Махсум навишта буд, ки вазъи ҷуғрофӣ ва шумораи аҳолии Тоҷикистон ба шароити таъсиси ҷумҳурии шӯравии мустақил сад дар сад мутобиқанд ва таъсиси кишвари мустақили тоҷикон ба нафъӣ заҳматкашони минтақа аст. Сталин бо мактуб ошно шуд, аммо вазъият танҳо каме тағйир кард. Дар Маскав ба тоҷикон иҷоза доданд ба ҷои вилояти мухтор, ҷумҳурии мухторрро таъсис диҳанд.
14 октябри соли 1924 сессияи дуввуми КМИ СССР қарори пешинашро лағв кард ва дар Осиёи Миёна РСС Туркманистон, РСС Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистонро дар ҳайати Ӯзбекистон таъсис дод. Ҷумҳурии мухтори Қазоқистон ва вилоятҳои мухтори Қарақалпоқ ва Қарақирғиз бошанд ба РСФСР шомил гардиданд. Аммо ин ҷо низ адолат риоят нашуд ва ба мухторияти тоҷикон танҳо навоҳии дурдасти Бухорои Шарқӣ ва кӯҳистони Зарафшон шомил карда шуданд. Ба ҳайати Тоҷикистони автономӣ, вилоятҳои Душанбе, Ҳисор, Қаротеғин (Ғарм, Дарвоз, Ванҷ), Кӯлоб, Қурғон-Теппа, Панҷакент, Ӯро-Теппа ва Сари-Осиё дохил шуданд.Моҳи январи соли 1925 ВМК Бадахшон таъсис дода шуда, он низ ба мухторияти тоҷик шомил гардид. Аҳолии Тоҷикистони мухтор 700 000 нафар буд ва пойтахти он Душанбе гардид, ки соли 1920 3000 аҳолӣ дошт. Бо вуҷуди ин, қисмати азими тоҷикон берун аз марзҳои миллии худ боқӣ монданд. Мухторияти тоҷикон аз ҳамон оғоз ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ гардид. Яке аз мушкилоти асосӣ норасоии кадрҳои роҳбарикунанда ба шумор мерафт. Касе ба Тоҷикистон омадан намехост ва кадрҳои маҳаллӣ бошанд умуман вуҷуд надоштанд. То оғози соли 1928 дар тамоми Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон, танҳо як роҳбари ҳизбӣ дар Ӯро-Теппа аз тоҷикон буду халос.
Вуруд ба СССР
Баъди омадан ба Душанбе инқилобиёни тоҷик, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Абдуқодир Муҳиддинов, Чинор Имомов ва дигарон муборизаро барои барпо кардани ҷумҳурии шӯравӣ идома доданд. Пеш аз ҳама Душанбе аз Тошканд тақозо мекард округи Хуҷанд, шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд бо округҳояшон, Динав, Сари-Осиё ва як қатор манотиқи дигар ба Тоҷикистон баргардонида шаванд. Муборизаҳо барои Хуҷанд соли 1927 аз сари нав авҷ гирифтанд. Дар ин сол ҷидду ҷаҳди роҳбарияти Тоҷикистон самара дод ва Хуҷанд расман округи тоҷикӣ дар ҳайати Ӯзбекистон эълон гардид. Ин иқдом ҳамроҳгардии Хуҷандро ба Тоҷикистон ногузир кард. Аммо Сурхандарё расман ҳудуди тоҷикнишин эълон нагардид. Бо вуҷуди ин, ба Душанбе муяссар шуд Маскавро розӣ кунонад барои ҳалли ин масъала, комиссияи махсуси се нафара таъсис диҳад. Ин комиссия мебоист баҳсро болои Сурхандарё ҳаллу фасл мекард. Раиси комиссия болшевик Макеев таъин карда шуд, Тоҷикистонро дар он Абдураҳим Ҳоҷибоев намояндагӣ мекард ва аз ҷониби Ӯзбекистон дар комиссия Исломов ҳузур дошт.
Мутаасифона ин комиссиюн низ ба ҳеҷ натиҷа нарасид. Бо вуҷуди ин кӯшиҳо ҳамоно идома доштанд. Худи мардум низ дар округи Хуҷанд аз бедории миллӣ бархурдор буда, ҳатто дар Конибодом қатораи Куйбишевро роҳбанд намуда, аз ин болшевики собиқадор дархост карданд, ки онҳоро ба Тоҷикистон шомил кунанд. Билохира Маскав баҳори соли 1929 қарор дод, Хуҷандро ба Тоҷикистон баргардонад. 17 июни соли 1929 Сталин ба Бюрои ҲК (б) Ӯзбекистон мактубе ирсол ва дар он таъкид кард, ки Республикаи автономии Тоҷикистон аз ҳайати Ӯзбекистон бароварда, дар заминаи он РСС Тоҷикистон таъсис дода шавад. Дар Тошканд чорае ҷуз итоат надоштанд ва Хуҷанд ба Тоҷикистон ҳамроҳ гардид. Акнун тоҷикон имкон пайдо карданд ҷумҳурии алоҳидаи худро созмон диҳанд.
Ҳамин тариқ 16 октябри соли 1929 Анҷумани III махсуси Шӯроҳои Тоҷикистон Эъломияи таъсиси РСС Тоҷикистонро қабул кард. Тоҷикистон ҷуҳурии 7-уми шӯравӣ гардид. Ҳудуди он 142,5 ҳазор километр ва аҳолиаш 1 миллиону 150 ҳазор нафарро ташкил намуд, ки 72% тоҷикон буданд. Абдураҳим Ҳоҷибоев, бо дастури раиси КМИ Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон Нусратулло Махсум дар 15-20 рӯз китоби “Тоҷикистон. Очерки кӯтоҳи сиёси-иқтисодӣ”-ро навишт ва 5 декабри соли 1929 китоби мазкур ба иштирокчиёни иҷлосияи дуввуми КМИ СССР даъвати 5-ум, тақсим карда шуд. Аз ҷумла як нусхаи китоб ба Калинин (раиси КМИ СССР) ва як нусха ба Янукидзе (котиби КМИ СССР) тақдим карда шуд. Ин иҷлосия қарор дод, таъсири Эъломияи таъсиси СССР-ро ба Тоҷикистон низ паҳн карда шавад ва Анҷумани VI-и Шӯроҳои СССР ин қарорро ба тасвиб расонида, РСС Тоҷикистонро ба СССР шомил кард. Иосиф Сталин бо мактубе ба роҳбарияти Тоҷикистони шӯравӣ муроҷиат карда, тоҷиконро бо таъсиси ҷумҳурияшон табрик намуд. Дар мактуби Сталин аз ҷумла омада буд, ки “тоҷикон мардуми бисёр қадимианд ва ба таммадуни башарӣ хизмати фаровоне кардаанд”.
Меҳрубон Салимшоев,
муаррихи СССР
Тел.: 937-77-66-30