АСОС
Чуноне зикр рафт дар бораи шӯриши Муллохол аз қомуси овони советӣ барге маълумот пайдо кардему халос. Маъхази дигар «Қомусномаи Айн» - и журналист ва нависандаи собиқадор Айниддин Гадозода мебошад. Дар бахши «Шӯриши Муллохол» - и номбурда маълумот фасеҳтар зикр шудааст ва мо низ аслан ба ин маъхаз такя кардем. Зеро Айниддин Гадозода як умр дар ин қаламрав зиста, авлоди Ҳабибуллои Бекмуҳаммад таъриху мардумони калонсоли навоҳӣ ва ҳатто хурдоварони навоҳии Кангурт, Совет (ҳоло Темурмалик) ва Балҷувонро хуб медонад. Баъдан он ҷонибро ҳамчун журналист ва муҳаққиқи варзида эътироф мекунанд.
ШӮРИШИ МУЛЛОХОЛ
Ба қавли Ҳоҷӣ Айниддин Гадозода Муллохол Давлат зодаи деҳаи Хӯҷаи Нури булукоти Кангурт мебошад. Дар ҷавонӣ ба Давлатбӣ – духтари Аваз ном ҳамдеҳааш хонадор шудааст.
Муллохол илми ибтидоии диниро дар зодбум аз бар намуда, дар яке аз мадрасаҳои Кангурт таҳсил кардааст. Аммо вай барзгарию ҳунармандиро афзал дониста, аз пушти ин шуғл рӯзгор пеш мебурдааст.
Дар садаи XIХ шӯриши Муллохол бо шӯриши Восеъ дар байни мардум хеле машҳур аст. Шӯриши Муллохол як навъ замина ба шӯриши Восеъ маҳсуб меёбад. Бори нахуст барои кам кардани боҷу закот бо эътиқодмандону тарафдоронаш, аҳолии деҳоти Пули Сангин, Ғармахо, Чашмаи Гул, Пуштаи Мазор, Лойронак, Кӯл, Калоти Боло, Калоти Поён, Сарои Малик, Оби Ҷонак, Шингихо, Қуруғ, Хӯҷаи Нур, Қарғаҷар, зиёда аз 40 деҳоти дигар ба сӯи қалъаи мири Балҷувон раҳакӣ мешаванд. Ин шӯришро воқеанигорон ба исёнҳои халқии солҳои 80 - уми асри XIXмансуб медонанд.
Талаби якуми шӯришгарон аз зиндон озод кардани Нодир буд. Зеро ӯ низ барои закоту амлокҳои зиёд бо нукарони мир баҳсу пархош карда буд. Талаби дуюм кам кардани ҳама боҷу хироҷҳо буд. Исёнгарон се рӯз барои талаботашон гирди қалъаи мири Балҷувонро ҳалқасон печонданд. Мир посух намедод. Балвогарон дар навбати худ осиёбҳои мирро оташ мезананд. Аз чунин ранг гирифтани исён мир тарсида Нодирро аз зиндон озод мекунад. Ва ба шӯришгарон ваъда медиҳад, ки боҷу хироҷро кам мекунад, аммо дар ваъдааш намеистад.
Барои талаби ҳақиқат Муллохол аз болои мири Балҷувон ба амири Бухоро ду маротиба шикоят мебарад. Амир ба Муллохол «коғази муборак» медиҳад, ки ба мир расонад. Мир ин дафъа ҳам ба ваъдаи амир ва худаш вафо намекунад.
Рафта - рафта Муллохол ҳамчун исёнгар ном мебарорад. Мехоҳанд ӯро бикӯшанд, вале аз тарси халқ ин корро карда наметавонанд. Муллохолро 40 рӯз дар қалъаи Ҳисор дар зиндон мешинонанд. Ҳамсари далеру бевафояш Давлатбӣ назди мири Ҳисор Авлиёқулбек шикоят бурда шавҳарашро озод мекунад.
БАДАРҒА
Зану шавҳари қаҳрамон то Инқилоби Октябр дар хизмати халқ мекӯшиданд. Чанде баъд Муллохолро боз барои додхоҳӣ ва ҳақгӯияш ба минтақаи Қубодиён ҳамчун маҳбуси сиёсӣ бадарға мекунанд. Пас аз арзу шикояти зиёди пайвандону ҳамдиёрон ва худи Муллохол ба ҳокими Ҳисор, ӯро иҷозати бозгашт ба Кангуртро медиҳанд.
Охирҳои умр Муллохол дар Кангурт аз пушти маслаки чӯбтарошӣ рӯз мегузаронд. Мисли пештара обрӯ ва эътибораш байни мардум ва ҳокимони давр пойбарҷо буд.
Баъди ғалабаи Ҳокимияти Советӣ дар Бухоро (сентябри 1920), босмачигарӣ дар Бухорои Шарқӣ ба авҷи аъло расид. Анварпошо, беки Балҷувон бо ҳамдастии Иброҳимбек ва дастаи босмачиёни Давлатмандбӣ мехоҳанд, ки Армияи Сурхро дар Балҷувон ва Кӯлоб шикаст диҳанд.
Халқи қашшоқ ва бехонумон дигар ба бек ва босмачиён боварӣ надоштанд. Мардум аз додани озуқа ва хизмат ба босмачиён саркашӣ мекарданд. Маҳз ҳамин асно бо супориши Давлатмандбӣ Муллохолро ба қароргоҳи Анварпошо ва Иброҳимбек ба Калтачанори Балҷувон даъват мекунанд.
ПАРХОШ БО ИБРОҲИМБЕК,
ДАВЛАТМАНДБӢ ВА АНВАРПОШО
Муллохол писаронаш Султон ва Шомурод (Шомурод бобои мутриб ва хонандаи ғалатӣ, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҳабибуллои Бекмуҳаммад) – ро бо худ ҳамроҳ мегирад. Онҳо аз дарёи Сурхоб гузашта, ба қароргоҳи босмачиён мерасанд. Ҳини вохӯрӣ Давлатмандбӣ бо истеҳзо ва киноя мегӯяд:
- Ку, биё «Бавр»!...
Ин сухан ба иззати нафси Муллохол мерасад, аммо ӯ худро ба даст мегирад.
Иброҳимбек ба ӯ рӯ меорад:
- Аз рӯи шунидам шуморо мардум иззату ҳурмат мекунад. Аз ин рӯ, ту бояд мардумро боз ба қиём бар зидди кофирон бархезонӣ…
Муллохол оромона ва бо тамкин ҷавоб мегӯяд:
- Халқ дигар ба касе гӯш намедиҳад. Ҳама дар тарс, воҳимаи ҷону моли худанд. Онҳо аз бедодгариҳои босмачиён ба ҷон омадаанд. Сонӣ, шумо ба урусҳо ҳич кор карда наметонед. Бо пилтакамон ва шамшер ҷангидан ҳич фойда надорад. Онҳо пулемёт, аэроплан ва армияи ҷангдида доранд. Хубаш аз баҳри ҷангу ҷидол гузареду хуни ноҳақ марезед…
Мегӯянд, ки Анварпошо ба муколамаи онҳо гӯш дода, садо дармедиҳанд:
- «Додхоҳ!» (ба маънии талабгори адолат) бикӯш ва ба халқ бифаҳмон, ки онҳо ба тарафи мо гузаранд…
Муллохол чи тавр ва бо кадом раҳ ва ҳила аз назди онҳо бо писаронаш сиҳату саломат ба Кангурти бостон бармегарданд…
ҚАТЛИ МУЛЛОХОЛ
Бетарафӣ ва қайсарии Муллохол ба саркардаҳои босмачиён сахт мерасад ва онҳо аз пайи тарҳрезии интиқом чора меҷӯянд. Пинҳонӣ ва бо найранг шермардро ба қатл расонда овоза паҳн мекунанд, ки гӯё Муллохолро одамони Ҳукумати Советӣ куштаанд.
Чуноне баъдан раиси Султон ва бобои Шомурод иқрор омаданд, падарашонро босмачиён қатл карда будаанд. Зеро Муллохол ба гуфтаи онҳо амал накарда, ҷонибдори ҳукумати нав будааст.
Дар миёни мардумони булукоти Кангурт, Қизилмазор ва Балҷувон дар бораи феълу футур, ғаюрӣ ва паҳлавонии Муллохоли Хӯҷаи Нурӣ қиссаву ҳикоёти зиёде мондааст…
Умар АЛӢ
1.2.2022