ХАБАРИ ДОҒ

ҲАБИБУЛЛО НАЗАРОВ ХОДИМИ ДАВЛАТӢ – НАВИСАНДАИ СОВЕТИИ ТОҶИК

  • Чоршанбе, Авг 17 2022

 

 Андар шинохт

Ин ном дар мақоми ҳуқуқшиносии кишвар аз миёнаи солҳои 30, раҳбарии мамлакат аз солҳои 40 – ум, аҳли адаби кишвар аз солҳои 50-уми асри ХХ маълум ва аз он пас миёни мардум маъруф гардидааст.

Бо ба дасти чоп расидани повести Ҳабибулло Назаров бо унвони «Дар ҷустуҷӯи Карим – девона» (1958; тарҷумаи русӣ 1959) муаллиф байни адибони тоҷик ва СССР мақоми хешро устувор кард.

Ман, ходими намоёни давлатӣ, нависандаи маъруфи тоҷик Ҳабибулло Назаровро пас аз мутолиаи повести «Мирзо Ризо» (1970) ва романи ҳаҷвии «Саргузашти Сафармахсум» (бо ҳамқаламии Ҷ. Икромӣ, 1971) шинохтам. Ин ду асар барои мани ҳаводори асарҳои бадеӣ китобҳои дӯстдоштанӣ маҳсуб меёфт.

 

 Рӯ ба қомусҳо

15 августи соли 2022 ба зодрӯзи Ҳабибулло Назаров 115 сол пур шуд. Аз ин хотир, нахуст, ба қомуси даврони шуравӣ – «Энсиклопедияи советии тоҷик», ҷилди 5, Душанбе, 1984 назар дӯхтам. Дар саҳифаи 66-уми қомус дар бораи ин марди даврон маълумоти мухтасаре омада.

Диққати бандаро навиштаи хушоянди «нависандаи советии тоҷик» ҷалб кард. Хайр чи, ӯ ку воқеан, нависанда буд, шояд пурсад азизе. Мегӯем, бе ташвиш, ҳамааш хуб аст. Сухан аз боби дигар масъала меравад.

То чопи повести «Дар ҷустуҷӯи Карим – девона», дар соли 1958, то маҳбубият касб кардани ин қисса (1 – 2 соли дигар), дар ҳудуди кишвар ва ҳатто Иттиҳоди Шуравӣ мавсуф ҳамчун ходими намоёни давлатӣ эътироф гашта буд…

Дар қомуси охирини нависандагони ҷумҳурӣ «Адибони тоҷик» («Адиб», 2014), саҳифаи 151 низ чунин омада. Шояд нафари масъул Ҳабибулло Назаровро танҳо ҳамчун нависанда (эътироф) шинохта бошад, бигзор чунон бошад.

Инак, порае аз рӯзгори ин шахсияти маъруфи таърихӣ. 

 

 Ходими давлатӣ – Ҳабибулло Назаров

Соли 1907 дар деҳаи номварон – Тӯдаи ноҳияи Ҳисор, дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст. Аъзои КПСС аз соли 1939. Дар курси маҳви бесаводӣ ва мактаби шабона хондааст.

 

Аз соли 1927 ба заҳмат пардохта, нахуст чӯпонӣ кардааст. Солҳои 1927 – 1929 раиси Иттиҳодияи камбағалон, котиб ва муовини раиси ҷамоат, котиби Комитети комсомолӣ ва раиси ҷамъияти кишоварзон буд.

Курси дусолаи ҳуқуқшиносии Сталинобод (1931 – 1932), Академияи умумииттифоқии ҳуқуқ (Москва, 1938 – 1941) ва Институти ҳуқуқшиносии Москваро хатм кардааст (1950).

Дар вазифаҳои судяи халқӣ (1933 – 1938), аъзои Суди Олии РСС Тоҷикистон (1941 – 1945), муовини вазири адлия (1945 – 1952), вазири адлияи РСС Тоҷикистон (1952 – 1959), Раиси Суди Олии РСС Тоҷикистон (1959 – 1962) адои вазифа намудааст.

 Аз ин нуқтаи назар, бо боварии том метавон хулоса кард, ки Ҳабибулло Назаров ходими намоёни давлатӣ дар Ҳукумати РСС Тоҷикистон буд (аст). Нуқта.

 

Ҳабибулло Назаров - нависандаи советии тоҷик  

Дар арсаи адабиёт номбурда гомҳои нахустини хешро ҳамчун шоир ниҳодааст. Шеърҳои ҳаҷвиаш ибтидои солҳои 50 – уми асри ХХ дар матбуот ба чоп расидаанд. Муаллифи маҷмуаҳои шеърии «Барои сулҳ» (1956), «Қалами озод» (1960, ба забони русӣ), «Саодати абадӣ» (1962) мебошад.

Дар повести «Дар ҷустуҷӯи Карим – девона» (1958, тарҷумаи русӣ 1959) аз ҳаёти шоири халқӣ Карим – девона ҳикоят кардааст. Ин асар то солҳои 80 – ум ба 28 забони халқҳои СССР ва хориҷӣ тарҷума шудааст.

Солҳои баъдӣ Ҳабибулло Назаров повестҳои «Юлдош Командир» (1964), «Ало ва Тарғел» (1965), романҳои «Мирзо Ризо» (1970), «Саргузашти Сафармахсум» (бо ҳаммуаллифии Ҷ. Икромӣ, 1971), «Баландии 114» (1977) эҷод ва чоп кардааст.

Муаллифи сенарияи филмҳои «Ҳабиб – ромкунандаи морҳо» (1973, бо Г. Максименков), «Муҳосираи Душанбе» (1975, бо Р. Булгаков), пйесаи «Мирзо Ризо» (1973) мебошад, ки онҳо дар «Тоҷикфилм» ба навор гирифта шудаанд. Баъдан асарҳои беҳтарини ӯ дар дуҷилдаи «Осори мунтахаб» (1978 – 1980) ҷамъоварӣ ва чоп шудаанд.

Аз соли 1958 узви Иттифоқи нависандагони СССР, депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъвати 4) буд.

Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 2 ордени «Нишони фахрӣ», ордени Дӯстии халқҳо, медалҳо ва грамотаҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Ходими намоёни давлатӣ, нависандаи советӣ, фарзанди барӯманди халқи тоҷик Ҳабибулло Назаров 25 январи соли 1978, дар 71 – солагӣ аз олам даргузашта, дар зодбум мадфун гашт.

 

PS. Баъди соҳибистиқлолӣ дар кишвар чопи «Энсиклопедияи миллии тоҷик» ба роҳ монда шудаву 10 ҷилди он, аллакай, ба дасти ҳаводорон расид. Месазад, ки дар навбати чопи ҳарфи «Н», дар шарҳи ҳоли устод Ҳабибулло Назаров навиштаи «Ходими намоёни давлатӣ» - ро биафзоем. Аҷаб кори хубе мешавад.

 

Умар АЛӢ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter