62 сол муқаддам – 19 августи соли 1960 ду саг – кайҳоннавард Белка ва Стрелка дар киштии кайҳонии советӣ «Спутник -5» ба кайҳон парвоз карданд.
Бо мурури замон мардумон аз парвози нахустин одам - кайҳоннаварди № 1 Юрий Гагарин ба кайҳон соз ёд намеоранд. Асосан ӯро дар як сол як раҳ – 12 апрел меситоянду бас. Ин бесабаб ҳам нест, зеро имрӯз парвози одам ба кайҳон як рухдоди муқаррарӣ беш нест.
Аммо 60 сол пеш ин мавзӯи актуалӣ маҳсуб меёфт. Кайҳоннаварди якуми ҷаҳон Юрий Алексеевич Гагарин дар ақсои олам муътабартарин меҳмон ҳисоб мешуд. Акси Гагарини хушандому чеҳрахандонро дар гӯшаву канори дунё мешинохтанд.
Вале қабл аз парвози одам ба кайҳон 19 августи соли 1960 дар Иттиҳоди Шуравӣ (СССР) 2 саг – Белка ва Стрелкаро ба кайҳон бароварда буданд. Мақсад аз ин парвоз таҳқиқи таъсири парвоз ба кайҳон ба ҷисми ҳайвонот ва мақсадҳои дигари биологӣ: таъсири аз ҳад зиёд, бевазнии дуру дароз, гузариш аз таъсири аз ҳад зиёд ба бевазнӣ ва баръакс ва ҳоказоро дар бар мегирифт.
Ин парвоз беш аз 25 соат идома кард. Дар ин муддат киштии кайҳонӣ гирди Замин 17 бор чарх зад. Белка ва Стрелка нахустин ҷонзот – ҳайвонҳое буданд, ки баъди парвоз ба кайҳон сиҳату саломат муваффақона ба Замин баргаштанд.
Омодагӣ
Соли 1957 Конструктори асосии СССР Сергей Павлович Королёв вазифа гузошт, ки сагҳоро барои парвози шабонарӯзӣ ба кайҳон ва бозгашти онҳоро бо аппарати катапултӣ омода созанд. Барои иҷрои ин вазифа 12 сагро интихоб карданд. Интихоби асосӣ аз рӯи методикаи махсус иҷро шуд: вазни саг аз 6 кг зиёд набошад, қади онҳо то 35 см муайян гардид, синну солашон аз 2 то 6 бошад. Сагҳо танҳо мода ва сафедранг интихоб шуданд. Дар сурати нишон додан онҳо дар ВАО бояд ҷолиб (хушрӯ) бошанд. Қисми асосии ин тайёриҳо ба парвоз дар базаи истеҳсолии Институти масоили тиббӣ – биологии Москва гузашт. Омӯхташавӣ, ғизо, об, машқҳо, санҷишҳо ва ҳоказо...
Интихоб ба сагҳои нисбатан мувофиқ, омӯхташуда – Белка ва Стрелка рост омад. Белка – саги модаи безоти сафедранг аз дигар сагҳо пешсаф, фаъол ва феъли хуш дошт. Дар машқҳо нишондодҳояш низ хуб буданд. Стрелка низ саги модаи безоти рангсафед бо доғҳои қаҳваранг каме беҷуръат, канораҷӯй, аммо меҳрубон буд. Ҳар ду ҳам қариб 2,5 сол доштанд...
Боиси зикр аст, ки қабл аз ин 28 июли соли 1960 дар натиҷаи садама, дар зинаи якуми парвоз киштии кайҳонии Спутник- 5-1 сагҳо- Лисичка ва Чайка ҳалок шуда буданд. Пас аз ин ҳодиса комиссия хулоса кард, ки дар сурати сар задани ягон хавф дар қитъаи фаъол капсулаи катапултӣ бояд насб шавад. Аз ин рӯ, киштии навбатӣ – Спутник-5 бо Белка ва Стрелка бо чунин капсула муҷаҳҳаз гардид.
Аппарати фалакпаймо
Аппарат (киштии) 5-уми фалакпаймо «Спутник-5» аз серияи «Спутник» дар ОКБ-1 таҳти роҳбарии С.П. Королёв, дар шаҳри наздимосквагӣ- Калининград сохта шуд...
Дар контейнери катапултӣ, ки дар он сагҳо ва биобъектҳои дигар мақом доштанд, яке аз вариантҳои омодагашта барои парвози ояндаи одам буд...
Ба ҷуз Белка ва Стрелка дар контейнери катапултӣ 12 муш, ҳашарот, рустаниҳо, занбурӯғҳо, тухмии ҷуворимакка, гандум, нахуд, пиёз ва ҳоказо ҷо шуданд.
Дар ҳуҷраи киштӣ 28 муши лабораторӣ ва 2 каламуши сафед низ буд.
Массаи киштӣ – спутник бе қисми охири ракетаи ҳомил 4,600 кг-ро ташкил медод.
Парвоз
19 августи соли 1960, соат ба вақти Москва 11:44 аз маҷмааи № 1 киштии кайҳонӣ – спутник дар парвоз шуд. Белка ва Стрелкаро ду соат қабл аз парвоз дар киштӣ нишонданд. Омодагии киштӣ ба парвоз таҳти роҳбарии бевоситаи С.П. Королёв ҷараён дошт.
Бори аввал дар ҷаҳон вазъ ва рафтори сагҳо тавассути системаи телевизионӣ назорат бурда мешуд. Аз рӯи мушоҳида Белка ва Стрелка ором буданд...
20 августи соли 1960, соати 13:32 дар даври 18-уми чархзанӣ фармони фурудоӣ садо дод. Баъди чанд вақт аппарати фурудоянда дар маҳалли муайяншуда (секунҷаи Орск- Қустанай-Амонгелдӣ) 10 км аз нуқтаи ҳисобӣ фуруд омад. Ҳамин хел барномаи парвоз пурра иҷро шуд. Вазъи саломатии сагҳо қаноатбахш буд. Белка ва Стрелка ҳангоми парвоз дар фазо 700 ҳазор км масофаро тай заданд.
Хулосаи парвоз
Аз ин парвоз комиссияи олимартабаи кайҳонии Иттиҳоди Шуравӣ хулосаи мушаххас баровард. Якум, дар банақшагирии парвози қарибулвуқуи одам ба кайҳон боэҳтиёт кор кард. Дувум, парвози нахустини одам бо тарзи маҳдуд – бо даврзании камтар роҳандозӣ гардад...
Ба шарофати ин парвоз дар СССР хадамоти махсуси ҷустуҷуӣ – наҷотдиҳии кайҳоннавардон (пас аз фурудоӣ) таъсис дода шуд...
Рӯзи дигар баъди бозгашти сагҳо аз кайҳон бароидоираи васеи журналистон ва ҳаводорон дар ТАСС пресс- конференсия баргузор гардид...
Оянда
Бо гузашти чанд моҳи парвоз Стрелка 6 кучукчаи бардам ба дунё овард. Боқии умр Белка ва Стрелка дар назди Институти илмӣ – тадқиқотии санҷишии авиатсионӣ ва тиббӣ – кайҳонӣ зиста, дар куҳансолӣ фавтиданд.
Алъон хӯсаи Белка ва Стрелка дар осорхонаи ёдгории кайҳоннавардии Москва маҳфузанд.
Умар АЛӢ