Барои исботи гуфтаҳояш озодкунандаи худ, яъне Карим-командирро ҳам ба онҳо нишон дод. Саидаҳмад Каримов низ гуфтаҳои Хонеккерро тасдиқ кард ва ҳамин тавр, доғи хиёнат аз зиндагиномаи ӯ пок карда шуд.
Роҳбари ҷавонони немис
Моҳи маи соли 1945 Хонеккер ногаҳон бо яке аз сарварони ҳизби коммунисти Олмон Ганс Мале вомехӯрад. Мале яке аз дӯстони наздики роҳбари коммунистони олмонӣ Валтер Улбрихт буда, Хонеккерро мешинохт. Мале дар ҳайати гурӯҳи Улбрихт аз СССР ба Олмон омада буд ва мебоист ҳайати ҳукумати ояндаи Олмонро муаян мекард. Мале Хонеккерро бо Улбрихт муаррифӣ кард ва роҳбари коммунистони немис, Эрихи ҷавонро котиби ҲК Олмон оид ба корҳои ҷавонон ва раиси Кумитаи марказии зиддифашистии ҷавонон таъин намуд. Бо вуҷуди ин, Хонеккер барои фирор аз зиндон огоҳии ҳизбӣ гирифт ва ин ба пешравии ояндааш монеъ эҷод мекард.
Соли 1946 Хонеккер бо ҳамроҳии чанд коммунисти ҷавони дигар, Иттиҳоди ҷавонони озоди немисро таъсис дод ва худ дар раисии ин Иттиҳод қарор гирифт. Хонеккер то соли 1955 вазифаи раиси ин Иттиҳодро ба ӯҳда дошт. Соли 1946 ҲК Олмон ва Ҳизби сотсиал демократии Олмон бо ҳам муттаҳид шуданд ва Ҳизби Ягонаи Сотсиалистии Олмонро (СЕПГ) таъсис доданд ва Хонеккер ба СЕПГ пайваст. Моҳи октябри соли 1949 Ҷумҳурии Демократии Олмон таъсис дода шуд ва карераи сиёсии Хонеккер якбора боло рафт. Хонеккер ба ҳайси раиси Иттиҳоди ҷавонони озод, соли 1950 дар Берлин 3 фестивали ҷавонони Олмонро роҳандозӣ кард ва баъди 1 моҳ номзад ба аъзогии Бюрои сиёсии СЕПГ интихоб карда шуд. Моҳи июни соли 1953 миёна роҳбарияти болоии СЕПГ ихтилоф ба вуқӯ пайваст ва Ҳизби ҳоким ба ду гурӯҳ тақсим гардид. Як гурӯҳро Улбрихт ва гурӯҳи дигарро Рудолф Гернштадт сарварӣ мекарданд. Хонеккер бо ҳамроҳии Герман Матерн дар ин мубориза аз Улбрихт тарафдорӣ кард ва ин кор боз ҳам мавқеъи ӯро дар дохили ҳизби ҳоким мустаҳкамтар намуд.
Муҳандиси девори Берлин
Соли 1955 Хонеккер барои таҳсил ба мактаби олии назди КМ ҲКИШ, ба Маскав равона карда шуд. Ҳангоми таҳсил Эрих дар кори Анҷумани ХХ-уми ҲКИШ ширкат варзид ва баромади Хрушевро бобати шахспарастии Сталин гӯш кард. Баъди баргаштан ба Олмон, Хонеккерро ба аъзогии Бюрои сиёсии КМ СЕПГ қабул карданд ва ӯ ҷавобгари масоили бехатарӣ таъин гардид. Соли 1960 Хонеккер ба ҳайати Шӯрои бехатарии миллӣ шомил гашт. Соли 1961 ҳукумати Олмони демократӣ қарори сохтмони девори Берлинро қабул кард ва Хонеккер яке аз тарафдорони ашадии сохтмони ин девор гардид.
Кудетои дохилиҳизбӣ
Баъди чанде муносибати Хонеккер бо Валтер Улбрихт тезу тунд гардид ва дар дохили Ҳизби ҳокими Олмони демократӣ муноқишаи навбатӣ ба вуқӯ пайваст. Аммо бо ин, Хонеккер дар раисии мухолифони Улбрихт қарор гирифт. Хонеккер тавонист бо роҳбари СССР Леонид Брежнев риштаи дӯстӣ барқарор кунад ва бо тарафдории ӯ, Улбрихтро маҷбур ба истеъфо намуд. 3 маи соли 1971 Хонеккер котиби аввали КМ СЕПГ интихоб карда шуд. Соли 1976 бошад, Палатаи халқии Олмони демократӣ Хонеккерро раиси Шӯрои давлатии Олмони демократӣ интихоб кард ва ҳамин тавр Эрих дар раисии қудрат дар ин кишвар қарор гирифт. Аз ин ба баъд, Хонеккер бо ҳамроҳии котиби КМ СЕПГ оид ба масоили иқтисодӣ Гюнтер Миттаг ва вазири бехатарии давлатӣ Эрих Малке тамоми масъалаҳои калидиро дар Олмони демократӣ ҳаллу фасл мекард.Обрӯи Хонеккер дар СССР низ рӯз ба рӯз мустаҳкамтар мегардид ва соли 1982 ба ӯ барои саҳмаш дар мубориза бо фашизм, унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро ато карданд.
Душмани бозсозӣ
Ситораи сиёсии Эрих Хонеккер баъди сари қудрат омадани Михаил Горбачев рӯ ба завол ниҳод. Хонеккер бозсозии Горбачев ва наздикшавии СССР бо Ғарбро хатои маҳз унвон карда, бо тамоми қудрат мекӯшид ахбори СССР ва бозсозии онро камтар дар кишвараш паҳн кунад. Бо вуҷуди ин, бозсозии Горбачев барои Олмони демократӣ бе таъсир намонд. Билохира коммунистони олмонӣ бар алайҳи Хонеккер мутаҳҳид гардиданд ва Эган Крентс тавонист вохӯрии аъзои Бюрои сиёсии КМ СЕПГ Гарри Тишро бо Горбачев ташкил намояд ва дар ин вохӯри Тиш ба Горбачев гуфт, ки онҳо мехоҳанд Хонеккеро аз қудрат дур кунанд. Горбачев ба таъбире ба Тиш “добро” дод ва қисмати Хонеккер дигар ҳал шуда буд. 17 октябри соли 1989 нишасти Бюрои сиёсии КМ СЕПГ доир гардид ва Хонеккер аз вазифаи котиби генералии КМ СЕПГ сабукдӯш карда шуд.
Меҳрубон Салимшоев,
муаррихи СССР
Тел.: 937-77-66-30