ХАБАРИ ДОҒ

Амалиёти "Х" ё таҷрибаи испанӣ

  • Чоршанбе, Сен 16 2020

14 сентябри соли 1936 дар нишасти махфӣ НКВД СССР қарор дод кормандони худро ба сурати оммавӣ ба Испания, барои ширкат дар ҷанги граждании ин кишвар фиристад. Бо ин қарор мудохилаи СССР ба Испания оғоз гардид. Амалиёт "Х" номугозорӣ шуда, ҳазорон ихтиёриёни шӯравӣ равонаи ин кишвари дур шуданд. 

"Фронти халқӣ"

Моҳи феврали соли 1936 дар Испания интихоботи парлумонӣ доир гардид. Дар ин интихобот "Фронти халқӣ", ки аз иттиҳоди ҳизбҳои чапгаро иборат буд, пирӯз шуд.  Дар натиҷа ду намояндаи ин фронт Мануэл Асаня ва Касарес Кирога президент ва сарвазири Испания таъин гаштанд. Ин ду нафар ғасби заминҳои заминдорони калонро аз ҷониби деҳқонон қонунӣ карда, маҳбусони сиёсиро аз зиндонҳо озод намуда, чанд роҳбари фашистро ба зиндон андохтанд. Ин амалкард мухолифати шадиде дар ҷомеаи дингарои испанӣ ба вуҷуд овард ва намояндагони калисои католик, монархистон, заминдорони калон ва фашистон бар алайҳи давлати нав муттаҳид гардиданд. Ҷомеаи испанӣ ба ду дастаи ба ҳам муқобил тақсимбандӣ ва ҳатто артиши испанӣ ҳам ду даста шуд. Дар артиш тарафдорони давлат Иттиҳоди ҳарбии ҷумҳуриявии зиддифашистиро таъсис ва мухолифони давлат бошанд Иттиҳоди ҳарбии испаниро созмон доданд, ки ба он генерали испанӣ Эмилио Мола сарварӣ мекард.

Шӯриши Марокаш

Моҳи июли соли 1936 дар Марокаши Испания аввалин шӯриши ҳарбиён ба вуқуъ пайваст. Шӯришгарон баъди чанде қудратро ба даст гирифта,18 июл генерал Гонсало Кейпо де Ляно дар шаҳри Севиляи Испания даст ба шӯриш зад. Дар натиҷа ду шаҳри бандарии Испания дар ҷануб, Севиля ва Кадис ба тасарруфи шӯришгарон даромаданд. Тасарруфи Севиля ва Кадис ба шӯришгарон имкон фароҳам овард, ки дар ҷануби кишвар платсдарми қулайро барои вуруди нерӯҳояшон аз Марокаш соҳиб шаванд. То 19 июл аллакай 80%-и артиши испанӣ шӯриш бардошта, ҳарбиён шаҳрҳои Сарагоса, Толедо, Оведо, Кордова ва Гранадаро ишғол намуданд.                                                                                                                   

Миқёси шӯриши ҳарбиён барои ҳукумати марказии Мадрид комилан тааҷҷубовар буда, онҳо гумон мекарданд шӯришро ба осонӣ саркуб мекунанд, аммо кор комилан ранги дигар гирифт. 19 июл Касарес Кирога ба истеъфо рафт ва сарвари нави ҳукумат, роҳбари ҳизби ростгароӣ-либеролӣ "Иттиҳоди ҷумҳуриявӣ" Диего Мартинес Баррио таъин шуд. Баррио кӯшиш кард бо шӯришгарон гуфтугӯ карда, як ҳукумати коалитсионӣ созмон диҳад. Аммо генерал Мола ин пешниҳодро рад карду ин амалкарди Баррио боиси хашми ҳаммаслаконаш дар "Фронти халқӣ" гашт. Баррио худи ҳамон рӯз ба истеъфо рафт. Ба ҷои ӯ Хосе Хирал сарвазири нави Испания таъин шуд. Хирал дарҳол фармон дод ба мардум силоҳ тақсим кунанд.

Ин амалкарди Хирал натиҷа доду шӯришгарон натавонистанд дар манотиқи дигари Испания пирӯз шаванд. Ба ҳукумат муяссар гардид 70%-и ҳудуди кишвар зери итоати худ нигаҳ доранд. Шӯришгарон дар Мадрид ва Барселона саркӯб гардиданд. Инчунин нерӯҳои ҳавоӣ ба баҳрии артиш низ аз ҳукумати ҷумҳурихоҳон ҳимоят карданд. Дар киштиҳои ҳарбӣ, баҳрнавардон вақте ҳақиқатро фаҳмиданд, афсарони шӯришгарро ё ҳабс карданд ё ба қатл расониданд. Дар натиҷа ҷанги граждании Испания, моҳияти тӯлонӣ ва шадиде касб карду то моҳи апрели соли 1939 идома дошт. 

Сиёсати абарқудратҳо

"Ҷомеаи демократии" ҷаҳонӣ, пирӯзии нерӯҳои чапгароро дар Испания хуш қабул накард. Гарчи нерӯҳои чапгарои испанӣ ҳама коммунист ва иттифоқчии Маскав набуданд. Миёни ин нерӯҳо, ҳаракатҳои зиёде буданд, ки СССР-и сталиниро хоин ба идеолҳои Ленин ва Тротский медонистанд. Дар ҳол баъд аз шӯриши ҳарбиён, онро Олмон, Италия ва Португалия тарафдорӣ карданд. Англия ва Фаронса мавқеъи бетарафиро ишғол намуда, фурӯши силоҳро ба ҳукумати Испания манъ намуданд. 24 августи соли 1936 тамоми давлатҳои аврупоӣ элон карданд, ки ба ҷанги дохилии Испания дахолат нахоҳанд кард.     

 Аммо дар асл Португалия, Олмон ва Италия рӯи рост ба шӯришгарони испанӣ кумак мекарданд. Португалия ба шӯришгарон силоҳ, лавозимот ва пул медод. Инчунин ихтиёриёни зиёди португалӣ низ барои ширкат дар ҷанг аз ҷониби шӯришгарон равони ин кишвар шуданд. Ҳукумати Португалия аз он тарс дошт, ки пирӯзии нерӯҳои чапгаро ба мардуми португал низ таъсир мерасонад.                                       

 Роҳбари Олмон Адолф Гитлер, бо дахолат ба ҷанги Испания мехост силоҳи навашро озмоиш диҳад, мутахассисони ҳарбиро дар шароити ҷанг бисанҷад ва барои худаш кишвари нави иттифоқчӣ пайдо кунад. Роҳбари Италия Бенито Муссолини бошад ният дошт бо Испанияи фашистӣ як кишвари ягона таъсис дода, роҳбарии ин кишварро ба ӯҳда гирад. Дар натиҷа абарқудратҳо ҳезумбиёри аслии оташи ҷанги гражданӣ дар Испания гардиданд. Даҳҳо ҳазор ихтиёрии итолиёӣ ва немис дар ҷанг ширкат карданд. Гитлер барои ширкат дар ин ҷанг ба 26 ҳазор нафар мукофот дод. Ғайр аз ин Олмону Италия ба шӯришгарон силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ доданд. Нерӯҳои ҳавоии Италия ва Олмон бевосита дар амалиётҳои ҳарбӣ ширкат варзиданд. Париж ва Лондон бошанд ба ин мудохила чашмпӯшӣ карданд, чун барои онҳо фашистон аз коммунистон беҳтар буданд.

Амалиёти "Х"

Дар Маскав низ аз рӯйдодҳои испанӣ бе иттилоъ набуданд ва Сталин дар ин қазия наметавонист ба таъбире "бетараф" бимонад. Он шабу рӯз Аврупо майдони асосии даргирӣ миёни чапгароён ва нерӯҳои навзуҳури фашистӣ гардида буду Маскав бояд худро дар майдони ин набард месанҷид. Сталин низ мехост техникаи нави ҳарбӣ ва мутахассисонашро дар шароити ҷангӣ бисанҷад. Испания барои ин кор майдони бисёр муносиб буд. СССР аз оғози ҳукумати ҷумҳурихоҳӣ Испанияро тарафдорӣ намуд ва ба Испания сӯзишворӣ равона кард. Аммо аллакай моҳи сентябр Сталин ба роҳбарияти НКВД супориш дод, нақшаи ирсоли кумаки ҳарбиро ба ин кишвар тарроҳӣ кунанд ва ҳамин тариқ амалиёти "Х" роҳандозӣ гардид.                       26 сентябри соли 1936 роҳбарияти СССР қарори расмии кумаки ҳарбӣ ба Испанияи ҷумҳурихоҳро қабул карда, 14 октябр аввалин корвони таҳҷизоти ҳарбӣ ва ихтиёриён ба Испания ворид гардиданд. Он шабу рӯз задухурд барои Мадрид идома дошта, кумаки шӯравӣ ба ҷумҳурихоҳон имкон дод дар ин набард пирӯз шаванд.                                                                                                                                                   

Мутахассисони ҳарбии шӯравӣ ба Испания бо ҳуҷҷатҳои қалбакии аврупоӣ ё бо "шиносномаҳои паноҳандагии Нансен" ворид мегардиданд. Онҳо тариқи Фаронса, кишварҳои нимҷазираи Балкан ва Африқо ба Испания меомаданд. Лавозимоти ҳарбӣ бошад тариқи Баҳри Сиёҳ, аз Ленинград ва Мурманск ирсол мегардид. Дар ҷамъ тарафи СССР ба Испания зиёда аз 50 корвон ирсол намуд. СССР ба Испания 701 тайёраи ҳарбӣ, 150 ҳазор бомба ва 64 миллион тир фиристод. Дар фронтҳои Испания 1811 мутахассиси ҳарбӣ маҳорати худро сайқал доданд, ки миёни онҳо маршалони ояндаи СССР Родион Малиновский ва Кирил Мететсков низ буданд. 157 мутахассиси ҳарбии шӯравӣ дар ин ҷанг кушта шуда, 32 нафари дигар бе ному нишон гардиданд. 59 мутахассиси ҳарбӣ бошанд, сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шуданд.                                

 Албатта ин кумаки бе музд набуд ва моҳи ноябри соли 1936 ба Одесса 510 тонна тиллои испанӣ оварда шуд. Тарафи испанӣ бо ин тилло борҳои шӯравиро пардохт мекард. СССР барои кумак ба Испания ҷаҳони коммунистиро низ сафарбар намуд. Аз тарафи Комминтерн бригадаҳои интернатсионалӣ созмон дода шуда, зиёда аз 30 000 ихтиёриён аз кишварҳои гуногун ба ин бригадаҳо шомил гаштанд. Аз ҷумла 4000 ихтиёрӣ аз СССР дар ин бригадаҳо меҷангиданд. Дар ҳайати ин бригадаҳо инчунин Иосиф Броз Тито (роҳбари ояндаи Югославия), Вилли Брандт (роҳбари оядани Олмони Ғарбӣ), Ҷорҷ Оруэлл, Антуан де Сент-Экзюперӣ, Эрнест Хемингуэй, Михаил Котсов ва ғ. бар зидди шӯришгарони фашистӣ меҷангиданд. 

 

Меҳрубон  Салимшоев,

муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter