ХАБАРИ ДОҒ

 

Казак Яров

Баъди ғалабаи инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсис ёфтани Ҷумҳурии автономии Тоҷикистон дар ҳайати РСС Ӯзбекистон дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза то нимаи солҳои 30 – юм ҳаракатҳои босмачигарӣ идома кард. Задухӯрдҳои хунин байни ҳукумати нав ва боқимондаҳои босмачиён аслан дар ҷануби кишвар ва навоҳии сарҳадӣ бо Афғонистон доман густурда буд.

Дар давраи ҳукумати пешин сари мавзӯи ҳуҷуми аскарони сурх ва амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди давлати ҳамҷавор сухан нашнидаву нахонда будем. Дар китобҳои дарсии мактаби миёна низ аз ин боб маълумоте ба назар намерасид. Танҳо дар суҳбати нафарони солдидаи он замон (солҳои 60 – 70 уми асри гузашта) гоҳе мешунидем, ки армияи сурх дар он сӯи сарҳади давлатӣ низ амалиёт гузаронидааст. Боқӣ ҳич…

Боре дигар, 20 сол қабл, ҳангоми таҳияи (варианти 1 – уми) китоби «Данғара» (соли 2002) бо бархӯрд бо ҳаёту рӯзгори яке аз мубризони роҳи озодӣ, инқилобчии матин, ходими давлатӣ Қазоқ Ёров (дар паспорт Яров Казак), собиқ раиси комиҷроияи ноҳияи Данғара бобати мавзӯи болозикр огаҳӣ ёфтам. Айни авҷи задухӯрдҳои тарафайн дар кишвар бо роҳбарии лашкаркаши маъруф Будёний, ба тахмин нимаи солҳои 20 – уми асри гузашта, воқеан аскарони сурх дар он сӯи рӯди Ому бар зидди босмачиҳо размида будаанд. Аммо аз ин боб асноди хаттӣ муҳайё нагашт.

Солҳои охир дар расонаҳои Россия дар ин мавзуъ мақолаҳо расонаӣ шуниданд. Соли 2018 китоби «Разведка: ҷосусҳо, муҳорибаҳо, суиқасд» (Душанбе, «Шарқи озод», тарҷумон Қурбон Мадалиев) ба табъ расид. Дар маҷмуаи таҳти назар, дар бораи дар он сӯи рӯди Ому гузарондани амалиёти ҷангӣ бар зидди дастаҳои зиёди афғонӣ ва босмачиёни «худӣ» маводи ҷолибе бо номи «Ҳалокати Лоуренси шуравӣ» ҳаққонияти гуфтаҳои болоро ёфтам. Аз он хусус, ки аскари ҷавони тоҷик Яров Казак дар он амалиёт иштирок дошт ва ё на сухане набуд, ва аз ин боб то кунун маълумоти хаттие рӯи даст надорем.

 

Дастаи 2 ҳазорнафара

Сари мақсад меоем, 15 аперели 1929 сарҳади шуравию афғонро дастаи 2 ҳазорнафараи саворони либоси низомии афғонӣ дар бари ба назар аҷоибу ғароибе убур кард.

Сарбозон бо забони русӣ ҳарф мезаданд. Дастаи хуб мусаллаҳ бо таъмини ғизои захиравӣ баробари убури рӯди Ому бунгоҳҳои сарҳадиро торумор карда, чанги хоки ҳудуди афғонро ба фазо бардошт. Даста 4 тӯпи кӯҳӣ, 12 пулемёти чархдор ва 12 дастӣ, радиостансияи пурқувват дошт. Ба он шахсе фармондеҳӣ мекард, ки худро «афсари турк Рағиббей» меномид. Аммо дар ҳақиқат ӯ қаҳрамони ҷанги гражданӣ, атамани казакҳои Червони Украина Виталий Маркович Примаков буд, ки аз соли 1927 вазифаи атташеи ҳарбии советиро дар Афғонистон иҷро мекард.

Сардори ситоди даста афсари кадрии афғон Ғулом Ҳайдар буд ва ҳамроҳаш боз чанд афсари афғон асп меронд. Даста шартан ба генерал Ғулом Набихони Чархӣ – сафири Афғонистон дар СССР итоат мекард.

 

Ғулом Сиддиқхон ва Сталин

Моҳи марти соли 1929 Ғулом Набихони Чархӣ бо ҳамроҳии вазири корҳои хориҷии Афғонистон Ғулом Сиддиқхон бо сарвари давлати СССР Иосиф Виссарионович Сталин суҳбати махфӣ дошт. Сухан дар бораи вазъи сиёсии Афғонистон ва оид ба дидани чорабиниҳои шуравиён барои ёрӣ расондан ба ҳукумати қонунии Амонуллохон, ки ошӯбгарон ӯро аз мансаб вожгун сохта буданд, рафт. Имконияти чунин тасмим аз шартномаи соли 1921 дар бораи дӯстии СССР ва Афғонистон имзошуда бармеомад. Баъди қабули афғонҳо дар Москва ба Тошканд барқия расид: таъҷилан дастаи махсуси ҳарбӣ аз ҳисоби коммунистону комсомолон барои фиристодан ба Афғонистон ташкил карда шавад. 

 

Бачаи Саққо

Дар ин давра моҷароҷӯй Бачаи Саққо охири соли 1928 Амонуллохонро аз тахт афтонду худро амир Ҳабибуллохон эълон кард, аммо дар байни халқ ӯ чун «бачаи машкоб», дастнишони англисҳо ва ҷосуси полковник Лоуренс машҳур буд…

 

Лоуренс

(Томас Эдвард Лоуренс) яке аз шахсиятҳои дурахшон ва романтикӣ дар таърихи разведка ба ҳисоб меравад. Вай 16 августи соли 1888 дар оилаи миёнаҳоли англоирландӣ ба дунё омадааст. Дар Оксфорд мактаби миёна ва ҳам донишгоҳро хатм намудааст.

Аз соли 1910 ҳамчун агенти разведкаи англис дар Арабистони Шарқӣ маъво гирифт. Вақте ки Ҷанги якуми ҷаҳон сар шуд, Лоуренс корманди разведкаи британӣ, аниқтараш МИ – 4 ё Бюрои арабӣ буду ба рафти рушдёбии ҳаракати миллӣ – озодихоҳии арабҳо дар сарҳади империяҳои туркҳои усмонӣ назорат мебурд.

Барои манфиати Англия сэр Лоуренс дар кишварҳои арабӣ корҳоеро ба сомон расонд, ки ҳад надорад… Соли 1921 бо пешниҳоди Уинстон Черчилл, вазири Англия оид ба кишварҳои мустамлика, Лоуренс мушовири ӯ оид ба Шарқи Миёна таъин гашт…

… Лоуренс нағз медонист, ки Бачаи Саққо дар тахт дер намепояд. Аз ин рӯ, дар оғози соли 1929 ба Лондон баргашт ва дар 42 - солагӣ аз хизмати ҷосусӣ истеъфо дод. Моҳи октябри соли 1929 Бачаи Саққо сарнагун ва кушта шуд.

Лоуренс мехост бо Гитлер робита пайдо намуда, ба вай хизмат намояд. Вале 19 майи соли 1935 дар як садамаи нақлиётӣ ҷон ба молики дӯзах супурд.

 

Суқути Амонуллохон

Дар он замон амири Афғонистон Амонулло буд, ки мехост дар кишвараш баъзе ислоҳот гузаронад. Аммо ин ба Англия писанд набуд. Аз ин рӯ, бо ҳар роҳ мехост ӯро аз тахт вожгун сохта, ба ҷояш дигар амири гапдароро шинонад. Дар солҳои 1927 – 1928 ана ба ҳамин кор полковник Томас Эдвард Лоуренс машғул гашт.

Лоуренс бо ғоратгар ва каллабур Бачаи Саққо робита пайдо кард. Ин каллабур бо куштани падару занаш, мулло ва даҳҳо нафари дигар ном бароварда буд. Иктишофгари англис ба номзадии ӯ таваққуф намуда, ба вай ваъда дод, ки дар сарнагун намудани Амонулло ёрӣ расонад, соҳиби тахт мегардад. Онҳо бо ҳиллаву найранги зиёд Амонуллоро дар байни халқ беобрӯ карданд…

Бачаи Саққо Кобулро гирифт, худро амир эълон намуда, бар зидди ҳукумати шуравӣ бархост, 20 ҳазор босмачии дар ҳудуди Афғонистон буда, ба ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна – Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҳуҷумҳои ғоратгарона мебурд. Лоуренс медонист, ки Бачаи Саққо дар тахт дер намепояд…

Ҳамин тавр моҳи октябри соли 1929 Бачаи Саққо сарнагун ва кушта шуд…

 

«Лоуренси Шуравӣ»

Эҳтимол Москва ва намояндагони Амонуллохон барои ба тахти Афғонистон баргардондани ӯ нақшае доштанд, ки ҳаракати дастаи Рағиббей бо юриши артиши 14 ҳазорнафараи тарафдорони Амонуллохон моҳи марти соли 1929 аз Қандаҳор ба Кобул дар як вақт амалӣ шуд. Аҷибаш ин ки матбуоти ҷаҳон, ба ғайр аз шуравӣ, атташеи СССР дар Кобул – «афсари турк Рағиббей» - ро на каму на зиёд «Лоуренси шуравӣ» ном гузоштанду ҳангомаҳое оростанд.

15 апрели соли 1929 дастаи шуравӣ ду бунгоҳи сарҳадиро торумор карда, ба тарафи Мазори Шариф роҳ гирифт. Сарбозони шаҳри Келиф баъди тӯппарронии андаки русҳо силоҳ ба замин гузоштанд. 17.4.1929 шуравиҳо ба шаҳри Хонобод расиданд, ки муҳофизони он аллакай ба Мазори Шариф гурехта буданд.

Бачаи Саққо чун шунид, ки аз шимол дастаи бузурги савора бо либоси низомии афғонӣ дар бар сӯи Мазори Шариф меояд, фаҳмид, ки онҳо афғон наянд. Вай ба Муҳаммад Қосимхон, намояндааш дар Мазори Шариф, супориш дод, ки дар минтақа ҷиҳод эълон намояд ва бо ливои сабзи пайғамбар бар зидди «кофирон» барояд.

 

Муҳорибаи Мазори Шариф

22 апрели соли 1929 дар остони Мазори Шариф муҳорибаи хунин оғоз ёфт. Афғонҳо сахт меҷангиданд, вале тӯпу пулемётҳо кори худро карданд. Пулемётҳои Примаков ҳамлагаронро саф - саф «медаравиданд». Ҳамин тавр, шаҳри бузурги Афғонистони Шимолӣ аз по афтод. Ба Москва бо рамз чунин барқия рафт:

«Мазор аз тарафи дастаи Витмар ишғол шуд».

Баъди муҳорибаи Мазори Шариф сарбозони сурх фаҳмиданд, ки ғояи «инқилоби ҷаҳонӣ» барои мардуми деҳоти Афғонистон тамоман бегона аст. Вақте ки ба юриш мебаромаданд, Ғулом Набихон бовар мекунонд, ки дастаро ҳазорҳо нафар деҳқонон ва чорводорону муздурон дастгирӣ хоҳанд кард, аммо дар амал танҳо ба ҷонибдории онҳо 500 нафар ҷамъ шуд. Вале бар зидди онҳо ҳазорҳо нафар баромаданд. Афғонҳо пайваста ҳуҷум меоварданд, то ки ғолибонро аз шаҳр дур афкананд.

Ҳоли Примаков танг шуд, аз Тошканд мадад пурсид. 26 апрели соли 1929 ба воситаи тайёраҳо ба Мазори Шариф 10 пулемёт ва 200 тири тӯп партофтанд. Чун ба афғонҳо озод намудани шаҳр даст надод, онҳо Мазори Шарифро ба муҳосира гирифта, маҷрои ҳамаи ҷӯйборҳоро бастанд. Вазъи сурхҳо тезу тунҷ шуд ва боз ба имдоди онҳо аз берун мадад расид.

 

Мадади Залимхон

6 майи соли 1929 тайёраҳои шуравӣ ба артиши афғонҳо зарбаҳои ҳалокатовар зада, онҳоро аз атрофи шаҳр пароканда карданд. Як дастаи 400 нафараи сурхҳо сарҳадбонони афғонро маҷақ намуда, бо суръати тез бо роҳбарии Залимхон ба Мазори Шариф, ба имдоди Примаков расид.

Залимхон кӣ буд, то ҳол аниқ нест, аммо мегӯянд, ки ӯ командири дастаи савораи 8 - уми округи ҳарбии Осиёи Миёна Иван Петров буд, ки солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон ба армия ва фронтҳо фармондеҳӣ карда, генерали артиш ва Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ шуд.

8 майи соли 1929, баъди гулӯлаборонкунии бардавом афғонҳо қалъаи Бейдадиро низ монда рафтанд. Дастаи сурхҳо аслиҳаву муҳимот: 50 тӯп, 20 пулемёт ва тиру туфанги зиёдро ғанимат гирифт. Баъди каме истироҳат, дастаи муттаҳидгашта сӯи ҷануб асп қамчин зад. Дар ин самт ба пешвози онҳо Иброҳимбек бо 3 ҳазор савораш баромад.

 

Абдулло Валишев

Ин муҳорибаро Абдулло Валшеви тоҷик, командири взводи дастаи Примаков, чунин тасвир намудааст:

«Аз рӯи нақшаи кашида 8 тӯпро ба самти асосӣ гузоштем, ҳамин ки босмачиҳо ба 500 метр наздик омаданд, оташ кушодем. Се гулӯла дар пешопеш, дуто дар мобайн, сеи дигар дар охири қатор таркид. Пулемётҳо ба «забон» омаданд. Душман парешон шуд, аммо зуд ба худ омаду ба ҳуҷум гузашт. Босмачиён бо шамшер ва ҳатто бо найза далерона меҷангиданд. Баъди 1,5 соати ҷанг, пешгардҳо хабар оварданд, ки ғарб 1500 босмачии дигар ба ёрӣ меояд. Ба ин даста Саид Ҳусайн, мушовири ҳарбии Бачаи Саққо фармондеҳ буд. Вай ба ҷанг даромад. Ду соат гузашту босмачиҳо ғаюрона меҷангиданд ва қафо гаштанӣ набуданд. Таҷрибаи ҷангии Иван Петров кор дод. Вай се босмачии асирро назди худ хонд ва ба онҳо гуфт, ки зинда мондан бихоҳанд, ба назди Саид Ҳусайн бираванд ва бигӯянд, ки аз босмачиёни Иброҳимбек 2500 кас кушта ва 176 тан асир афтоду дигарон гурехта, ҷон ба саломат бурданд. Аҷиб, ки ин ҳила самар овард. Босмачиҳо қафо гаштанд. Агар ду даста ба ҳам муттаҳид мешуд, ҳоли мо шояд ранги дигар мегирифт».

 

Фармони Сталин

12 майи соли 1929 Рағиббей ба Балх ва баъди як рӯз ба Тошқӯрғон даромад. Ҳоло нафас рост накарда буд, ки ба Москва даъваташ карданд. 18 май Примаков ба Тошканд парид, ба даста Алӣ Авзалхон – Александр Черепанов сардор таъин шуд. Аммо вазъият нохост дигар шуд. Амонуллохон тиллову тангаҳо ва пулҳои хориҷиашро ба хӯрҷин андохту ба Ҳиндустон, сипас ба Швейтсария гурехт ва соли 1960 он ҷо бимурд.

Сталин фармон дод, ки баъди гурехтани Амонуллохон ҳоҷати дар Афғонистон истодани онҳо нест ва дастаи Алӣ Авзалхон ба Тирмиз баргашт.

Дар соли 1937 Виталий Примаков чун ҷосузи Олмон репрессия шуд. Ҳабибулло – Бачаи Саққо – писари машкоб – моҳи октябри соли 1930 аз тарафи генерал Муҳаммад Нодирхон, хеши наздики Амонуллохон, бо ёрии сипоҳиёни англиси мустақар дар Ҳиндустон аз тахт вожгун ва қатл шуд.

 

Умар АЛӢ

 

   

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter