Аз барқарор гардидани алоқаи доимии ҳавоии Сталинобод – Хоруғ 100 сол сипарӣ шуд
Дар лавҳаи таърих ин рухдод дар моҳи августи соли 1932 сабт ёфтааст. Аммо корҳои омодагӣ, сохту сози майдони ҳавоӣ дар Хоруғ, дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр барои фуруди самолёт се сол қабл – моҳи марти соли 1929 ба итмом расида буд.
21 октябри соли 1929 лётчики ҳарбӣ К.Баранов бо ҳамроҳии бортмеханик А. Велмер ва лётчик Прохоров бо самолёти «ЮНКЕРС» ин роҳи душворгузари ҳавоиро бе алоқа фатҳ намуда, дар майдони ҳавоии Хоруғ нек фуруд омаданд. Садҳо нафар сокинони Шуғнон, аз хурд то бузург ба пешвози аэроплан баромаданд. Ин падида ба тантанаи калон табдил ёфт. Кунун Бадахшони Советӣ ҳам ба воситаи роҳи ҳавоӣ ва ҳам нақлиётӣ (мошингард) бо дигар гӯшаҳои Иттиҳоди Шуравӣ пайваст гардид.
Роҳи заминӣ
Аммо аввалтар аз ҳама роҳи заминӣ – нақлиётӣ ҳатмӣ буд. Барои тараққиёт ва пешрафти Бадахшони Советӣ, дар шароити кӯҳистон сохтмони роҳи нақлиётӣ омили муҳими оғози бунёдкориву созандагӣ маҳсуб меёфт. Баровардани кӯҳистон аз доираи маҳдудияти ҷуғрофӣ яке аз вазифаҳои асосии Ҳукумати вақт дар саргаҳи сохтмонҳои азими сотсиалистӣ дар нимаи аввали асри XX буд.
Нусратулло Махсум дар Бадахшон
Ҳанӯз соли 1928 бо мақсади омӯзиши роҳҳои инкишофи ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва мадании Бадахшони Советӣ Ҳукумати РСС Тоҷикистон Комиссияи махсуси Комитети Иҷроияи Марказии РСС Тоҷикистонро таҳти роҳбарии Нусратулло Махсум ташкил дода, ҳайатро ба вилоят раҳнамун сохт.
Комиссияи мазкур ҳамаи сабабҳои қафомонии иқтисодии вилоятро омӯхта, дар пешниҳод мавҷуд набудани роҳи нақлиётро сабаби асосии қафомонӣ арзёбӣ намуд.
Ӯш – Хоруғ
Моҳи феврали соли 1931 Ҳукумати РСС Тоҷикистон аз Ҳукумати СССР барои сохтмони роҳи нақлиётии Ӯш – Мурғоб - Хоруғ маблағ дархост намуд. Ҳукумати марказӣ – дар шаҳри Москва мохи июни соли 1931 «Дар бораи сохтмони роҳи Ӯш - Хоруғ» қарор қабул намуда, сохтмони он дар масоҳати 732 километр ҳамон сол ифтитоҳ ёфт. Сохтмони ин роҳи ҳаётан муҳим 7 ноябри соли 1933, пеш аз муҳлат ба итмом расид.
Барои ин сохтмон дар шаҳри Ӯш идораи «Помирсохтмон» таъсис дода шуд, ки онро мутахассис, шахси кордон ва масъулиятшинос Наум Яковлевич Федермессер роҳбарӣ мекард. Аз вилоят ба сохтмони роҳ 1000 нафар, аз ҷумла, 200 нафар ҷавонон – комсомолон ва аз Шуғнон 240 нафар ихтиёриён сафарбар гардиданд.
Нахустин маротиба корвон дар ҳудуди 30 адад воситаи нақлиёт таҳти роҳбарии Сурен Андреевич Алахвердов 732 километр роҳи 35 шабонарӯзиро дар 36 соат тай карда, ин роҳи душворгузарро фатҳ намуд.
Барои сохтмони роҳи нақлиётии Ӯш - Хоруғ 24 млн сӯм (рубль) масраф гардида, танҳо дар соли 1936 тавассути ин роҳ ба вилоят 716 тонна молҳои саноатӣ (ба маблағи 9,922 рубль) ворид гардиданд. Роҳ дар масоҳати 334 километр аксарияти деҳаҳои ноҳияи Шуғнонро бо ҳам пайваст намуд. Баъди панҷ сол (1938) роҳи Хоруғ – Рӯшон (65 км масофа) сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифт.
Сталинобод – Хоруғ
Барои ҳалли пурраи иҷрои нақшаҳои давлатӣ ва қонеъ гардондани зиндагии осоиштаи мардуми вилоят роҳи мошингарди Ӯш - Хоруғ (аз ҳудуди РСС Қирғизистон) кифоят намекард. Бинобар ин, дар асоси қарори Совети Комиссарони халқи СССР аз 25 феврали соли 1940 «Дар бораи сохтмони роҳ дар Тоҷикистон» сохтмони роҳи мошингарди Сталинобод (ҳоло Душанбе) - Хоруғ ба нақша дароварда шуд. Барои сохтмони роҳи мазкур вилоят 4400 кас, аз ҷумла, аз Шуғнон 1600 нафар дар якҷоягӣ бо ноҳияи Роштқалъа сафарбар гардид.
Роҳи Душанбе - Хоруғ дар масофаи 567 километр дар зарфи 105 рӯз бо меҳнати фидокоронаи сохтмончиён ба сомон расида, мавриди истифода қарор гирифт. Рӯзи 7 сентябри соли 1940 аз шаҳри Сталинобод ба самти Хоруғ 8 мошини сабукрав ва 40 мошини боркаш ҳаракат карданд.
Умар АЛӢ