ХАБАРИ ДОҒ

ЯН ЯНОВИЧИ СТАЛИНОБОДӢ. Афсарони тоҷик дар «Хонаи генералҳо»-и Новосибирск ва қиссаи ширчойи помирӣ

  • Чоршанбе, Окт 12 2022

 

Омодагии ҳарбӣ

Дар аҳди шуравӣ ба масъалаи омодагии ҳарбӣ, чи дар мактабҳои миёна, чи дар ташкилоту муассисаҳо ва умуман аҳамияти ҷиддӣ медоданд. Дар барномаи мактабҳои миёна, синфҳои 9-10 дарсҳои тайёрии ҳарбӣ мавқеи муайянро касб карда буд. Дар Университету институтҳои бонуфуз, дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ кафедраҳои ҳарбӣ амал мекард. Ҳамчунон дар давраи муайян барои афсарони эҳтиётӣ курсҳо – ҷамъомадҳои ҳарбии 65-рӯза (сбор) гузаронда мешуд. Ҳукумати вақт ба донишҳои сиёсӣ ва ҳарбии ҷавонон авлавият медод.

Ин навбат қиссаи диловезро аз чунин 1 ҷамъомади ҳарбӣ дар он овон, аз рӯзгори афсарони эҳтиётии тоҷик ёд хоҳем кард.

 «Сбор»

Журналисти шинохта Тиллои Некқадам ин қиссаро дар маҷмуаи хеш «Ҳаёти ибратбахш», аз рӯзгори ходими намоёни ҳизбӣ, давлатӣ ва фарҳангӣ Ғуломшо Ватаншоев дар риштаи тасвир кашидааст.

Комиссариати ҳарбии Тоҷикистон соли 1976 се тан аз афсарони эҳтиётиро ба «сбор» - ҷамъомади ҳарбӣ даъват намуда, ба округи ҳарбии Сибир, ба шаҳри Новосибирск раҳнамун месозад. Ғуломшо Ватаншоев, корманди комитети партиявии ноҳияи Ванҷ, Инъом Тоҳиров, муовини мудири шуъбаи саноати сабуки КМ ПК Тоҷикистон ва Сафар Сафаров, котиби идеологии комитети партиявии ноҳияи Данғара дар ин ҳайати бонуфуз шомил буданд. Ба ин курс аз гӯшаву канори СССР 101 нафар кормандони роҳбарикунандаи партиявӣ – комсомолии шаҳру вилоятҳо, комитетҳои марказии ПК ва ЛКСМ-и 15 ҷумҳурии бародарӣ дар шаҳри Новосибирск ҷамъ омаданд.

 

Он замон дар чунин курсҳо – ҷамъомадҳои ҳарбӣ ба афсарони эҳтиётӣ («партизанҳо») сиёсати пешгирифтаи ҳарбӣ, тарзи истифодаи яроқу аслиҳа – техникаи нав ба тирандозӣ аз силоҳҳои навбаромадро ёд медоданд.

 

Аҷобат

13 апрели соли 1976 фиристодаҳо – афсарони эҳтиётӣ дар ҳудуди Омӯзишгоҳи ҳарбии Новосибирск қарор гирифтанд. Ҳамаи даъватшудагон ба иқоматгоҳи аскарон – казарма раҳнамун шуданд.

Ғ. Ватаншоев, И. Тоҳиров ва Сафар Сафаровро ба дигар сӯ ҳидоят намуданд. Аз чунин ранг гирифтани кор тоҷикбачаҳо дар камоли аҷобат монданд. Барои чӣ онҳоро аз ҳайати асосӣ ҷудо карданд? Аз чи бошад, ки онҳоро дар «хонаи генералҳо» мақом доданд. Дар чунин муносибат сирре нуҳуфта буд, ки онҳо бехабар. Ҳуҷраи барҳаво бо тамоми шароити буду бош, веранда (пешайвон)-и калон ҷойи душу оббозӣ ва беҳдошт, мебели зебои беларусӣ, телевизор ва телефон муҷаҳҳаз буд.  

 

Ян Янович

Субҳи рӯзи дигар ба ҳуҷра полковники ҳузарби қоматбаланди хушсимо ворид шуда худро шиносонд: полковник Ян Янович, сардори Омӯзишгоҳи ҳарбии Новосибирск. Пас парда аз роз бардошт: «Ман соли 1929 дар Тоҷикистон, дар Сталинобод (ҳозира Душанбе) зода шудам». Ва аз ҷайб паспорташро бурун оварда, бо ифтихор нишон дод. Дар қисмат –графаи зодгоҳ омада: «г. Сталинабад, Тадж.ССР».

Ян Янович ҳикоят кард, ки дар семоҳагиаш падараш вазифаи нав гирифт. Ӯро барои идомаи хизмат ба Округи ҳарбии Сибир, ба шаҳри Новосибирск фиристоданд. Фармон бечунучаро бояд иҷро мешуд. Аҳли хонавода думболи сардори хонавода роҳ пеш гирифтанд. Ян ёд овард, ки падару модараш Сталинободро дӯст медоштанд, ҳар фурсати муносиб аз дӯстон ёд меоварданд. Гоҳо рухсатиашонро дар Душанбе мегузаронданд. Доимо аз дӯстони тоҷикиаш савғотӣ «посилка» мегирифтанд, ки аз неъматҳо бебаҳра намемондем. Меҳру муҳаббати падару модар ба Тоҷикистон, ба Сталинободу тоҷикон ба ман гузашт. Охир Тоҷикистон зодгоҳи ман аст…

Пас аз чанд сония нафас рост кардан Ян Янович давом дод, вақте аз миёни 101 нафари даъватиён номи 3 нафар ҳамшаҳриҳоямро дидам, дилам гум зад. Гӯё ман хешони наздики худро ёфта бошам. Фармон додам, ки ҳамшаҳриҳои тоҷикии маро дар «хонаи генералҳо»-и назди омӯзишгоҳ ҷо кунед. Чанд рӯзе, ки ин ҷо бошед, ман дар хизмати шумо…

 

Ширчойи помирӣ

1 рӯз пас Ғуломшо Ватаншоев, Инъом Тоҳиров ва Сафар Сафаров Ян Яновичро ба 1 пиёла чой даъват карданд. Он рӯз оши палави хушбуву хушмаза омода намуданд. Полковник аз меҳрубонии ҳамшаҳриҳо хушнуд гашт.

Ҳини хушбошӣ полковники ошноро субҳи рӯз ба ширчойи помирӣ хонданд. Дӯстон аз гастроном 1 зарф қаймоқ (0,5кг), 1 қуттӣ чойи сиёҳи ҳиндӣ, 300 грамм рӯғани маска ва нон хариданд.

Субҳона омода шуд. Ширчойро дар косаҳо рехта, рӯған омехта нон реза карданд. Ян Яновичи таҳамтан нисфи ширчояшро хӯрда даст бардошт: - Я больше не могу (Ман сер кардам)…

Ҳамин минвол қариб ҳар саҳар, бо имкони вақт сардори Омӯзишгоҳи ҳарбии Новосибирск бо ҳамшаҳриҳояш ширчой нӯши ҷон мекард. Ян Янович ҳайрон мегуфт:

- Мани 47-сола ҳар саҳарӣ тухмбирён, котлети гӯшти қима ё сало (рӯғани хук) тановул карда ба кор мебароям. Соат 11 нашуда гурусна мемонам. Аммо субҳе, ки бо шумо ширчой нӯши ҷон мекунам, то сотаҳои 14-15-и нисфирӯзӣ гуруснагиро намедонам. Сирри ширчойи шумо дар чист?

Ғуломшо фаҳмондаш, ки ширчой ба ҳисоби миёна, дар коса 100 грамм қаймоқ, 100 грамм маска, шамаи чойи сиёҳи ҳиндӣ ва 400-500 грамм нони хуштаъмро фаро мегирад, ки калориянокиаш ҳатто аз гӯшти гов ҳам боқувваттар аст…

 

Муҳаббати ҳамватанӣ

Ҳамватанон Ян Яновичро мазахӯрак карданд. Дар давоми 65 – рӯз ағлаби вақт ӯ бо дӯстон ширчой мехӯрд. Рӯзҳои истироҳат вай ҷӯраҳои тоҷикашро  ба тамошои шаҳр, сайру гашт мебурд. Онҳоро зиқ шудан намемонд. Барои моҳидорӣ ба обанбори НБО-и Об (дарозиаш 15 км, бараш 1 км) мерафтанд. Ҳам моҳӣ медоштанду ҳам оббозӣ мекарданд…

Рӯзи гусел, 16 июни соли 1976 полковник Ян Янович ҳамватанонашро то аэропорти шаҳри Новосибирск гуселонд. Ӯ воқеан ғамгин буд. Ҳини хайрухуш гуфт: - Ман бо шумо унс гирифтам. Акнун набуданатонро эҳсос мекунам. Палави тоҷикӣ ва ширчойи помириро пазмону хуморӣ мешавам….

Нафас рост карду афзуд: - Агар заррае хизмататонро ба ҷо оварда бошам, арвоҳи падару модарам шод мешавад!

Якояк ӯро каш гирифта, ба Ватан, ба шаҳри Душанбе хонданд. Гуфтандаш  ба тамошои Бадахшону Хуҷанд  ва Кӯлоб мебаремат…

 Умари ШЕРХОН

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter