ХАБАРИ ДОҒ

 

(Идома аз шумораи гузашта)

Ба асари бозсозии горбачёвӣ дар оғози солҳои 90 – уми асри гузашта ва рух намудани ҳаракатҳои демократӣ дар ҷумҳуриҳои шуравӣ бо ибтикори, ба қавле як даста миллатдӯстон ба хароб кардани нимпайкара, барелйеф, ҳайкалҳо ва номҳои ашхоси дар даврони советӣ маъруфгашта камар барбастанд.

Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб низ чунин амалро раво диданд. Аз ҷумла, нимпайкараи фармондеҳи аскарони сурх, комбриг Томинро аз ҷо беҷо карданд. Мувофиқи ваъда дар суроғу пайи он муҷассама шудем. Нахуст аз Суҳробшои Фаррухшо, журналист ва сухангӯи вақти раиси шаҳри Кӯлоб дар ин бора пурсон шудем. Ӯ гуфт, он овон ман дар ин қарибиҳо набудам.

Аз рӯи фаҳм ба марди донишманд, роҳбари маҷмааи 2700 – солагии шаҳри Кӯлоб Ҳотамшо Асозода муроҷиат кардем. Хушбахтона, номбурда то ҷое аз асли воқеа бохабар будаанд. Ва он чизе, ки медонистанд, ироа доштанд:

- Аз кандани нимпайкараи Томин дарак дорам. Ҳукуматдорони вақт аввал ният доштанд, ки нимпайкараву ҳайкалҳои беҷо кардаашонро дар маҷмааи мазкур ғун доранд.  Аммо чунон нашуд. Алҳол дар куҷо будани нимпайкараи комбриг Томинро намедонам…

Устоди гиромӣ барои дӯстони хеш хизмати арзанда анҷом доданд. Он ҷониб нахуст, барелйефи комбриг Томинро дарёфта, акси онро ирсол намуданд. Дар лавҳаи мазкур омада: «На этом месте в 1924 году был похоронен комбриг Советской Армии Николай Дмитриевич Томин».

Баъдан Ҳотамшо Асозода гуфтанд, ки моҳи январи соли 2021 духтари амакбачаи командири Армияи Сурх Томин Н. Д., Ялунина Надежда Михайловна бо мактуб ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб муроҷиат карда буданд, ки барои аз шаҳри Кӯлоб ба шаҳри Куртамиши вилояти Кургани Федератсияи Россия интиқол додани ҷасади қаҳрамон иҷозат дода шавад…

Раиси вақти шаҳри Кӯлоб А. Вализода дар ин бора ба раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қ. (№1. 177 аз 17.02.2021) хабар расонда, аз ҷумла чунин менигорад: «…Аҳолии шаҳри Кӯлоб хотираи Томин Николай Дмитриевичро пос дошта, ӯро ба некӣ ёд мекунанд.

 

Бо назардошти он, ки аз рӯзи вафоти Томин Н. Д. 97 сол сипарӣ шудааст, ба мақсад мувофиқ мешуморем, ки ҷасади ӯ дар шаҳр боқӣ монад.

Вобаста ба ин, дастури Шуморо мепурсем».

Бале, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ таърих чунин ҳодисаҳоро ёд дорад. Ба мисли интиқоли ҷасади сарфармондеҳон – генералҳои гвардиячиёни сафед ва ашхоси баргузида аз мамолики Аврупо ба Россия...

Интиқоли ҷасади Анварпошшо аз Балҷувони Тоҷикистон ба Туркия. Аммо дар аксар маврид ҳукуматдорони давлатҳо ба чунин дархостҳо посухи рад медиҳанд… 

Мавзӯро пайгирӣ менамоем.

Умар АЛӢ

25.1.2022      

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter