ХАБАРИ ДОҒ

«Чапаев»

Бо шунидани ин ном (насаб) пеши назар симои баҳодуронаи лашкаркаши советӣ Василий Иванович Чапаев аз филми ҳунарии ҳамном падидор мегардад. Савори аспи бидав, бо шамшери бараҳнаи ялаққосӣ, попохи (телпаки) ятреба, алвонҷхӯрии китфпӯшаки мӯина (накидка) албатта аз хотирҳо зудуда намешавад.

Бо ин номи гӯшнавоз сокинони Иттиҳоди Шуравӣ аз аввали солҳои 30 – юми асри гузашта огаҳии хуб доранд. Ҳарчанд корнамоии Василий Иванович дар солҳои 1914 – 1919 маълуму машҳур гашта бошад ҳам, он танҳо баъд аз ба прокат баромадани филми ҳунарии «Чапаев» (1934) маъруфият касб кард. Ва ин филм солиёни зиёд барои дастгоҳи таблиғотии ҳукумати давр барномаеро мемонд.

Филми ҳунарии «Чапаев» аз рӯзгори давраи ҷангии қаҳрамони ҷанги гражданӣ Василий Иванович Чапаев ҳикоят мекунад. Филми мазкур яке аз филмҳои маъруфу маҳбуб ва бомуваффақияти синамогарони советӣ маҳсуб меёбад (1917 – 1991). Ва он дар тарбияи ватандӯстонаи чандин насли советӣ нақши созгор бозид.

Ин филмро бори нахуст ахири солҳои 60 – уми асри гузашта, дар «кинотеатри» деҳа, пушти девори оҳакбастаи мактаб, болои хоки гарми тобистон нишаста, бо завқ чандин маротиба тамошо кардаем. Аз хурд то бузург, марду зан ин филмро борҳо тамошо кардаву аз марги фармондеҳи маҳбуб сахт андуҳгин гаштаву ашк ҳам рехтаанд.

Бо сипарӣ шудани 88 сол аз рӯзи нахустнамоиши филми ҳунарии «Чапаев», ин филм маҳбубияти худро гум накардааст. Бо шунидани ин ном дар лабони дилхоҳ ҳаводори синамои ватанӣ табассум гул мекунад. Дар байни халқ латифаҳои зиёде дар бораи қаҳрамонони асосии ин филм – Чапаев, Анна, Петка ва Фурманов дар чархишанд. Сар аз соли 1934 аз ҷониби ҳаводорон латифаву хушгӯиҳо гирдоварӣ мешаванд. Имрӯзҳо ҳам эҷоди латифаҳо дар бораи Чапаев ва ҳамсафонаш идома доранд.

Филми ҳунарии «Чапаев» (93 дақиқа) аз рӯи асари адиби маъруфи советӣ Дмитрий Фурманов, режиссёрон – бародарон Василевҳо, муаллифони сенария Георгий Василев ва Сергей Василев рӯи навор омадааст.

Дар нақшҳои асосӣ: Борис Бабочкин (Чапаев), Борис Блинов (Фурманов), Варвара Мясникова (Анна), Леонид Кмит (Петка) ҳунарнамоӣ кардаанд. Филм дар киностудияи «Ленфилм» таҳия шудааст.

 

Чапаев

Рӯзгор, диловарию матонат ва марги фармондеҳи достонзеб Чапаев дар хонаводаи абераи ӯ Евгения Артуровна аз насл ба насл интиқол ёфта. Пайвандони лашкаркаш ба он боваранд, ки Василий Иванович Чапаев дар дарё ғарқ нашудааст, балки дар натиҷаи хиёнати завҷаи сабукпояш шаҳид гаштааст.

Қаҳрамони ояндаи ҷанги гражданӣ дар хонаводаи марди деҳқон Иван Степанович Чапаев 9 феврали соли 1887 (135 сол қабл) ҳафтмоҳа (норасид) ба дунё омадааст. Аз сабаби он ки баробари 1 мушт буд, барои оббозӣ дорондани навзод падараш аз ғӯлачӯб дӯлчаи дастадоре сохт, ки қадаҳро мемонд ва он минбаъд ҳамчун армуғон дар оила нигоҳ дошта мешуд.

Ивани дуредгар 5 писар дошт ва онҳо дар сохтмони хона, оғил, калисои маҳаллаҳо дастёри падар буданд.

 

Ҳолнома

Чапаев Василий Иванович (9.2.1887, деҳаи Будайки, ҳоло дар ҳудуди ш. Чебоксари Чувашистон – 5.9.1919, наздикии ш. Лбишенск, ҳоло ш. Чапаеви вилояти Урали Қазоқистон), қаҳрамони Ҷанги гражданӣ (1918 – 1920). Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз сентябри 1917. Аз соли 1914 дар армия.

Соли 1918 отряди гвардиячиёни сурхро ташкил ва дар Николаевск исёни кулаку эсерҳоро маҳв намуд. Аз майи 1918 – фармондеҳи бригада, аз сентябри 1918 сардори Дивизияи 2 – юми Николаевск, аз апрели 1919 командири дивизияи 25 – уми тирандоз буд.

Дар торумор намудани қӯшунҳои Колчак дар баҳори соли 1919 Чапаев бо дивизияаш корнамоии зиёде нишон додааст. Соли 1919 Дивизияи 25 – ум таҳти фармондеҳии Чапаев шаҳри Уралскро озод намуд. Шаби 5 сентябри 1919 гвардиячиёни сафед ногаҳон ба штаби дивизия ҳуҷум оварданд. Чапаев дар набард ҳалок шуд.

Бо ордени Байрақи Сурх мукофотонда шудааст. Образи дурахшони Чапаев дар повести «Чапаев» - и Д. А. Фурманов (комиссари ҳарбии Дивизияи 25 – ум) ва филми аз рӯи он банаворгирифта инъикос ёфтааст. 

 

Аскарӣ

Дар 21 – солагӣ – соли 1908 ҳукумати подшоҳии рус Василий Чапаевро ба хизмати ҳарбӣ даъват кард, аммо баҳори соли 1909 бо иллати беморӣ ӯро аз хизмат ҷавоб доданд. Вале сабаби асосии аз армия дур кардани ӯ қатли бародараш Андрей, аз ҷониби ҳукумати вақт буд. Гӯё вай ҷавононро бар зидди шоҳ мешӯрондааст.

 

Пелагея – 1

Ба зудӣ Василий зан гирифт. Арӯсаш Пелагея Метлина, аз оилаи руҳонии бой буд. Домод 22 – сола буду арӯс 16. Чапаев ҳамсарашро бисёр дӯст медошт. Пелагея зани заҳматкаш баромад ва дар солҳои 1910 – 1914 се тифл – 2 писару 1 духтар ба дунё овард. Аммо бахти онҳо дер давом накард. Ҷанги якуми ҷаҳонӣ сар шуду Василий Иванович Чапаев аз нав либоси ҳарбӣ ба тан пӯшид.

 

Кавалери Георгий

Дар зарфи 2 сол Чапаев барои корнамоиҳояш ба 4 дараҷаи медали Георгий мушарраф гашт ва соҳиби унвони унтер - афсари калон (унвони командири хурд дар армияи подшоҳи рус ва дар армияҳои баъзе мамолики хориҷа) шуд. Маоши хуб мегирифт ва онро мунтазам ба хонааш равон мекард. Вале дар ин миён боре ҳам ба рухсатӣ нарафт.

 

 

Беаҳдӣ

Рӯзе Иван Степанович Чапаев ба Василий бо ин мазмун номае фиристод: дар хона саргумист, занат, ки нав ба синни 21 расидааст, бо ҳамсояамон кондуктори қатора гурехт.

Василий рухсатӣ гирифта ба хона омад, то ки расман аз зани беаҳдаш ҷудо шавад. Вай завҷаашро диду ҳамаи аламашро гум кард. Афсари қаҳрамон дар пеши зан сар фуруд оварда оштӣ шуд. Аммо баъди бозгашти Василий Иванович ба корзор Пелагея назди ошиқаш рафт. Ба гуфте, ҳаёти шахсии афсар нашукуфт.

 

Пелагея – 2

Дар ҷабҳа Василий Иванович Чапаев дӯсте дошт – Пётр Фёдорович Камешкарсев. Оилаи вай ҳам дар ҳамон ноҳияе мезист, ки хонаи падарии Чапаев он ҷо буд. Вақте ки Пётр сахт захмдор шуд, пеш аз марг аз Василий хоҳиш намуд, ки зан ва 2 духтари ӯро танҳо нагузорад. 

Аз ин ба баъд Василий Иванович маошашро ба оилаи дӯсташ равон мекард. Баъди чанде ситоди дивизияи Чапаев дар Николаевск қарор гирифт, ки ба хонаи дӯсти марҳумаш Камешкарсев наздик буд. Вай ба хонаи рафиқаш ташриф оварда, аз ҳалокати ӯ, вазъи оилавиаш хабар дод ва гуфт, ки биё ҳамхона шавем. Пелагея, зани дӯсташ (ҳамноми зани худаш), розӣ шуд.

Лекин бахт боз ба рӯи қаҳрамон нахандид. Ин зан низ беаҳд баромад. Ҳамин ки Чапаевро дур дид, зуд ба хонааш гарданғафсеро овард. Василий Иванович завҷаи дуюмашро дар ҳолати ишқварзӣ дарёфт ва хост бо пулемёт тирборон кунад, аммо аз раъяш гашт…

 

Марги мармуз

Боре зани якуми комдив Пелагея (он замон расман ҷудо нашуда буд) бо писарчаи хурдиаш Аркадий ба штаби дивизия омада, хоҳони бо шавҳараш оштӣ шуданро кард. Аммо Василий Иванович писарашро қабул мекунаду зани беаҳдашро не. Дар бозгашт Пелагея ба штаби сафедҳо медарояд ва вазъи штаби дивизияи Чапаевро хабар мекашад.

Ҷанги нобаробар оғоз мешавад. Фармондеҳи дивизия Чапаев 5 захм мебардорад. 2 маҷории интернатсионалист ӯро аз 2 китфаш гирифта аз дарёи Урал ба соҳили муқобил мегузаронанд. Вақте ки аз дарё мебароянд, мебинанд, ки аз бисёр рафтани хун Чапаев фавтидааст. Маҷорҳо ҳамон ҷо, дар соҳили дарё ҷисми фармондеҳро ба хок супурда, болои қабрро бо най мепӯшонанд. Василий Иванович Чапаев, ки ҳамагӣ 32 сол дошт, ба хоби абад рафт.

Дигар шоҳидони марги Чапаев набуданд. Аз ин рӯ, овозаҳои мухталиф зиёд ба гӯш мерасиданд. Дар солҳои 30 – юми асри гузашта ба Клавдия Василевна (духтари Чапаев) аз Маҷористон мактубе расид. Дар он ҷойи аниқи гӯри Чапаев нишон дода шуда буд. Аммо маълум гашт, ки он мавзеро аллакай мавҷи дарёи Урал аз худ (тасарруф) кардааст…

 

Шарофат

Маҳз бо шарофати (туфайли) дар олами синамо ба миён омадани филми «Чапаев» диловарӣ, роҳи муборизаи қаҳрамони Ҷанги гражданӣ Василий Иванович Чапаев (1887 – 1919) аз хотири мардум – тамошогарон фаромӯш намегардад. Ҳарчанд баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ филмҳои ҳунарии онзамона тавассути кинотолорҳои имрӯза ва телевизион кам намоиш дода шаванд ҳам, аммо мавқеъ, маҳбубияти ин филм то кунун устувор аст. Қатъи назар аз 10 – 15 соли ахир, мисли мӯру малах домон густурдани киноҳои амрикоиву ҳиндӣ филми ҳунарии «Чапаев» аз дилу дидаи ҳаводорони синамо дур нагаштааст…

 

Умар АЛӢ

   

 

  

  

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter