Билохира дар шароити бениҳоят душвор ба фармондеҳии шӯравӣ муяссар гардид нерӯҳои зарбазанро дар ҷаноҳи (маймана ва майсараи) армияи 6-уми немисҳо, ки онро нерӯҳои руминӣ, венгерӣ ва италянӣ муҳофизат мекарданд ҷамъоварӣ намояд. Ин нерӯҳо аз иқтидорӣ зиёди ҷангӣ бархурдор набуданд ва ба таъбире "пошнаи Ахилессии" нерӯҳои немисӣ ба шумор мерафтанд.
Тибқи нақша, нерӯҳои Фронти Ҷанубу-Ғарбӣ аз ноҳияи Серафимович ва Клетск ва нерӯҳои Фронти Сталинград аз ноҳияи кӯли Сарпинск ба ҷиноҳи армияи 6-ум зарба мезаданд ва дар назди Калач-Советский ба ҳам пайваста, нерӯҳои асосии душманро дар назди Сталинград ба муҳосира мегирифтанд. Нерӯҳои Фронти Донӣ бошанд, аз ноҳияи Клетск ва Качалинск ба самти ҷануб, ду зарбаи кумакӣ мезаданд. Амалиётро 19 ноябр нерӯҳои Фронти Ҷанубу-Ғарбӣ оғоз намуданд ва 20 ноябр бошад, нерӯҳои фронти Сталинград ба ҳуҷум гузаштанд. Аллакай баъди 3 рӯзи ҳуҷум, 23 ноябр сарбозони Фронтҳои Ҷанубу-Ғарбӣ ва Сталинград дар ноҳияи Калач ба ҳам пайвастанд ва нерӯҳои армияи 6-ум ва 4-уми немисҳо пурра ба муҳосира гирифта шуданд.
Александр Невский ва Отто Бисмарк
Мавориди аҷибу ғарибе ҳам бобати набарди Сталинград нақл шудааст. Масалан дар армияи 5-уми шӯравӣ, дастаи автоматдорон бо сардории лейтинати калон Александр Невский амал мекард. Таблиғотчиёни фронти Сталинград бошанд, овозаҳоеро паҳн карданд, ки ин афсари шӯравӣ аз насли мустақими князи рус Александр Невский мебошад, ки немисҳоро дар кӯли Чуд шикаст дода буд.Фармондеҳии шӯравӣ ҳатто лейтенанти калон Невскийро ба ордени Байрақи Сурх пешбарӣ намуд.
Дар тарафи олмонӣ бошад, абераи Отто Бисмарк канслери маъруфи олмонӣ меҷангид. Бисмарк бошад ҳамеша таъкид мекард, ки Олмон ба ҳеҷ ваҷҳ бояд бо Руссия даргир нашавад. Тарафи шӯравӣ дар рафти муҳориба навоварии инқилобии дигар, фишори равониро бар душман, роҳандозӣ намуд. Аскарони шӯравӣ дар хатти пеши ҷанг баландгӯякҳоро насб карда буданд ва мусиқии немисиро барои аскарони Паулюс мешунавониданд. Аммо аз ҳама таъсири зиёд тақ-тақи зарбасанҷ дошт. Баъди ҳар ҳафт зарба, ин тақ-тақ боз дошта мешуд ва эълон мегардид, ки "ҳар 7 сония дар фронт як аскари немис ба ҳалокат мерасад".
"Раъду барқи зимистонӣ"
Фармондеҳии немис кӯшиш кард аз берун хатти муҳосираи нерӯҳояшро рахна кунад ва 12 декабр амалиёти ҷавобиро оғоз намуд. Амалиёти немисҳо "Раъду барқӣ зимистонӣ" унвон гардид ва бо он фелдмаршали болаёқати Вермахт, фон Монштейн сарварӣ мекард. Нерӯҳои Монштейн аз ноҳияи Котелниково ва Тормосино, қад қади роҳи оҳан амалиёти худро оғоз намуданд ва ба нерӯҳои Паулюс то 35-40 км наздик омаданд. Аммо фармондеҳи армияи 6-ум, ки мебоист ба пешвози нерӯҳои Монштейн ҳаракат мекард, аз ҳуҷум худдорӣ намуд ва немисҳо натавонистанд муҳосираро рахна кунанд. Билохира то 31 декабр амалиёти немисҳо пурра мутаввақиф гардид.
Амалиёти "Ҳалқа"
Аввалин пешниҳоди таслимшавӣ ба Паулюс 8 январ дода шуд, аммо фелдмаршали немис бо талаби Гитлер, ин пешниҳодро рад кард. Баъди радди пешниҳоди таслим, нерӯҳои шӯравӣ амалиёти навро таҳти унвони "Ҳалқа" оғоз намуданд. Ин амалиёт то 26 январ идома дошт ва дар ин рӯз ба нерӯҳои шӯравӣ муяссар гардид, артиши муҳосирашудаи немисҳоро ба ду қисмат (Шимолӣ ва Ҷанубӣ) тақсим намуда, аз ҳам ҷудо созанд. Билохира 31 январ қисмати Ҷанубии нерӯҳои немис бо сардории фелдмаршал Паулюс таслим шуданд ва 2 феврал навбати нерӯҳои қисмати Шимолӣ фаро расид. Ин нерӯҳо ҳам таслим гардиданд. Бо таслими қисмати Шимолии боқимондаҳои армияи 6-уми немис, набарди Сталинград ба охир расид.
Набарди Сталинградро бисёриҳо хунинтарин даргирӣ дар таърихи инсоният муаррифӣ кардаанд ва тибқи оморҳои расмӣ, талафоти ҳар ду тараф дар ин муҳориба, аз 2 млн нафар зиёдро ташкил додааст. Дар натиҷаи ин муҳориба нерӯҳои шӯравӣ, 1 фелдмаршали немис ва 24 генерали армияи 6-умро ба асорат гирифтанд. Шумораи умумии асирон бошад 91 000 нафарро ташкил дод. Артиши Сурх инчунин 5762 тӯп, 1312 миномёт, 12701 пулемёт, 156987 туфанг, 10722 автомат, 744 тайёра, 1666 тонк, 261 мошини зиреҳпӯш, 80438 мошин, 10679 мототсикл, 240 трактор ва 3 поезди зиреҳпӯшро ба ғанимат гирифтанд.
Меҳрубон Салимшоев,
муаррихи СССР
Тел.: 937-77-66-30