ХАБАРИ ДОҒ

ҲАМА ЧИЗ БАРОИ ФРОНТ! ҲАМА ЧИЗ БАРОИ ҒАЛАБА!

  • Чоршанбе, Окт 06 2021

Шиори маъруфи партияи коммунистӣ ифодаи мухтасари Директиваи (дастури) Комиссарони халқи СССР ва КМ ВКП (б) 29 июни соли 1941 ба ташкилотҳои партиявӣ ва советии вилоятҳои наздифронтӣ равона гашта буд. Аммо ин шиор аз ҷониби тамоми шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ, сар аз коргару деҳқон, колхозчиёну зиёиён, тамоми қишрҳои ҷомеа ҳаматарафа ҷонибдорӣ ёфт. Дар давраи панҷ соли Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 дар мубориза бар зидди гитлерчиёни ғаддор ин шиори ҷангии халқи советӣ маҳсуб меёфт.

Дар ин давра ҳазорон далел дар робита ба ҷавонмардию садоқати халқи тоҷик, ки охирин лафка (тика) – и нони худро ба ҷабҳа фиристода буданд, метавон ном бурд.

Замони дар муҳосираи аду қарор доштани шаҳри Ленинград тавассути роҳ аз болои кӯли Ладога, мусаммо бо «Роҳи ҳаёт» ворид намудани посилка (марсула) – ҳо ва маҳсулоти хӯрокворӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон Мунаввар Шогадоев дар таърихи ин ҷанг мисоли рӯшан аст.

Дар давоми чанд соли муҳосираи ин шаҳр бештар аз 151 вагон маҳсулоти хӯрока ба Ленингради дар муҳосирабуда аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон фиристода шудааст. Сокинони шаҳри Ленинград меҳрубониҳои халқи тоҷикро беҷавоб намонда, китобҳои дарсӣ ва бадеиро бо забони тоҷикӣ нашр ва бо корвоне, ки М. Шогадоев онро раҳнамун буд, ба Тоҷикистон интиқол дода буданд.

Халқи советӣ бо тамоми ҳастӣ бар муқобили гитлерчиёни хунхор бархоста буданд ва инро дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт возеҳ дидан мумкин буд. Маҳз тифоқӣ ва ҳамдастии қавму миллатҳои Иттиҳоди Шуравӣ барои шикасти фашистон замина гузошт.

Ин дафъа танҳо аз боби ёрмандии сокинони заҳматкашу неруманди собиқ ноҳияи Кангурт (1930 – 1953) чанд мисоли мухтасарро пешниҳод менамоем, ки он овон хабари кӯмаки онҳо дар рӯзномаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба табъ расида буданд.

 

Азаматов П. Ёрдам ба Армияи Сурх.

«Ҳақиқати Кӯлоб» - 1941 – 10 ноябр.

Колхозчиёни колхози «Коммунист» - и ноҳияи Кангурт барои ҷанговарони Армияи Сурх 9 кӯрпача, 18 брюки пахтанок, 62 килограмм пашм, 81 дона пӯсти пӯстинбоб ҷамъ карда, ба нуқтаҳои либосқабулкунӣ супориданд.

 ***

Бобоев Г. Ба фронт ёриро боз ҳам пурзӯр кунем.

«Болшевики Кангурт» – 1942 – 21 январ.

Колхозчиёни колхози «Иттифоқ» (қишлоқи Хуҷаи нур) аз 12 то 13 – уми январ – 4 телпак, 1 пар ҷулоб, 56 дона пуст, 188 сӯм пул, 3 кг 800 грамм пашм, 2 кгр 200 гр мис ҷамъоварӣ карда, ба захираи мудофиавӣ супориданд. 

 ***

Азаматов П. Туҳфаҳо ба ҷанговарони Армияи Сурхи диловар:

«Тоҷикистони Сурх» - 1942 – 20 феврал.

Колхозчиёни ноҳияи Кангурт барои Армияи Сурх 1223 дона пӯст, 17 телпак, 124 кило пашм, 116 фуфайка, ба захираи мудофиа 2437 сӯм пули нақд, 3701 облигатсияи заём супориданд.

 

 ***

Каримов Р. Сухан аз ленинчиён шунавад.

«Большевики Кангурт» - 1942 – 3 март.

Колхозчиёни колхози Ленин (қишлоқи Давлатшоён) барои ҷанговарони Армияи Сурх 102 килограмм пашм, 3 брюк, 2 ҷуфт дастпушак, 4 телпак, 92 дона пӯст, 15 куртаи таг, 500 кило ҷав, 48 кило картошка, 400 кило гандум, 1 сар гӯсфанд, 2 дона зини асп бо авзораш, 3073 сӯм пули нақд супориданд.

 ***

Азаматов П. Ғамхории колхозчиён барои Армияи Сурх.

«Тоҷикистони Сурх» - 1942 – 8 март.

Колхозчиёни колхози Калинини ноҳияи Кангурт ба захираи мудофиавии мамлакат 4550 сӯм пули нақд, ба маблағи 3992 сӯмина облигатсияи заём, 200 кило пашм, 321 дона пӯст, 95 пуд ҷав доданд. Барои фронтчиён 40 дона куртаю эзор, 2 фуфайка, 50 телпак ва ба ҳаҷми 725 сӯмина посилка тайёр карда супориданд.

 ***

Музафаров Ғ. Тайёрем ва месупорем.

«Болшевики Кангурт», - 1942 – 8 март.

Колхозчиёни совети қишлоқи Оличабулоқ барои ҷанговарони Армияи Сурх 15 кило пашм, 100 дона ҷулоб супориданд.

 ***

Ягон сарак дар замин намонад.

«Большевики Кангурт» - 1942 – 16 сентябр.

Дар мавсим колхозчиёни колхози «Калинин» - и райони Кангурт 40 сентнер сарак чинда, ба хирмани колхоз рехтанд. Беҳтарин саракчинҳо Қимат Шарифова, Санифа Каримова, Нигор Давлатшоева, Наскак Аминова буданд.

 ***

Суханов Т. Туҳфаҳои пешазоктябрӣ ба муҳофизатчиёни Ватан.

«Большевики Кангурт» - 1942 – 12 октябр.

Меҳнаткашони райони Кангурт барои ҷанговарони Армияи Сурх 563 кило гушт, 35125 сӯм супориданд.

Колхози ба номи Ленин 50 кило гӯшт супорид, колхозчиёни ин колхоз 2465 сум, муаллимони колхоз 1375 сум супориданд. Колхозчиёни колхози Чкалов 6700 сум супориданд.

 ***

* Саидов С. Ғалаба барои захираи Армияи Сурх.

«Ҳақиқати Кӯлоб» - 1942 – 10 ноябр.

Колхозчиёни колхозҳои ба номи Будёный ва Максим Горкийи ноҳияи Кангурт ба захираи Армияи Сурх 200 сентнеру 20 кило гандум, 10 сентнер ҷав супориданд.

 ***

* Азаматов П. Сессияи Совети депутатҳои меҳнаткашони Совети қишлоқ. «Ҳақиқати Кӯлоб» - 1942 – 22 ноябр.

Колхозчиёни Совети қишлоқи Оличабулоқи ноҳияи Кангурт ба захираи мудофиавии мамлакат 9000 сӯм пули нақд, 1300 сӯмина облигатсияи заём, 700 дона ҳар гуна сару либос тайёр карда супориданд.

 ***

* Суханов Т. 56 ҳазор сӯм.

«Большевики Кангурт» – 1943 – 21 январ.

Колхозчиёни колхози ба номи Калинин ба сохтмони колоннаи танкии «Колхозчии Тоҷикистон» 56 ҳазор сӯм пули нақд супориданд. Колхози ба номи Каганович 41500 сӯм, колхози ба номи Ленин 33 ҳазор сӯм супориданд.

 ***

* Мирзоалиев С. Барои сохтани колоннаи танкии «Муаллими Тоҷикистон»

«Большевики Кангурт» - 1943 – 28 феврал.

Муаллимони район аз музаффариятҳои Армияи Сурх рӯҳбаланд шуда бо колоннаи танкии «Муаллими Тоҷикистон» маблағ супурданд. Муаллимони мактаби рақами 20 Давлатов 1120 сум, Зилол Раҳимова 500 сум, аз мактаби №10 Маҳмудов 803 сум, мактаби рақами 2 Қурбоналӣ Саидов 787 сум, мактаби рақами 25 Тоир Сафаров 782 сум, Ҳомид Абдулхайров 811 сум, Тошев Раҳмоналӣ 811 сум, мактаби №1 Зоя Курякова 545 сум, коллективи дигар мактабҳои ноҳия маблағ супориданд.

 ***

* Мирзоалиев С. Фаъолияти мактаббачагон ба колоннаи танкии «Муаллими Тоҷикистон».

«Большевики Кангурт» - 1943 – 24 март.

Мактаббачагони колхозҳои «Иттифоқ», «Чкалов» барои захираи колоннаи танкии номбурда 401 – 650 сӯмӣ ҷамъ карда супориданд. Мактаббачагони колхози Стаханов 1370 сум ҷамъ карда супориданд.

 ***

* Азаматов П. Кор ҷӯш мезанад.

«Большевики Кангурт» - 1943 – 7 ноябр.

Колхози ба номи Крупская, ноҳияи Кангурт барои аскарони сурх 2 сентнер гандум, 2 буз, 16 дастпушаку ҷулоб, ба оилаҳои онҳо 28 сентнер гандум, 13 буз ҷамъоварӣ карда супориданд.

 ***

* Ёрӣ ба оилаҳои ҷанговарон.

«Тоҷикистони Сурх» - 1944 – 13 август.

Дар ноҳияи Кангурт меҳнаткашон барои оилаҳои ҷанговарон ва инвалидони ҷанг 85 центнер ҷаву гандум, 8 центнер нахуду наск, 18 центнер зағир, 55 сар бузу гусфанд ва 18 ҳазор сум пул ҷамъ карданд...

 ***

Зикри ин чанд мисол муште аз хирворро мемонад. Кумаки заҳматкашони тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳисоб надорад. Аммо ин маротиба бо ҳамин намуна иктифо мекунем.

 

Умар АЛӢ

28.9.2021  

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter