ХАБАРИ ДОҒ

 

ОШНОӢ

 Пас аз инқилоби Бухоро (сентябри 1920) ва бо мурур доман паҳн кардани Ҳокимияти Советӣ дар ҳудуди Тоҷикистони ҳозира, аз охирҳои солҳои 20-уми асри гузашта кӯчаву хиёбонҳо, колхозу совхозҳо, мактабу омӯзишгоҳҳо, институту университетҳо ва ғайра тағйири ном карданд.  Мисли Октябр, Ленин, Сталин, Совет, Калинин, Киров, Молотов, Кагановичобод (Каганович), Москва, Ворошиловобод, Ленинобод, Пушкин, Лермонтов, Коммунаи Париж ва ҳоказо.

Айнан ҳамин зайл, дар шаҳри Кӯлоб баъди соли 1924 оҳиста-оҳиста чунин тарзи номгузорӣ ба ҳукми анъана даромад. Маъруфтарин-ёдмондтаринашон Ленин (В. И. Ленин доҳии пролетариат), Куйбишев (В. Куйбишев сарфармондеҳи қӯшунҳои аскарони сурх дар Бухорои Шарқӣ), Томин (Н. Д. Томин, 1886 – 1924, Қарағоҷи ноҳияи Восеъ, шаҳри Кӯлоб), Шаталов (Пётр Сидорович Шаталов, қаҳрамони ҷанги гражданӣ, 1893 – 1931, ш. Кӯлоб) ва Протопопов (Иван Иванович Протопопов, 1907 – 1943, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ) мебошанд.

Ин дафъа аз комбриг Томин, яке аз муборизони сохти нав дар қисмати ҷануби кишвар – собиқ вилояти Кӯлоб хоҳем гуфт.

 

ПИНҲОНКОР

 Томин Николай Дмитриевич 16 декабри соли 1886 дар қасабаи Кочердик, уезди Челябинск, губернияи Оренбург, императории Россия, дар оилаи казакҳо ба дунё омадааст.

Николай дар байни чор фарзанд аз ҳама калонӣ буд. Ӯ ҳамагӣ то синфи 3 таҳсил кардааст. Баъди фавтидани падараш, маҷбур шуд хонданро тарк гуфта, ба заводи равғанбарории Харинас ба кор дарояд. Ду сол пас модари Николай ба шавҳар  баромад ва амволи (молу мулки) хонадонро тақсим карданд.

Николай ба Куртамиш рафта, дар хонаи савдогар Завялов дастёр ва аз тирамоҳи соли 1905 хизматгузори мулк шуд. Моҳи декабр вай бо падару писар –  бадарғашудагони сиёсӣ Друговим, ошно шуд ва ба фаъолияти пинҳонӣ ҷалб гардид.

Аз моҳи июни соли 1906 ба навиштани дафтари хотира (рӯзнома) пардохта, то рӯзҳои вопасини ҳаёт онро идома бахшид. Дере нагузашта таҳти назорати махфии политсия ғалтид. Оғози соли 1907 бо супориши бадарғашудагон дар Куртамиш  иттифоқи хидматгузорон созмон дод. Николай соли 1910 бо Анна Клопова хонадор шуд.

 

 

УРЯДНИКИ ХУРД

 Моҳи июли соли 1914 ӯро ба аскарӣ гирифта, дар ҳайати полки 12-уми казакҳои Оренбург, бригадаи 2-юми дивизияи 1-уми казакҳои Оренбург базудӣ ба ҷабҳа фиристоданд. Дар фронти Руминия ҷангид. То инқилоби феврали соли 1917 то вазифаи  урядники хурд (унтер-афсари лашкари казакҳо) расид. Бо медали Георгиевии дараҷаи 4, салиби Георгиевии дараҷаҳои 3 ва 4 сазовор гардидааст.

Баъди чанд муддат раиси комитети аскарони дивизия ва пас аз Инқилоби Октябр сардори дивизия интихоб шуд. Таҳти роҳбарии Николай Томин дивизия ба Люберси омада, охири моҳи декабри соли 1917 ба тарафи Ҳокимияти Советӣ гузашт. 

  

СОТНИКИ СУРХ

 Моҳи январи соли 1918 бо полкҳои 11-ум ва 12-уми дивизия ба Троитск омаданд ва полкҳо пароканда шуданд. Охири моҳи феврал Томин сардори штаби қӯшунҳои уезд ва раиси сексияи казакҳои комиҷроияи Троитск интихоб гардид. Моҳи март фармондеҳи лашкари уезд таъин шуд. Моҳи июн ӯро командири дастаи саднафараи  полки 1-уми револютсионӣ-сотсиалистии Оренбург ба номи Степан Разин интихоб намуданд. 

Тайи солҳои  1918 – 1924 Николай Томин ба сифати командир, фармондеҳи қисмҳои гуногун дар қаламрави Россия хидмат намуда, бар зидди душманони синфӣ дар разм буд...

Баъди рухсатӣ, аз 2 сентябри соли 1922, ба Бригадаи 6-уми алоҳидаи савораи Олтой, ки дар Семипалатинск қарор дошт, фармондеҳӣ мекард.

Моҳи марти соли 1923 бо орзуи шуғл варзидан дар хоҷагии қишлоқ ариза навишт, ки ӯро аз хизмати ҳарбӣ озод кунанд. Аммо дархосташ  аз тарафи фармондеҳӣ қотеона рад шуд ва ӯро  фармондеҳи бригадаи 4-уми савораи Бийск таъин карданд. Номбурда фармондеҳи ғаюр, бебок ва содиқ ба Ҳукумат маҳсуб меёфт. Охири моҳи август ӯро ба хондан фиристоданд...

 Аз тавсифномаи командири корпус

 – комиссари ҳарбӣ Гайлит:

          «Тов. Томин за время совместной службы показал себя чрезвычайно энергичным настойчивым работником. Хотя и не имеет военного образования, но за время службы на ответственных должностях приобрел большой практический опыт.

       Систематичен и расчетлив в работе. Правильно и быстро схватывает обстановку. Прямой, не стесняется говорить правду в глаза, что часто вызывает недоброжелательное к нему отношение. Болезненно самолюбив, но в своих ошибках сознается. К подчиненным строг, но справедлив, хороший товарищ.

      Работает над расширением как военного, так и общего кругозора. Недостаток общеобразовательного ценза восполняется природным умом. Трезв и безупречно честен. Предан делу революции. Политически удовлетворительно развит. Состояние здоровья хорошее. Как командир для Красной Армии  чрезвычайно ценен. Желательно командирование на Военно - академические курсы  высшего комсостава РККА для получения теоретических знаний. Занимаемой должности соответствует.

 ***

КӮЛОБ

 Соли 1924 Николай Томинро ба узвияти РКП (б)     пазируфтанд…

Лекин моҳи апрели соли 1924 дубора (такроран) командири Бригадаи 6-уми алоҳидаи савораи Олтой таъин карданд. Аз ин рӯ, маҷбур шуд таҳсилро тарк намояд. Бригадаи мазкурро ба Ҷумҳурии Халқӣ-Советии Бухоро, барои мубориза бар зидди босмачиён сафарбар намуданд.

Вақте ки сафи саворони бригада ба Кӯлоб наздик омад, Томин ба шаҳр нарасида, аз асп пиёда шуда, ба ҳамаи ҷанговарон фармон дод, то аз аспҳо фуруд оянд ва афзуд:

«Мо истилогар (ғосиб) нестем, балки озодибахш (наҷотбахш)-ем. Аз ин хотир, мо бояд пиёда ба шаҳр ворид шавем. Ин низом (рафтор, тарз) эҳтиром ба халқ аст».

Тобистон қувваҳои асосии босмачиён дар вилояти Кӯлоб торумор шуданд. Аз ҷумла, отряди калони Кӯри Ортиқ, ҳамсафи наздики Иброҳимбек, маҳв шуд. Гурӯҳҳои хурд-хурди боқимонда ба корвонҳо, гарнизонҳои хурд, ба деҳаҳо тохтутоз карда, тороҷро идома медоданд.

Яке аз нишонаҳои хислати Томин, ҳамчун командир, ин шахсан иштирок намуданаш дар задухӯрдҳо буд. Танҳо дар 15 рӯз Томин дар 27 ҳуҷум бар зидди дастаи босмачиён иштирок дошт.

Дар яке аз задухӯрдҳо бо босмачиён, комбриг Томин ярадор шуд ва ӯро барои табобат ба госпитали Кӯлоб интиқол доданд. Босмачиҳо дарак ёфтанд, ки дар Кӯлоб отряди начандон калон мондааст, аз ин рӯ, 11-уми августи соли 1924 ба ҳуҷум омодагӣ гирифтанд. Ҳамин ки аз ин бора Томин дарак ёфт, вай шифогоҳро тарк гуфт ва  эскадрони коменданти шаҳрро бо худ гирифта, ба ҷустуҷӯи босмачиён баромад.

 

ҲАЛОКАТ

 12 августи соли 1924 дар задухӯрди аскарони сурх бо дастаи босмачиёни Аланазар-қурбошӣ, дар наздикии деҳаи Қарағочи (ҳозира деҳаи Хоҷа Муъмини деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ) кенти Кӯлоби тумани Кӯлоби  вилояти Кӯлоби Ҷумҳурии Халқӣ - Советии Бухоро, Томин ҷароҳати марговар бардошт.

Шурои шаҳрии Кӯлоб қарор кард, ки  ҷасади майит (Томин)-ро интиқол дода, дар маркази шаҳри Кӯлоб дафн кунанд. Ҳамин тавр, Томинро дар шаҳри Кӯлоб, рӯбарӯи мағозаи «Равшан», ба хок супурданд.

Соли 1950 дар болои гӯри Николай Томин нимпайкара гузоштанд. Баъдан, соли 1990 муҷассамаро хароб карданд (канданд).

Хидматҳои шоёни Николай Дмитриевич Томин бо ду ордени Байрақи Сурх (27..5.1920 ва 13.5.1924), соати тилоӣ бо навиштаҷоти: «Честному воину РККА Н.Д.Томину. ВЦИК, сентябрь 1918 г.», салиби Георгиевӣ, дараҷаҳои III ва IV, медали Георгиевии дараҷаи IVқадр шудааст.

 

PS.  Ҳайкал куҷо шуд?

 

ИДОМА ДАР ШУМОРАИ ГУЗАШТА

 

Умар АЛӢ

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter