Лев Давидович ҳангоми сари қудрат будан, тамоми ҳуҷҷатҳои аз наздаш мегузаштагиро (аз мукотиботи маҳрамонаи Ленин то қарорҳои махфии Бюрои сиёсӣ) нусхабардорӣ мекард ва дар бойгониаш нигоҳ медошт. Ҳамаи инро Тротский метавонист алайҳи Сталин истифода барад ва истифода ҳам мебурд. Моҳи январи соли 1931 ашхоси номаълум хонаеро, ки дар он оилаи Тротский истиқомат доштанд, ба оташ кашиданд. Қисмате аз бойгонӣ дар натиҷаи ин оташсӯзӣ аз миён рафт,аммо қисмати аъзами он ҳанӯз боқӣ буд.
Аммо дар Туркия Лев Тротскийро хатари дигаре ҳам таҳдид мекард. Бо амри тақдир иддаи зиёде аз ҷанговарони собиқи артиши сафед маҳз дар ин кишвар паноҳ ёфта буданд ва Тротскийро камтар аз Сталин бад намедиданд. Соли 1933 Фаронса розӣ шуд ба Тротский паноҳгоҳ диҳад. Аммо баъди чанде бо исрори Маскав Порис ҳам ба Тротский ба таъбире "хушомадед" гуфт. Ин бор ҳеҷ кишвари аврупоӣ розӣ нашуд Тротскийро дар қаламраваш паноҳ диҳанд. Ҳукуматдорони ғарбӣ Лев Тротскийро мубалиғ ва роҳандози аслии "террори сурх" медонистанд ва намехостанд дар кишварашон инқилоби нави сотсиалистӣ рух диҳад.
Баҳори соли 1935 Тротский барои дарёфти паноҳгоҳи сиёсӣ ба ҳукумати Норвегия муроҷиат кард. Дар ин кишвар Ҳизби коргарӣ ҳам акнун ба қудрат расида ва ин ҳизб то соли 1923 шомили Коминтерн буд. Ҳукумати Норвегия дархости Тротскийро пазируфт ва Лев Давидович ҳамроҳи завҷааш ба ин кишвар омад. Аммо дар Маскав низ ором наменишастанд ва СССР Норвегияро таҳдид кард, ки агар Тротский аз кишвар наравад дигар моҳии яхкардаи Норвегияро намехарад. Тротский дигар наметавонист дар Аврупо бимонад ва ҳеҷ кишваре ҳам ӯро қабул намекард. Билохира танҳо Мексика ягона кишвар дар дунё гашт, ки розӣ шуд "гурезаи сурх"-ро паноҳ диҳад. Дар ин кишвар низ ҳизби коммунистӣ бо сарварии Диего Ривера ба қудрати сиёсӣ расида буд. Ривера ба Тротский хонаи алоҳидае дар як канори Мехико ҷудо кард ва Тротский он ҷо ба заргӯшпарвариву мурғпарварӣ машғул гашт.
Тасмими қатл
Мегӯянд Сталин соли 1937 тасмим ҷисман нобуд кардани Тротскийро гирифт. Генерал Судоплатов, ки он шабу рӯз ба ниҳодҳои бехатарии СССР сарварӣ мекард, дар ёддоштҳояш менависад: "Бори аввал ин супориш соли 1937 ба С. Шпигелгас вогузор гардид, аммо ӯ аз ӯҳдаи кор набаромад". Худи Судоплатов ин супоришро моҳи сентябри соли 1938 шахсан аз Сталин ва Берия дарёфт кард. Судоплатов дар ёддоштҳояш ин воқеъаро чунин тавсиф мекунад: "Ба ақидаи Берия ҳаракати чапгараён дар натиҷаи фаъолияти Тротский ду тақсим гардид. Берия изҳор намуд, ки Тротский ва тарафдоронаш мекӯшанд нақши роҳбарии СССР-ро дар ҳаракати ҷаҳонии коммунистӣ зери суол баранд". Судоплатов мегӯяд: "баъди каме сукут Сталин гуфтугӯро идома дод ва гуфт: "Ҳаракати тротскийчиён ҳеҷ чеҳраи сиёсие ҷуз Тротский надорад. Агар Тротский аз миён бардошта шавад, Коминтернро дигар хатаре таҳдид намекунад. Тротский ё ҳамон "мӯйсафеде", ки мехонедаш бояд дар муддати як сол, то оғози ҷанги ногузир аз миён бардошта шавад. Бо вуҷуди Тротский, ҳамон гуна ки таҷрибаи испанӣ инро ба хуби собит намуд, мо наметавонем ба садоқати иттифоқчиёни худ, дар сурати ҳуҷуми империалистӣ ба кишварамон умедвор шавем". Амалиёти оянда "мурғобӣ" номгузорӣ гардид. Дар оғоз чекистон наздиктарин одамони Тротскийро ҳадаф қарор доданд. Дар солҳои 1937-1938, ду котиби Тротский Эрвин Волф ва Рудолф Клемент ба қатл расиданд. Моҳи феврали соли 1938 дар Фаронса, дар шароити мармуз писари Тротский Лев Седов ба ҳалокат расид. Бо пешниҳоди Судоплатов амалиёти оянда ба зимаи Н.Эйтингон ё "рафиқ Пабло" вогузор карда шуд. Эйтингон барои пиёда сохтани амалиёт ду гурӯҳи мустақил ташкил дод, ки аз вуҷуди ҳамдигар бехабар буданд. Ҳар ду гурӯҳ аз коммунистони испанитаборӣ сталингаро таркиб ёфта буданд.
Ба гурӯҳи "Модар" Меркадер ва ба гурӯҳи "Асп" Сикейрос сарварӣ мекарданд. Нахустин кӯшиши аз миён бардоштани Тротскийро гурӯҳи рассоми мексиканӣ Сикейрос амалӣ намуданд. 27 маи соли 1940 20 ҷангии коммунист ба ҳавлии хонаи Тротский ворид шуда, хонаро зери оташи шадид қарор доданд. Аммо Тротский ва завҷааш Наталия аз ин суиқасд ҷон ба саломат бурданд. Дар натиҷаи ин ҳуҷум танҳо набераи 14 солаи Тротский Всеволод Волков каме захми гардиду халос. Ба андешаи Судоплатов сабаби асосии ноком қарор гирифтани ин суиқасд, тайёрии нокифояи гурӯҳи "Асп" гардид. Аъзоёни ин гурӯҳ таҷрибаи ҷанги Испанияро доштанд, аммо аз таҷрибаи кофтукоб ва азназаргузаронии манзилҳои истиқоматӣ бархурдор набуданд. Касе дохили хона нарафт ва хонаро тафтиш накард.
Аммо Наум Эйтингон ҳангоми ширкат дар ҷанги граждании Испания бо коммунистзани сталинчӣ Мария Каридад наздикӣ пайдо карда, ин занро бо ҳамроҳии писараш Рамон барои кор дар НКВД ҷалб намуд. Рамон Меркадер ҳанӯз соли 1938 дар Порис ба гирду атрофи Тротский ворид гардида буд. Рамон Меркадер дар Мехико бо номи мустаори Жак Морнар пайдо шуда баъди чанде аллакай озодона ба хонаи Тротский рафту омад пайдо кард. Маҳз Меркадер тавонист фармони Маскавро иҷро кунад. 20 августи соли 1940 Меркадер бо баҳонае, ки мақолае навиштааст ва мехоҳад Тротский онро бубинад вориди утоқи кории Тротский шуд ва бо яхшикан ба Лев Давидович, ки саргарми хондани мақола буд ҳамла кард. Тротский тавонист муқобила карда, ҳатто яхшиканро ҳам аз дасти қотил рабояд, аммо дар натиҷаи зарбаҳои воридшуда, рӯзи дигар дар бемористони шаҳри Кайокан ҷон дод.
Меҳрубон Салимшоев,
муаррихи СССР
Тел.: 937-77-66-30