ХАБАРИ ДОҒ

«АМИР» - САРДОРИ «САВОРАИ САБУКБОР»

  • Чоршанбе, Июл 27 2022

 

Аз фаъолияти разведкачии СССР Геворк Вартанян

 «Сталин дар ҳила аз мо ҳилагартар баромад ва ин муҳорибаро бурд»  Уинстон ЧЕРЧИЛЛ, Сарвазири Англия

 Дебоча

Моҳи майи соли равон дар Коммунарка, ҳудуди мактаби ҳамноми қаҳрамон,  дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия муҷассамаи барқади разведкачии маъруф, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Геворк Вартанян қомат афрошт. Аксар нафарон дар хусуси шахсияти ин қаҳрамон маълумоти кофӣ надоранд. Он бесабаб ҳам нест, зеро танҳо солҳои ахири фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ аз парвандаи қаҳрамон муҳри комилан махфӣ бардошта шуд. Ва он ҳам танҳо аз як ҳиссаи хидмати «Амир» - Геворк Вартанян дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 дар Эрон аст. Боқӣ, фаъолияти иктишофгари машҳур ҳоло ҳам махфист.

 Амалиёт

25 августи соли 1941, неруҳои шуравӣ ва англисҳо амалиёти якҷояи ҳарбӣ гузаронданд. Ду армияи советӣ ба хоки Эрон даромада, музофоти шимолиро ишғол кард, артиши англис аз самти ҷанубӣ – ғарбӣ даромад ва онҳо бе ягон талафот 17 сентябри соли 1941 дар пойтахти Эрон – шаҳри Теҳрон бо ҳам вохӯрданд.

Соли 1942 ду бандари Эронро амрикоиҳо ба даст оварданд.

 Сабаб

Сабабҳои ба Эрон лашкар кашидани иттифоқчиён ба чанд боис буданд:

Якум – ҳукумати Эрон ба Гитлер ҳусни таваҷҷуҳ дошт ва мумкин буд, аз ақибгоҳ ба СССР зарба занад.

Дувум – дар Эрон ҷосусони зиёди фашистон амал мекарданд, ки ин барои СССР хавфи калон дошт.

Савум – Эрон барои интиқоли борҳои ҳарбии амрикоӣ ба СССР кишвари басо қулай буд.

Дере нагузашта Эрон ба иттиҳоди неруҳои зиддифашистӣ ҳамроҳ шуд. Қатъи назар ба ин ҷосусони Канарис ва Шелленберг (Германия) дар ин кишвар фаъол буданд ва муҳорибаи байни ҷосусони мамлакатҳои зиёди ҳавасмад то охири ҷанг идома ёфт.

 Конфронси Теҳрон

Тирамоҳи соли 1943 иттифоқчиён қарор карданд, ки дар Теҳрон конфронси роҳбарони се давлат – СССР, ИМА, Англия – Сталин, Рузвелт ва Черчиллро созмон диҳанд.

Макони барои ҳама тараф нисбатан қулайю бехавфтар баъди баҳсу баррасиҳои зиёд интихоб гардид.

 Ҷосусони немис оид ба тайёрии конфронс маълумот гирифтанд ва зуд роҳбаронашонро аз ин огоҳ сохтанд. Гитлер дар бораи гузарондани амалиёти «Ҷаҳиши бузург» - фашистон сӯиқасд ба ҷони пешвоёни «Сегонаи бузург» - ро дар рафти конфронси Теҳрон чунин унвон гузоштанд – қарор қабул кард. Ташкили суиқасдро Гитлер ба зиммаи Отто Скорсени, афсари писандидааш, вогузошт.

 «Ҷаҳиши бузург»

Моҳи августи соли 1943 ба ҳудуди Теҳрон ҷосуси ботаҷрибаи немис Роман Гамота бо парашут фуруд омад. Вай зуд бо сардори қароргоҳи ҷосусони олмонӣ Франс Майер вохӯрд. Ба ёрии онҳо гурӯҳи мусаллаҳи 6 – нафараи «командос» дар наздикии шаҳри Қум аз самолёт партофта шуд. Гурӯҳ аслиҳа, тиру туфанги зиёде дошт, борро аввал бо 10 шутур кашонданд, баъд бо мошин. Аъзои гурӯҳ мӯйҳои худро сиёҳ карда, қабои (либоси) эронӣ пӯшида, дар хонаи махфӣ интизори омадани иҷрочиёни асосии амалиёти «Ҷаҳиши бузург» истоданд.

 Нокомии суиқасд

Николай Кузнетсов, разведкачии ботаҷрибаи советӣ, ки дар Ровно, дар ақибгоҳи фашистҳо бо номи обер – лейтенант Паул Зиберт амал мекард, нахустин шуда аз нақшаи немисҳо ба марказ хабар дод. Вай ин маълумотро аз штурмбаннфюрери СС Улрих фон Ортел, ки «дӯсташ Паул» - ро ба Теҳрон даъват намуд, гирифт. Кузнетсов даъватро рад кард, Ортел ба Теҳрон омада бо дигар ҷосусону суиқасдчиён – Майеру Гамота пайваст.

Ба шуравиҳо аз дигар манбаъҳо – аз эрониҳо, немисҳо ва аҷибтараш аз Амир, «савораҳои сабукбор» низ хабари суиқасд расид. Рӯзи кушодашавии конфронс наздик мерасид. Разведкаи советӣ барои пешгирии суиқасд тайёрии пухта дид. Гуфтугӯи радиоии немисҳо ошкор ва худи гурӯҳ дастгир шуд. Аз шикасти гурӯҳ Гитлер воқиф гашт ва иҷрогарони асосии амалиёти «Ҷаҳиши бузург» - ро ба Теҳрон нафиристод.

 

 Ҳилаи Сталин

Аммо соли 1943, иттифоқчиён гумон доштанд, ки гитлерчиён шояд нақшаи эҳтиётие дошта бошанд. Аз ин рӯ, вақте ки сарварони се давлат ба Теҳрон расиданд, Сталин ба Президенти Амрико Рузвелт пешниҳод намуд, ки дар Сафоратхонаи советӣ ҷой бигирад, зеро ин ҷо нисбатан бехавфтар аст. Рузвелт хоҳиши Сталинро пазируфт, Черчилл ба ин хабар бо як рашку ҳасад нигариста, эътироф кард:

«Сталин дар ҳила аз мо ҳилагартар баромад ва ин муҳорибаро бурд…».

 «Амир»

Амалиёти фашистон ба шарофати кори муваффақи разведкаи советӣ ва англисҳо ва ҳамчунин, гурӯҳи Амир – Геворк Вартанян мувоҷеҳи шикаст шуд.

Амир – Геворк Вартанян кӣ буд? Нависанда Л. Костромин ва журналист И. Дамаскин оварданд, ки падари Амир шаҳрванди Эрон буду ҳангоми дар Ростов зистан ба разведкаи советӣ ҳамкорӣ дошт. Вақте ки Амир ба синни 6 расид, бо супориши разведкаи советӣ онҳо ба Теҳрон кӯчиданд. Падараш дӯстдори СССР буд ва ба он содиқ монд. Фарзандонро низ дар ҳамин руҳия ба воя расонд. Амир соли 1940, аз 16 - солагӣ ба разведка пайваст ва устоди нахустинаш резиденти советӣ И. Агаянс буд.

 «Саворагони сабукбор»

Амир нахустин супоришро иҷро кард. Вай аз ҳисоби ҷавонони ҳамақидаи ғаюру нотарс, ки далерона сӯи хатар мерафтанд, гурӯҳе созмон дод. Дар қароргоҳ онҳоро шӯхиомез «саворагони сабукбор» меномиданд, шояд барои он ки дар кӯчаҳои шаҳр дучархасавор мегаштанд. Онҳо ҳамаро ба зери мушоҳида мегирифтанд ва дар зарфи 2 сол зиёда аз 400 ашхоси бо ҷосусони фашистӣ ҳамкорӣ доштаро ошкор намуданд.

Маҳз гурӯҳи Амир ҷосус Майерро фош кард. Аммо ӯро англисҳо асир гирифтанд ва ӯ аз «бозӣ» баромад. Бо ёрии Амир ёвари Майер Отто Энгелк низ ба даст афтод. Ҳамчунин, ҷосус «Фармасевт» ва хаткашони ҷосусони немис бо номи Валтер фош гаштанд ва баъд Валтерро ба тарафи худ кашиданду аз вай нақшаи суиқасд ба «Сегонаи бузург» - ро шуниданд. Аз омадани гурӯҳи суиқасдчиён низ дастаи Амир аввалин шуда, огоҳӣ ёфт ва дар дастгир шудани онҳо ёрӣ расонд.

 Амир – узви радиоклуби англисӣ

Англисҳо ҳарчанд иттифоқчии СССР буданд, аммо бар зидди русҳо низ кор мебурданд. Онҳо радиоклубе доштанд, ки вазифаи мактаби ҷосусиро иҷро мекард. Амир бо супориши разкедкаи советӣ узви ҳамин клуб шуд ва дар ин ҷо тайёрии хуб гирифт. Вай дар бораи мактаб ва курсантҳои он маълумоти дақиқ дарёфт намуд.

Курсантҳо 6 моҳи дигар дар Ҳиндустон такмили ихтисос намуда, сипас, барои корҳои ҷосусӣ ба СССР – Осиёи Миёна ва Қафқоз интиқол дода шуданд ва ҳамаи онҳо ба шарофати Амир ба даст афтоданд ва як қисмашон ба тарафи советиҳо гузашта, амалиёт мебурданд. Дар натиҷа, ин клуб – мактаби ҷосусӣ баста шуд.

Гурӯҳи Амир то охири солҳои 40 – уми асри ХХ фаъол буд. Амир – Геворк Вартанян бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мукофотонда шудааст…

 

Умар АЛӢ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter