ХАБАРИ ДОҒ

ГКЧП: Табаддулот ё Наҷоти СССР

  • Чоршанбе, Авг 19 2020

Барои роҳ надодан ба таъсиси давлати нав (СНГ) ва наҷоти давлати кӯҳна (СССР) қисмате аз нухбагони Ҳизби коммунист, 19 августи соли 1991 Кумитаи Давлатии Вазъияти Фавқуллоддаро (ГКЧП) таъсис дода, роҳбари вақти кишвар Михаил Горбачевро, ки дар Фороси Қрим истироҳат мекард, ба ҳабси хонагӣ гирифтанд. Бобати ин Кумита дар таърихнигории шӯравӣ назарҳо мутафовиданд. Баъзе ин амалкарди ҳизбиёни собиқадорро табаддулоти давлатӣ медонанд. Аммо худи иштирокчиёни ин Кумита, амалкарди худро охирин кӯшиши наҷоти СССР муаррифӣ мекунанд.

Деги ҷӯшон

Он шабу рӯз СССР воқеъан 1 деги ҷӯшонро мемонд, ки ҳар лаҳза қодир буд битаркад. Мушкилоти иқтисодӣ, сиёсӣ ва миллӣ сар то сари кишварро фаро гирифта, ҳокимияти марказӣ тавони ҳалли ин мушкилотро ба куллӣ аз даст дода буд. Михаил Горбачев бошад, танҳо ваъда медоду коре намекард. Ин амалкарди Горбачев аз ҳама бештар ба обрӯи ҲК зарба мезад ва зарурати мавҷудияти кишваре ба номи СССР-ро зери суол мебурд. Ҳизбиёни собиқадорро ба гуфти худашон, маҳз ин ҳолат водор кард, ки даст ба кор шаванд ва Кумитаи Давлатии Ҳолатҳои Фавқулоддаро (ГКЧП) созмон диҳанд.                                                             

 Ба Кумитаи навтаъсис раиси КГБ В. Крючков, вазири дифои СССР Д. Язов, сарвазири СССР В. Павлов, муовини раиси Шӯрои мудофиаи СССР О. Бакланов, роҳбари дастгоҳи президенти СССР В. Болдин, котиби КМ ҲКИШ О. Шенин дохил гардиданд. Баъдан ба Кумита инчунин раиси ШО СССР А. Лукянов, ноиб-президенти СССР  Г. Янаев, вазири корҳои дохилаи СССР Б. Пуго, президенти ассотсиатсияи корхонаҳои давлатӣ ва Иттиҳодияҳои истеҳсолот, нақлиёт ва алоқаи СССР (АГПО) А. Тизяков, раиси Иттиҳоди деҳқонии СССР В. Стародубтсев, муовинони аввали раиси КГБ СССР В. Грушко, сардори хадамоти муҳофизати КГБ  Ю. Плеханов, муовинони вазирони дифоъи СССР В.Веренников ва В. Ачалов пайвастанд. 

Кумитаи тозатаъсис, дар Маскав ҳолати фавқулодда эълон кард ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳаракатҳои оммавиро, ки барои ба эътидол овардани вазъият халал мерасониданд мамнӯъ намуд. Баргузории гирдиҳамоиҳо, роҳпаймоиҳо ва коршиканиву тазоҳурот низ манъ гардиданд. Инчунин Кумита мебоист фаъолияти ВАО-ро зери назорат мегирифт.                                                                                                                               

Ба гуфтаи аъзои ГКЧП Г. Янаев 16 августи соли 1991 дар яке аз қароргоҳҳои махсуси КГБ дар Маскав вохӯрии Вазири Муодофиаи СССР Язов ва Раиси КГБ Крючков доир гардид. Дар ин вохурӣ тарафҳо вазъияти дар кишвар ба амал омадаро мавриди муҳокима қарор доданд. Рузи 17 август дар ҳамон қароргоҳ дидори дуввуми тарафҳо сурат гирифт ва ба ин дидор Раиси ҳукумати СССР Валентин Павлов низ даъват гардид.

Дар ин вохӯрӣ тарафҳо қарор доданд гурӯҳи аъзои Бюрои сиёсиро ба Форос (Қрим) ба назди Горбачёв фиристанд ва аз ӯ талаб кунанд, фавран ҳолати фавқулодаро ҷорӣ намуда, аз имзои созишномаи нави Иттиҳодӣ даст кашад. 

18 август соати 8-и субҳ Язов машварате дар Вазорати Мудофиа доир намуда, дар он ба фармондеҳи нерӯҳои округи Маскав генерал Калинин ва фармондеҳи ВДВ Грачёв фармон дод, нерӯҳои худро барои ворид кардан ба Маскав омода намоянд. Аммо амалиёти ҷасуронаи аъзои Кумита бо ҳамин анҷом ёфт. Артиш танҳо бо гирифтани дидбонгоҳҳои калидии Маскав иктифо кард. Сарбозон барои анҷоми кори дигар фармони қатъӣ нагирифтанд ва оҳиста-оҳиста зери фишори равонии тарафдорони Елтсин рӯҳияи ҷангии худро аз даст дода, ба тарафи тазоҳуркунандагон гузаштанд.  

Изҳороти ҳизбиён

Бархӯрди асосӣ миёни Кумита ва ҳокимияти олии РСФСР сурат гирифт.   Асоситарин рақиби ҳизбиён Елтсин ва ҳукуматаш буданд. Аъзои Кумита изҳоротеро пахш намуданд, ки дар он омада буд: “Бо мақсади пушти сар намудани вазъияти буҳронӣ дар кишвар, зиддияти сиёсӣ, байнимиллӣ ва шаҳрвандӣ, бесарусомонӣ ва беҳокимиятӣ, ки ба ҳаёт ва бехатарии шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ, истиқлолият ва якпорчагии ҳудудӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватани мо таҳдид мекунанд, бо назардошти натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ дар бобати нигаҳдории СССР, ба хотири манофеи ҳаётан муҳими халқҳои Ватанамон ва ҳамаи одамони советӣ изҳор мекунем: Тибқи моддаи 127-и Сарқонуни СССР ва моддаи 2 Қонуни СССР “Дар бобати низоми ҳуқуқии ҳолати фавқулодда” дар 1  қатор манотиқи СССР ба мӯҳлати 6 моҳ, аз соати 4-и вақти маскави 19 август ҳолати фавқулодда эълон карда шавад”.                                                                                                                       

Такягоҳи низомии Кумитачиён нерӯҳои КГБ (Алфа), ВКД (ОМОН ва Дивизияи ба номи Дзержинский) ва Вазорати Мудофиа (дивизияи десантии 106-уми Тулагӣ, дивизияи моторикунонидаи Таманӣ ва дивизияи танкии ба номи Контемиров) ба шумор мерафтанд. Аъзои Кумита ба пойтахти СССР 4 ҳазор сарбоз, 362 танк, 427 БТР ва БМП ворид намуданд. Ин нерӯҳо дар сурати амалкарди саҳеҳу дурусташон метавонистанд вазъиятро таҳти назорат бигиранд ва мухолифони Кумитаро пароканда кунанд. Аммо кумитачиён ба авзоъ тасаллути комил надоштанд. Баъди чанде фармондеҳи нерӯҳои ҳавоӣ-десантии Шӯравӣ, генерал-лейтенант Павел Грачёв ба тарафи Елтсин гузашту рӯзи аввали муқовимат қисмҳои дивизияи Таманӣ низ ба тарафи муҳофизатчиёни хонаи Сафед гузаштанд. Елтсин маҳз аз болои яке аз танкҳои ин дивизия муроҷиати машҳури худро барои ҷамъомадагон қироат намуд. Шаби 20 август дар Маскав аввалин задухӯрд миёни тазоҳуркунандагон ва артиш ба вуқӯ пайваст. Тарафдорони Елтсин бо троллейбусҳо пеши роҳи колонаи БМП-ҳоро бастанд. Дар натиҷаи ин задухӯрд 3 нафар аз муҳофизони Кохи Сафед ба ҳалокат расиданд. 

Таслим

Аъзои Кумита вақте мутаваҷҷеҳ шуданд, Артиш ба тарафи тазоҳураткунандагон гузашта шикаст хурдаанд, сару калобаашонро гум карданд. Субҳи 21 август Вазири дифои СССР Д. Язов фармон дод қисмҳои низомӣ аз қаламрави Маскав бароварда шаванд. Аъзои Кумита соати 9-и субҳ дар утоқи иҷрокунандаи вазифаи президенти СССР Г. Янаев машварати корӣ доир намуда, қарор доданд ҳайати вакилони худро ба Форос назди Горбачёв равона кунанд. Ба ин ҳайат мебоист Лукянов, Язов, Ивашко ва Крючков дохил мешуданд. Соати 16:00 Раёсати  ШО СССР бо қарори худ канор задани президентро аз вазифааш ғайри қонунӣ эълон намуд. Баъди чанде ноиби президенти РСФСР А.Рутской ва сарвазир И.Силаев ба Форос назди Горбачёв парвоз намуданд. Баъзе аз аъзои Кумита (Крючков, Язов, Бакланов, Тизяков ва Лукянов) низ бо тайёраи дигар ба Қрим парвоз карданд. Аммо Горбачёв, ки ғалабаи мухолифони Кумитаро шунида буд, аз дидор бо онҳо сарфи назар кард. Соати 22-и шаби 21 август прокурори генералии РСФСР Валентин Степанков, қарор дар бобати ба ҳабс гирифтани аъзои Кумитаро ба имзо расонид. 22 август қариб тамоми аъзои Кумитаи ГКЧП ба ҳабс гирифта шуданд.

Мурофиа

Мурофиа судии аъзои ГКЧП 14 апрели соли 1993 оғоз шуд. Дар аввал намояндаи РСФСР Анатолий Уколов аъзои Кумитаро ба хиёнат ба ватан айбдор намуд. Аъзои Кумита бошанд ин айбномаро рад намуданд. Онҳо умуман қарорҳои суди Руссияро ба расмият намешинохтанд ва талаб намуданд кори онҳоро ягон ниҳоди дигар баррасӣ намояд. Аммо суд ин дархости аъзои Кумитаро рад намуд. Мурофиаи судӣ аз болои ишон то 6 маи соли 1994 идома пайдо кард. Тамоми судшавандаҳо зери авфи умумӣ қарор гирифтанд. Танҳо 1 нафар аз миёни судшавандаҳо, генерали армия В.И.Варенников аз ин авф даст кашид ва изҳор намуд, ки ӯ бегуноҳ аст ва ин авфро қабул надорад. Мурофиаи судӣ аз болои ин генерали шуҷоъ то 11 августи соли 1994 давом намуд ва билохира ӯро низ бегуноҳ донистанд. Варенников менависад, ки аъзои дигари Кумита танҳо ба хотири тарафдорӣ аз аввалин қарори мустақили парлумони нави Руссия ин авфро қабул карданд.                          

Дмитрий Язов вазири собиқи мудофиаи СССР иброз намуд, ки натавонист мисли муовинаш Варенников аз авф даст кашад, чун дар ин сурат ӯро ба ҷурми хароб кардани роҳи асфалтии Маскав тавассути танкҳо зиндонӣ мекарданд. Анатолий Лукянов навишт: “ГКЧП 1 кӯшиши бад ташкилкардашудаи одамон буд барои рафтан ба назди роҳбари кишвар ва гуфтугӯ бо ӯ дар мавриди ин, ки набояд созишномаеро имзо кард, ки Иттиҳодро аз байн барад ва ӯ бояд мудохила мекард. Дар он ҷо Болдин, Шенин, Крючков, Варенников ва Плеханов ҳузур доштанд. Горбачёв дасти ҳамаи онҳоро фишурд ва онҳо аз ҳам ҷудо шуданд. Инро бояд одамон бидонанд, ин 1 кӯшиши ҷасурона, аммо хеле бад ташкилкардашудаи гурӯҳи роҳбарони кишвар барои наҷот додани СССР буд!”.

 

Меҳрубон  Салимшоев,

муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter