ХАБАРИ ДОҒ

Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон: Аз вуруд то хуруҷ

  • Панҷшанбе, Фев 18 2021

 

“Ветнами Иттиҳоди Шӯравӣ”

    Даргирӣ миёни нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон ва гурӯҳҳои муҷоҳиддини афғон, ки бо Ҷанги Афғонистон дар таърихнигорӣ маъруф аст, аз авохири соли 1978 шурӯ шуд. СССР дар ин ҷанг, Ҳизби Халқи Демократии Афғонистонро дастгирӣ карда, ба Афғонистон лашкар кашид. Ҷанги СССР дар Афғонистон 10 сол идома дошт ва барои абарқудрати шарқӣ фарҷоми нохубе ба бор овард, то ҷое, ки иддае онро “Ветнами Шӯравӣ” ҳам унвон намудаанд. 

Бозии бузург

   Мавқеи геополитикии Афғонистон, ки дар маркази қитъаи Авруосиё ҷойгир гардида, ду қорраи ин қитъа-Осиёи Ҷанубӣ ва Марказиро бо ҳам мепайвандад, ин кишварро ба яке аз кишварҳои калидии минтақа табдил додааст. Афғонистон дар қарни XIX ба майдони мубориза миёни Британия ва Россия табдил ёфт ва ин 2 кишвар мекӯшиданд дар он нуфуз дошта бошанд. Ин мубориза, ки бо  “Бозии бузург” маъруф аст, солҳои тӯлонӣ идома дошт. 

   Баъди Инқилоби болшевикӣ дар соли 1919 Амонуллохон Афғонистонро кишвари мустақил эълон кард ва ҷанги 3-юми афғону-англис шурӯ шуд. Дар ин шароит, Россияи Шӯравӣ аввалин кишваре буд, ки истиқлолияти Афғонистонро ба расмият шинохт. Соли 1929 СССР бори аввал ба Афғонистон нерӯи низомӣ ворид кард. Қисмҳои Артиши Сурх барои тарафдорӣ аз Амонуллохони сарнагуншуда, ба Афғонистон ворид гардиданд ва як сол баъд (1930), бо баҳонаи торумори марказҳои таҷаммӯи босмачиҳо, қисмҳои савораи Артиши Сурх, бори дуввум вориди хоки Афғонистон шуда буданд.  

Инқилоби савр

   27 апрели соли 1978 дар Афғонистон инқилоби мардумӣ ба вуқӯъ пайваст ва Ҳизби халқӣ-демократӣ (НДПА) сари қудрат омад. Ин Ҳизб Афғонистонро Ҷумҳурии Демократӣ эълон карда, кӯшиш намуд, дар кишвар ислоҳотеро роҳандозӣ кунад. Мутаассифона, роҳандозии ислоҳоти ҷадид, ба мухолифати сахти нерӯҳои исломгаро рӯ ба рӯ шуд ва дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ аланга зад. СССР дар ин ҷанг аз НДПА тарафдорӣ мекард. 

   8 маи соли 1978 ҳукумати Афғонистон тавассути сафири СССР дар Кобул расман ба ҳукумати шӯравӣ муроҷиат карда, аз СССР хост фавран ба Афғонистон мушовирони шӯравиро равона кунад. Нимаи дуввуми моҳи маи соли 1978 аввалин гурӯҳи мутахассисони шӯравӣ, ки бештарашон кормандони КГБ буданд ба Афғонистон фиристода шуданд. 30 июни соли 1978 бо қарори Шӯрои Вазирони СССР, Намояндагии КГБ СССР дар назди ниҳодҳои амниятии Афғонистон таъсис дода шуд. 18 марти соли 1979 барои ҳалли масъалаи Афғонистон, дар КМ КПСС комиссияи Бюрои сиёсӣ бобати Афғонистон таъсис гашт. Ба ин комиссия М. Суслов, А. Громико, Д. Устинов, Ю. Андропов, Б. Понамарёв ва И. Архипов шомил гардиданд.  

Шӯриши Ҳирот

   Моҳи марти соли 1979 дар Ҳирот шӯриши зиддиҳукуматӣ оғоз гардид ва дар рафти пахши ин шӯриш, ҳукумати Афғонистон бори аввал аз Иттиҳоди Шӯравӣ хост, ки нерӯҳои низомиашро вориди хоки Афғонистон кунад. Дар маҷмӯъ ҳукумати Тараккӣ ва Амин зиёда аз 20 бор аз СССР чунин дархост карда буданд. Аммо комиссияи афғонистонии КМ КПСС ба Бюрои сиёсӣ гузориш дод, ки дахолати мусаллаҳонаи СССР ба Афғонистон пасомадҳои манфӣ дорад ва ин хоҳиши афғонҳо рад карда шуд. 19 марти соли 1979 дар нишасти Бюрои сиёсии КМ КПСС Леонид Брежнев мегӯяд:

“Инҷо масъала гузошта шуд, бобати ширкати бевоситаи нерӯҳои мусаллаҳи мо дар ҷанги Афғонистон ва ман фикр мекунам мо набояд ҳозир вориди ин даргирӣ шавем. Бояд ба рафиқони афғонӣ фаҳмонем, ки мо метавонем аз ҳар лиҳоз кумакашон кунем. Аммо ширкати артиши мо, на танҳо ба мо, балки бештар ба худи онҳо зарар мерасонад”.  

   Бо вуҷуди ин, шӯриши Ҳирот Маскавро водор кард, нерӯҳояшро дар сарҳадоти Афғонистон мустақар кунад ва бо фармони вазири дифоъи СССР Дмитрий Устинов, дивизияи 103-юми гвардиягии десантии Артиши Шӯравӣ барои вуруд ба Афғонистон омода карда шуд. Теъдоди мушовирони шӯравӣ низ дар ин кишвар якбора зиёд гардиданд ва аз 409 нафар, то авохири моҳи июни соли 1979 ба 4500 нафар расиданд. 

Фармони Картер

   Тибқи ёддоштҳои директори собиқи СРУ Роберт Гейтс, 3 июни соли 1979 президенти ИМА Ҷимми Картер бо имзои як фармони махфӣ, ба маблағгузории нерӯҳои зиддиҳукуматии Афғонистонро иҷозат дод. Збигнев Бзежинский яке аз тарроҳони дигари ҷанги сард низ менависад, ки мо русҳоро барои мудохилаи ҳарбӣ таҳти фишор қарор надодем, аммо амдан эҳтимоли анҷоми ин корро афзоиш додем. Ба андешаи Роберт Гейтс хадамоти вежаи амрикоӣ, кумак ба муҷоҳиддинро 6 моҳ қабл аз вуруди Артиши Шӯравӣ оғоз кард. Гейтс мегӯяд: “вақте Картер ин фармонро имзо кард, ман ба президент муроҷиат кардам ва гуфтам имзои ин фармон, дахолати низомии шӯравиро ба бор меорад”. Баъди имзои ин фармон, Хадамоти ҷосусии ИМА дар ҳудуди Покистон марказҳои таълимии гурӯҳҳои мусаллаҳро роҳандозӣ намуд ва хадамоти ҷосусии Покистон (ISI) миёнаравӣ тарафайн буд. 

“Халқ” ва “Парчам”

   Дар дохили худи ҳизби ҳоким ҳам якдилӣ ва якдигарфаҳмӣ набуд. НДПА баъди чанде ба ду тараф “Халқ” ва “Парчам” тақсим гардид. Моҳи июли соли 1978 роҳбари ҷиноҳи “Парчам” Бабрак Кармал аз вазифааш сабукдӯш гардида, ба ҳайси сафири Афғонистон ба Чехословакия фиристода шуд. Моҳи сентябри соли 1979 бошад, роҳбари НДПА Нур Муҳаммад Тараккӣ ба ҳабс гирифта шуда, баъди чанде бо фармони Ҳафизулло Амин ба қатл расид. Амин зимоми қудратро дар кишвар ба даст гирифт. Замони Амин, Афғонистонро террори сахт фаро гирифт. Амин на танҳо исломгароҳо, балки аъзоёни аз сиёсаташ норозии НДПА-ро низ террор мекард. Дар Маскав метарсиданд, ки тезутундшудани бештари авзоъ дар Афғонистон ба суқути НДПА аз қудрат мунҷар мешавад ва дар Афғонистон нерӯҳои ба СССР душман, сари қудрат меоянд. 

“Баталёни мусалмонӣ”

    Билохира дар Маскав қарор доданд, Аминро аз қудрат барканор карда, ба ҷояш роҳбари “парчамиён” Бабрак Кармалро нишонанд. Тобистони соли 1979 дар Артиши шӯравӣ дастаи таъиноти вежаи ГРУ “баталёни мусалмонӣ” таъсис дода шуд. Ба ин баталён танҳо низомиёни осиёимиёнагӣ шомил гардиданд. Вазифаи асосии баталён муҳофизати Таракӣ ва баргузории амалиётҳои махсус дар хоки Афғонистон ба шумор мерафт. Дар аввалҳои моҳи декабри соли 1979 ин баталён ба Бағром оварда шуд.10 декабри соли 1979 бо фармони Д. Устинов нерӯҳои округи ҳарбии Туркистон ва округи ҳарбии Осиёи Миёна ба ҳолати омодабош оварда шуданд. Нерӯи асосии зарбазани амалиёти вуруд дивизияи 103-юми десантӣ ба шумор мерафт ва он ҳам дар ҳолати омодабош қарор дошт. 

“Муғулистони дуввум”

   Қарори мудохилаи низомӣ ва ворид кардани Артиши Шӯравӣ ба хоки Афғонистонро Бюрои сиёсӣ 12 декабри соли 1979 ба имзо расонд. Аз аъзоёни Бюрои сиёсӣ танҳо А. Косигин зидди мудохилаи низомӣ овоз дод. Миёни ҳарбиён низ чанд тан аз афсарони баландрутба, мисли сардори штаби генералӣ Н. Огарков, генералон С. Архемеев, В. Варенников ва ғ., зидди ворид кардани нерӯҳои мусаллаҳ буданд. Аммо тарафдорони вуруди низомӣ ба Афғонистон мегуфтанд, ки НДПА иттифоқчии мост ва онҳо дар ин кишвар инқилоби сотсиалистиро роҳандозӣ кардаанд. Бо ёрии НДПА Афғонистон метавонад ба “Муғулистони дуввум” табдил ёфта, аз феодализм ба сотсиализм биҷаҳад.

Гамбит

   Билохира 25 декабр аввалин ҷузъу томҳои Артиши Шӯравӣ вориди хоки Афғонистон шуданд. 27 декабр “баталёни мусалмонӣ” Аминро сарнагун кард ва нерӯҳои мусаллаҳи СССР вориди даргирии низомӣ дар Афғонистон шуданд. Натиҷаҳои ҷанг низ имрӯз ба ҳама маълуманд. Нерӯҳои армияи 40-уми Артиши Шӯравӣ 10 сол дар Афғонистон даргир шуданд ва ба таъбири фармондеҳи ин армия, генерал Громов “на пирӯз шуданд ва на шикаст хурданд”. Ин ҷанг бо гамбит тамом шуд. Бо вуҷуди ин, дастаҳои муҷоҳиддини афғон сол ба сол меафзуданд ва соли 1986 70% кишварро таҳти контрол доштанд. 

   Армияи 40-ум дар ин ҷанг 14 427 афсару сарбозашро аз даст дод. Дар ҷанг 576 корманди КГБ ва 28 корманди ВКД-и СССР кушта шуданд. Аммо тибқи таҳқиқоти афсарони штаби генералӣ бо сарварии профессор Валентина Рунова, талафоти армияи 40-м дар ҷанги Афғонистон 26 000 нафарро ташкил медиҳад. 

 

Меҳрубон  Салимшоев,

муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter