Ба муносибати 100 - солагии зодрӯзи дорандаи ҳар се дараҷаи орденҳои Шараф Э. Хоҷамбердиев деҳаи Аппонии ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт ба номи сарбози диловар номгузорӣ гашта, нимпайкарааш дар деҳаи Ошоба гузошта шуд.
8 ноябри соли 1943 ордени Шараф ҳар се дараҷа таъсис дода шуд. Ин орден ба Салиби Георгий шабоҳат дошта,он фақат барои ҷасорат дар майдони ҷанг дода мешавад. Бо ҳар се дараҷаи ордени Шараф мукофотонида шудагон аз рӯи ҳолат ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ баробар карда шудааст.
Орденҳои Шараф дараҷаи III аз биринҷӣ, дараҷаи II аз нуқра ва дараҷаи I аз тилло тайёр карда шудааст.
Дар кам аз ду соли ҷанг (19 моҳ қабл) наздики 980 ҳазор ҷанговарон бо ордени Шараф дараҷаи сеюм, қариб 46 ҳазор бо дараҷаи дуюм мукофотонда шуда, кавалерони пурраи ин орден, дорандагони ҳар се дараҷа 2656 нафар мебошанд, аз ҷумла 4 нафар занон.
Аввалин кавалерони орденҳои Шараф ҳар се дараҷа бо Фармони Президиуми Совети Олии СССР аз 22 июли соли 1944 ефрейтор М.Г. Питенин ва сержанти калон К.К. Шевченко мебошанд. Аммо мутаассифона ордени Шараф дараҷаи I – и № 1 ба сержанти калон Н.А. Залетов, № 2 ба старшина В.С. Иванов супурда мешавад.
Моҳи сентябри соли 1944 аввалин аз ҷанговарони тоҷик сержанти калон Абдуназар Фармонқулов аз шаҳри Ӯротеппа (Истаравшан) ва 10 - умин аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ кавалери орденҳои Шараф ҳар се дараҷа гардидааст.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 21 нафар фиристодагони Тоҷикистон аз ҷумла аз вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) 10 нафар ба гирифтани ҳар се дараҷаи ордени Шараф мушарраф гардиданд. Охирин қаҳрамон Абдуназар Фармонқулов дорандаи ҳар се дараҷаи орденҳои Шараф соли 2019, дар синни 97- солагӣ, дар шаҳри Истаравшан аз дунё гузашт.
Дар арафаи 60 - солагии Ғалаба дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд «Гулгашти қаҳрамонон» бунёд ёфт, ки дар ин гулгашт расмҳои дорандагони ҳар се дараҷаи орденҳои Шараф аз вилояти Суғд насб гардида, хотираи онҳо абадӣ гардонда шуд.
Ба истиқболи 90 - солагии зодрӯзи дорандаи ҳар се дараҷаи орденҳои Шараф Пӯлод Атоев дар саҳни МТМУ №27 - и шаҳри Хуҷанд, ки номи ӯро дорад, нимпайкараи қаҳрамон қомат афрошт.
Ба муносибати 100 - солагии зодрӯзи дорандаи ҳар се дараҷаи орденҳои Шараф Э. Хоҷамбердиев деҳаи Аппонии ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт ба номи сарбози диловар номгузорӣ гашта, нимпайкарааш дар деҳаи Ошоба гузошта шуд.
_______________________________________________