Ин ду дар ҳамон дидори аввалин ба таъбире “ба ҳам маъқул шуданд” ва миёни онҳо риштаи мустаҳками дустӣ барқарор гардид. Ин риштаи дӯстӣ то марги Че ҳеҷ гоҳ қатъ нашуд.
Баъди чанде тамрину омодагӣ Фидел бо гурӯҳаш, ки Гевара ҳам ба он ҳамроҳ гардида буд, киштиеро бо номи “Гранма” харидорӣ карда, озими Куба гардид. Гӯруҳи нави Кастро аз 82 нафар иборат буд. Че Гевара дар гурӯҳ вазифаи табибро дошт. Аммо кори Кастро дар оғоз боз омад накард. Артиши Батиста аз омадани киштӣ хабардор гашта, соҳилро дидбонӣ мекард. “Гранма” билохира дар ҷои ноқулайе ба соҳил наздик шуду инқилобиён бо душворӣ тавонистанд ба хушкӣ бирасанд. Дар ҷамъ аз “Гранма” 82 нафар, ки саропо тар ва рӯҳафтода буданд, дар вилояти Орентои Куба фуруд омаданд. Баъди чанде гурӯҳ дар наздикиҳои кӯҳҳои Серра Маэстро ба камини ҳарбиён меафтад ва аз 82 нафар танҳо 15 нафар зинда мемонанд.Фидел, Че ва Раул бо 12 ҷангии дигар аз ин набард ҷон ба саломат бурда, дар кӯҳҳои Серра Маэстро паноҳ оварданд. Бо вуҷуди ин, Фидел бо ин 14 тан муборизаи чирикиро алайҳи Артиши Батиста оғоз кард.
Ҷазираи Озодӣ
Баъди чанде Фидел ва ёронаш тавонистанд муборизаи чирикиро ба дигар манотиқи Куба интиқол диҳанд ва бар артиши 40 000 нафараи Батиста, ки бо силоҳи пешрафтаи амрикоӣ мусаллаҳ буд, пирӯз шаванд. Пирӯзии Фиделро барҳақ, яке аз бузургтарин пирӯзиҳои ҷанги чирикии асри ХХ унвон кардаанд. Билохира 1 январи соли 1959 нерӯҳи Фидел пойтахти Куба, шаҳри Гаванаро ишғол намуда, ҳукумати нави инқилобиро созмон доданд. Албатта дар оғоз маълум набуд, ки инқилобиёни Куба кадом роҳро интихоб мекунанд. Масъала соли 1961 равшан шуд. Дар ин сол Кастро эълон кард, ки кишвараш бо роҳи сотсиалистӣ хоҳад рафт. Фидел ва ҳаммаслаконаш, “Ҳаракати 26 июл”-ро ба Ҳизби коммунистии Куба табдил доданд ва тамоми ҳаракату ҳизбҳои дигар дар ин кишвар мамнӯъ эълон шуданд. Куба аввалин кишвари сотсиалистӣ дар нимкурраи Ғарбӣ гардид ва ҷазираи Озодӣ ном гирифт.
Кастро модели марксистӣ-ленинии рушдро интихоб кард ва дар Куба ислоҳоти сотсиалистӣ роҳандозӣ шуд. Иқтисод зери назорати давлат қарор гирифт. Дар ин кишвар, дар соҳаи иҷтимоӣ низ дастовардҳои назаррас амалӣ гардиданд. Куба хусусан дар соҳаи маориф ва тандурустӣ рушди бесобиқа дошт. Дар ҷазираи Озодӣ омӯзиш ва тибб бе пул шуданду Кастро тавонист дар оғози солҳои 60-ум бесаводиро куллан дар маҳв кунад, ки дастоварди бузурге дар таърихи ин кишвари фақир ва бесавод ба шумор мерафт. Барои мисол, дар оғози асри ХХI Бонки ҷаҳонӣ дар Амрикои Лотинӣ таҳқиқотеро роҳандозӣ намуд ва ин таҳқиқот нишон дод, ки Куба дар соҳаи риёзӣ ва илмҳои дақиқ дар Амрикои Лотинӣ ҷои аввалро ишғол мекунад.
Судури инқилоб
Фидел Кастро ва дӯсташ Че Гевара ба пирӯзии инқилоби ҷаҳонӣ боварӣ доштанд ва дар сиёсатӣ давлатиашон ҳам инро баръало намоиш медоданд. Бо умеди сарнагунии империализми ҷаҳонӣ, Фидел ва Че ташкилотҳои инқилобиро дар сар то сари ҷаҳон дастгирӣ карданд. Ҷангиёни ҷазираи Озодӣ бо сарварии Че дар Чили, Никарагуа, Ангола ва Гренада фаъолият доштанд. Кастро инчунин нерӯҳояшро дар ҷанги “Рӯзи вопасин” ба кӯмаки фаластиниён ҳам фиристод. Дар майдони сиёсат ҳам кишвар муваффақ буд ва Куба ба Ҳаракати напайвастан шомил гашта, миёни кишварҳои дар ҳоли рушд, соҳиби эътибори хосае гардид. Соли 1967 Че Гевара кӯшиш кард дар Боливия низ инқилоб кунад, аммо ин кӯшиш бе натиҷа анҷом гирифту дӯсти Фидел он ҷо ба қатл расид. Қатли Че судури инқилобро аз Куба мутаваққиф кард ва Фидел сохтмони сотсиализмро дар як кишвар оғоз намуд.
Муборизи тоҷики Кастро
Фидел Кастро дар ҳақиқат муборизи матин ба шумор мерафт ва душманонаш низ инро эътироф мекарданд. Амрикоиҳо аз ҳамон рӯзи сари қудрат омадани ӯ, дар паи аз байн бурданаш буданд ва сӯиқасди зиёде ба ҷонаш карданд. Тибқи гуфтаи яке аз муҳофизони Кастро, Хуан Рейналдо Санчес ба ҷони коменданте то 200 сӯиқасд роҳандозӣ гардида буд. Тибқи иддаои ВАО бошанд, бо ҷони Фидел наздики 600 сӯиқасд роҳандозӣ шудааст. Аммо ҳеҷ як аз онҳо ба натиҷа нарасиданд, зеро Кастро ҷондорони бовафо ва корозмудае дошт. Воқеан ҳам, яке аз муҳофизон-телехҳои Кастро аз Артиши шӯравӣ 1 тоҷики кӯлобие низ буд, ки дар пиронсолӣ дар ин шаҳри бостонӣ умри фақиру камбағалонае дошт. Ва агар фурсат ва тақдир даст дод, мо ҳатман дар бораи ӯ хоҳем навишт. Фидел Кастро соли 2016 дар синни 90 солагӣ, бо марги табиӣ ва кисаи тиҳӣ... аз олам чашм пӯшид.
Меҳрубон Салимшоев,
муаррихи СССР
Тел.: 937-77-66-30