РАЗВЕДКА
Дар майдони бозии тенниси варзишгоҳи «Динамо» Коротков дар шафати кормандони бехатарӣ бозӣ мекард. Яке аз чекистон Вениамин Герсон, майори бехатарии давлатӣ ва собиқ ёрдамчии феликси матин (Дзержинский) ҷавони қоматбаланди тануманд бо табассуми кушоду самимӣ ва нигоҳи устувор (сахт) Коротковро ба ОГПУ овард. Александр фаъолияташро ҳамчун лифтёр оғоз кард. Бо гузашти 2 моҳ ӯро аз ин кори сиёҳ раҳонданд. Александри 19-соларо ба шуъбаи коргузории хориҷии ОГПУ, ки ба разведкаи хориҷӣ машғул будаву ташкилотҳои контрреволютсиониеро, ки дар хориҷа бар зидди СССР фаъолияти зараровар мебурданд, ошкор мекарданд, гузаронданд.
Дар зарфи 2 сол ҷавони зирак ва босубот то ба пояи (вазифаи) корманди оперативӣ сабзид. Вай маҳз дар ҳамин давра ҷиддан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ: немисӣ ва франсузӣ машғул шуд. Аммо то ба дараҷаи соҳибони забон расидан имкон надошт. Ӯро ба хориҷа сафарбар намуданд. Барои рӯпӯш кардани лаҳҷа (аксент) ӯ худро австриягии бо решаҳои чехӣ муаррифӣ мекард.
КОМАНДИРОВКАИ ХОРИҶӢ
Ӯро маътал накарданд. Соли 1933 Александр ба Фаронса раҳнамун гашт. Ҳамчун донишҷӯи факултаи антропологии Сорбон ба фаъолият пардохт. Ҳамзамон пинҳонӣ ба «вербовка» машғул шуда, вобаста ба маълумотрасониҳои муҳим дар Италия ва Германия корҳои ҷосусӣ мебурд.
Аммо соли 1935 Коротковро зарур омад, ки ба Ватан баргардад, зеро контрразведкаи франсузҳо ба фаъолияти донишҷӯи кунҷкови аз ҳад зиёд шубҳанок, мароқ зоҳир намуда буданд. Ба хотири пешгирии ошкоршавиаш ӯро бошитоб бозхонданд.
Соли 1937 Коротков бо супориши нав ба Аврупо, барои безараргардонии хоинон ва тротскистон сафарбар гардид. Аз он боис, ки ӯ аз уҳдаи супориш баромад ва ё на, гувоҳ ордени Байрақи сурх шуд, ки Александр Коротков баъди бозгашт аз ин командировка сазовор гардид.
Лекин ин хурсандӣ дер давом накард. Охири солҳои 30-юм дар НКВД тозакунии умумии дохилӣ роҳандозӣ шуд. Дар ин қатор майор Герсонро, ки Коротковро бо дасти худ ба ЧК оварда буд, барои бурдани фаъолияти контрреволютсионии террористӣ ҳабс карданд.
ЭЪТИРОЗ
Коротков аз ҳабсшавӣ раҳид, аммо бо фармони Лаврентий Берия аз мақомот ронда шуд. Ба ҷойи он, ки мисли ҳампешаҳои «боақл» ва «дурандеш», вай ба ягон макони дур рафта, ба ягон кори нонамоён машғул шавад, Коротков ҷуръат карда, бо мактуби шахсӣ ба Комиссари халқӣ Берия дар хусуси ноҳақ аз хизмат озод шуданаш муроҷиат кард. Ин амали ӯ басо хатарнок буд...
Кӯшиши вай бесамар намонд, разведкачии матинро натанҳо ба вазифааш барқарор, балки барои иҷрои кори масъул бовар карданд. Аз рӯи супориш Александр бояд ба Германия рафта, муносибатро бо «Сарчашмаҳои махфӣ нигоҳдоштҳои боэътимод» робита барқарор мекард.
ВИЛЛИ ЛЕМАН
Ба Коротков муяссар гашт, ки ба зудӣ бо агентии басо муҳими разведкаи советӣ Вилли Леман – корманди Гестапо, сардори шуъбаи контрразведка дар корхонаҳои ҳарбӣ-саноатии Германия алоқа барқарор намояд. Ин немис ба ҷониби советӣ додани маълумоти муҳим, аз он ҷумла дар бораи нақшаҳои ҳуҷуми қарибулвуқуи фашистон ба СССР идома медод…
Сар аз соли 1940 Коротков дар Берлин зиндагӣ мекард. Ӯ вазифаи расмӣ-котиб дар намояндагии СССР-ро дар Германия дошт. Дар оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ вай дар резидентсияи сафоратхонаи советӣ қарор дошт ва аз он ҷо бо ҳар васила, бебокона барои вохӯрӣ бо агентҳо ва додани маълумот ба сафарҳои хатарнок мебаромад.
Коротков ба зудӣ, аз рӯйи тартиби ивази дипломатӣ ба Москва баргардонда шуд.
ТЕҲРОН – 1943
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Александр Михайлович Коротков фаъолона корҳои иктишофӣ мебурд. Моҳи декабри соли 1943 дар Теҳрон оид ба масъалаи мутобиқгардонии бехатарии иштирокчиёни вохӯрӣ – сарони давлатҳои иттифоқчӣ ширкат дошт.
Солҳои 50-ум Коротков дар вазифаҳои роҳбарикунандаи МГБ СССР кор мекард. Вай бюро оид ба разведкаи хориҷӣ ва диверсияро роҳбарӣ мекард. Коротков ба симати муовини сардори Раёсати якуми асосӣ, пешина Хадамоти разведкаи хориҷӣ ифои вазифа намуда…
Соли 1956 Александр Коротков бо унвони генерал-майор сазовор шуд. Ба симати корманди КГБ СССР аз соли 1957 дар ГДР зиндагӣ мекард. Бо иҷрои вазифаи расмӣ дар назди сафоратхонаи советӣ, ба разведкаи пинҳонӣ машғул буд.
ҲАЁТИ ШАХСӢ
Хизмати хатарнок барои ҳаёти шахсии Коротков монеа нагашт. Мария Борисовна Вилковская аввал репетитори Александр оид ба забони фаронсавӣ буд, баъд онҳо хонадор шуданд. Дар аввали солҳои 30-юм он духтардор (София) шуданд.
Коротков бо одамон зуд ва хело хуш муносибат барқарор мекард. Феъли хуш, хайрхоҳ ва шухтабиат буд. Ҳангоми нишаст дар дилхоҳ мавзӯъ суҳбат меорост. Бо иктишофгарон ва роҳбарони хадамот дӯстӣ дошт. Дар моҳигирӣ ва тамошои театр якхел роҳат мекард.
МАРГ
Солҳои охири ҳаёт Александр Коротков дар ГДР кор ва зиндагӣ мекард. Аммо марги нобаҳангом ӯро дар Ватан дарёфт. Ӯ барои додани ҳисобот ба Москва омада буд. Бо қасди бозии теннис бо Иван Серов, сардори ГРУ – «Штаби генералӣ аз хона берун рафт.
27 июни соли 1961 бо ошнои дерин дар майдони бозии теннис вохӯрданд. Якбора вазъи саломатии разведчик нохуб гашт. Кафидани раги хунгард боис ба марги «Шоҳи пинҳонкорон» Александр Михайлович Коротков гардид. Аз 51 соли ҳаёт ӯ 32 солашро ба разведка бахшид.
Дар бораи фаъолияти иктишофии фарзанди шарафманди Ватан – Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) баъзе маълумотҳо сар аз соли 2000-ум расонаӣ гаштанд. Аз хусуси разведчик китобҳо ба нашр расиданд, соли 2022 дар бораи Коротков силсилафилми телевизионӣ таҳия гардид.
Барои фаъолияти босамар дар Германия Коротков унвони «Шоҳи пинҳонкорон» (Король нелегалов)-ро молик шуд. Боиси зикр аст, ки Коротков 8 майи соли 1945 ҳангоми имзои Акти бечунучарои таслими Германия иштирок дошт ва ҳатто дар кадри кинохроника низ афтодааст.
ҚАДРДОНӢ
Хизмати шоёни Александр Коротков бо нишонҳои сарисинагии «Корманди ифтихории ВЧК-ГПУ (XV), (1983), «Корманди шоистаи НКВД» (1940), орденҳои Ситораи Сурх (1943, 1944) Байрақи Сурх (1944, 1945, 1949, 1954, 1956), Ҷанги Ватании дараҷаи 1 (1945), ордени «Салиби ҷангии соли 1943» (Чехословакия, 1945), ордени «Ситораи партизанӣ» дараҷаи I (Югославия, 1946), ордени Ленин (1954), ордени «Барои хизмат дар назди Ватан» (тиллоӣ, ГДР, 1958)…
PS. Ба қавле, баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ Коротков дар Афғонистон ва Эрон низ будааст, аммо аз ин бора чизе намедонем.
Умари ШЕРХОН