Баъдтар вориси Кулаков коммунисти собиқадор Леонид Ефремов гуфт, ки Михаил Горбачёвро (минбаъд МГ) ба Москва пешбарӣ мекунад. Худи МГ замоне иддао дошта буд, ки вай барои расидан ба қуллаҳои мансаб махсус кӯшиш намекард, баръакс дар фикри ба роҳи илм рафтанро хоҳон буд. Ӯро сарпарастон ба ин раҳ рост карданд. МГ ба таври ҳайратангез ба зинаҳо боло рафт. Дар 35-солагӣ (1966) котиби горкоми Ставропол, пас аз 2 сол котиби 2-юм ва баъди 2 соли дигар котиби 1-уми обкоми Ставропол интихоб гардид.
ОЛИМП
Михаил Горбачёв бо раиси КГБ-и СССР қаробат дошт. Юрий Андропов гӯё ба ӯ вазифаи муовинии худро пешниҳод карда бошад, зеро Суслов ва Громико ӯро дастгирӣ мекарданд. Бо чунин пуштибонӣ Михаил Горбачёв соли 1971 ба аъзогии КМ ва соли 1973 номзад ба аъзогии Бюрои сиёсӣ – мақоми олии роҳбарии ҲК СССР пазируфта шуд.
Ба иқрори худи Михаил Горбачёв борҳо ба вазифаҳои баланд дар марказ даъват шуда буд, аммо вай аз Ставропол дил канда наметавонист. Ӯ ҳокими мутлақи ин кишвар маҳсуб меёфт. Юрий Андропов мунтазам, ки ба истироҳат меомад, Михаил Горбачёв бисёр шоиста қабулаш мекард.
Пас аз он ки Михаил Горбачёвро 27.11.1978 дар пленуми ҳизб котиби КМ КПСС интихоб карданд, ӯ ба сӯи аркони ҳукумат (ба олимп), ба Москва раҳ гирифт. Ӯро аз рӯи ихтисоси асосиаш – раиси комиссияи қонунгузории Совети Олии СССР таъин карданд.
Соли 1980 Михаил Горбачёв ҷавонтарин узви Бюрои Сиёсии КМ КПСС (дар 50-солагӣ шуд). Ҳанӯз ҳам аз меҳрубонии бародарони ошно – КМ баҳраманд буд. Аммо ба қавли коршиносон, сиёсатмадорони Кремл, рафиқони калонсоли ҳизб ба зодаи Ставропол то андозае бо таҳқир муносибат мекарданд. Ба гуфтаи халқ ба ӯ назари нек надоштанд.
КОМАНДАИ АНДРОПОВ
Соли 1982 Котиби генералии КМ КПСС Леонид Илич Брежнев вафот кард. МГ ба командаи Юрий Андропов шомил гашт. Нахустин кори ӯ дар ин давра – дар амалӣ шудани аввалин маъракаи зидди майзадагӣ фаъолона ширкат варзид. Аммо баъдҳо Михаил Горбачёв нақшаи роҳбариашро дар ин ташаббуси сиёсӣ рад кард. Аслан ин маърака идеяи Юрий Андропов буд. Михаил Горбачёв, ки амалан май наменӯшид, ҷонибдори фаъоли ин ҷамоат (компания) гардид.
Андропов ҳам гузашт. Бисёриҳо мунтазири баланд рафтани Михаил Горбачёв буданд, аммо тарғибгарони консервативии КМ ғолиб омаданд ва Константин Черненкои 73-сола Котиби генералии КМ КПСС интихоб шуд. Аммо ӯ 1 сол зиёд напоид. Марти соли 1985 Черненко вафот кард. Михаил Горбачёв сардори комиссияи дафни Котиби генералӣ буд…
КОТИБИ ГЕНЕРАЛӢ
11.03.1985 Михаил Сергеевич Горбачёв Котиби генералии КМ КПСС интихоб гардид. Ва 23.04.1985 ислоҳоти нисбатан эҳтиёткоронаи иқтисодиро эълон намуд. Моҳи майи ҳамон сол маъракаи зидди майзадагӣ, ки дар давраи Черненко заиф шуда буд, бо ибтикори Михаил Горбачёв, бо неруи тоза ҷараён гирифт. Нақшаҳои ислоҳоти иқтисодӣ дар давраи Андропов таҳия шуда, дар саромади он Александр Яковлев, Евгений Примаков, Станислав Шаталин, Татяна Заславская меистоданд.
ИСЛОҲОТИ ГОРБАЧЁВӢ
Намоёнтарин ислоҳоти Михаил Горбачёв маъракаи зидди майзадагӣ буд. Он давра арақ ба сӯм (рубли)-и гумшуда табдил ёфт. Ба ҷои он дар деҳот самогон (арақи дасткаши спиртӣ) - пазӣ (ҷӯшонӣ) ба авҷи аъло расид. Ҳиссае аз хазинаи давлат (даромад) нест шуд. Дар ноҳияҳо – ҷумҳуриҳои токпарварии СССР ҳазорҳо гектар токзорҳо маҳв шуданд. Саноати истеҳсоли вино даҳсолаҳо ба ақиб партофта шуд…
Соли 2015 Михаил Горбачёв зимни яке аз мусоҳибаҳояш хатоҳои худро дар ин самт иқрор омад: «Бале, савдоро бастан ва рушди самогон лозим набуд. Ҳама чизро тадриҷан анҷом додан лозим буд, на бо табар, балки бо сар…».
ПЕРЕСТРОЙКА
Дар пленуми КМ КПСС 27.01.1987 Михаил Горбачёв оғози бозсозӣ (перестройка)-ро эълон дошт. Вазифаи асосии он «бартараф намудани давраи карахтӣ ва нав кардани тамоми ҷиҳатҳои тараққиёти иқтисодиёти ҳаёти мамлакат» унвон гирифт. Аз ин навсозӣ ба қавле тамоми «ҷуку ҷондор» аз хоби гарон хест…
ПРЕЗИДЕНТ
Моҳи марти соли 1990 дар съезди 3-юми ғайринавбатии вакилони халқи СССР дар мамлакат мақоми президентӣ роҳандозӣ ва Михаил Горбачёв президент интихоб шуд. Ҷонибдорони асосии ин идея – мустаҳкамшавии Ҳокимияти Советӣ дар гӯшаи хаёл ҳам надоштанд, ки ин вазифа, монанди худи мамлакат бештар аз 1 сол давом мекунад.
Либерал (тарафдори либерализм, озодфикр, бепарво, мусоҳилакор)-ҳо аз демократиякунонии ҷомеа, шаффофият, барҳам додани сензура ва дӯстӣ бо Ғарб аз шодӣ дар курта намеғунҷиданд. Дар ҳамин нова иқтисодиёти мамлакат рӯ ба таназзул равон шуд…
Озодиҳои сиёсии ба даст омадаи ҷумҳуриҳои боиси низоъҳои байни миллатҳо, муборизаҳои байниқабилавӣ барои қудрат ва задухӯрдҳои мусаллаҳонаи хунинро ба миён овард.
ГКЧП
Бархӯрди ҷумҳуриҳо ва Россия дар Москва, рамзи хоҳиши ҷумҳуриҳо ба мустақилият барои СССР харобиовар гашт. Муборизаи байни муҳофизакорон ва либералҳо бо муқовимати 3-рӯзаи мусаллаҳона дар Москва анҷом ёфт. ГКЧП (кумитаи давлатии вазъияти изтирорӣ бо роҳбарии Геннадий Янаев Михаил Горбачёвро аз фишангҳои идоракунии мамлакат дур кард, аммо қудратро дошта натавонист. Қувваҳои вафодор ба Совети Олии Россия бо роҳбарии Борис Елтсин торумор шуданд.
Михаил Горбачёв ба Москва баргашт, аммо ҳокимияти вай торафт бештар беқувват мешуд. Фишанг-зимоми воқеӣ ба дасти Ҳукумати Россия гузашт. Пас аз имзои созишномаи Беловеж (Елтсин, Шушкевич, Кучма), 08.12.1991 СССР умуман дигар вуҷуд надошт.
25.12.1991 Президенти СССР М.С.Горбачёв ба воситаи телевизиони марказӣ истеъфо дод…
АММО БАЪД…
Михаил Горбачёв ба нафақа баромад, бо тамоми шароитҳои ҳамондавраина. Ва ба бунёди фонди байналмилалии тадқиқоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсиро бо унвони «Горбачёв-фонд» таъсис дод…
Соли 1999 завҷааш аз бемории лейкемия дар як клиникаи Олмон даргузашт: марги Раиса Максимовна (баъди 46 соли хонадорӣ) ӯро сахт гарон омад. Михаил Горбачёв вазни зиёдатӣ гирифта гирифтори диабети қанд шуд. Моҳи ноябри соли 2016 дар Москва ба ӯ як кардиостимулятор насб карданд. Сар аз соли 2020 ӯ доиман дар Бемористони марказии клиникӣ мезист ва табибон пайваста диализи гурда ва тозакунии хунро сомон медоданд…
Горбачёв дар таърихи СССР (Россия ва ҷаҳон) як шахсияти муҳим, вале баҳсбарангез боқӣ хоҳад монд. Коммунисте, ки ғояҳои коммунистро ба боди фано бурд…
У. АЛӢ