоҷик унвон кард. Саразм таърихи куҳан дорад ва олимон пайдоиши онро ба ҳазорсолаҳои IV ва III-и пеш аз милод рабт медиҳанд. Номгӯӣ Саразм ҳам аз қадимии таърихи он гувоҳӣ медиҳад ва забоншиносон маънои онро чун "сари замин" тарҷума ва маънидод кардаанд.                   

Бисёре аз мувварихин бар ин назаранд, ки Саразм пойтахти минтақаи таърихии Вароруди Осиёи Миёна, ки онро бостоншиносон "Самарқанди қадим" номгузорӣ кардаанду он пешгузаштаи Самарқанди муосир мебошад, ба шумор меравад.       

  Ин шаҳри қадимӣ дар 15 километрии Панҷакенти имрӯза, дар соҳили чапи дарёи Зарафшон воқеъ гардида, ба тамадуни биринҷии Бохтари-Марғелонӣ дохил мешавад. Мавқеъияти мусоиди ҷуғрофиёӣ ба руши иқтисодии Саразм мусоидат намуд. Кӯҳҳои атроф, ки аз захираи табии бой буданд, сокинони Саразмро ба таври фаровон аз канданиҳои фоиданок ва маъданҳо таъмин мекарданд ва дарё бошад имкони коркарди ин маъданҳоро фароҳам месохт. Ин шароити муфид Саразмро ба яке аз марказҳои асосии истеҳсоли мис, қалъагӣ ва қурғошим дар Осиёи Миёна табдил дод. Саразм бо меъёрҳои асри биринҷӣ як шаҳри азим ба шумор рафта дар он наздики 10 ҳазор одам сукунат доштанд. Дар ҳудуди ҳазорсолаи IV ва III бошад, Саразм чорроҳаи асосии тиҷоратӣ ва фарҳангии Шарқи қадим гардид. 

Табари биринҷӣ

Қарнҳои тӯлонӣ Саразм зери замин пинҳон буда, кашфи "падари шаҳрҳои тоҷик" ба даҳаи 70-уми қарни ХХ рост меояд. Дар солҳои 70-уми қарни пор, дар Тоҷикистони шӯравӣ маъракаи азхудкунии заминҳои нав роҳандозӣ гардида, дар минтақаи ҷойгиршавии ин шаҳри қадимӣ низ корҳои азхудкунӣ бурда мешуданд. Сокинони маҳаллӣ бисёр вақт аз зери замин ашёи қадимӣ монанди кӯзаҳои сафолин, олоту афзоли биринҷӣ, ашёи заргарӣ ва ғ. ро пайдо мекарданд, аммо бо сабаби ноогоҳии худ аз ин бозёфтҳо касеро хабар намекарданд. Танҳо соли 1976 яке аз сокинони деҳаи Ғурач, Ашуралӣ Тайлонов ба корманди пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент Абдуллоҷон Исоқов бобати табари биринҷии 6 сол пеш пайдо кардааш қисса мекунад. Бостоншиноси пуртаҷриба Абдуллоҷон Исоқов, баъди дидани табари биринҷӣ дарҳол дар минтақаи мазкур корҳои кофтукобиро ба роҳ мемонад ва баъди чанде дар ҷои кофтукоб, боқимондаҳои сохтмонӣ, қитъаҳои сафолин ва гилии наққошишуда ва ашёи дигари қадимӣ, ки ба давраи неолит ва биринҷӣ таалуқ доштанд, пайдо гардиданд.

Ҳамин тариқ, ба шарофати як табари биринҷӣ, яке аз ёдгориҳои муҳими шаҳрсозии тоҷикон дар ҳудуди Осиёи Миёна кашф карда шуд.

Роҳи лоҷувардӣ

Ба қавли бостоншиносон, дар ҳазорсолаи IV ва III-и пеш аз милод аз ҳудуди Саразм Роҳи бузурги лоҷувардӣ ва чанде баъд Роҳи қалъагӣ мегузашт. Ин ду роҳ сипас поя ва асоси яке аз шохаҳои аз ҳама маъруфи Роҳи бузурги абрешимиро, ки аз Аврупо ба шаҳрҳои қадимии Чин ва Ҳиндустон мебурд, ташкил дода, Саразмро ба яке аз марказҳои тиҷоратии минтақа мубаддал сохтанд. Ҳаёт дар ин шаҳри қадимӣ наздики се ҳазор сол қабл хомӯш гардид. Ба андешаи муаррихон, сабаби асосии заволи Саразм тағйири шароити табиӣ ё ба таъбире хушксолӣ гардид. Мардуми он замон чораҳои мубориза бо хушксолиро намедонистанд ва бинобар ин, маҷбур шуданд шаҳрро тарк карда, дар минтақаҳои ба дарё наздиктар ва соҳили Зарафшон сукунат кунанд. Ҳамин тариқ шаҳри нав Панҷакенти бостонӣ ва дигар шаҳрҳои Суғди қадимӣ ба вуҷуд омаданду Саразм оҳиста оҳиста шукӯҳу шаҳомати худро аз даст дод. 

Маликаи Саразм

Саразми имрӯза якуним километр дарозӣ ва 400 метро паҳноӣ дорад, ки аз шимол ба ҷануб тӯл кашидааст. Аз нигоҳи меъморӣ ин шаҳри қадимӣ беназир буда, аз 13 иншоот иборат ёфтааст. Бостоншиносон сохтори релефро дар маҳалли ин шаҳри қадимӣ амиқ таҳлил карда, ба хулосае омаданд, ки Саразм дар гузашта ҳудуди азимеро (наздики 100 гектар) ишғол мекард. Биноҳои ин шаҳри қадимӣ хеле хуб боқӣ мондаанд ва бостоншиносони тамоми дунё мӯй ба мӯй ҳар як сангпораи онро таҳқиқ кардаанд. Тамоми шаҳр аз маҳаллоти гуногун иборат меёфт, ки хонаҳои 2-4 ҳуҷрагӣ доштанд. Масолеҳи асосии сохтмониро хишти хом ва гили шикаста ташкил медоданд. Тамоми кӯчаҳо ва ҳавлиҳои шаҳр бо сангрезаҳои махсус асфалтшуда буданд.                                                                                                   

Меъморони Саразм низ устоҳои ботаҷриба ба шумор мерафтанд, ки аз илми ҳандаса (геометрия) баҳраманд буда, таносуб ва стандартҳои меъмории замони худро ба хубӣ балад буданд. Масолеҳи сохтмонии Саразм ҳам он қадар хуб буд, ки то замони мо қариб бе тағйир боқӣ мондааст. Хиштҳои хоми Саразм, ки дарозӣ, паҳноӣ ва ғафсиашон андозаи 4:2:1 ро ташкил медод, ҳанӯз 6 ҳазор сол қабл дар Ҳинди қадим мавриди истофода қарор гирифта буданд. Ин таносуби муносиб ҳанӯз ҳам мавриди истифода қарор дорад ва имкон медиҳад хиштҳо яксон хушк шуда, ба хубӣ ба ҳам васл гарданд. Дар маркази шаҳр хонаҳои бузург воқеъ гардида, асоси онро маҷмааи кохӣ, ки 250 метри мурраббаъ масоҳат дошт ташкил медод. Маҳз дар маркази шаҳр, бостоншиносон зиёда аз 150 ашёи филизинро пайдо карданд. Яке аз бозёфтҳои нодир, муҷассамаи зан-нахустмодар ба шумор меравад, ки сари парранда дошт. Инчунин бозёфтҳои нодири ҷавоҳиротӣ, аз мақбараи зани ҷавони ашрофзода, ки бо "маликаи Саразм" маъруф аст кашф карда шуданд.

Мероси ҷаҳонӣ

Саразм аз оғоз диққати бостоншиносон ва таърихнигоронро аз сар то сари ҷаҳон ба худ ҷалб намуда буд. Ҳанӯз соли 1984 дар Саразм экспедитсияи бостоншиносии шӯравӣ-фаронсавӣ ба кор шурӯ намуда, ибтидои солҳои 2000-ум бошад бостоншиносони олмонӣ низ ба таҳқиқоти Саразм ҳамроҳ гардиданд. Ҳукумати Тоҷикистон низ пайваста ба Саразм таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Моҳи сентябри соли 2001 бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон, Саразм ҳамчун Маркази маданияти кишоварзӣ ва фарҳангии тоҷикон, мамнунгоҳи таърихи-бостоншиносӣ эълон карда шуд. Бо талоши олимони бостоншинос  А. Разоқов, Р. Масов, Р. Безанвал, А. Франкофрт ва ғ., дар тӯли солҳои 2000-ум Саразм ба феҳрасти иншоотҳои аҳамияти ҷаҳонӣ дошта ба ташкилоти ЮНЕСКО шомил карда шуд. Соли 2010 бошад, Саразм ҳамчун Маркази ташаккули маданияти бостонии кишоварзии халқи тоҷик, ба феҳристи Мероси Ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид.                                                                                                                           Бо мақсади  омодагӣ ва таҷлили бошукӯҳи  ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 майи соли 2019 қарори махсусеро таҳти № 195  “Дар бораи ҷашн гирифтани 5500- солагии шаҳри Саразми бостонӣ” ба тасвиб расонид. Барои ин кор, ҳайати кумитаи тадорукотӣ таъсис дода шуда, нақша чорабиниҳои бунёду азнавсозии як силсила иншоотҳо ва ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ роҳандозӣ гардидаанд. Айни ҳол корҳои сохмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ, бо суръати баланд идома доранд. Аз ҷумла дар Саразм, сохтмони осорхонаи замонавии таърихию кишваршиносӣ  ва меҳмонхона дар мамнӯъгоҳи таърихию бостоншиносии "Саразм", аз ҳисоби буҷаи вилоятӣ идома дорад.                                           

Имрӯз танҳо қисмати кучаки шаҳри Саразм кофта шудааст ва дар оянда илми бостоншиносиро кашфиётҳои нав дар ин шаҳри бостонӣ интизоранд, ки саҳфаҳои таърихи тамаддуни бостонии тоҷиконро ба ҷаҳониён боз хоҳанд кард. 

 

Дар ин маврид:

  Бо мақсади  омодагӣ ва таҷлили бошукӯҳи  5500-солагии Саразми бостон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019 таҳти  № 195  “Дар бораи ҷашн гирифтани 5500- солагии шаҳри Саразми бостонӣ” ба тасвиб расидааст. Дар ин асос қарори раиси ш.Панҷакент 24.05.2019 №320 дар бораи ҷашн гирифтани 5500 солагии Саразми бостонӣ ба тавсиб расида, ҳайати кумитаи тадорукот таъсис дода шудааст. 

    Сохтмони осорхонаи замонавии таърихию кишваршиносӣ ва меҳмонхона дар мамнӯъгоҳи таърихию бостоншиносии Саразм, аз ҳисоби буҷети вилоятӣ сохта шуда истода дар иншоот корҳои пардоздиҳии дохилии бино ва ободонии саҳни бино рафта истодааст. Пудратчии ин иншоот ҶСШК “Панҷакентсоз” буда, сохтмони дӯконҳои ҳунармандӣ барои фурӯши маҳсулоти ҳунармандон дар мавзеи шаҳраки Саразми бостонӣ, аз ҳисоби соҳибкорон сохта шуда, айни замон корҳои пардоздиҳӣ дар ҳамаи дуконҳо идома ёфта, ҷиҳати кандакории айвонҳо корбарӣ шуда истодааст.

  Азнавсозии роҳи автомобилгарди мамнӯнгоҳи таърихию бостоншиносии Саразм бо маблағгузории МИҲД-и шаҳри Панҷакент амалӣ ёфта, дар иншоот мумфаршкунии қабати якуми роҳ ба итмом расонида шуда, айни замон дар ду тарафи роҳи пиёдагард плиткачинӣ идома дорад. Сохтмони хонаҳои қадима дар дохили мамнӯъгоҳи таърихию бостоншиносии Саразм. Корҳои сохтмонӣ дар се хона деворбандиаш ба итмом расида, бомпӯшкуниаш идома дорад. Дар як хонаи дигар деворбандӣ идома дорад.

    Ҳаҷми маблағи умумии сохтмон 5 млн. 300 ҳазор сомонӣ буда, аз ин 1 млн.740 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. 

Меҳрубон  Салимшоев,

муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter