Соли 1927 муборизаҳо барои Хуҷанд аз сари нав авҷ гирифтанд. Дар ин сол ҷидду ҷаҳди роҳбарияти Тоҷикистон самара дод ва Хуҷанд расман округи тоҷикӣ дар ҳайати Ӯзбекистон шинохта шуд. Ин иқдом ҳамроҳгардии Хуҷандро ба Тоҷикистон ногузир кард. Аммо Сурхандарё расман ҳудуди тоҷикнишин шинохта нашуд. Бо вуҷуди ин ба Душанбе муяссар гардид Маскавро розӣ кунонад барои ҳалли ин масъала, комиссиюни махсуси се нафара таъсис диҳад. Ин комиссиюн мебоист баҳсро болои Сурхандарё ҳаллу фасл мекард. Раиси комиссиюн болшевик Макеев таъин карда шуд, Тоҷикистонро дар он Абдураҳим Ҳоҷибоев намояндагӣ карда, аз ҷониби Ӯзбекистон дар комиссиюн Исломов ҳузур дошт.
Муттаасифона ин комиссиюн низ ба ҳеҷ натиҷа нарасид. Бо вуҷуди ин кӯшиҳо ҳамоно идома доштанд. Худи мардум низ дар округи Хуҷанд аз бедории миллӣ бархурдор буду ҳатто дар Конибодом қатораи Куйбешевро роҳбанд намуданд ва аз ин болшевики собиқадор дархост намуданд онҳоро ба Тоҷикистон шомил кунанд.
Билохира Сталин баҳори соли 1929 қарор дод Хуҷандро ба Тоҷикистон баргардонад. 17 июни соли 1929 Сталин ба Бюрои ҲК (б) Ӯзбекистон мактубе ирсол кард ва дар он таъкид кард, ки Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон аз ҳайати Ӯзбекистон бароварда шуда, дар заминаи он Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон таъсис дода шавад. Дар Тошканд чорае ҷуз итоат надоштанд ва Хуҷанд ба Тоҷикистон ҳамроҳ гардид. Акнун тоҷикон имкон пайдо карданд ҷумҳурии алоҳидаи худро созмон диҳанд.
Ҳамин тариқ 16 октябри соли 1929 Анҷумани III махсуси Шӯроҳои Тоҷикистон, Эъломияи таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистонро қабул кард ва тоҷикон соҳиби ҷумҳурии алоҳида гардиданд. Ҳудуди ҶШ Тоҷикистон 142,5 ҳазор км муррабаъ ва аҳолияш 1 млн 150 ҳазор нафарро ташкил намуд. 72% аҳолии кишварро тоҷикон ташкил мекарданд. 5 декабри ҳамон сол бошад КМИ СССР ин қарорро расман ба тасвиб расонид ва Тоҷикистон ба ҳайси ҷумҳурии ҳафтум ба Иттиҳоди Шӯравӣ шомил гардид. Худи ҳамон рӯз дар Хонаи деҳқон (театри собиқи Маяковский) ҷамъомади ботантанаи мардумӣ доир гардида, дар он Эъломияи мазкур қироат ва якдилона қабул карда шуд. Моҳи феврали соли 1931 бошад дар ҳамин бино Анҷумани чоруми Шӯроҳои Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон доир гашта, дар он аввалин Сарқонуни Тоҷикистони Шӯравӣ қабул карда шуд.
Насими истиқлол
9 сентябри соли 1991 иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон бо як овоз қарори эълони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қабул кард ва кишвари мо соҳибистиқлол гардид. Гарчи истиқлолият ба таъбире "аз Маскав" ба бештари кишварҳои пасошӯравӣ тақдим гардид, аммо миллати тоҷик низ дар роҳи расидан ба истиқлолияти кишвараш талошҳои зиёде намудааст. Ин ақида дар зеҳни бисёре аз зиёиён ва фарҳрехтагони ин миллати куҳантамаддун нуҳуфта буд ва дар аввалин фурсат, бо бозсозии горбачевӣ дубора буруз кард.
Дар нимаи дуввуми солҳои 80-уми асри гузашта дар Тоҷикистон бисёре аз зиёиён дар ҷамъиятҳои ғайридавлатӣ ва ҷавонон бошанд, дар ташкилотҳои ҷавонон муттаҳид гардиданд. Аввалин донаҳои тафаккури истиқлолхоҳӣ маҳз дар ҳамин ҷамъиятҳо ва ташкилотҳо пошида шуданд. Фаъолияти ин ҷамъиятҳо баъди чанде, ба қабули қонуни забон мусоидат кард ва соли 1989 Тоҷикистон забони тоҷикиро, забони давлатӣ эълон кард. Пирӯзи дар маъракаи забон, равшанфикрони тоҷикро ҷуръат бахшид ва акнун андешаҳои "расидан ба истиқлоли воқеъии Тоҷикистон, албатта дар чаҳорчуби як Иттиҳоди ҷадиди одилона" дар маҳфилҳо ва нишастҳояшон бештару бештар матраҳ мегардид.
Ин талошҳо ҳамоно идома доштанд ва билохира моҳи августи соли 1991 Эъломияи истиқлолият низ аз ҷониби ҳукумати Маҳкамовӣ пазируфта шуд. Аммо ҳаводиси баъдӣ дар Маскав вазъиятиро комилан дигаргун кард. 19 август коммунистони собиқадор дар Маскав даст ба табаддулот зада, Горбачевро аз вазифааш сабукдӯш карданд.
Қарори таърихӣ
Шикасти ГКЧП дар Маскав аксуламали шадидеро дар сар то сари Шӯравӣ ба бор овард ва ҷумҳуриҳои собиқ яке пас аз дигаре истиқлолияти давлатии худро эълон мекарданд. Дар Тоҷикистон ҳам ин раванд шиддати бештар касб кард ва 9 сентябри соли 1991 иҷлосияи ғайринавбатии вакилони мардумии ШО қарорро "Оиди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба тасвиб расонида бо ин Тоҷикистон кишвари мустақил гардид. Дар рафти ин иҷлосия раиси Кумитаи ШО оиди масоили қонунгузорӣ, ҳуқуқ ва муроҷиати шаҳрвандон, Нурулло Ҳувайдулоев фишурдаи онро ба вакилон қироат кард. Дар қонун гуфта мешуд, ки "Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба шумор меравад". Ин пешниҳод бо назари мухолифин ҳам мувофиқат мекард ва тарафайн барои даргирии навбатӣ як давраи муайяне ором гирифтанд. Бо вуҷуди ин Душанбеи расмӣ ҳанӯз худро дар чаҳорчуби як кишвари мустақил намедид ва ба иттиҳоди нав умед дошт. Ва инро баромади телевизионии иҷрокунандаи вазифаи президенти Тоҷикистон ва Раиси ШО кишвар Қадриддин Аслонов 14 сентябри соли 1991 ба хубӣ собит мекунад. Аслонов аз ҷумла таъкид кард, ки: "Тоҷикистони соҳибистиқлол худашро берун аз Иттиҳод тасаввур намекунад ва барои тезонидани имзои лоиҳаи нави иттиҳодӣ пофишорӣ дорад".
Меҳрубон Салимшоев,
муаррихи СССР
Тел.: 937-77-66-30