Ленин 30 август бояд дар заводи Михелсон баромад мекард ва субҳи ҳамон рӯз дар Петроград яке дигар аз болшевикони маъруф Моисей Уритский, ки роҳбаприяти ЧК ро дар ин шаҳр ба ӯҳда дошт ба қатл расид. Ҳаммаслаконаш доҳиро аз баромад кардан боз доштани шуданд ва марги Уритскийро далел меоварданд, аммо Ленин ба ҳарфи ҳеҷ кас гӯш накард.
Баъди баромад, доҳӣ суи мошинаш равон шуд ва маҳз дар ҳамин лаҳза аз тӯдаи коргарон се тир ҷонибаш парронда шуд. Баъди чанде коргарон дар кӯчаи Сепуховои Калон, аз истгоҳи наздиктарини трамвай Фанни Капланро дастгир карданд ва маҳз ӯро гуҳагори асосии суиқасд ба ҷони доҳӣ эълон намуданд.
Номи аслии ин зан Фейга Хаимовна Ройтблат буда, ӯ дар оилаи яҳудитабори камбағал ба дунё омадааст. Фейга хеле зуд ба ҳаракати инқилобӣ пайваст ва аллакай дар 16 солагӣ бо ҷурми суиқасд ба ҷони генерал-губернатори шаҳри Киев Владимир Сухомлинов ба Сибир бадарға гардида буд. Каплан танҳо баъди ғалабаи инқилоби Февралӣ дар қатори маҳбусони сиёсии дигар озод карда шуд. Каплан дар Сибир саломатиашро аз даст дод ва қариб нобино шуда буд. Баъди озодӣ аз маҳбас Каплан, аз тарафи Ҳукумати муваққат барои беҳтар кардани саломатиаш ба осоишгоҳи Евпатория фиристода шуд. Дар Евпратория Фанни бо бародари хурдии Ленин, Дмитрий Улянов ошно гардид. Дмитрий дар ин осоишгоҳ вазифаи табибиро ба ӯҳда дошт. Мегӯянд миёни Каплан ва бародари доҳӣ равобити ошиқонаи ба вуқӯъ пайваст ва маҳз бо тавсия ва кӯшиши Дмитрий, Фаннии нобино барои дармони чашмонаш ба бемористони шаҳри Харков равона карда шуд. Табобат дар Харков биноии Капланро пурра барқарор накард, аммо ӯ акнун кам кам одамонро фарқ мекард.
Дасти Яков Свердлов
Баъди дасгирӣ Фанни Каплан дахолати худро ба ин ҳодиса рад кард ва танҳо баъди пурсуҷӯи чекистон ба гунаҳкории худ иқрор кард. Аммо бисёриҳо бар ин назаранд, ки Каплан бо сабаби нобиноиаш наметавонист дар ин суиқасд ширкат кунад. Инҳо ақида доранд, ки суиқасдро ба ҷони доҳӣ кормандони ВЧК Лидия Коноплева ва Георгий Семёнов амалӣ карданд. Дар раъси суиқасдчиён бошад Яков Свердлов меистод. Масалан нависанда Аркадий Ваксберг мегӯяд, ки ҳеҷ далеле бар иштироки Каплан дар ин суиқасд вуҷуд надорад ва аз он тараф ба андешаи ӯ доҳии инқилоб ба ҳаммаслаконаш ва аз ҳама бештар ба Свердлов халал мерасонд ва онҳо хостанд аз ӯ халос шаванд.
Муҳаққиқи дигар В.Е. Шамбаров низ менависад, ки: "аз марги Ленин аз ҳама бештар Яков Свердлов манфиат медид". Свердловро ҳаммаслаконаш "Шоҳи сурх" лақаб ниҳода буданд ва ӯ сахт қудратхоҳу ҷоҳталаб буд.Ба гуфтаи Тротский Ленин дар оғоз зидди интихоби Свердлов ба мансаби Раиси КМИ буд. Ленин аз ҷоҳталабии Свердлов огоҳ буд ва мекӯшид ба ҳар васила садди роҳи ӯ гардад. Свердлов дар мансаби Раиси КМИ ҳар қарори муҳимро бе ҳеҷ муҳокима бо Ленин ва дигар роҳбарони ҳизби болшевикӣ қабул мекард ва аз сари роҳ бардоштани Ленин ба Свердлов имкон медод ҳокимияти шахсии худашро ҷорӣ кунад. Баъди суиқасд ба ҷони доҳӣ, Яков Свердлов аввалиншуда ба Кремл омад ва ба иқрори занаш, ҳамон бегоҳ утоқи кории доҳиро соҳиб шуд. Свердлов дар зарфи чанд рӯз ҳам ШКХ, ҳам КМИ ва ҳам ВЧК ро ба худ тобеъ кард. Фанни Капланро бошад бо фармони шахсии Свердлов аз зиндони ВЧК гирифта, ба Кремл оварданд. Пурсуҷӯи баъдии Капланро бошад муфаттиши ба Свердлов содиқ мегузаронид. Пурсуҷӯи муттаҳам низ чандон тӯл накашид ва баъди чанде Яков Свердлов эълон намуд, ки кучактарин шакке дар дахолати Каплан ба суиқасд надорад ва ин зани қариб нобиноро бо фармони даҳонии ӯ 3 сентабри соли 1918 соати 4 нисфирӯзӣ дар Кремл ба қатл расониданд. Фармонро коменданти Кремл Павел Малков ба иҷро даровард ва ҷасади Капланро бошад, дохили бушкаи қатронӣ карда, оташ заданд.
Меҳрубон Салимшоев,
муаррихи СССР
Тел.: 937-77-66-30