Ҳини таҳсил дар техникум ва институт таҳти роҳбарии Тренери хизматнишондодаи СССР Иброҳим Ҳасанов ҳамроҳи акааш Михаил Лобанов машқ мекарданд.
Юрий дар мусобиқаҳо дар каноэи яккаса ва дукасса ба масофаҳои аз 500 то 10000 м қувва меозмуд. Соли 1970 дар мусобиқаҳои умумииттифоқӣ байни ҷавонон ба масофаи 1000 м ва 5000 м медали нуқра гирифт, ки ин пирӯзии аввалини ӯ буд.
Солҳои 1973 дар Финляндия (ба масофаи 1000м), 1974 дар Мексика (1000 ва 10000 м) ҳамроҳи В. Чесюнас (Литва), 1975 дар Югославия (10000 м) ва 1977 дар Булғория (1000 ва 10000 м) чемпиони ҷаҳон шуд.
Юрий Лобанов дар РСС Тоҷикистон аввалин варзишгарест, ки унвони чемпиони олимпиро (Мюнхен) ба даст овардааст. Вай инчунин чемпиони чандинкаратаи СССР (1974, 1976 ва 1977) ва ғолиби Кубоки СССР (1974, 1975 ва 1977) мебошад. Дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Москва (1980) дар каноэи дукаса дар масофаи 1000 м бо Василий Юрченко (РССУ) ҷойи 3-юмро гирифт.
Юрий Лобанов варзишгари барҷастаи Тоҷикистон дар асри XX эътироф шудааст. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ бародарон бо аҳли хонаводаҳояшон ба шаҳри Москва кӯчиданд.
Чемпиони 8 – каратаи ҷаҳон Юрий Лобанов 5 сол қабл дар шаҳри Москва (1.5.2017), дар синни 64-солагӣ аз олам даргузашт.
Бо нишони фахрии «Барои хидматҳои шоиста дар рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» (2001) сарфароз шудааст.
МИХАИЛ ЛОБАНОВ
3.12.1950 дар шаҳраки Навободи ноҳияи Ғарм (ҳоло Рашт), Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Варзишгари советии тоҷик. Устоди хизматнишондодаи спорти СССР (1976), чемпиони ҷаҳон (1974, 1975) Акаи Юрий Лобанов.
Соли 1972 баъди хатми Техникуми тарбияи ҷисмонии Душанбе ҳамроҳи бародараш Юрий Лобанов ба Институти тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи М.И. Калинин дохил шуд. Соли 1977 факултети тренерии институтро хатм кард. Солҳои студентиаш таҳти роҳбарии Иброҳим Ҳасанов машқ карда, дар мусобиқаҳои сершумор қувва озмуд.
Михаил Лобанов дар каноэи яккаса ва дукаса (аксар бо В. Панков) ба масофаҳои 500, 1000 ва 10 000м шино мекард. Соли 1974 дар чемпионати ҷаҳон дар Мехико ҳамроҳи А. Виноградов (Москва) ба масофаи 500 м медали тилло гирифт.
Вай ҳамчунин иштирокчӣ ва ғолиби мусобиқаҳои зиёди байналмилалӣ (Шветсия, 1973; Булғория, 1974 ва 1975; Югославия, 1975 ва ғайра), чемпионатҳои СССР ва Кубоки СССР мебошад.
Михаил бо Юрий Лобанов (додараш) низ дар каноэи дукаса заврақ ронда, комёбиҳо ба даст овардааст.
ЗАВРАҚРОНҲО
Ҳамчунин дар ин намуди варзиш солҳои гуногун дигар заврақронҳо, ба мисли Н. Суровитский, чемпионҳои Осиё Н. Сафаров, Ҷ. Ҳасанов, Ш. Даминов саҳми арзанда доранд.
Соли 2013 дар Чемпионати Осиё байни ҷавонон (шаҳри Самарқанд) варзишгар Шаҳриёр Даминов дар каноэ (с-1 200м) сазовори ҷойи 3-юм гардид. Баъдан ӯ дар Чемпионати Осиё байни ҷавонон, шаҳри Полимбинг, Индонезия) ҷойи 1-умро соҳиб шуд.
Умари ШЕРХОН