ХАБАРИ ДОҒ

Теҳрон 43: Дидоре, ки ҷаҳонро дигар кард

  • Чоршанбе, Дек 02 2020

28 ноябри соли 1943 дар Теҳрон сарони се кишвари иттифоқчӣ-Иосиф Сталин, Франклин Рузвелт ва Уинстон Черчилл дар доираи 1 конфронс бо ҳам дидор карданд. Ин дидори таърихӣ аҳамияти зиёде дар рафти ҷанги ҷаҳонии дуввум ва бештар аз он, дар сохтмони ҷаҳони пас аз ҷангӣ дошт. Маҳз дар конфронси Теҳрон се абарқудрати дунё тасмими таъсиси 1 созмони ҷаҳониро гирифтанд, ки мебоист масоили доғи байни кишварҳоро ҳаллу фасл мекард. Ҳамин тариқ, дар конфронси Теҳрон нақшаи Созмони Миллали Муттаҳид кашида шуда, кишварҳои иттифоқчӣ дар ин созмон ҳаққи “вето”-ро соҳиб шуданд.

Амалиёти “Ҳамдардӣ”

    Барои баргузории конфронс пойтахти Эрон, шаҳри Теҳрон интихоб гардид. Интихоби Теҳрон тасодуфӣ набуд. Дар тамоми муддати ҳукмронии Ризошоҳ (1925-1941) Эрон бо Британия муқобила мекард. Дар солҳои 30-юми қарни ХХ-ум Ризошоҳ аз тарси Британия ва СССР бо Олмон, ба ҳайси як қувваи саввум наздик шуд. Эрон хусусан дар арафаи ҷанги ҷаҳонии дуввум бо Олмон муносибати танготанге барқарор намуд.                                                                                                                      Албатта ин ҳолат ба ҳеҷ ваҷҳ СССР ва Британияро қонеъ намекард, хусусан баъди 22 июни соли 1941. Намояндагони СССР ва Британия 10 июли соли 1941 барои баррасии масъалаи Эрон бо ҳам гуфтушунид оғоз намуданд. Дар натиҷаи ин гуфтушунид нақшаи амалиёти “Ҳамдардӣ” тарҳрезӣ гардид. Тибқи ин амалиёт нерӯҳои Артиши Сурх аз шимол ва нерӯҳои англисӣ аз ҷануб вориди Эрон шуданд. Амалиёт 25 августи соли 1941 оғоз гардид ва Ризошоҳ баъди чанде, аз тоҷу тахт ба нафъи писараш Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ даст кашид. 29 августи соли 1942  гуфтушуниди се ҷонибаи англиси-шӯравӣ-эронӣ доир гардид. Дар ин гуфтушунид созишномаи нав бо ҳукумати нави эронӣ баста шуд, ки ба Эрон кафолати бехатарӣ аз ҳуҷуми Олмон ё ҳар кишвари дигареро медод. Инчунин тибқи созишнома, якпорчагӣ ва истиқлоли сиёсии Эрон низ ҳифз мегардид ва иттифоқчиён нерӯҳои худро на дертар аз 6 моҳ баъди анҷоми амалиётҳои ҷангӣ алайҳи Олмон, аз хоки Эрон берун меоварданд. Баъди имзои ин созишнома, 9 сентябри соли 1943 Эрон расман ба Олмон ҷанг эълон кард.                                                   

 Ҳамин тариқ, дар арафаи конфронси Теҳрон Эрон ба як кишвари боварибахш табдил ёфта буд ва маҳз ба ҳамин хотир Сталин ин кишварро барои дидори аввалинаш бо Черчилл ва Рузвелт интихоб кард. Ин кишвар ҳамсояи СССР буд ва аз Теҳрон алоқаи симии мустақим бо Маскав вуҷуд дошт. Ногуфта намонад, ки тарафҳо дар охири конфронс Эъломияе дар мавриди Эрон қабул карданд, ки дар он аз ҷумла омада буд: “Роҳбарони СССР, ИМА ва Британия кумаки Эронро дар ҷанг алайҳи душмани умумӣ, хусусан интиқоли борҳоро ба СССР эътироф мекунанд”. Иттифоқчиён инчунин муваззаф шуданд баъди анҷоми ҷанг низ ба Эрон кумаки иқтисодӣ расонанд. Мардуми Эрон ҳам Эъломияро хуш пазируфтанд ва ҳатто се кӯчаи Теҳрон, кӯчаҳои Дай, Қоонӣ ва Рафаэл-авеню ба номи Рузвелт, Сталин ва Черчилл номгузорӣ гардиданд.

32 нома

    Дидори сарони кишварҳои иттифоқчӣ, барои ҳар кадом аз роҳбарони ин кишварҳо бисёр зарурӣ ба шумор мерафт. Хусусан Рузвелт мехост бо Сталин гуфтугӯи якка ба якка доир намояд. То дидори Теҳрон муносибати се кишвари иттифоқчӣ рӯ ба сардӣ ниҳода буданд. Сталин аз ҳамтоёни англисӣ ва амрикоии худ тақозои ифтитоҳи фронти дуввумро дошт ва Черчиллу Рузвелт бошанд ҳеҷ розигӣ намедоданд. Ҳар се роҳбар мехостанд дар як дидори мустақим масоили доғро ҳаллу фасл намоянд. Қабл аз дидор, тарафҳо бо ҳам 32 нома радду бадал карданд ва билохира ба тавофуқ расиданд, ки дар Теҳрон бо ҳам дидоре дошта бошанд.

Сталин дар мактуби охири худ, ки 5 ноябри соли 1943 ба Рузвелт ирсол кард навишт, ки дар сурати напазируфтани Теҳрон ба конфронс намеравад ва ба ҷои худ Молотовро мефиристад. Билохира ин таҳдид ба Рузвелт, ки аз ҳама бештар мехост бо Сталин мулоқот кунад асар кард ва ӯ ба Теҳрон ризоят дод. Омодагӣ ба конфронс дар шароити комилан махфӣ ҷараён дошт. Дар Маскав аз дидори Теҳрон, танҳо чанд нафар афроди наздик ба Сталин медонистанд. Дар Вашингтону Лондон ҳам, аз дидори Теҳрон афроди ангуштшуморе огоҳӣ доштанд. Танҳои 22 ноябри соли 1943, шаш рӯз қабл аз дидори сарони се кишвар, намояндаи муваққати СССР дар Эрон, М.А.Максимов сарвазири Эрон А. Суҳайлиро аз дидори оянда огоҳ намуд.             

Шаҳри бе дарвоза

    Теҳрон дар он шабу рӯз 1 шаҳри бедарвозаро мемонд. Аслан аз ҳар 10 нафар сокини Теҳрон, якеашон хориҷӣ буд. Аммо нерӯҳои иттифоқчиён тавонистанд бехатарии комили сарони кишварҳояшонро таъмин кунанд. Хусусан нерӯҳои таъиноти махсуси шӯравӣ дар ин росто кори зиёдеро анҷом доданд. Ҳанӯз моҳи октябр ба Теҳрон полки сарҳадбонони НКВД интиқол дода шуд. Тибқи санадҳои ба даст омада, танҳо Сталинро дар Теҳрон 500 нафар муҳофизат мекарданд. Барои мисол, роҳи 7 километраро аз фурудгоҳ то сафорат, ки Сталин мебоист аз он убур мекард, як полки НКВД посбонӣ мекард. Умуман, пойтахти Эрон дар муддати баргузории конфронс, пурра аз дунё маҳдуд карда шуда буд. Ҳаракати ҳавоӣ, заминӣ ва алоқа ба пуррагӣ қатъ гардида, пахши радиои Эрон мамнӯъ ва сарҳади кишвар низ ба пуррагӣ баста шуд. Сталин ба Теҳрон тавассути тайёра омад. Ин аввалин ва охирин парвози роҳбари СССР бо тайёра буд ва қабл аз дидори Теҳрон, Сталин танҳо соли 1913 қаламравӣ Русияро тарк карда буд. Баъди расидан ба Теҳрон Сталин ба Рузвелт пешниҳод дод дар сафорати СССР маскан гирад. Рузвелт, ки сахт мехост бо Сталин мустақиман, бе ҳузури Черчилл гуфтугӯ кунад, ин таклифро пазируфт.

Президенти ИМА ҳатто медонист, ки утоқаш аз ҷониби чекистони шӯравӣ гӯшкарда мешавад, аммо бо вуҷуди ин, мухолифате накард. Сталин бошад, дар муддати ҳузураш дар конфронс, танҳо як маврид минтақаи бехатарро тарк кард. 30 ноябр Сталин ба қасри мармарини Саадобод назди шоҳи Эрон Муҳаммад Ризо ташриф оварда, бо ӯ дидоре баргузор намуд. Шоҳ баъди ин дидор ба дӯсти наздикаш Фардуст иқрор шуд, ки вохӯрӣ бо Сталин “муҳимтарин дидори ӯ буд”.

Хари кучак

   Ҷолиб ин ҷост, ки рӯзномаи конфронс пешакӣ муаян нагардида буд. Ҳар тараф метавонист мавзӯъи доғи худро матраҳ намояд. Умуман тарафҳо масоли доғи гуногунро мавриди муҳокима қарор доданд. Яке аз масоили доғ ифтитоҳи фронти дуввум буд. Черчилл мекӯшид фронти дуввумро дар нимҷазираи Балкан ва Италия ифтитоҳ намояд. Ин сиёсатмадори коркушта бо ин роҳ мехост пешравии Артиши Сурхро ба Аврупо боздорад. Аммо тарафи шӯравӣ исрор дошт, ки фронти дуввум дар шимол ё ғарбӣ Фаронса ифтитоҳ ёбад. Рузвелт ҳам аз Сталин ҷонибдорӣ кард ва изҳор намуд, ки ИМА ба ваъдаи додааш дар конфронси Квебек, ки моҳи августи соли 1943 доир гардида буд, вафодор мемонад. Дар ин конфронс Рузвелт бо Черчилл дидор намуда, нақшаи “Оверлорд”-ро тарҳрезӣ карда буданд. Сталин аз нақшаи “Оверлорд” ҷонибдорӣ кард ва Черчилл маҷбур шуд ба ин нақша тан диҳад. Умуман сарвазири Британия худро дар ин конфронс бисёр нороҳат ҳис мекард. Аз Черчилл нақл шудааст, ки гуфтааст:”Ман мисли як хари кучаки англис, миёни хирси рус ва барзаговӣ амрикоӣ нишаста будам”.                                                                           

Қисмати Олмон ва СММ

    Масъали доғи дигар қисмати баъдиҷангии Олмон буд. Тарафи амрикоӣ-англисӣ нақшаҳои гуногуни сохтори пас аз ҷангии Олмонро матраҳ мекарданд. Барои мисол Рузвелт пешниҳод дод, Олмонро ба 5 давлат, бо назорати Миллали Муттаҳид тақсим намоянд. Черчилл бошад пешниҳоди “Федератсияи Дунай”-ро дод. Тибқи ин пешниҳод, тамоми навоҳии ҷанубии Олмон ва кишварҳои ҳавзаи дарёи Дунай ба ин Федератсия шомил мегардиданд. Аммо Сталин ин пешниҳодҳоро рад кард ва тарафҳо қарор доданд, ҳалли ин масъаларо ба Комиссияи машваратии аврупоӣ вогузор намоянд. Тарафи шӯравӣ талаб кард, ки се вилояти собиқи Украина (вилоятҳои Чернигов, Ивано Франков ва Лвов), ки дар ҳайати Полша қарор доштанд, ба Украина баргардонида шаванд. Инчунин шаҳри Кенигсберг низ ба ҳудуди СССР шомил мегардид.                                                                             

Масъалаи дигар, таъмини бехатарӣ дар ҷаҳон, баъди анҷоми ҷанг ба шумор мерафт. Рузвелт пешниҳод дод, барои таъмини ин бехатарӣ, созмони байналмиллаиеро таъсис диҳанд. Сталин ва Черчилл аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ намуданд ва таҳкурсии таъсиси СММ дар Теҳрон гузошта шуд. Охирин нишасти конфронс 1 декабр баргузор гардид ва сарони се кишвар ҳангоми тарки Эрон аз роҳбарияти ин кишвар, бо ирсоли телеграмма миннатдорӣ намуданд. Ҷолиб ин ҷост, ки Рузвелт ва Черчилл аз шоҳ ташаккур карданд, аммо Сталин бошад, телеграммаи худро ба сарвазири Эрон Суҳайлӣ ирсол намуд.

 

Меҳрубон  Салимшоев,

муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter