ХАБАРИ ДОҒ

ИОСИФ АПАНАСЕНКО, ГЕНЕРАЛЕ, КИ СТАЛИНРО ДАШНОМ ДОД…

  • Чоршанбе, Окт 20 2021

  

ДЕБОЧА

Иосиф Виссарионович Сталин яке аз шахсиятҳои барҷастаи асри ХХ моҳи апрели соли 1922 дар Плениуми КМ КПСС Котиби генералии ҳизб интихоб шуда  31 сол роҳбари он буд.

Вай дар шароити пеш омадани хатари ҷанг дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 дар фаъолияти серсоҳаи ҳизб оид ба мустаҳкам гардондани иқтидори мудофиавии СССР, торумори Германияи фашистӣ ва Японияи милитаристӣ мавқеи роҳбарикунандаро ишғол мекард.

6 майи соли 1941 И. В. Сталин Раиси СКХ СССР (аз соли 1946 – Раиси Совети Вазирони СССР), 30 июни соли 1941 раиси Комитети давлатии мудофиа, 19 июл Комиссари халқии мудофиаи СССР, 8 август Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи СССР таъйин гардид.

Сталин ҳамчунон аъзои Бюрои Сиёсии КМ ВКП (б) (1919 – 1952), аъзои Президиуми КМ КПСС (1952 – 1953), аъзои Комиҷроияи Интернатсионали Коммунистӣ (1925 – 1943), аъзои КИМ – и умумироссиягӣ (аз с. 1917), аъзои КИМ – и СССР (аз с. 1922), депутати Совети Олии СССР (даъвати 1 – 3) буд.

Ана ҳамин гуна шахси муқтадир, ба гуфти ҳарифонаш бераҳму ғаддорро генерали армия Иосиф Апанасенко дар ҳузури умум дашном додааст. Сталин дар посух баракс фармондеҳи саркашро ором кунонд. Чизе нагуфташ…

 

АПАНАСЕНКО

Иосиф Родионович Апанасенко, кист ӯ? Пештоз мегӯем, ӯ яке аз чаҳор генерали маъруфи советист, ки дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон ҳалок шудааст. Лашкаркаши Армияи Сурхи коргару деҳқон, генерале, ки бо худсарӣ ном бароварда буд. Аммо ӯро ҳодисаи дар Кремл ба вуқуъ пайваста, моҳи октябри соли 1941 машҳуртар гардонд. Аммо ҳамааш бо навбат. Пеш аз ҳама чанд сухан дар бораи ҳаёту фаъолияти Апанасенко.

Номбурда дар оилаи деҳқони камбағал, дар Ставропол ба дунё омадааст. Овони наврасӣ дар хонаи бойи деҳа муздурӣ кардааст. Чанд муддат даҳмарда (чӯпон) ҳам буд. Ҳамагӣ ду сол дар мактаби ибтидоии деҳа таҳсил намуда (онро ҳам тамом накардааст).

Худи ӯ баъдҳо изҳор дошта буд, ки ман то ба хизмати аскарӣ одами комилан бесавод будам. Ва ин ҳолат минбаъд дар пешрафти ӯ дар хизмати ҳарбӣ халал ворид сохт. Ва ифодаи «нимчамулло» то охири умр ӯро думболагир шуд.

Аммо Иосиф Родионович хондан метавонист…

 

АСКАРӢ

Иосиф Родионовичро соли 1911 ба хизмати аскарӣ хонданд, дар синни 21 – солагӣ. Ӯ ҳамчун пулемётчӣ хизмат оғоз кард. Баъди ду соли хизмат вай аллакай унтер – офитсер (унвони командири хурд дар армияи подшоҳӣ) буд.

Дар Ҷанги якуми ҷаҳон Иосиф ҳамчун ҷанговари далер корнамоӣ нишон дод ва дар рафти ин ҷанг бо ду медали Георгӣ ва се салиби Георгӣ мушарраф гашт. Ҷангро Апанасенко дар рутбаи прапоршикӣ ва вазифаи командири ротаи пулемётчиён хотима бахшид.

 

 

ИНҚИЛОБ

Иосиф Апанасенко инқилоби Октябрро бо рӯҳбаландӣ истиқбол кард. Баъди адои хизмати ҳарбӣ ва бозгашт ба зодбум раиси комитети ҳарбӣ – инқилобӣ ва муовини командири отряди аскарони сурх интихоб гардид.

Соли 1918 Апанасенко аллакай ҳамчун командири дивизия, дар ҳайати Армияи 1 – уми савора, таҳти фармондеҳии лашкаркаши маъруф С. М. Будённий хизмат мекард. Иосиф Радионович дар назди сарбозони худ обрӯи бағоят калон дошт. Вай аз ҳамон давра аллакай бо хулқу хӯи мураккаб, мустақилияти хеш «маъруф» гашта буд. Вай метавонист амри фармондеҳони болоиро бетакаллуф (ҳамту) нодуруст ҳисобида, иҷро накунад.

Аз ин рӯ, С. Будённий Апанасенкоро се дафъа аз вазифаи фармондеҳӣ сабукдӯш кардаву боз ба вазифааш барқарор карда буд. Ба хотири он, ки Иосиф Родионович воқеан ҳам фармондеҳи ғаюру нотарс маҳсуб меёфт. 

 

МАКТАБ

Иосиф баъди тамом шудани Ҷанги гражданӣ бо табиати ба худ хос, исроркорона даст ба хондан зад. Нахуст курсҳои олии ҳайати фармондеҳии Армияи Сурх, баъд курсҳои такмили ҳайати олии фармондеҳӣ ва соли 1932 Академияи ҳарбии РККА – ро хатм кард.

Моҳи феврали соли 1938 Апанасенко фармондеҳи қушунҳои округи ҳарбии Осиёи Миёна ва аз аввалҳои соли 1941 фармондеҳи фронти Шарқи Дур таъйин шуд. Чанде пас бо рутбаи олии генералӣ – генерали армия мушарраф гардид.

Ин давраи фаъолияти ӯро генерал П. Григоренко дар китоби худ «В подполье можно встретить только крыс» иншо кардааст. Соли 1941 ман – подполковник, - мегӯяд ӯ, - дар раёсати оперативии штаби фронти Шарқи Дур хизмат мекардам. То чанд моҳ мондан ба оғози ҷанг генерал Апанасенко фармондеҳи фронти Шарқи Дур таъйин шуд. Аз рӯи гапу калочаҳо ӯ шахси камдониш, беақл ва вақти дашномдиҳӣ ифодаи даркориро интихоб намекардааст. Касро бо алфози қабеҳ ҳақорат медодааст. Тундмиҷоз ва ҳоказо…

Аммо, ҳини фаъолияти якҷоя фаҳмидем, ки ин ҳама гапҳо дар ҳаққи ӯ аксар асос надоштаанд. Қабл аз ҳама ба хиради фавқулодда табии ин шахс қоил мондем. Генерал Апанасенко бисёр мехонд. Аз ҳама асосиаш қодир буд ба пешниҳоди зердастон дар шароити зарурӣ мувофиқи мақсад баҳои сазовор диҳад.


 ОДИЛ

Иосиф Родионович фармондеҳи ҷасуру нотарс буд. Қарор додан пас аз паи иҷрояш мешуд ва ҳамаи масъулиятро бар дӯш мегирифт. Ҳеҷ гоҳ айбро дар гардани иҷрочӣ бор намекард. Зердастро таҳти зарба намемонд. Агар донад, ки шахс воқеан гунаҳкор аст, танҳо худаш ҷазо муқаррар мекард. Ӯро на ба комиссари халқӣ, на ба трибунали ҳарбӣ, на ба ҷазо намедод.

Қариб дар як вақт бо Апанасенко ҳайати олии зиёди кормандони раёсати фронтӣ омаданд. Ҳамаи онҳо хушкардаи худи ӯ ва ҳамаашон одамони бофаҳму доно буданд. Апанасенко дар ҳақиқат одамшинос буданд.

Ӯ он қадар ҳам сангдил набуд, чуноне, ки мегуфтанд. Фармонҳои шадиду қотеонаи азвазифагирӣ, аз мансаб ва рутба нузул карданаш ба ҳама маълум буд, аммо кам касон огаҳӣ доштанд, ки ӯ ягон нафари ҷазогирифтаро фаромӯш намекард. Бо гузашти чанд муддат шахси гунаҳкорро назди худ хонда, ба ӯ муҳлати озмоишӣ муқаррар мекард: «Худам назорат мебарам. Аз уҳдааш бароӣ – фаромӯш мекунем ва ба делои шахсиат фармон намеафтад. Аз уҳдааш набароӣ, аз худат гила кун!!! Аз ин рӯ, хулоса бурдан мумкин аст, ки вай бо ҳама сахтгириаш фармондеҳи одил буд.

Ман ягон ҳодисаеро намедонам, ки нафари гунаҳкор ислоҳ нашуда бошад, зикр медорад Григоренко. Ана ҳамин хел буд фармондеҳи фронти Шарқи Дур генерали армия Иосиф Родионович Апанасенко.

 

ДАЪВАТ

Иосиф Апанасенко моҳҳои вазнини соли аввали ҷанг - 1941 ҳамоно дар Шарқи Дур хизмат мекард. Армияи фашистӣ дар остони шаҳри Москва девонавор меҷангид. Ҳатто масъалаи супурдани пойтахт ба миён омадаву эвакуатсияи Ҳукумати мамлакат (садҳо километр аз шарқи Москва) дар амал буд.

Дар чунин лаҳзаҳои басо ҳассос дидору муколамае байни Сталин ва генерал Апанасенко ба вуқуъ пайваста буд. Г. А. Борков котиби якуми крайкоми Хабаровск шоҳидӣ медиҳад. Ба қавли ӯ тирамоҳи соли 1941 Сталин занг зада гуфт, ки вазъ дар наздикии Москва басо хатарзост. Сталин гуфт: «Аз ту илтиҷо менамоям, зуд ба Москва парвоз кун. Апанасенкоро бо худ гир, ӯро моил кунон, ки мулоим (нарм) бошад, худсарӣ накунад, ман бесарии ӯро медонам»…

Дертар Борков зикр медорад, ки солҳои кориам дар Шарқи Дур, ҳатто дар дигар ҷойҳо ҳам дар хотир надорам, ки Сталин ягон бор телефон карда бошад. Аз ин рӯ, вақте ки садои ӯро дар гӯшаки телефон шунидам, сахт дар тааҷҷуб афтодам. Мо дер боз одат карда будем, ки сухани ӯ барои мо қонун аст. Вай ҳеҷ гоҳ аз ягон кас ягон чиз хоҳиш намекард, фармон медод, талаб мекард…

Аз ин рӯ, аз оҳанги гуфтори доҳӣ ҳайратзада шудам. Аммо вақте ки Сталин гуфт: «Апанасенкоро моил кунон, то худсарӣ накунад, ман гарданшахсии ӯро медонам», - ин сухану оҳанги гапзаниаш маро ба ҳаяҷон овард.

 

МОСКВА

Иосиф Апанасенко, Е. Борков ва фармондеҳи флоти Океани Ором Ж. Юмашев, рӯзҳои аввали моҳи октябри соли 1941 дар Москва фуруд омада, рост ба Кремл шитофтанд. Сталин онҳоро мунтазир буд.

Сарфармондеҳи Олӣ тавзеҳ дод, ки немисҳо ба Москва ҳамлаи шадид оғоз кардаанд. Вазъ басо сангину хавнок аст. Барои ҳамин қувваи тоза даркор аст. Аз ин хотир, аз Шарқи Дур қушунҳоро ба остони пойтахт роҳӣ кардан даркор аст.

Генерал Апанасенко эътироз накард. Вай рақамҳои қисмҳои ҳарбиро, ки ба наздикии Москва тағйири мавқеъ мекарданд, бодиққат навишта гирифта, рост аз кабинети Сталин ба муовинаш дар бораи иҷрои бечунучарои фармон шифровка (матни рамзӣ) фиристод. Пештоз мегӯем, ки ин ҳамон дивизияҳои сибирие буданд, ки немисҳоро дар наздикии Москва саркӯб намуда, дур партофтанд.

 

ҶАСОРАТ

Иосиф Родионович собит менишаст. Дар ниҳояти сухан Сталин мароқ зоҳир кард, ки дар ихтиёри фронти Шарқи Дур чи миқдор тӯпҳои зиддитанкӣ ҳаст?

Апанасенкои то ин лаҳза ором якуякбора мисли борут дар гирифт: «Баногоҳ стакани пурчой болои мизи дарозрӯя сӯи чап парид, курсии генерал мисле, ки ба тарафе ҷаст. Ӯ аз ҷо ҷаҳида хеста, бонг зад:

«Ту чӣ? Ту чиҳо мегӯӣ? Онаи зоратро… Агар японҳо ҳамла кунанд, ман бо чӣ Шарқи Дурро ҳимоя мекунам? Бо ҳамин лампасҳо? (зеҳи паҳлуи шими генералҳо) – ва бо ду даст ба паҳлуи почаҳояш шапида. – Аз вазифа озод кун, бипарон, ягон тӯп намедиҳам!!!».

Ҳанги ман канд, - мегӯяд Е. Борков. Хун дар сарам зад. Халос, доҳӣ ҳозир ба одамони Берия занг мезанад, ҳарду ҷавонмарг мешавем…

Аммо, алорағми андешаи ӯ, рафиқ Сталин одамони Борияро даъват накард, балки оромона ва ботамкин гуфт: «Ором шав, рафиқ Апанасенко! Барои чанд тӯп шуда дар изтироб нашав. Онҳоро ба худат мон…

Генерал Апанасенко ором гирифт. Ва суҳбати минбаъда комилан сулҳҷӯёна идома ёфт. Генерал танҳо аз Сталин хоҳиш кард, ки ӯро ба сафи пеши ҷанг бифиристад. Сарфармондеҳи Олӣ хоҳиши ӯро рад кард, то замоне хатари ҷанг бо Япония таҳдид мекунад, генерале бомаҳорат мисли Апанасенко бояд дар Шарқи Дур, дар наздикии душмани эҳтимолии таҷовузгар бошад.

Ана ҳамин хел генерал Апанасенко натанҳо дар фикри худ устувор монд, балки ҳақ будани хешро исбот ва ҳатто бо Сталин сарбасар шуд.

Сталин андешаи зердастонро эҳтиром мегузошт. Аммо танҳо дар мавриде, ки мулоҳизаи мусоҳиб асос дошта бошад. Агарчи лаганбардоронро таҳамул мекард, аммо ба онҳо рағбат надошт.

 

ТАҚДИР

Иосиф Апанасенко хизматро дар Шарқи Дур идома бахшид. Фармондеҳи матин дар мустаҳкам намудани сарҳади давлатӣ ва қобилияти ҷангии аскарон корҳои зиёдеро анҷом дод.

Иосиф Виссарионович Сталин хоҳиши генералро дар бораи ба армияи амалкунанда фиристоданаш танҳо дар охири моҳи апрели соли 1943 қонеъ кунонд. Генерали армия Иосиф Апанасенко муовини фармондеҳи фронти Воронеж таъйин шуд.

Аммо дар ин корзор имкони ҷангидан наёфт. Аз рӯи одат генерал Апанасенко тез – тез ба хати пеши ҷабҳа мерафт. 5 августи соли 1943 ҳангоми ҳуҷуми ҳавоии душман вай ҷароҳати марговар гирифт. Ҷасади ӯро дар шаҳри Белгород ба хок доданд.

Соли 1949 дар Белгород ҳайкали Апанасенко қомат афрошт. Яке аз кӯчаҳои ин шаҳр номи ӯро гирифт. Баъдан турбати ӯро дар ватанаш – шаҳри Ставропол дафн намуданд.

Сарбози ғаюр, генерали армия, фармондеҳи матину саркаш дар ҳимояи Россияи подшоҳӣ ва баъд Иттиҳоди Шӯравӣ 32 сол содиқона хизмат кард. Дар саҳфаи таърих номи генерали армия Иосиф Родионович Апанасенко ҳамчун фармондеҳи диловару нотарс, шахсияте маъруф, генерале қайсару худсар ва ғурурманд навишта шудааст.

 

 Умар АЛӢ

14.10.2021 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter