Бо супориши Ҳукумати Советӣ акти таслимшавии бечунучарои Германияи фашистиро аз тарафи СССР Георгий Константинович Жуков ҳамроҳи намояндагони ШМА, Британияи Кабир ва Фаронса қабул кард…
Давраи 5 – уми ҶДҶ (9 май – 2 сентябри 1945) давраи баитмомрасии ҷанг дар Шарқи Дур ва ҳавзаи уқёнуси Ором буда, ба хотимаёбии ин ҷанг оварда расонд.
Дар Конференсияи Потсдам (1945) дар бораи демилитаризатсия, денатсификатсия ва азнавсозии демократии Германия, барҳамдиҳии иттиҳодияҳои монополистии он қарор қабул карданд. Онҳо инчунин қарор доданд, ки Германия пурра беяроқ карда, ҳамаи саноати маҳсулоти ҳарбӣ мебаровардааш барҳам дода шавад.
26 июли соли 1945 аз номи сардорони ҳукуматҳои Британияи Кабир ШМА ва Хитой декларатсияи Потсдам нашр гардид, ки он капитулятсия – таслимшавии бечунучарои Японияро талаб менамуд, вале Япония ин талабро рад кард.
6 ва 9 августи соли 1945 ШМА ба Хиросима ва Нагасаки (шаҳрҳои Япония) бомбаи атомӣ партофта, тақрибан 1/4 млн аҳолиро кушт ва маъюбу маслуқ гардонд. Ин ҷинояти худсаронае буд, ки вай аз рӯи зарурати ҷанг набуда, балки мақсади тарсондани дигар халқҳо ва давлатҳоро дошт. Қувваҳои мусаллаҳи Япония ҳанӯз муқобилат нишон медоданд.
9 августи соли 1945 ба ҷанги зидди Япония дохил шудани СССР тақдири ҷангро ба манфиати иттифоқчиён ҳал намуд. Армияи Квантуни Японияро бо зудӣ Армияи Советӣ торумор намуда, қисми шимолу шарқии Хитой, Кореяи Шимолӣ, Сахалин, ҷазираҳои Курилро озод кард. 2 сентябри соли 1945 Япония ба акти таслимшавии бечунучаро имзо гузошт.
Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 72 давлат иштирок кард. Дар ҳудуди 40 давлат амалиёти ҷангӣ бурда шуд. Ба сафи қувваҳои мусаллаҳ 110 млн кас сафарбар гардид. Талафоти умумии инсоният ба 50 – 55 млн кас расида (танҳо СССР зиёда аз 20 млн одами худро талаф дод), аз ҷумла дар фронтҳо 27 млн кас ҳалок гардид. Хароҷоти ҳарбӣ ва зарари ҷанг ба 4 триллион доллар расид. Хароҷоти моддии давлатҳои иштирокчии ҷанг ба 60-70 фоизи даромади миллии онҳо расид.
Танҳо саноати СССР, ШМА, Британияи Кабир ва Германия 652,7 ҳазор самолёт (ҷангӣ ва боркаш), 286,7 ҳазор танк, тӯпҳои худгард ва мошинҳои зиреҳпӯш, зиёда аз 1 млн тӯп, зиёда аз 4,8 млн пулемёт (ба ғайр аз Германия), 53 млн милтиқ, карабин, автомат ва бисёр дигар аслиҳаи ҷангӣ истеҳсол намуд. Дар ин ҷанг даҳҳо ҳазор шаҳру деҳот нест шуда, ба сари даҳҳо миллион одамон бадбахтии бемисл омад…
Умар АЛӢ