ХАБАРИ ДОҒ

Бомбаи атомӣ ва таслими Япония

  • Чоршанбе, Авг 12 2020

6 августи соли 1945, тайёраи бомбаандози амрикоии В-29 аввалин бомбаи атомиро дар таърихи башарият болои шаҳри Хиросимаи Япония партоб кард. Таркиш 90%-и шаҳрро хароб карда, аз 90 то 166 000 нафарро ба ҳалокат расонид. Баъди се рӯз, 9 августи соли 1945, тайёраи дуввуми В-29 боз 1 бомбаи дигарро болои шаҳри Нагасакӣ партоб намуда, дар натиҷаи партоби бомбаи дуввум аз 74 то 80 000 нафар ба ҳалокат расиданд. Баъди ин бомбаафканӣ императори Япония Хирохито 15 август тариқи радио ба аҳолии кишвараш муроҷиат намуда, таслими бечуну чарои кишварашро дар Ҷанги ҷаҳонии дуввум эълон намуд. 

Мактуби Эйнштейн

Ин лоиҳа аз мактуби маъруфи Эйнштейн ба президенти ИМА Рузвелт оғоз меёбад. Эйнштейн дар ин мактуби худ ба Рузвелт ҳушдор медод, ки Олмони фашистӣ метавонад дар солҳои наздик соҳиби силоҳи нави кушанда аз изотопҳои урониюм (плутоний) гардад. Ин силоҳи нав бомби атомӣ номида шуд. Рузвелт баъди баррасии мактуб дастур медиҳад, ки дар ИМА тадқиқотҳо дар ин самт ба роҳ монда шаванд ва ин тадқиқотҳо лоиҳаи Манхэттен ном гирифтанд. Мақсади асосии лоиҳа сохтани бомбаи атомӣ гардид. Лоиҳаи мазкур аз 12 августи соли 1942 ба фаъолияти худ шурӯъ кард.                                                                                                             

Моҳи декабри соли 1942 амрикоиҳо дар Чикаго аввалин реактори атомиро ба кор дароварданд. Ин реактор имкон медод теъдоди зиёди плутонийро ба даст оранд. Барои истеҳсоли плутоний аз ураниюми 238 ва ураниюми 235 истифода мекарданд. Тобистони соли 1943 амрикоиҳо ба сохтмони реактори атомии нав, ки реактори "В" ном гирифт оғоз карданд. Ин реактор имкон медод плутонийро аллакай дар сатҳи саноатӣ истеҳсол намоянд. Иқтидори реактори нав 250 МВт ро ташкил медод. 

Қасами Япония 

Билохира баҳори соли 1945 амрикоиҳо аз реакторҳои худ плутонии зиёде истеҳсол намуданд ва ин ба онҳо имкон дод, нахустин бомбаи атомиро бисозанд. Аввалин озмоиши бомби атомӣ, субҳи 16 июли соли 1945 дар полигони Тринитии шаҳраки Аламогордо дар иёлоти Ню-Мексика амалӣ гардид. Бомбаи дар Тринитӣ озмоиш шуда, 6 тонна вазн дошта, вазни умумии плутоний дар он ҳамагӣ 6,2 киллоро ташкил медод. Ҳангоми озмоиши бомбаи аввалин, Олмон ва иттифоқчиёнаш дар Аврупо аллакай торумор гардида буданд, аммо Япония гарчи имконияти зиёде барои ғалаба надошт, қасам хурда буд, ки то ба охир ҷангро дар ҳавзаи Уқёнуси Ором идома хоҳад дод.                                                                                           

Дар авохири моҳи июл японҳо талабҳои эъломияи конфронси Потсдамро рад карданд. Генерал Дуглас Макартур ва дигар фармондеҳони олирутбаи амрикоӣ, ба роҳбарияти ИМА тавсия карданд аз бомбаандозиҳои ҳаррӯзаи Япония даст кашида, нақшаи амалиёти заминиро ба ин кишвар, ки "Суқут" муаррифӣ гардида буд, баррасӣ намоянд.

Тибқи пешбинии Макартур дар ин амалиёт талафоти артиши ИМА наздики 1 миллион аскарро ташкил медод ва раиси ҷумҳури тозаинтихоб Трумэн аз амалиёти заминӣ даст кашид. Трумэн қарор дод, барои торумори ҳарчи зудтари Япония аз силоҳи нави атомӣ истифода намояд, гарчи генерал Дуайт Эйзенхауэр ва 1 қатор олимони лоиҳаи Манхэттен зидди истифодаи бомбаи нав баромад карданд. Аммо тарафдорони истифодаи бомбаи атомӣ, монанди котиби давлатии ИМА Ҷеймс Бирнс, бар ин назар буданд, ки партоби бомбаи атомӣ на фақат ба ҷанг хотима медиҳад, балки ИМА-ро ба кишвари абарқудраттарини ҷаҳон табдил медиҳад. 

 “Хурдакак” ва “Фарбеҳак”

Шаҳри Хиросима яке аз марказҳои саноатии Япония буда, 350 000 нафар аҳолӣ дошт ва 500 км. дуртар аз пойтахти ин кишвар шаҳри Токио воқеъ гардида буд. Амрикоиҳо 5 август бомбаи атомии аввалини худро, ки "Хурдакак" номгузорӣ гардид, ба ҷазираи Тиниан дар уқёнуси Ором интиқол доданд. Ин бомба 9.000 фунт урани 235 вазн дошт. Бомбаро ба тайёраи В-29-и Пол Тиббетс насб карданд ва соати 8:15 субҳи 6 август Тиббетс бомбаи худро тариқи парашут болои Хиросима партоб кард. Бомба дар баландии 2000 метр дар болои шаҳр таркида, қудрати таркиши он ба 12-15 тонн тротил баробар буд. Таркиш 90%-и шаҳрро хароб карда, 80 000 одамро ба қатл расонид. Аммо бо хароб кардани Хиросима японҳо таслим нашуданд ва 9 август амрикоиҳо бомбаи дуввумро омода намуданд. Ин бомба, ки "Фарбеҳак" ном ниҳода шуд, мебоист болои шаҳри Кокура партоб мегардид, аммо ҳавои абрӣ ба майор Чарлз Суини ин имконро надод ва Суини шаҳри Нагасакиро ҳадаф интихоб кард. Бомбаи дуввум соати 11:02 дақиқа партоб гардид. Ин бомба аз бомбаи аввалин бузургтар буда, 10.000 фунт вазн дошт. Бо вуҷуди ин, ҷойгиршавии шаҳри Нагасакӣ, ки дар дараи танге воқеъ гардида буд, нерӯи харобиовари бомбаро камтар кард. Бомбаи "Фарбеҳак" 74.000 нафарро ба ҳалокат расонид. 

Лоиҳаи "Дропшорт"

Баъди марги Рузвелт ва сари қудрат омадани Трумэн самти сиёсати ИМА комилан тағйир кард ва акнун СССР душмани №1-и Амрико муаррифӣ гардид. Ҳанӯз ҳангоми бозгашт аз конфронси Потсдам дар киштии "Аугуста" Трумэн ба сарфармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Аврупо генерал Эйзенхауэр фармон дод, нақшаи ҷанги атомиро алайҳи СССР омода намояд. Аввалин бахши ин нақша  амалиёти "Дропшорт" ба шумор мерафт.                                                                   

 Нақшаи амалиёти "Дропшот" соли 1949 вақте Трумэн дубора ба маснади раиси ҷумҳури ИМА интихоб гардид, омода карда шуд.Тибқи ин нақша амрикоиҳо мебоист дар давраи аввал 300 бомбаи атомии 50 киллотонна ва 200 000 тонн бомбаҳои оддиро ба болои 100 шаҳри СССР партоб мекарданд.                                                                       

 Аз ин бомбаҳо, 25 бомбаи атомӣ мебоист болои Маскав, 22 бомба болои Ленинград, 10 бомба ба болои Свердловск, 8 бомбаи атомӣ болои Киев, 5 бомба болои Днепропетровск ва ҳамин тавр болои чанд шаҳри дигар партоб мешуданд. Тибқи ҳисобу китоби амрикоиҳо дар натиҷаи ин бомбаафканӣ наздики 60 млн аҳолии аввалин кишвари Шӯроҳо мебоист ба ҳалокат мерасид. Роҳбарияти ИМА нақшаи ин амалиётро 19 декабри соли 1949 тасдиқ намуд.

Бомбаи шуравӣ

Амрикоиҳо он шабу рӯз дар масоили силоҳи атомӣ яккатози майдон буданд ва мутахассисонашон пешгӯӣ мекарданд, ки СССР танҳо дар соли 1954 ё 1955 метавонад ба сохтани бомбаи атомӣ даст ёбад. Аммо дар Маскав ҳам хатарро эҳсос мекарданд ва олимони шӯравӣ шабу рӯз дар ин самт заҳмат мекашиданд. Билохира дар авохири моҳи августи соли 1949 ба олимони шӯравӣ бо сарварии И. Курчатов ва Ю. Харитонов муяссар шуд аввалин бомбаи атомиро омода кунанд. Ин бомба РДС-1 номгузорӣ гардид.                                                                                                                                                                                                       

Озмоиши бомбаи аввалин 29 августи соли 1949 дар Семипалатински Қазоқистон доир гардид. РДС-1 22 килотонна вазн дошта, озмоиши он бо муваффақият анҷом гирифт. Бомбаи атомии шӯравӣ барои амрикоиҳо ғайричашмдошт шуд ва нақшаи ҷанги атомиашонро ба қафо кашид. Соли 1957 бошад СССР озмоиши аввалин мушаки байниқитъавии худро, ки қодир буд силоҳи атомиро ба Амрико интиқол диҳад, доир намуд. Мушаки шӯравии Р-7 қудрат дошт 1 бомбаи атомии 3 мегатоннаро ба масофаи 8800 км ҳамл диҳад. Дар ҳоле, ки масофа аз Петропавлоск-Камчатск то Лос-Анҷелес-6600 км ва аз Маскав то Вашингтон бошад 7850 км-ро ташкил медод. Ҳамин тариқ амрикоиҳо мутаваҷҷеҳ шуданд, ки ҳамлаи атомиашон бе ҷавоб нахоҳад монд ва аз бомбаборони атомии СССР ба куллӣ даст кашиданд.

 

Меҳрубон  Салимшоев,

муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter