Бо вуҷуди ин, ба таъхир андохтани ҳамла низ ба фоидаи болшевикон анҷом ёфт. Қисмате аз муҳофизони Қаср, вақте диданд ҳамлае сурат нагирифт, сангарҳои худро тарк карданд ва аз Қасри зимистона берун рафтанд. Соати 8-и бегоҳ комиссари Кумитаи Ҳарбӣ Инқилобӣ Г.Чудновский бо талабномаи нав ба Қасри зимистона ҳозир шуд.
Аммо намояндагони ҳукумат ин талабномаро рад карданд. Соати 9-и бегоҳ нерӯҳои инқилобӣ ба тирборони Қасри зимистона оғоз намуданд.Тирборон дар аввал танҳо аз силоҳҳои дастӣ бе истифода аз тӯпҳо бурда мешуд. Соати 21-у 40 дақиқа бошад киштии ҷангии "Аврора" тиркушоии таърихии худро ба амал овард. "Аврора" танҳо як маротиба сӯи Қасри зимистона оташ кушод (он ҳам бо тири озмоишӣ «холостой»), аммо ин тир рӯҳияи муҳофизони қасри ҳукуматиро дарҳам шикаст. Соати 1-и шаби 8 ноябр аввалин дастаҳои инқилобӣ вориди Қасри зимистона шуданд ва соати 2-ву 10 дақиқа Қасри зимстона пурра ба тассаруфи шӯришгарон даромад. Вазирони ҳукуматӣ дар яке аз ҳуҷраҳои қаср ҷамъ карда шуданд ва дере нагузашта намояндаи болшевикон Антонов-Овсиенко бо дастаи гвардиячиёни сурх ба назди онҳо ташриф овард. Антонов-Овсиенко ба вазирон эълон кард, ки онҳо ба ҳабс гирифта шудаанд. Вазирони ба ҳабс гирифташударо болшевикон дар қасри Петропавловск зиндонӣ карданд.
Шӯриши болшевикӣ дар Петроград, ки ҳамагӣ 6 кушта ва 50 маҷрӯҳ боқӣ гузошт, яке аз камталафоттарин инқилобҳо маҳсуб меёбад. Рӯзи дигар, ҳамаи ҳукумат ба дасти Шӯрои ҳарби инқилобии Петроград гузашт ва дар Анҷумани 2-юми Шӯроҳои коргарон, деҳқонон ва сарбозон, Шӯрои инқилобӣ ин ҳукуматро ба Шӯроҳои коргарон, деҳқонон ва сарбозон вогузор намуд. 9 ноябр болшевикон ҳукумати нави Русияро таҳти унвони - Шӯрои Комиссарони Халқӣ созмон доданд ва Ленин сарварии ин ҳукумати навро ба ӯҳда гирифт.
Кишвари се инқилоб
Инқилоби октябрии болшевикон барои 70 сол сохти коммунистиро дар собиқ импературии Русия мустақар кард. Русия дар як муддати кӯтоҳ (1905-1917) се инқилобро пушти сар намуд. Бори аввал, соли 1905 ба ҳукумати подшоҳӣ муяссар гардид бо мардуми худ канор биояд ва инқилоби аввали рус бо як навъ созиш миёни Николаи 2-юм ва ҷомеа ба поён расид. Аммо дар ин кишвари қарнҳо дар сохти крепостноӣ ба сар бурда (танҳо дар авохири қарни 19-ум ин сохти мушобеҳ ба ғуломдорӣ дар Русия расман бекор гардид), шоҳ ва дарбориёни асилзодааш ба ҳеҷ ваҷҳ намехостанд аз манофеъи худ даст бикашанд. Якравии ҳукуматдорон пеш аз ҳама бар зарари соҳибони сармоя буд, ки акнун дар Русия қад алам карда буданд. Ин синфи нав низ дар паи касби манофеъи худ буд ва ногузир дар муқобили ҳукумати шоҳӣ қарор гирифт.
Дар натиҷа, моҳи феврали соли 1917 инқилоби дуввуми рус ба вуқӯъ пайваст, ки бо инқилоби буржуазӣ маъруф аст. Русия баъди ин инқилоб, ба андешаи бархе аз мувварихин, демократитарин ҳукуматро дар таърихи хеш соҳиб гардид (ин, ки ҳизби болшевикӣ, як ҳизби кучаки ба касе номаълум,тавонист дар он шароити хос қудрати сиёсиро дар ин кишвари паҳновар ба даст биёрад ба хубӣ гувоҳи ин ҳақиқат аст). Шароите, ки дар натиҷаи инқилоби февралӣ дар Русия ба амал омад, заминаи басо мусоидро барои болшевикон фароҳам кард ва ин инқилобиёни тундгаро низ тавонистанд аз ин шароит ба хуби истифода баранд. Ақидаи коммунистӣ дар кишваре рӯи кор омад, ки асосгузорони маънавияш (Марксу Энгелс) ҳатто дар хоби шабашон намедиданд. Ин ду яҳудӣ Русияро бадтарини кишварҳо медонистанд ва муътақид буданд, инқилоби комунистӣ ҳеҷ гоҳ дар ин кишвар рух нахоҳад дод.
Аммо пайравони болшевикашон хатогии доҳиёни худро моҳи ноябри соли 1917 ислоҳ карданд. Ин ҳизби кучак, корхонаҳоро ба коргарон, заминро ба деҳқонон ва сулҳро ба сарбозон ваъда доду, ин ҷамъияти азимро тарафдори худ намуд. Бо тарафдории ин нерӯ шикастани Ҳукумати муввақат кори душворе набуд. Ин, ки болшевикон баъди ба қудрат расидан ба ваъдаҳояшон вафо карданд ё на, баҳси ҷудогонаест.Чизе, ки мусалам аст, ҳизби болшевикӣ тавонист дар кишвари азиме чун Русия, дар як муддати кӯтоҳ қудрати сиёсиро ба даст бигирад ва 70 соли дароз байрақбардори коммунизм дар ҷаҳон гардад. Аммо таърих, нопойдории ин ақидаро худаш собит кард. Дар лаҳзаи зарурӣ, назарияи коммунистӣ, ҳатто чанд муҳофизе пайдо накард ва абарқудрате чун СССР бе ҳеҷ муқовимате аз миён пошида шуд.
Меҳрубон Салимшоев,
муаррихи СССР
Тел.: 937-77-66-30