ХАБАРИ ДОҒ

Байден-Пири кори демократҳо

  • Чоршанбе, Нояб 25 2020

Пиртарин президент

3 ноябри соли 2020 дар ИМА интихоботи президентӣ доир гардид. Рақибони асосии ин интихобот, президенти феълии кишвар аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп ва номзади Ҳизби демократ Ҷо Байден буданд. 7 ноябр ВАО-и мӯътабари амрикоӣ аз қабили ABC News, FOX News, CNN, AP ва NBC пирӯзии демократ Ҷо Байденро дар интихобот эълон карданд. Ҳамин тариқ, Ҷо Байдени 77 сола, пиртарин президенти кишвар дар лаҳзаи интихоб дар таърихи ИМА ба шумор меравад (Трамп ҳамагӣ 75 сол дорад).                                                                                                                             

 Бо ин вуҷуд, Ҷо Байден сиёсатмадори собиқадори амрикоӣ буда, 48 сол боз ба сиёсат машғул аст. Соли 1974 маҷаллаи Taim ӯро ҳатто ба шор-листи “200 чеҳраи оянда, ки таърихро хоҳанд сохт” ворид намуд. Байден дар 30 солагӣ (синни соли камтарин) ба сенати ИМА ворид гардида, солҳои тӯлонӣ дар ин ниҳоди муҳим, кумитаи корҳои байналмиллалиро ба ӯҳда дошт. Байден дар соли 2009, 47-умин витсе-президенти ИМА интихоб гардид. Байден инчунин дар якҷоягӣ бо Барак Обама, дубора низ дар интихобот ширкат кард ва боз витсе-президент таъин шуд. Ҷо то моҳи январи соли 2017 дар ин маснад ифои вазифа кард, то вақте ки Трамп калушҳояшро пеши пояш нагузошт... 

Аз ОСВ-2 то ОСВ-3

Моҳи апрели соли 1979 Ҷо Байден бо як идда аз сенаторҳои амрикоӣ, бо таклифи роҳбарияти СССР ба Маскав ва Ленинград ташриф овард. Байден сенатори иёлоти Делавар буд ва дар ин сафар ба гурӯҳи сенаторҳои амрикоӣ роҳбарӣ мекард. Масъалаи асосии гуфтушунидҳоро, коҳиши силоҳи стратегӣ (ОСВ) ва ҷойгир накардани силоҳи амрикоӣ дар Аврупо ташкил мекард. Байден дар яке аз гуфтугӯҳояш бо хабарнигори рус, бобати ин сафари аввалинаш ба СССР мегӯяд: “Роҳбарони шумо тамоюл ба ҳамкорӣ доштанд, ба мо вақти зиёдеро тахассус доданд. Ман мутаассифам, ки мо зуд аз он ҷо рафтем. Ман мепиндорам, ки муносибати шӯрави-амрикоӣ заминаҳои хуб дошт. Аммо мо пеш аз ҳама мехостем созишномаи ОСВ-2 ро ба имзо расонем”.    

 

Байден ва Брежнев

Ҷо Байден инчунин ёдовар шуд, ки дар ин сафар натавонист бо роҳбари аввали СССР Леонид Брежнев гуфтугӯ кунад. Брежнев бемор буд ва зуд вохӯриро тарк кард. Дар Маскав бо Байден, Алексей Косигин гуфтугӯ кард. Бори дуввум Байден соли 1988 ба СССР омад. Ин бор низ масъалаи асосии гуфтушунидҳо коҳиши силоҳ буд. Он шабу рӯз нуқтаи доғи муносибати тарафҳо, манъи озмоиш ва истифодаи мушакҳои партоби миёна ва наздик ба шумор мерафт. Дар СССР бозсозӣ дар авҷ буду Байден ин бор бо Андрей Громико дидору гуфтугӯ дошт. Ба гуфти президенти собиқи СССР Михаил Горбачев, ӯ бо Ҷо Байден ҳангоми витсе-президентиаш ҳамкории зич дошта, маҳз бо талоши ӯ Русия ва ИМА созишномаи ОСВ-3 ро ба имзо расониданд.  

НАТО ва Паймони Париж

Яке аз аввалин касоне, ки Байденро бо пирӯзӣ дар интихобот табрик кард, котиби генералии НАТО Йенса Столтенберг буд. Роҳбарияти НАТО ҳатто қабл аз эълони натиҷаҳои интихобот ва занги ниҳоии мағлуб ва ғолиб, Байденро бо маснади президентӣ табрик намуданд. 

 Аммо чаро НАТО аз Байден ҷонибдорӣ мекунад?  Доналд Трамп дар таърихи президентҳои ИМА воқеъан истисноъ буд.

Барои аввалин бор шахси аввали ИМА алайҳи ҳаракати ҷаҳонишавӣ (глобализм) қиём кард ва сиёсати дарунгароёнаро пеша сохт. Яке аз ихтилофоти шадиди Трамп бо сиёсати президентҳои қаблӣ, масъалаи НАТО буд. Трамп муътақид буд, ки НАТО як ниҳоди комилан бефоида аст ва нигаҳдории он, харҷи зиёдатист. Трамп маблағгузории ин созмонро коҳиш дод ва НАТО дар як ҳолати шок қарор дошт. Аммо бо омадани Байден вазъият комилан дигаргун мешавад.

 Ҷо Байден яке аз ҳомиёни ҳаракати ҷаҳонишавӣ ё ҳамон глобализм мебошад ва сиёсати ИМА-ро дубора ба ин самт бармегардонад. Байден аллакай иброз намуд, ки Вашингтон бо Бруссел муносибати танготанг ба роҳ хоҳад монд ва масоили Русияро низ танҳо дар чаҳорчӯби НАТО ҳаллу фасл хоҳад кард. Чанде қабл, ӯ хитоб ба Русия гуфта буд: “Ба корҳои мо дахолат накунед ва ба НАТО ҳам дахолат накунед”. Яке дигар аз мухолифатҳои Трамп бо Паймони Париж буд ва президенти вақти ИМА расман бо як лағад аз ин муоиҳида берун омад, аммо Байден ба гуфти коршиносон, аллакай ваъдаи бозгардонии ИМА-ро ба муоҳидаи Париж додааст ва дар ин самт низ ИМА ба сиёсати қаблии худ боз мегардад.

“Саги зард бародари шағол”

Оё бо ивазшавии президенти ИМА чизе дар ҷаҳон тағйир мекунад? Кайҳо бар касе пӯшида нест, ки дар ИМА шахси раисиҷумҳур нақши калидӣ дар сиёсат намебозад ва ин кишвар тавассути чанд хонаводаи яҳудиву англосокс идора мешавад. Пас будани Трамп ё омадани Байден чизеро ба куллӣ тағйир нахоҳад дод. Ба таъбире “саги зард бародари шағол” Бо вуҷуди ин, президентии Трампро мешавад як истисно номид. Омадани Трампро касе дар ИМА интизор надошт. Аслан пирӯзии хонум Клинтонроо ҳама пешгӯӣ мекарданд, чун Трамп бар аллайҳи ҷаҳонишавӣ овоз баланд карда буд ва инро касе ба ӯ намебахшид. АммоТрамп президент шуд ва дар таърихи ИМА президенти хеле муваффақ ҳам буд, чун бар тибқи тамоми ваъдаҳояш амал кард. Ба яҳудиҳо ваъда дод, Байтулмуқаддасро ба расмият пойтахти Исроил мешиносад ва сафорати ИМА-ро ба он ҷо мебарад ва балландиҳои Ҷавлонро ҳам, ки замини Сурия аст, расман моли Исроил эълон мекунад. Ҳамаро кард. Ҳеҷ кадом аз президентҳои қаблӣ ҷуръат накарданд сафорати ИМА-ро ба Байтуллмуқдас кучонанд, аммо Трамп ин корро кард. 

Трамп дар интихообот ваъда дода буд, ки сафи бекориро дар ИМА коҳиш медиҳад ва сарҳади Мексикаро девор мебандад. Трамп ҳам бекориро коҳиш дод ва ҳам сарҳади Мексикаро девор кашид. Аз арабҳо пули ҳангуфте гирифт ва ба иқтисоди ИМА ворид кард. Бо ин вуҷуд, ҷараёни ҷаҳонишавӣ бар ӯ пирӯз шуд. Ҷо Байден дар ин бозӣ як муҳраи кӯтоҳмуддат аст ва синну солаш ҳам ба ин матлаб гувоҳӣ медиҳад. Аммо 4 соли оянда, Иёлоти Муттаҳида бо Ҷо Байден хоҳад буд ва капитани ин кишти ӯст. Ногуфта намонад, ки Ҷо Байден солҳои тӯлонӣ ба арманигароӣ маъруф буд ва солҳои 1995-2007 ба Гурӯҳи корҳои арманӣ дар Кунгураи ИМА шомил мегардид. Байден аз ҷумлаи касоне буд, ки боиси қабули Ислоҳияи 907-и зиддиозарӣ дар Кунгураи ИМА гардид. Ин Ислоҳия кумаки молии амрикоиро ба Арманистон ва Қарабооғи Кӯҳӣ иҷозат медод. Яъне метавон гуфт, Ереван боз 1 пуштибони қавӣ дар глобал ёфт... 

 

Меҳрубон  Салимшоев,

муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter