- Эҳтиёт кунед, дар ноҳия гурӯҳҳои норози яроқдор ҳастанд. Мабодо ягон беодобӣ накунанд, аз ҳамин хотир, эҳтиёт бошед…
Саҳни майдончаи варзишии мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ моломоли мардум буд. Дар он замони нобасомон аз саросемагхабар кардани мулло Абдуллоро ба ҷамъомад фаромӯш карда буданд. Вақт дер, мардум ҷамъ ва маърака оғоз шуда буд. Чорае дигар намонд…
Аз беаҳмиятӣ ва бехабар монондани мулло Абдулло мутасаддии чорабиниҳо дар таҳлука мононд. Ба дил бурд, ҳарчи бодо бод. Мавсуф ироа дошт, шояд имрӯз нафаре ёфт шаваду гӯяд, хайр чӣ, боке нест…
Қ. Саидхоҷа меҳмононро ба мардум шиносонд. Нахуст роҳбари гурӯҳ Султон Мирзошоев пеш баромада, бар боби сулҳу ваҳдат, дӯстию бародарӣ ва мавзуҳои муҳим рӯз сухан ронд. Нафарони дигар низ аз сулҳу оромӣ сухан карданд. Навбати сухан дар устод Ҳақназар Ғоиб буд, ки баногоҳ садои башаст расидани мошини сабукрави «Тайота» гарду чанги роҳро ба само бардошта, назди ҷамъомадагон қарор гирифт. Дар мошин ду муҷоҳиди мусаллаҳ ва қумондон – мулло Абдулло бо пулемёти (?) сепоядор сари шона поин шуданд…
Чуноне мусоҳибам иқрор омад, на аз тарси ҷони худ, балки аз саломатии меҳмонон дар ташвиш шудам. Вазъият хеле ҳассос ва нозук буд. Нашавад, ки он (ноаҳлон) даст ба ягон нохушӣ зананд.
Умед ба устод Нодир Одилов, шахси донишманд, файласуфи шинохта, қуръондону муфассири «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ монда буд. Чангу хоки мошини саркарда дар замин нанишаста, Қиёмиддин ба тарзи худ ба устод ишора намуд. Яъне, устод ин тарафаш умеди мо бар шумост…
Бо наздик омадани саркарда Қиёмиддин меҳмонро ба нишастан болои харак муроот кард, аммо қумондон бо қахр дастак зад, рост истод, ҳанӯз бу хулосае наомада пешкор риштаи суханро ба устод Нодир Одил супурд.
Донишманд, ки бо мутасаддии чорабинӣ ошноии дерин дошт, рамуз гирифт ва ба сухан оғоз кард: « Бисмиллоҳир-Раҳмонир-раҳим, Аузубиллоҳи миннашшайтони раҷим», - гуфта ояе аз Қуръони маҷид, ки дар он Худои мутаол бандагонашро ба сулҳу ваҳдату бахшишҳо ва дӯстию рафоқат даъват мекард, қироат намуда, маънии сураро бо забони оммафаҳми тоҷикӣ тафсир намуд…
Дар ин лаҳза мулло Абдулло дастонашро дар миён такя партофта, бо диққат ба суханони ровӣ гӯш медод. Аён буд, ки оташи қаҳру ғазаби саркарда ба оҳистагӣ хомӯш мешуд. Аз ин фурсати муносиб Қиёмиддин Саидхоҷа истифода бурда, бори дигар ӯро ба нишастан муроот кард. Қумондон ин дафъа ба гапи мизбон гӯш дод. Нишаст пас ҳамоно гӯшу ҳуш ба суханронии донишманд Нодир Одил буд. Устод бо тамкин ва далелҳои муътамад суҳбатро охир бурд.
Барандаи чорабинӣ рӯ ба қумондон гуфт: «Агар шумо ягон панду насиҳат ва ё сухане гуфтанӣ бошед, марҳамат!».
Мулло Абдулло боло шуда дастҳо пеши бар изҳори сипос намуд ва афзуд:
- Ба ростӣ, пас аз суханони устоди гиромӣ, муҳтарам Нодири Одилшоҳ мо ҳаққи сухан гуфтан надорем… Хуб, ман омадам, ки аз номи худ меҳмононро ба як пиёла чой даъват намоям…
Ҳамагон нафаси озод кашиданд. Чорабинӣ идома кард. Нотиқон аз сулҳу ваҳдати сартосарӣ, созандагию бунёдкориҳо гуфтанд…
Ҳамин тавр, он вохӯрӣ, тантанаи яксолагии ваҳдати миллӣ дар як гӯшаи Тоҷикистони азиз ба некӣ анҷом пазируфт.
Дар интиҳои суҳбат акаи Қиёмиддини Саидхоҷа гуфт, ман ҳамон лаҳза ба устод Нодир Одил ва қудрати сухан тан додам, вагарна, кӣ медонад, ки он чорабинӣ ба чӣ ҳол меанҷомид. Ва гуфтаи Салими Кошониро пеши рӯ овардам:
Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастии инсон суха наст,
Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст.
Умар АЛӢ