ХАБАРИ ДОҒ

 

Султон Мирзошоев ва «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ

Ибтидои соли равон ба зодрӯзи абармарди арсаи сиёсат, арбоби намоёни давлатӣ ва ҷамъиятии кишвар Султон Мирзошоев 90 сол пур шуд. Азизони дил огаҳӣ доранд, ки номвар тайи солҳои 1967 – 1973 ба сифати раиси Кумитаи давлатии кинематографияи РСС Тоҷикистон ифои вазифа намуда, дар зарфи 7 сол кинои тоҷикро бо часпу талошҳои зиёд ҷаҳонзеб гардонд.

Баробари шуруи вазифа Султон Мирзошоев дар андешаи офаридани филмҳои миллии таърихӣ ва аҳамияти умумиинсонӣ дошта, ҳифзи арзишҳои бузург гоми устувор ниҳоданд. Ва бо гуруҳе аз ҳамфикрон атрофи эҷоди филми бадеӣ аз рӯи асари безаволи Ҳаким Фирдавсӣ «Шоҳнома» тарҳе олиҷаноб рехтанд.

 РӮ  БА «ШОҲНОМА»

Султон Мирзошоев кунунфикри офаридани филмҳои миллии таърихӣ ва аҳамияти умумиинсонӣ дошта, ҳифзи арзишҳои бузург ором намегузошт. Нахуст андешаи хешро ба адиби нуктафаҳм Сотим Улуғзода иброз дошт. Аркони ҳунар бо таҳиягар Борис Кимёгаров атрофи эҷоди филми бадеӣ аз рӯи асари безаволи Ҳаким Фирдавсӣ «Шоҳнома» ба як фикр омаданд.

Корҳои омодагӣ ба ин филми бузургу беҳамто ду сол идома ёфт. Бо ташаббуси режиссёр ва маслиҳати устод Сотим Улуғзода муаллифи сенария Григорий Колтунов* интихоб шуд. Ӯро ба шаҳри Душанбе даъват намуданд. Маслиҳатҳои эҷодӣ, техникӣ ва молиявӣ низ ҳаллу фасл гардид.

Гуфтушуниди коргардон Борис Кимёгаров бо рассом Шавкат Абдусаломов, навобардор Давлат Худоназаров, оҳангсоз Ориф Меликов ва иҷрокунандаи нақши асосӣ Бимбулат (Бибо) Ватаеви осетин оғоз ёфт.

Пас аз омода гаштани нақша - филмҳои «Достони Рустам», «Рустам ва Суҳроб» ва «Гуфтор дар бораи Сиёвуш» - ро бо навбат дар марказ - шаҳри Москва тасдиқ намуданд.

Барои ҳалли проблемаҳои асосӣ: молиявӣ ва плёнкаи «Кодак» Султон Мирзошоев ҳамроҳи Б. Кимёгаров ба Москва, ба Кумитаи давлатии кинематографияи СССР рафтанд.

Бо супориши роҳбарият сардори раёсати иқтисодиёту молиявии кумитаи умумииттифоқии киносозон Е. Литвак дархостҳои намояндагони тоҷикро ба сомон расонд.

Дар шаҳри Душанбе ҳайати хоҷагии ёрирасони киностудия ва ҳамаи сехҳо, шабонарӯз барои ин филм заҳмат мекашиданд. Ҳайати ҳунармандони номвар Бибо Ватаев, Светлана Норбоева, Ҳошим Гадоев, Майрам ва Сайрам Исоеваҳо, Отар Коберидзе ва Маҳмуд Воҳидов дар нақшҳои асосӣ банд буданд.

Банаворгирии филм дар ноҳияи Исфара, ки бо доманакӯҳҳои рангоранги худ, ба декоратсияи (бо дасти устоҳо) ородода шабоҳат дошт, оғоз гардид. Дар ду павилёни бузурги студияи «Тоҷикфилм» саҳнаҳои бештари филмҳои мазкур рӯи  навор омаданд.

 ***

Султон МИРЗОШОЕВ:

«Солҳои фаъолиятам ба ҳайси раиси синамогарони Тоҷикистон даҳҳо филмҳои бадеӣ, таърихӣ, замонавӣ, мусиқӣ - мазҳакавӣ, филмҳои мустанад, ҳар сол 40 филми дубляж ба экранҳо мебаромад, вале филмҳои аз рӯи «Шоҳнома» - и Фирдавсии бузург эҷодшударо маънии аслии фаъолияти ҳафтсолаам меҳисобам».

 ***

«ЧИЛДУХТАРОН»

Султон Мирзошоев баҳори соли 1971 ҳамроҳи режиссёр Борис Кимёгаров ва наворбардор Давлат Худоназаров роҳи Кӯлобро пеш гирифтанд. Ин сафар бо пешниҳоди раиси синамогарон барои интихоби саҳнаи хотимавии филми «Рустам ва Суҳроб» буд.

Аз рӯи нақли номбурда, шаб дар хонаи Зокир Касиров меҳмон шуда, субҳ бо дӯсти қадрдонаш – директори хоҷагии ҷангали ноҳия Маҳмадалӣ Замбуров, ҳамсояашон Ашуров ва Зокир Касиров ба мавзеи Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод расиданд.

Табиати аҷоиби афсонавӣ, ҳама ҷо дар оғӯши гулҳои кӯҳӣ, ки касро маст мекард ва наҳри шӯхи кӯҳӣ каме поинтар ором, оҳиста дар ҷараён буд. Маҳмадалӣ Замбуров, ки вазифаи роҳбаладиро ба зимма дошт, риштаи суханро ба даст гирифт:

«Бино бар ривоятҳо, чил дӯшиза барои ба дасти душманони истилогар наафтидан, аз Кирдугор таманно менамоянд, ки онҳоро ба кӯҳсутунҳои сангин табдил диҳанд, то абадан рамзи покӣ, бонангу номус буданашон, ба авлоду аҷдодҳо бимонад ва оқибат комгори биҳишти ҷовидон бошанд...».

Маҳз дар ҳамин макони дилрабо саҳнаи набарди Рустам ва Суҳроб мебоист сурат мегирифт. Ба коргардон ва наворбардор майдон ва мавзеи хушбоду ҳаво писанд омад ва он саҳнаи таърихӣ, ки падар писарро мекушаду намедонад, ки ҷигарбандашро бо дасти худ ба он дунё супурдааст, дар ҳамин мавзеи дилфиреб ба навор бардошта шуд...

Саҳнае, ки миллионҳо тамошобинони ақсои олам онро дар иҷрои Бибо Ватаев (Рустам) ва  Ҳошим Гадоев (Суҳроб) бо дидаи ашкбор тамошо кардаанд.

 ***

ШУҲРАТИ ҶАҲОНИИ «ТОҶИКФИЛМ»

Султон Мирзошоев дар яке аз маҳфилҳои пурнишот изҳор дошт, ки Тоҷикистони азизи моро маҳз тавассути ин ду филми эпикӣ: «Гуфтор дар бораи Рустам», «Рустам ва Суҳроб» дар олам шинохтанд. Ин ду филмро даҳҳо кишварҳои хориҷӣ хариданд. Дар натиҷа, номи киностудияи «Тоҷикфилм» ва пешаварони маҳбуб машҳури олам гашт.

Шояд азизони дил бипурсанд, филмҳои мазкур бо кадом арзишмандии хеш таваҷҷуҳи мухлисони шуравӣ ва ҷаҳониро ба худ ҷалб сохт? Қабл аз ҳама, тафсири ба худ хосу мустақили достони Фирдавсӣ ва симои қаҳрамони халқӣ Рустами Таҳамтан. Рустами Борис Кимёгаров - марди оқилу доно, некбин, ки Ватанашро аз сидқи дил дӯст медорад ва онро аз шуҳрату шон боло мегузорад.

Бешак, ба экрани СССР ва мамлакатҳои хориҷӣ баромадани филмҳои «Гуфтор дар бораи Рустам» ва «Рустам ва Суҳроб» шаъну шарафи кинои тоҷикро ба арши аъло бардошт.

 ***

ҲАЙРАТИ  МЕҲМОНОН

Султон Мирзошоев қисса карда буданд, ки соли 1972 ҳайати расмии ҳукумати Эрон ба Москва сафари расмӣ доштанд ва аз рӯи нақша онҳо як шабонарӯз меҳмони Тоҷикистон шуданд. Аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дархост шуд, ки шомгаҳӣ ба ҳамзабонон филмҳои миллиро намоиш диҳанд. Меҳмононро вазири умури хориҷии Эрон роҳбаладӣ мекард.

Бе ягон дудилагӣ қарор доданд, ки ба онҳо филми навакак ба поён расидаи Борис Кимёгаров «Рустам ва Суҳроб» - ро ба тамошо гузоранд. Бе муҳобо, ҳайати эронӣ пас аз тамошои ин филм ангушти ҳайрат газиданд. Ба андешаи онҳо асари безаволи Фирдавсӣ бо тамоми маънӣ ва нозукиҳояш дар экран таҷассум ёфтааст ва офарандаи чунин филми эпикӣ «Тоҷикфилм» мебошад. Пазироии гарму ҷӯшон ва тамошои филмҳои тоҷикӣ меҳмонон ва ҳам мизбононро хушҳол гардонд.

Шоёни зикр аст, ки ҳамон шабу рӯз режиссёри варзида Абдусалом Раҳимов филми «Ситорае дар шаби тор» - ро аз рӯи асари адабиётшинос Расул Ҳодизода ба анҷом расонда буд. Ин филм дар бораи ҳаёту фаъолияти мутафаккири бузурги тоҷик Аҳмади Дониш қисса мекард. Бо вуҷуди баъзе паҳлуҳои идеологӣ (ба қавли Султон Мирзошоев – У. Ш.), филм мавқеъ ва моҳияти тафаккуру дурбинии Аҳмади Донишро ҳамчун фарди ғамхор ва хештаншиноси миллат таҷассум менамуд. Филми мазкур низ ба меҳмонони эронӣ пешкаш гардид…

 

 

Умари ШЕРХОН

8.2.2022

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter