ХАБАРИ ДОҒ

Ягона сухане чанд аз боби қаҳрамон Набӣ Акрамов

  • Чоршанбе, Авг 03 2022

      

Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ унвони олии фахрӣ дар давлати шурави барои ххизматҳои барҷаста ва корнамоӣ ба нафъи ҷамъият ва  давлат дода мешуд.Ин унвон ба қарори КИМ  СССР аз 16 апрели соли 1934 таъсис ёфта қаҳрамон бо ордени Ленин медали “Ситодаи тилло” ва Грамотаи Призидиуми Совети Олии СССР сазовор мегашт.Ки маи соли 1973 бо дастурамали он бахзе тағирот ворид шуд.Дар давраи Чанги Бузурги ватании солҳои 1941 1945  бори якум ин унвон ба 3 нафар лётчикҳои қадркунанда М.П.Жуков С .Н Здоровсев ва П.Т  Харитонов 8 июл соли  1941 дар задухурди ҳавоӣ ба душман дар остонаи Ленинград барои ( ҳамлакуни бо самалёт) кардани сомолётҳои гитлерчиён қадр гаштанд.Ҳамаги дар давраи Ҷанги Бузурги Ватани барои нишон додани корнамоии чангӣ зиёда аз 11600 нафар диловарон бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Совети мушарраф гаштаанд.Леётинанти хурд,тоҷикписар Неъмат Қарабоев нахустин қаҳрамони иттифоқи совети аз Осиёи миёна мебошад,ки ин унвонро 21.03.1940 барои нишон додани матонат дар задухӯрди мусаллаҳона миёни Финландия ва СССР сазовор гаштааст.

 СОЛҲОИ 80-УМ

Сарфарозгардонӣ  бо ин унвон то барҳам хурдани давлати шуави то соли 1991 идома кард.Ду тан аз зодагони Тоҷиистон, солҳои 80-ум охирин намояндаҳои бо ин унвон қадр шуда Александр Мираненко ва Наби Акрамов мебошанд.

Сержанти калон Мираненко Александр Грегоревич (1959- 1980) зодаи шаҳри Душанбе барои нишон додани матонат ва қаҳрамонӣ дар иҷрои қарзи интернетсионали дар ҶДА 28.04.1980 (пас аз марг) бо ин унвон сазовор гаштааст.Бо фармони президиуми Советии Олии СССР аз 5. 07.1982 лейтинанти калон Наби Арамов бо унвони қаҳрамони Иттифоқи Совети қард шудааст.

АКТО

Алҳол аз барандагони унвони қаҳрамони Иттифоқи Совети, фарзандони номдори тоҷик Набӣ Акрамов яккау ягона аст,ки дар шаҳри москва умр ба сар мебарад.

Тӯли даҳ сол зиёд дар бораи ин шахсияти таърихӣ дар матбуоти даврӣ қариб, ки маводе интишор нагаштааст  ва насли имрӯза аз мавҷудияти чунин як диловар бехабаранд. Аз ин хотир қарор додем то дар бораи шердили тоҷик сухане чанд гуфта бошем, зеро ӯ фарзанди замони хеш буд ва бо амри ватан адои хизмати ҳарбӣ кардааст. 

Акрамов Набӣ Маҳмудҷонович 17.07.1975 дар  шаҳри Ӯротеппа (ҳозира Истаравашан) дар оилаи низомӣ ба дунё омадааст. Соли 1975 пас аз хатми мактабӣ ошёнаи №57 и шаҳри Душанбе чанде ҳамчун ронанда кор мекунад.

Соли 1976 Набӣ Акрамов ба Омӯзишгоҳи олии командирии умумиҳарбии Аламато ба номи маршал И.С.Конев дохил шуд.

Баъд аз ин дар ҳайати қушунҳои маҳдуди Армияи Советӣ дар Ҷумҳурттт Демократии Афғонистон адои хизмат намуд.(1980- 1982).

Тасвири корнамоӣ

16 марти соли 1982 командири ротаи 6 уми матотирандозӣ лейтенанти калон Набӣ Акрамов фармон гирифт то баромади муҷоҳидонро аз деҳаи Шаихаёли музофоти  (вилояти) Бағлон, ки дар он ҷо сарфармондеҳи ҷабҳаи исломӣ А.Хондор буд, муҳосира намояд.

Набӣ Акрамов юо қисмаш дар мавҷи қулай (хуб), наздикии рӯз ҷо гирифт. Дар рафти задухӯрд муҷоҳидон дар ҳайати 42 нафар бо роҳбарии хондор (хандар) муҳосираро рахна зада, аз деҳа берун шуданд.

Набӣ қарор дод то аз мавқеъ бо як БМП ва як отделенияги мототирандозӣ бо роҳи миёнабур ҳаракат кунад. Онҳо ноаён ба роҳи  баромади душман аз деҳа ба самти кӯҳ дар мавқеи хуб камин гирифтаанд. То наздик ба 50 метр мондан Акрамов фармон дод оташ кушоянд. Дастаи аз ҷиҳати кушода бартаридоштаи душман хост гуруӯҳи  Акрамов дар муҳосира гиранд. Аскарони советӣ бо норинҷакҳои дастӣ душманро истиқбол карданд, Акрамов аз бесарусомонии душман истифода бурда  сарбозонашро ба ҳуҷум хезонд. Дар ҷанги тан ба  тан  Акрамов бо ҳамсафанош 36 муҷоҳид, аз ҷумлаи сарфармондеҳи ҷабҳаи исломӣ Хондор ва муҳофизи шахсиашро маҳв намуданд.

 Дар натиҷаи задухӯрд 36 душман нобуд карда шуда, 6 нафари онҳоро асир гирифтанд, ҳамчунини Акрамов ҳуҷҷатҳои муқим, теъдоди зиёди силоҳ  ва лавозимоти  ҷангӣ ғанимат гирифтанд.Ба туфайли ташкили моҳиронаи ҷанг матонати ҳахсии командир Набӣ Акрамов гурӯҳи ӯ дар ин набурд талаф надид.

             ҚАДР

Бо фармони Президиуми Совети Олии СССР аз 5 июли соли 1982 барои нишон додани матонат ва қаҳрамонӣ, ҳангоми иҷрои қарзи интернатсионалӣ дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон лейтенанти калон Акрамов Набӣ Маҳмудҷонович бо унвони Қаҳрамони  Иттифоқи Советии сазовор гардид.

 Бо сабаби он, ки роҳбарияти СССР воқеаҳои Афғонистонва иштироки ҷанговар аскарони советиро аз мардум паноҳ медоштанд. Тантанаи мукофотсупорӣ на дар Кремл, балки дар вазъияти тантанавӣ, дар назди сафи ҳайати низомӣ моҳи ноябри соли 1982, дар округи ҳарбии Киев ба Набӣ Акрамов унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, ордени Ленин ва медали “Ситораи Тилло” ро супурданд. 

  ИДОМАИ ХИЗМАТ

Пас аз бозгашт Набӣ Акрамов хизматро дар сафи ҚМ СССР идома бахшид.Соли 1983 да округи ҳарбии Киев ҳамчун командири ротаи мототирандози  ва сардори штаби баталён ифои вазифа дошт.

Соли 1986 Академияти ҳарбии бо номи М.В.Фрузнеро хатм кард.Ва уро ба гурӯҳи қушнҳои совети ва Германия (ҶДГ) фиристоданд.Набӣ Акрамов соли 1991ба симати сардори штати полки мототирандозии дивизяи танкии Контемиров дар округи ҳарбии Москав хизмат мекард.

Соли 1992 уро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба сифати афсари калон оператор дар Штаб оидба мусобиқадорони(координатсия) и ҳамкории ҳарбии давлатҳои ИДМ фиристоданд.Соли 1933 номбурда дар шаҳри Душанбе дар ҳайати Неруҳои сулҳовар (колективно миратворческие сила) хизмат мекард.

Мавсуф аз соли 1934 шунавандаи Академияи ҳарбии штаби генералии Қуҷҷаҳои Мусалаҳи Федератсияи Росия  буд.Соли 1996 Набӣ Акрамовро пас аз хатми академия барои идомаи хизмат ба Штаби ҳамкории ҳарбии давлатҳои ИДМ роҳнамун сохтанд.Аҳ соли 2000 ум у хизматро дар ДОСАФ и Росия идома бахшид.Соли 2001 полковник Набӣ Акрамов ба эхтиёт рухсат шуд.

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter