Комиссияи дафн эълон кард, ки ҳамаро бе гузарнома барои видоъ роҳ медиҳанд ва ин хабар боиси сар задани навбати азим дар майдони Свердлови Маскав гардид. Анбӯҳи зиёди мардум сабаб шуд, ки 25 январ котиби КМИ Авел Енукидзе эълон намояд, ки тобути Ленинро дар дахмаи махсус нигаҳдорӣ мекунанд, то мардум ӯро зиёрат намоянд. Тобути доҳиро Сталин, Зиновев, Каменев, Бухарин, Томский, Рудзутак, Дзержинский ва Молотов ба дохили дахма гузоштанд.
Дахма
Дар оғоз касе пешбинӣ намекард, ки ҷасади доҳиро барои ҳамеша, дар мақбараи махсусе нигаҳдорӣ мекунанд. Худи доҳӣ ва наздиконаш дар бораи гӯронидан дар ҷои махсусе чизе нагуфтаанд. Дар бойгониҳо танҳо мактуби Надежда Крупская ба Инесса Арманд мавҷуд аст, ки дар он зани доҳӣ дархост мекунад, ки Ленинро дар назди девори Кремл ба хок супоранд. Масъалаи дахма миёни ҳаммаслакони доҳӣ низ дар ҳол пайдо нашуд. Барои мисол дар аввалин нишасти Комиссияи КМИ СССР бобати маросими дафни В.И. Ленин, ки 22 январи соли 1924 соати 4-и субҳ доир гардид, гуфта мешуд: “1. Супориш додани тобути рухи (синки); 2. Қабрро дар назди қабри рафиқ Сверлов Я.М. кандан”. Бори аввал масъалаи дахма дар нишасти 4-уми комиссия 23 январ матраҳ гардид. Аммо инҷо низ назарҳо мутафовит гардиданд. Ба муқобили нигаҳдории ҷасади доҳӣ К. Ворошилов баромад кард ва гуфт: “деҳқонон шояд ин корро нодуруст қабул кунанд. Онҳо хоҳанд гуфт, ки болшевикон худоёни моро аз байн бурданд, кормандони худро барои нобуд сохтани муқаддасоти мо равона карданд, аммо муқаддасоти худро таъсис медиҳанд”. Бо вуҷуди ин, бештари аъзоёни комиссия барои бунёди дахмаи муваққатӣ овоз доданд.
Коммунистӣ ягона
Тибқи маълумтҳои ОГПУ марги доҳӣ дар саросари кишвар ва хусусан деҳаҳо сару садои зиёде барпо намуд. Деҳқонон, ки бештарашон диндор буданд аз ҳукуматиҳо талаб мекарданд, ки Ленинро дар калисо ёдбуд намоянд. Дар аксари деҳаҳо деҳқонон расми Ленин дар даст ба ӯ зиндагии ҷовидро таммано мекарданд. Дар Арманистон (бо иҷозаи комиссияи дафнӣ) барои Ленин маросими азодории динӣ баргузор намуда, аксҳояшро дар кӯчаҳо мегардонданд. Умуман деҳқонон дар симои Ленин ҳомии худро аз балоҳои анъанавии русӣ медиданд ва чунин мепиндоштанд, ки Ленин “ягона коммунист буд, ки дуздӣ намекард ва ӯ ҳам мурд ва акнун ҳама чиз ба бод меравад”.
Мавзолей
Калимаи Мавзолей ба ҷои дахма бори аввал дар протоколи нишасти Комиссияи КМИ СССР 27 январи соли 1924 дар рӯзи маросими дафни Илич пайдо шуд. Мавзолеи аввалин аз чӯб сохта шуда буд ва 28 январ Комиссия қарор дод, ки вуруд ба Мавзолей ҳар рӯз, ғайр аз чоршанбе, аз соати 18:00 то 22:00 иҷозат дода шавад. Аммо 30 январ ҳамин комиссия эълон намуд, ки Мавзолеи Ленин бо сабабҳои техникӣ муваққатан баста мешавад. Билохира 1 августи соли 1924 онро дубора ифтитоҳ намуданд.
Баҳори соли 1926 лоиҳаи Мавзолеи нави сангин, аз ҷониби ҳукумати СССР тасдиқ гардид. Тарроҳи лоиҳа муҳандиси рус А.Шусев буд. Аммо сохтмони он баъди 3 сол сар шуд. 16 маи соли 1929 Бюрои сиёсии КМ ВКП(б) сохтмони Мавзолеи сангинро тасдиқ намуд ва 5 июни соли 1929 комиссия ШКХ дар ҳайати В. Молотов, А. Енукидзе, Р. Петерсон, Г. Ягода ва А.Шусев мӯҳлати хатми сохтмони онро низ муайян намуд. Мавзолеи нав мебоист 7 ноябри соли 1930 сохта мешуд. Бюрои сиёсӣ барои сохтмони Мавзолеи нав 3 миллион рубл, ки барои он замон пули ҳангуфт маҳсуб меёфт, ҷудо кард. Корҳои сохтмониро трести “Мосстрой” бо сарварии П.Муравев анҷом медод. Билохира сохтмончиён дар зарфи 16 моҳ Мавзолейро сохтанду ҷасади Ленинро ба хонаи наваш кӯчониданд.