ХАБАРИ ДОҒ

ҚАҲРАМОНЕ БО РӮЗГОРИ МАРМУ3

  • Чоршанбе, Окт 05 2022

Ҳаёт, фаъолият ва қаҳрамонии шоири советии тотор, журналисти маъруф, хабарнигори ҳарбӣ, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1956, пас аз марг) то ба соли 1953 мураккабу мармуз буд.

Соли 1946 МГБ СССР делои ҷустуҷӯӣ боз намуда, Мусо Ҷалилро бо ҷурми хиёнат ба Ватан ва ҳамкорӣ бо фашистони немис гунаҳкор медонистанд. Мақомоти амнияти давлатӣ номи Мусо Ҷалилро  моҳи апрели соли  соли 1947 ба рӯйхати ҷинояткорони  махсусан хатарнок ворид намуд.

Соли 1953 журналист, мухбири ҳарбӣ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солоҳои 1941-1945, нависандаи маъруфи советӣ Константин Симонов дар бораи асли воқеа, пинҳонкорӣ дар ҳалқаи фашистон, қаҳрамонии Мусо Ҷалил дар яке аз рӯзномаҳои марказии СССР маводи ҷолибе ба нашр расонд. Пас аз чопи матолиби таҳти назар ба қавле кор ранги дигар гирифт. Маҳз аз ҳамин давра дар бораи пинҳонкориҳои Мусо Ҷалил дар асорати фашистон рӯшан гардид…

Халқи советӣ дар бораи рӯзгор ва фаъолияти фарзанди ҷоннисори  Ватан Мусо Ҷалил, пинҳонкорӣ ва қаҳрамонии ӯ дар ҳалқаи фашистони гитлерӣ баъди ба прокат баромадани филми ҳунарии истеҳсоли киностудияи «Ленфилм» - «Дафтари Маобит» (режиссёр Леонид Квинихидзе, 1968) ошно гашт.

 ***

ШАХСИЯТ

Мусо Ҷалил 38 сол (15.2.1906 – 25.8.1944) умр дид. Аммо ӯ дар ин муддат тавонист аз худ номи нек ба ёдгор монад. Эҷод ва қаҳрамонии ӯ дар таърихи адабиёти советии халқҳои СССР, ба вижа тотор сутуданист.

Баъди парда аз роз бардоштан, ошкор гаштани фаъолияти ватандӯстонаи ӯ дар маҳбас бо Фармони Президиуми Совети Олии СССР Мусо Ҷалил бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ қадр шуд.

Дар бораи рӯзгор, эҷодиёти шоирӣ қаҳрамонии Мусо Ҷалил аслан 38 сол дар миқёси  Итиҳоди Шӯравӣ ва кишварҳои сотсиалистӣ (1955-1991) гарму ҷӯшон мегуфтанду менавиштанд. Дар матбуоти даврӣ, институту университетҳо ҳини омӯзиши таърихи адабиёти халқҳои СССР ин ном маълуму машҳур буд.

Бо барҳам хӯрдани давлати абарқудрати шӯравӣ дигар аз ӯ ками дар ка мёд меоранд. Ба гуфте дигар  дар ин самт чархи аробаи таблиғу ташвиқ фарсудаву бо азобе ғиҷирросзанон бо азобе пеш меравад.

Соли 1968 дар РАСС Тотористон Мукофоти комсомоли кишвар  ба номи Мусо Ҷалил барои эҷоди беҳтарини адибони ҷавон таъсис ёфта буд ва он 23 сол (то соли 1991) амал кард. Ва танҳо 14 феврали соли соли 1997 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тотористон дар бораи таъсиси Ҷоизаи ҷумҳуриявӣ ба номи Мусо Ҷалил ба тасвиб расид.

 ***

МУСО ҶАЛИЛ

Залилов (Ҷалилов) Мусо Мустафович 15.2.1906, дар деҳаи Мустафино, губернияи Оренбург (ҳозира ноҳияи Шарлики  вилояти Оренбург) ба дунё омадааст. Мусо фарзанди 6-уми хонадон буд.

Дар 10-11 солагӣ ба шеърнависӣ сар кард, аммо эҷоди ин овон гум шудаанд. Нахустин шеъри маҳфузмондаи ӯ «Беҳет» дар 13-солагиаш эҷод шудааст. Мусо соли 1919 ба ташкилоти комсомолӣ аъзо шуда, таҳсилро дар Институти  маълумоти халқии Тотористон (Оренбург) идома бахшид. Мавсуф иштирокчии Ҷанги гражданӣ маҳсуб меёбад.

Соли 1927 дар ҳаёти шоири шаҳир рухдоди ёдмоне ба вуқуъ пайваст. Мусо ба шуъбаи адабии факултети этнологии Университети давлатии Москва (МГУ) дохил шуд. Баъди азнавташкилдиҳӣ мавсуф соли 1931 факултети адабии МГУ-ро  хатм кард.

Солҳои донишҷӯӣ дар як ҳуҷраи хобгоҳ бо донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносӣ Варлам Шаламов мезист. Шаламов он рӯзҳоро дар ҳикояи худ «Студент Мусо  Залилов» инъикос намуд, ки он соли 1972 ба нашр расид.

Мусо Ҷалил солҳои 1931-1932 муҳаррири маҷаллаҳои бачагонаи тоторие буд, ки дар назди КМ ВЛКСМ чоп мешуданд. Соли 1933 мудири шуъбаи адабиёт  ва санъати газетаи тотории «Коммунист» ки дар Москва нашр мешуд, буд. Маҳз дар ҳамин давра ӯ бо шоирони советӣ А. Жаров, А. Безименский  ва М.Светлов ошно шуд.

Соли 1932 вай  дар шаҳри Надеждинск, вилояти Свердловск (ҳозира Серов) ко рва зиндагӣ мекард. Соли 1934 ду китоби Мусо Ҷалил аз чоп баромад: «Орденоносные миллионы» дар мавзуи комсомол ва «Шеърҳо ва достонҳо».

Вай бо ҷавонони эҷодкор кор мекард. Бо тавсияи Мусо Ҷалил ба адабиёти тотор А. Алиш ва Г. Абдусаломов ба арсаи адабиёт ворид шуданд. Солҳои 1939-1941 Мусо Ҷалил котиби масъули Иттифоқи нависандагони РАСС Тотористон буд. Вай ҳамзамон ба симати мудири бахши адабии Театри операи Тотористон фаъолият мекард.

Мусо Ҷалил соли 1941 ба Армияи Сурх даъват шуд. Дар рутбаи политруки калон дар фронтҳои Ленинград ва Волхов бар зидди душман размад. Ҳамчунон мухбири газетаи «Отвага» буд. 

***

АСОРАТ

26 июни соли 1942 дар рафти амалиёти ҳуҷумӣ дар назди деҳаи Мясной Бор Мусо Ҷалил  аз қафаси сина сахт ярадор шуда асир ғалтид. Ӯ ба легиони  созмондодаи немисҳо «Идел-Урал», ки немисҳо таъсис медоданд, аъзо шуд. Мусо Ҷалил ба гурӯҳи пинҳонкороне, ки байни легионерҳо ташкил шуда буд, шомил гашт ва дар он ҷо фирори асирони ҳарбиро ташкил кард.

Ба ӯ бурдани корҳои маданӣ – маърифатиро бовар карданд. Мусо Ҷалил ҳини сафарҳояш ба лагерҳои асирони ҳарбӣ бо баҳонаи интихоби артистони ҳаваскор ба кори ҳофизони дар легион  созмонёфта алоқаҳои пинҳонкориро бо ҷалби аъзои нави ташкилоти пинҳонкориро ба роҳ монд.

Ин гурӯҳ бо ташкилоти пинҳонкорӣ таҳти унвони «Комитети берлинии ВКП (б), ки роҳбараш Н.С. Бушманов буд, алоқамандӣ дошт.

Баталёни якуми таъсисёфтаи 825-уми легиони «Идеал-Урал», ки ба Витебск фиристода шуда буд, 21 феврали соли 1943 шӯриш бардошт. Дар рафти ин тазоҳурот доманаи 500-600 мавқеи қисмро тарк карда бо силоҳ дар даст ба партизанҳои беларус пайвастанд. Ҳайати шахсии 6 баталёни  легиони боқимонда, ҳини нақшаи задухӯрдҳо, аксар ба тарафи РККА ва партизанҳо ҳамроҳ мешуданд.

Фармондеҳони фашистӣ барои пахши шӯришгарон қӯшунҳои доимиро партофтанд. Ба воситаи хоинҳо аз пайи ташкилоти зиддифашистӣ шуданд. Моҳи августи соли 1943 гестапо садҳо нафар аъзои гурӯҳи пинҳонкоронро ҳабс карданд. Дар байни ватандӯстони пинҳонкор Мусо Ҷалил низ ба даст афтод. Ӯро дар маҳбаси Маобит ҳабс карданд. Муддати ҳафтаҳои зиёд немисҳо ватандорро азобу шиканҷа доданд, аммо ӯ қоил нашуд.

25 августи соли 1944 дар зиндони Плётсензе, дар Берлин Мусо Ҷалил тавассути мошини сарбурӣ  (гилотина-аслиҳаи ҷазои қатл) ба қатл расонда шуд.

Чанд рӯз пеш аз қатл Мусо дафтари шеърҳояшро ба ҳамсояи дар камера будааш А.Тиммерманс дод…

***

ЭЪТИРОФИ ПАС АЗ МАРГ

Соли 1946 собиқ маҳбуси ҳарбӣ Нигмат Терегулов ба Иттифоқи нависандагони Тотористон дафтари шеърҳои Мусо Ҷалил (60 шеър)-ро овард. Баъди як сол ба консулгарии советӣ дар Брюссел дафтари дигари шоирро супурданд. Аз зиндони Моабит он дафтарро иштирокчии белгиягии Муқовимат Андре Тиммерманс бароварда буд. Вай дар як камеда бо Мусо дар асорат буд. Дар вохӯрии охиринашон Мусо гуфт, ки ӯ ва рафиқонашро ба наздикӣ қатл мекунанд. Дафтари  шеърҳояшро ба Тиммерманс супурда, хоҳиш кард, ки онро ба Ватанаш супорад.

Боз чунин як маҷмуаи (дафтари) шеърҳои Мусо Ҷалилро аз Моабит собиқ асири ҳарбӣ Габбас Шарипов оварда буд.

Моҳи январи соли 1946 ба сафоратхонаи СССР дар РИМ шаҳрванди Туркия  - тотор Казим Миршан боз як дафтари дигари шоирро супурд. Маҷмуаро  ба Москва ба Вазорати корҳои хориҷӣ фиристоданд, баъд ба МГБ ва пас СМЕРШ…

«Дафтари Моабит» -и Мусо Ҷалил ба дасти Константин Симонов ғалтид. Ва шоири шаҳир ба зудӣ тарҷумаи шеърҳоро ба забони русӣ ташкил кард. Ва ҳамин хел ӯ туҳмати  бардурӯғро аз шоир бардошта, фаъолияти ватандӯстӣ ва гурӯҳи пинҳонкории Мусо Ҷалилро исбот кард…

Ҳамчунон дар сафедкунии Мусо Ҷалил дӯсташ, адиб Ғозӣ  Кашшоф хидмати арзанда анҷом дод…

 

Умар Шерхон  

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter