Дар фармони Раёсати ШО зикр карда мешуд, ки сержанти калон Ҳайдар Қосимов дар убури дарёҳои Днепр, Десна ва Припят матонат ва қаҳрамонӣ нишон дод. Сержанти калон Ҳайдар Қосимов бошад, баъди ин ҳам дар қисми низомии худ боқӣ монда, роҳи ҷангиашро идома дод. Аммо дар авохири ҷанг, сержант Ҳайдар Қосимов асир мегардад ва ӯро америкоиҳо озод карда, ба тарафи СССР супориданд. Асорат дар авохири ҷанг барои Ҳайдар Қосимов пайомадҳои бади зиёд дошт. Ӯро муфассал тафтиш карда, чанде дар ҳабс нигаҳ доштанд.
Тоҷикистон ва ҷанг
Билохира, тафтишот бегуноҳии Қосимовро собит кард ва ӯро соли 1946 аз Артиши Шӯравӣ ҷавоб доданд. Қаҳрамони мо ба зодгоҳаш баргашт. Он шабу рӯз Тоҷикистон низ қатори ҷумҳуриҳои шӯравии дигар бори ҷангро бар дӯш мекашид. Дар солҳои ҷанг зиёда аз 300 000 тоҷикистонӣ дар фронтҳо далерона меҷангиданд. Аз ин 300 ҳазор 92 ҳазор барнагашт ва ин барои Тоҷикистони онрӯза талафоти бузурге буд. 54 нафарашон, ки Ҳайдар Қосимов низ дар қатори онҳост бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мукофотонида шуданд.
Аз ин 54 нафар қаҳрамон12 нафар тоҷик, 28 нафар рус, 5 нафар ӯзбек, 4 нафар украинӣ, 1 нафар тотор, 1 нафар арманӣ, 1 нафар осетин, 1 нафар чечен ва 1 нафар булғорӣ буд.
Иқтисоди кишвар низ дар солҳои ҷанг дигаргуниҳои зиёд дид. Баъзе аз ин дигаргуниҳо ба нафъи кишвари азизамон буданд. Вақте ҷанг сар шуд Тоҷикистон мардуми манотиқи Ғарбии СССР-ро дар қаламраваш паноҳ дод. Аз моҳи июни соли 1941 ва дар тӯли соли 1942 наздики 150 000 одам аз Украина, Беларусия, Прибалтика, Москва ва Ленинград ба Тоҷикистон оварда шуданд. Тобистони соли 1941 ба Тоҷикистон 14 хонаи кӯдакон (зиёда аз 20 000 кӯдак) интиқол ёфтанд, ки 2 тоашонро кӯдакони ятиммондаи полякӣ ташкил медод. Ин кӯдакон ҳама ба парастории мардуми тоҷик афтиданд. Барои мисол, колхозчиёни ноҳияи Шаҳринав соли 1941 пешниҳод доданд, ки дар назди ҳар колхоз хонаҳои кӯдакони 20-30 нафара таъсис диҳанд ва кӯдакони ятимро ба парасторӣ гиранд.
Дар солҳои душвори ҶБВ мардуми одии Тоҷикистон ҳам кӯдакони зиёдеро ба фарзандӣ гирифта, бузург карданд. РСС Тоҷикистон хеле зуд ба раванди иқтисоди ҷангӣ ворид гардид ва саноати кишвар ба баровардани маҳсулоти ҷангӣ нигаронида шуд. Аз ҷумла дар охири соли 1941 заводи механикии ба номи Ордженикидзе баровардани норинҷакҳои дастии Ф-1-ро оғоз намуд ва корхонаи абрешимресӣ бошад, парашют истеҳсол мекард. Солҳои ҷанг корхонаҳои зиёди саноатӣ, аз манотиқи аврупоии СССР ба ҷануб, аз ҷумла Тоҷикистон интиқол дода шуданд. Танҳо дар солҳои 1941-1942 ба Тоҷикистон зиёда аз 30 корхонаи саноатӣ аз Москва, Ленинград, Украина ва Беларусия оварда шуданд. Аз ҷумла, корхонаи консервабарории ба номи “1 Май”-и шаҳри Одесса, корхонаи консервабарории “Красный Перекоп”-и шаҳри Феодосия, фабрикаи бофандагии “Трехгорная мануфуктура” ва фабрикаи абрешимресии ба номи Шербакови шаҳри Москва, корхонаи зарфҳои шишагии Симферопол, корхонаи равғанбарории Полтава, фабрикаи ресандагии Люберетск, фабрикаи бофандагии “Пионер”-и шаҳри Владимир ва ғ. Ин корхонаҳо албатта дар рушди саноатии РСС Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштанд.
Адолати шӯравӣ
Ҳайдар Қосимов баъди ҷанг ба колхози Севахш баргашта, баҳри ободии Ватан камари ҳиммат баст. Ӯ боз ба ҳайси ҳисобдори бригадаи тракторӣ фаъолияти меҳнатиашро оғоз намуд. 14 соли дароз ҳамдеҳагони Ҳайдар Қосимов намедонистанд, ки ҳамдеҳаашон қаҳрамони воқеист. Ҳайдар баъди асорат, гирифтани унвонро аз ёдаш бурда буд ва бе миннат меҳнати ҳалол мекард. Аммо соли 1957 мукофот соҳибашро ёфт. Дар Масква делои Қосимовро боз баррасӣ карда, нисбати қаҳрамони тоҷик адолатро барқарор ва унвони қаҳрамониро дубора ба ӯ ато карданд. Баъди ин, муносибати роҳбарият ва ҳамдеҳагон нисбати Ҳайдар дигар шуд. Ӯро ҳама ҷо барои хоксориаш қадру қиммат мекарданд. Дар тӯли фаъолияти меҳнатӣ Ҳайдар Қосимов дар вазифаҳои гуногуне заҳмат кашидааст. Аз ҷумла ӯ, ба ҳайси раиси ҷамоати Тоҷикобод, муовини раиси совхози “Правда” ва муовини директори корхонаи зотпарварии н.Вахш фаъолият кардааст. Ӯ соҳиби 5 фарзанд ва завҷааш Тоҷинисо Абдуллоева, аълочии маорифи халқӣ буд.
Қатли қаҳрамон
Мутаасифона умри ин қаҳрамони тоҷикро ҷанги шаҳрвандӣ бурид. Моҳи январи соли 1993 12 тан аз силоҳбадастони мухолифини ҳукумат, аъзои ҳизби наҳзати исломӣ, ба ҳавлии Қаҳрамони иттиҳоди Шӯравӣ Ҳайдар Қосимов зада даромада, хонаашро ғорат карда, ӯро гаравгон гирифтанд ва мошини ГАЗ-24-ашро ба яғмо бурданд. Силоҳбадастони ғоратгар пири 70-соларо аз ҳудуди ноҳия бароварда, 17 январи соли 1993 ваҳшиёна ба қатл расониданд. Ҷасади қаҳрамонро ҳамдиёронаш ёфта, дар ноҳияи Ҷайҳун (то 2016 ноҳияи Қумсангир) ба хок супурданд.
Меҳрубон Салимшоев, СССР