ХАБАРИ ДОҒ

 

26 сентябри соли 1983 системи огоҳкунии ҳамлаи мушакии шаҳраки “Серпухов-15”, партоби мушаки ҷангиро аз яке аз базаҳои амрикоӣ ба қайд гирифт. Дар марказ дар ҳол коршоямии тамоми асбобҳоро санҷиданд, вале ҳамаи системаҳо кор мекарданду компютер иттилоъ медод, ки мушаки ҷангии атомӣ ҷониби СССР дар парвоз аст. Он шаб дар ин марказ, полковник Станислав Петров навбатдорӣ мекард, ки аз таҷрибаи зиёди корӣ бархурдор буда, яке аз таҳлилгарони боистеъдоди нерӯҳои зиддиҳавоии шӯравӣ ба шумор мерафт. Ба бахти ҳар ду абарқудрат, полковники бо таҷриба ба компютер бовар накард ва фармони зарбаи ҷавобиро надод.

Қуллаи ҷанги сард

Дар солҳои “ҷанги сард” нерӯҳои стратегии атомии ИМА ва СССР ҳамеша дар ҳолати омодабоши комили ҷангӣ қарор доштанд. Ва моҳи сетябри соли 1983 ҷанги атомӣ миёни ин ду кишвар қариб ба вуқӯъ мепайваст. Умуман, соли 1983 дар таърихи муносибатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бо ИМА чун қуллаи “ҷанги сард” маъруф гардидааст. Дар ин сол президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Роналд Рейган бори аввал Иттиҳоди Шӯравиро “императории шарр” муаррифӣ карду ВАО-и ғарбӣ ин истилоҳро ба таври васеъ алайҳи аввалин кишвари Шӯроҳо истифода мебурданд. ИМА бо баҳонаи таҳдиди таҷовуз, нерӯҳои стратегии атомии худро пурра навоварӣ карда, ба сохтани мушакҳои нави балистикии байниқитъавӣ оғоз намуд.                                                                                                                             Чанде қабл аз ин ҳодиса, 1 сентябри соли 1983 тайёраи қиркунандаи шӯравии “Су-15” дар осмони Сахалин тайёраи мусофирбари “Боинг-747”-ро, ки ба ширкати ҳавоии “Кориэн Эйрланз”-и Кореяи Ҷанубӣ таалуқ дошт, зада афтонд. Президенти ИМА, ин бор низ тамоми гуноҳро ба гардани СССР бор карду ин ҳодиса ба таъбире, дасти Амрикоро боз намуд. Маҳз баъди ин ҳодиса, ИМА мушакҳои дуриашон миёнаи худро дар Аврупо ҷойгир намуда, ин вазъият боз ба нафъи худ тағйир дод. Иттиҳоди Шӯравӣ низ мушакҳои худро дар Олмони Шарқӣ ва Чехословакия мустақар кард, аммо мушакҳои шӯравӣ боз ҳам ба ҳудуди Амрико намерасиданд. Аммо ИМА метавонист тамоми қисмати аврупоии СССР-ро мушакборон кунад. Бо вуҷуди ин Юрий Андропов, котиби генералии вақти Иттиҳоди Шӯравӣ ваъда дод, ки СССР дар кӯтоҳтарин вақт ба Амрико посухи муносиб хоҳад дод.  

Даъват ба интиқом

Юрий Андропов, роҳбари Шӯравӣ он шабу рӯз аллакай сахт бемор буд ва дар маҷмӯъ бештари аъзоёни Бюрои сиёсии КМ ҲК ИҶШС низ пир ва фартут шуда буданд. Аммо ин муйсафедон ба ҳеҷ ваҷҳ дар баробари ИМА сар фаровардани набуданд. Он шабу рӯз  ҳама чиз мисле, ки дар болои як мӯи борике қарор дошт. Баъд аз ҳодисаи “Боинг” дар ИМА ва кишварҳои дигари ғарбӣ, даъват мекарданд, ки аз Иттиҳоди Шӯравӣ интиқом гиранд. 

Полковник Станислав Петров дар маркази фармондеҳии “Серпухово-15” ба ҳайси таҳлилгари (аналитик) асосӣ фаъолият мекард. Таҳлилгарон танҳо ду маротиба дар моҳ навбатдорӣ менамуданд, хушбахтона шаби 26 сентябр маҳз рӯзи навбатдории полковник Петров буд. Дар ин шаб системаи огоҳкунии ҳамлаи мушакӣ, партоби мушаки ҷангиро аз яке аз базаҳои амрикоӣ ба қайд гирифт. 

Вақте асбобҳо парвози мушакро ба қайд гирифтанд, тамоми дидаҳо дар марказ ҷониби Петров равона шуданд. Полковник мӯ ба мӯ тибқи дастурамал амал намуд. Аввал коршоямии тамоми асбобҳоро санҷиданд. Ҳамаи системаҳо кор мекарданд ва компютер иттилоъ медод, ки мушак ҷониби СССР дар парвоз аст. Бадбахтона, баъди чанд лаҳза системаҳо боз партоми чанд мушакро аз ҳамон база ба қайд гирифтанд. Дар ҷамъ компютер парвози 5 мушакро нишон медод. Баъд аз ин, тибқи дастурамал, полковник Петров мебоист аз ҳуҷуми ИМА котиби генералӣ Юрий Андроповро огоҳ мекард. Андропов бошад баъди огоҳ шудан 10-12 дақиқа вақт дошт, то ба хулосае биояд ва фармони зарбаи ҷавобиро содир кунад. Идомааш аз касе пӯшида набуд. Ҳар ду кишвар ба ҷанги атомӣ фурӯ мерафтанд. Ба андешаи бисёриҳо Андропов дар баровардани ҳукм пеш аз ҳама ба маълумоти ҳарбиён такя мекарду эҳтимоли зарба ба ИМА хело зиёд буд. 

Таҳлилгар ва компютер

Шояд навбатдори маъмулӣ дигар хел рафтор мекард, аммо таҳлилгари асосӣ Петров, ки солҳои тӯлонӣ бо ин система сару кор дошт,ба компютер бовар накард. Баъд аз солҳо полковник мегуфт, ки ба ин андеша, ки компютер ақл надорад такя карду ба система бовар накард. Эҳтимоли хато кардани системаро як амри дигар тақвият мебахшид. ИМА ба ҳеҷ ваҷҳ ҳуҷумро алайҳи СССР бо партоби мушак, танҳо аз як база оғоз намекард. Аммо системаи огоҳкунӣ партоби мушакҳоро аз базаҳои дигар мушоҳида накард. 

Як қиссае дигаре низ буд, ки Петров ҳанӯз аз овони донишҷӯияш дар хотир дошт. Моҳи октябри соли 1962, ҳангоми бӯҳрони Кариб киштии зериобии шӯравӣ дар соҳилҳои Куба зери бомбаборони амрикоиҳо қарор гирифта, маҷбур шуд ба чуқурии зиёд поён фаромада, алоқаашро бо соҳил канда кунад. Ин киштии зериобӣ ду ҳафта аз Маскав хабаре дарёфт намекунад. Фармондеҳи киштӣ ба хулосае меояд, ки ҷанги саввуми ҷаҳонӣ оғоз гардидааст ва қарор медиҳад тамоми захираи мушакии худро ҷониби Амрико партоб намояд. Хушбахтона фармондеҳи киштиро ёрдамчиаш аз раъяш мегардонад. Ӯ пешниҳод мекунад аввал болои об баромада, сипас мушакҳоро партоб кунанд. Вақти баромадан баҳрнавардони шӯравӣ дарк карданд, ки қариб буд ҷанги атомиро оғоз мекарданд. Дар натиҷа полковник Станислав Петров қарор дод, огоҳии ҳуҷум, хатои компютерӣ ҳисобида шавад ва ҳамаи хадамотҳоро аз ин қарори худ тариқи телефон огоҳ кард.

 

Меҳрубон  Салимшоев,

муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter