ХАБАРИ ДОҒ

 «Се чиз пойдор намонад: мол бе тиҷорат

ва илм бе баҳс ва мулк бе сиёсат».

                                                                    Саъдӣ

 

ЛАҚАЙ ҚАРМИШЕВ

Ин ном дар арсаи сиёсии Тоҷикистони шуравӣ аз миёнаи солҳои 50 – уми асри гузашта рӯ зад ва дар зарфи чиҳил соли он дар фазои иттилоотии кишвар дар гардиш буд. Дар ин давра ҳукумати вақт ва мардум ӯро чун шахсияти воқеӣ, раҳбари кордони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, абармарди арсаи сиёсат шинохтанду эътироф намуданд. Фарзанди қобили хонаводаи кӯҳистони ҷануб аз доираи мактаби ибтидоиву ҳафтсола то ба қуллаҳои баланди давлатии ҳукумати шуравӣ қомат афрошт.

Ин марди наҷибу номварро аз солҳои 60 – ум медонаму эҳтиромашро қоилам. Аз даврае, ки ӯ директори совхози гӯсфандпарварии «Кангурт» - и собиқ вилояти Кӯлоб буд. Ҳамасола ману додарам, се моҳи таътили тобистонаро дар деҳаҳои Найистону Оби Ширин, дар хонаи бузургбародарони модарам мегузарондем. Рӯди дар тобистон камоби Тоҳир (Бурдон) макони калағутзанӣ ва моҳидориамон буд. Давоми рӯз УАЗ – ики директори совхоз Лақай Қармишевро то ба чанд бор дида ҳавас мебурдем. Ҷавонмарди босалобату бошавкат бо мӯйҳои қиргуни мавҷдораш ба зарба метофт.

Бо тақозои замон, соли 1989 ба симати нозир – корманди дастгоҳи марказии Комитети назорати халқии ҶШС Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба фаъолият пардохтам. Бароям хушоянд буд, ки Лақай Қармишев солҳои 1972 – 1984 роҳбари аввали ин ниҳоди калидии ҷумҳурӣ буд ва дар зарфи 12 соли раҳбарӣ обрӯву манзалати ташкилот ва кормандонашро бамаротиб боло бурд. Аз боби мартабаи роҳбарӣ, бузургманишӣ ва эътибори ин марди даврон байни кормандони солор зиёд мегуфтанд. Аз хусуси эҳтиром гузоштан ба кормандони қаторӣ, эътирофи ҳамкорон, муносибати мақомдорони сатҳи аввали вазорату кумитаҳо, идораву муассисаҳои давлатӣ бо инспекторони кумита, ҳифзи моликияти ҷамъиятӣ ва ҳоказо қиссаҳои зиёд дар миён буд. Бо ин ҳама баробар иқрор мекарданд, ки ин шахсияти босубот воқеан, сиёсат дошт.

 

 

ЗИНА БА ЗИНА

Ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, абармарди арсаи сиёсат Лақай Қармишев 1 январи соли 1930 дар деҳаи Чилчаи ноҳияи Қизилмазор (баъд Совет, ҳозира Темурмалик) ба дунё омадааст.

Соли 1951 Институти муаллимтайёркунии Кӯлобро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиаш ҳамчун муаллими мактаби ибтидоии ба номи М. В. Фрунзе (1945 – 1946) оғоз шуда, пас муаллими мактаби ҳафтсолаи ба номи М. В. Фрунзеи ноҳияи Совет буд (1946 – 1949).

Дар синни 21 – солагӣ ӯро мудири шуъбаи маорифи халқи комиҷроия (1951 – 1953), дар 23 – солагӣ мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи ҲК ва дар 24 – солагӣ раиси комиҷроияи ноҳияи Совет (1954 – 1957) таъин намуданд.

Ҳукумати вақт чун нек дарёфт, ки аз ин ҷавони бофаҳму боғайрат кадри хуб мебарояд, ӯро барои таҳсил ба Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ раҳнамун сохт (ш. Москва, 1957 – 1961). Лақай Қармишев тайи се сол асоси фаъолияти ҳизби ҳукмрон ва санъати раҳбариро дар маркази Иттиҳоди Шуравӣ андӯхт.

Санҷиши дигаре ӯро ҳанӯз дар пеш буд. Барои андӯхтани таҷрибаи ғанӣ дар соҳаи хоҷагидорӣ роҳбарияти кишвар ӯро ба яке аз хоҷагиҳои овозадори вилояти Кӯлоб – совхози гӯсфандпарварии «Кангурт» ба симати директор сафарбар намуданд. Воқеан ҳам, мавсуф нозукиҳои соҳаи хоҷагии халқ, кор бо меҳнаткашонро тули шаш сол мӯшикофона андӯхт (1961 – 1967).

 

ЭЪТИБОР

Роҳбарияти ҷумҳурӣ ба қудрат ва истеъдоди роҳбарии ҷавони кӯҳистонӣ эътимод ҳосил кард ва, аз ин рӯ, номзадии ӯро ба вазифаи раиси комиҷроияи ноҳияи Фархор пешбарӣ намуданд (1967). Ҳамон сол коммунистони ноҳия Лақай Қармишевро котиби якуми кумитаи ҲК ноҳияи Фархор интихоб карданд (1967 – 1970).

Қадами қатъӣ ва устувор дар зинаи роҳбарӣ ин таъин гаштани шахсияти муҳтарами ҷумҳурӣ ба симати раиси комиҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини раиси Раёсати Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон мебошад (1970 – 1972). Кору пайкор дар «Боми ҷаҳон» ин имтиҳони ҷиддӣ барои зинаи оянда дар арсаи сиёсат, идораи корҳои халқӣ буд, ки ӯ сарбаландона аз уҳдаи иҷрои ин вазифа баромад.

Пешбарии номзадии Лақай Қармишев бар маснади раиси Комитети назорати халқии Тоҷикистонро КМ ҲК Тоҷикистон қобили қабул донист. Ва ӯ роҳбари яке ниҳодҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, 12 сол муваффақона ба нафъи халқу Ватан хидмат ба ҷо овард.

 

ҲАЙБАТ

Байни инспекторони Комитети назорати халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сифати Лақай Қармишев ҳикоятҳои мароқангезу аҷиб зиёд буданд. Ба мисол, он даврон нозире аз роҳбарият супориш мегирад, ки барои ҳалли масоиле бо вазири хоҷагии қишлоқ Бобоев вохӯрад. Якум бор вазир ӯро қабул намекунад. Дафъаи дигар назди духтури дандон рафта будааст. Маротибаи савум роҳбари ниҳодро дар ҷойи кораш пайдо намекунад. 

Чун мудир аз инспектор ҳалли масъаларо ҷӯён мешавад, мисли моку равуои хешро назди вазир ба мудир баён медорад. Тифоқо ин гап ба гӯши раис мерасад. Лақай Қармишев ба вазир занг зада кӯтоҳ ва бо қатъият мегӯяд, барои «серкориаш» аз инспектор маъзарат пурсад.

Чи ҷойи панаҳ бурдан, он замон ағлаби мансабдорон, савдогарон ва масъулони ребрав аз ҳайбати раис ва кормандони ташкилоти болозикр мисли барги бед меларзиданд. Масъулони навзуҳур, аз хурд то бузург аз раиси бошавкат, фарди босалобат, ҷиддисимо ва босиёсат ҳазар мекарданд.

Ҳамин хел он вазир аз инспектори қаторӣ узр мепурсад. Ин ҳодиса эътирофу эҳтироми раиси кумитаро назди кормандонаш боло бурда, нуфузи ташкилот низ устувор мегардад.

 

НАҶОТБАХШ

9 январи соли 1968. Котиби якуми Кумитаи ҳизбии ноҳияи Фархори вилояти Кӯлоб зиндаёд Лақай Қармишев субҳи барвақт ба кор ҳозир шуд. Сари бод хабар ёфт, ки яке аз шахсиятҳои маъруфи Хатлонзамин Махсуми Санги Кулӯла (Махдуми Пирмуҳаммади Сарихосорӣ, 1884 - 1968) дунёи фониро падруд гуфта.

Котиб бузургворро нағз мешинохт, эҳтиромашро қоил буд. Гоҳо, ҳини бозгашт аз шаҳри Душанбе ё булукоти Кангурт, сари роҳ домуллоро хабар ва дуои хайрашонро мегирифт.

Ба андеша рафт, махсум аз нафарони маъруфу маҳбуби олами исломи кишвар асту хоҳ нохоҳ пуштаву ҳомуни мавзеи Олимтой моломоли ҷанозаҳақӣ мешавад. Мардум аз гӯшаҳои дурдасти мамлакат хоҳанд омад. Роҳбарони гуногуни ҳизбиву давлатии ба мусалмонӣ қариб, раисони идораву корхона ва хоҷагиҳои зиёд ба маросими видоъ мешитобанд. Чунин муносибати хайрхоҳона аз ҷониби онҳо ба роҳбарони воломақоми ҳизбии вақт рост намеомад. Зеро онҳо муллоҳоро туфайлихӯр ва халалрасони ҷомеа меҳисобанд.

Чун раҳбари собиқадор тахмин зад, ки маросими дафни махсумро мақомоти дахлдор таҳти назорат хоҳанд гирифт. Чорае бояд ҷуст, ки роҳбарону масъулони ноҳия аз хатар эмин бимонанд. Ба ёвараш амр дод, ки ҷаласаи васеи кумитаи ҳизбии ноҳияро даъват намоянд. Котиб хулоса бурд, фасли сармо, рӯзҳо кӯтоҳ, ана мана нагуфта, рӯз бегоҳ мешавад…

Ҷаласа ба дарозо рафт. Аҳли толор, раисону роҳбарони гуногунпоя, саркорон, фаъолон - зодагони кӯҳистон бетоқатона, болои курсӣ мечархиданд. Ниҳоят дар пичир - пичир заданд. Бо овози паст аз муносибати котиби райком изҳори норозигӣ мекарданд, аз ҷанозаи бузургвор мондем, хуб нашуд, мардум чӣ мегӯяд?

Аммо, котиби ҷиддисимо чун кӯҳ собит буд. Хиёле, он ҳамаро намефаҳмиду намешунид, гӯё аз даргузашти чунин як бузургворе бехабар бошад. Ба дил мегуфт, ҳоло чӣ хеле, ки мехоҳед, накуҳиш додан гиред, натиҷаашро баъд хоҳед фаҳмид.

Рӯзи дигар, 10 январи соли 1968 қисмате аз масъулон кебида - кебида назди котиб омада, рӯширинӣ мекарданд. Аён гашт, бо ташаббуси котиби дуюми КМ ҲК Тоҷикистон Ковал, аллакай, тозакунии сафҳои ҳизб аз «унсурҳои бегона» оғоз шудааст. Аксари кулли коммунистон, котибони ҳизбӣ, раисон ва кулли мансабдороне, ки дар ҷаноза буданд, аз вазифа ва ҳам аз билети ҳизбӣ маҳрум монданд.

Бо василаи ҷаласаи «дурмадароз» - и онрӯза роҳбарону масъулони давлатии ноҳияи Фархор, ба гуфтаи пирони кӯҳистон, аз чечаки хорон раҳиданд. Аз он ба баъд роҳбарони фархорӣ дар симои Лақай Қармишев наҷотбахши худро медиданд. Зеро соҳибмансабҳои роҳатфизо болои чавкот мондаву рӯзгорашон мисли оби равон ҷараён дошт.

 

МУҲТАРАМ

Лақай Қармишев соли 1984 бинобар сабаби вазъи саломатӣ ба нафақа баромад. Ӯ, нафақагири дараҷаи умумииттифоқӣ (СССР) буд. Депутати Шурои Олии ҶШСТ (даъвати 8 – 10) интихоб гардидааст.

Хизматҳои шоёни фарзанди номвари Ватан бо 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, орденҳои «Нишони Фахрӣ» (1957), «Дӯстии халқҳо» (1981), медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100 - солагии В. И. Ленин» (1970) ва Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон қадр шудааст.

Ба иқрори наздикон, ҳамкорон сарфи назар аз вазифаҳои баланд номбурда як шахси одӣ, дилсоф ва барои тамоми қишрҳои ҷомеа дастрас буд.

Лақай Қармишев 16 августи соли 2004 дар синни 74 – солагӣ дунёи фониро падруд гуфт.

 

Умари ШЕРХОН

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter