Вокуниши дигар ҷумҳуриҳо низ гуногун буд. КМ ҲК Белорусия барои нигоҳ доштани муносибатҳо ба шакли кунунӣ овоз дод. КМ ҲК Украина бошад қарорро баррасӣ накард, аммо иброз дошт, ки истиқлолияти Украинаро маҳфуз медорад. Бо вуҷуди ин, дар нишасти навбатии комисиюн, ки 23-24-и сентябри соли 1922 бо сарварии В. Молотов баргузор гардид, лоиҳаи Сталин қабул ва пешниҳоди комунистони гурҷӣ рад карда шуд. Комисиюн қарор дод баъди баррасии ин масъала дар Пленуми навбатии КМ лоиҳаи худро ба КМ-и милии ҷумҳуриҳои навтаъсис равона кунад ва аз КМ-и ин ҷумҳуриҳо иҷрои ҳатмии онро талаб намояд. Пленум бояд 5 октябр баргузор мегардид ва қарорҳои комисиюн барои Ленин, ки дар ин вақт дар Горки мариз буд, фиристода шуданд.
Вокуниши доҳӣ
Баъди ошноӣ бо қарорҳои ин комисиюн Ленин бо раиси комисиюн И.Сталин вомехӯрад ва ӯро розӣ мекунад, то банди аввали лоиҳаи худро таъғийр диҳад. Худи ҳамон рӯз Ленин ба аъзоёни Бюрои сиёсӣ мактуб дар бораи «Ташкилёбии СССР»-ро менависад ва таъкид мекунад, ки РСФСР бояд худро бо дигар ҷумҳуриҳои шӯравӣ баробарҳуқуқ бидонад ва «ҳамроҳ ва баробар бо онҳо» ба Иттиҳоди нав шомил гардад. Бояд гуфт, ки пешниҳоди Ленин ягона шакли дурусти Иттиҳод бе ҷанги нави шаҳрвандӣ буд. Чаро ки дар Гурҷистон вазъияти фавқулода ба миён омад.
Дар охирҳои моҳи сентябр Ленин бо раиси ШКХ-и Гурҷистон П. Мдиванӣ ва аъзоёни КМ ҲК Гурҷистон вомехӯрад. Ӯ рафтори Орджоникидзеро маҳкум карда, талаб мекунад, ки комисияи нав барои баррасии ин масъала ташкил дода шавад. Аммо Сталин ҳоло ҳам иддао дошт, ки КМИ-и РСФСР бояд органи олии ҳокимият дар иттиҳоди нав гардад. Баъди ин, Ленин боз бо ӯ вомехӯрад ва ин бор талаб мекунад, ки лоиҳаашро дигар кунад, Сталин ночор мепазирад. 6 октябри соли 1922 Пленуми КМ лоиҳаи Ленинро қабул карда, дар асоси он қарори нав баровард.18 декабри соли 1922 Пленуми КМ лоиҳаи шартномаи Иттиҳоди навро баррасӣ ва қабул кард. Барои тасдиқи ин шартнома Анҷумани (съезд) Умумииттиҳодии шӯроҳо даъват карда шуда, он 30 декабри соли 1922 ба кори худ шурӯъ кард.
Таъсиси СССР
Анҷуман дар театри Калони Маскав мегузашт. Ба он аз тамоми Ҷумҳуриҳои шӯравӣ вакилон даъват шуда буданд. Соати 12-и рӯз ба минбар аъзои Раёсати КИМР(ВЦИК) иштирокчии се инқилоб, болшевики собиқадор Петр Смидович баромад ва гуфт: Иродаи ягонаи меҳнаткашони Украина, Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон ва Белорусия дар бораи якҷо намудани ҷумҳуриҳои парокандаи шӯравӣ дар шакли як иттиҳоди воҳид, давлати пурзӯр ИҶШС (СССР) дар Анҷуманҳои Шӯроҳои ин кишварҳо чандин маротиба иброз гардид. Меҳнаткашони РСФСР ҳам, ин иродаро ҷонибдорӣ мекунанд ва мо инро дар Анҷумани Шӯроҳои Русия дида будем. Анҷумани Шӯроҳо ба барпо кардани чунин иттиҳод розигӣ дод. Асоси ин иттиҳодро принтсипи баробарии комили тамоми ҷумҳуриҳо ва озодона ба иттиҳод дохил ва аз он хориҷ шудани ҷумҳуриҳои шӯравӣ ташкил медиҳад. Ин принтсипҳо асоси созишномаи моро ташкил хоҳанд дод. Мо, ба шакли як давлати воҳид бо ҳам муттаҳид мешавем. Иттиҳоди ягонаи сиёсӣ ва хоҷагидориро таъсис медиҳем. Ва ҳар захме, ки аз берун ба мо ворид мешавад, ҳар дарде, ки аз дарун мубталои мо мегардад, дар ҳар гӯшае аз ин иттиҳод бепосух намемонад. Мо ҳама, ба як тани ягона табдил меёбем ва тамоми Иттиҳод ба по мехезад. Ҳамин тариқ таъсиси абарқудрати нав заминагузорӣ карда шуд.
Меҳрубон Салимшоев,
муаррихи СССР
Тел.: 937-77-66-30