Ба андешаи ағлаби муаррихони садаи бисти тоҷик Инқилоби буржуазию демократии солҳои 1905 – 1907 ва Инқилоби феврали соли 1917 дар Россия шууру синфи заҳматкаши тоҷикро бедор кард ва он ба болоравии ҳаракати инқилобӣ дар Тоҷикистон мусоидат намуд.
Соли 1916 дар шаҳри бостонии Хуҷанд шӯриши халқии зиддифеодалӣ ва зиддимустамликадорӣ оғоз ёфта, ба зудӣ дар тамоми Осиёи Миёна ва Қазоқистон паҳн гардид. Ғалабаи Инқилоби Октябр дар Россия такони пурқуввате буд ба ҳаракати инқилобии заҳматкашони Туркистон.
ИНҚИЛОБ
Дар охири соли 1917 – ибтидои соли 1918 Ҳокимияти Советӣ дар навоҳии шимоли Тоҷикистон дастболо шуд. Соли 1918 дар Помир ревком (кумитаи инқилобӣ) ба вуҷуд омад. Дар охири моҳи августи соли 1920 Ҳизби Коммунисти Бухоро (РХСБ) ташкил шуд.
Дар Бухорои Шарқӣ (ҳудуди ҳозираи ноҳияҳои марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистон) Ҳокимияти Советӣ танҳо моҳи майи соли 1921 музаффарият ёфт.
Бо барпо шудани Ҳокимияти Советӣ дар ҳудуди Осиёи Миёна бо дастгирии империалистони хориҷӣ дастаҳои босмачиён амалиёт сар карданд. Онҳо болшевикон, комсомолон, фаъолон ва ҳар як шахсеро, ки Ҳокимияти Советиро дастгирӣ мекард, ваҳшиёна мекуштанд. Тамоми халқ ба муборизаи зидди босмачиён бархост ва дар миёнаи соли 1926 дар ҳудуди кишвар то ҷое ба ҳаракати босмачигарӣ хотима дода шуд.
РАСС ТОҶИКИСТОН
Қурултойи 5-уми Умумибухороии Советҳо (18-20 сентябри 1924) 4 соли мавҷудияти РХСБ-ро ҷамъбаст намуда, 19 сентябри соли 1924 РХСБ-ро Республикаи Советии Сотсиалистӣ эълон кард. Дар натиҷаи гузарондани таъиноти миллии давлатии Осиёи Миёна ва ташкил ёфтани ҷумҳуриҳои миллӣ 27 октябри соли 1924 РХСБ барҳам дода шуда, ҳудуди он ба таркиби ҷумҳуриҳои навбунёди РСС Ӯзбекистон, РСС Туркманистон ва РАСС Тоҷикистон (аз соли 1929 РСС Тоҷикистон) ҳамроҳ гардид.
Вилояти Махсуси Помир, ки пештар ба ҳайати РАСС Туркистон шомил буд, ба Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ табдил ёфта мувофиқи қарори Президиуми Комитети Иҷроияи Марказии СССР аз 2 январи соли 1925 ба ҳайси РАСС Тоҷикистон дохил гардид.
Ба ҷумҳурии ҷавони Тоҷикистон, ки вориси иқтисодиёт ва маданияти қафомондаи давраи собиқа шуда буд, муяссар гардид, ки марҳалаи капиталистии тараққиётро аз сар нагузаронда, ба роҳи дигаргунсозии сотсиалистии ҷамъият қадам ниҳад.
Съезди 1 – уми муассисони Советҳои Тоҷикистон (декабри 1926) дар бораи миллӣ кунондани замин ва об, озодии занон, таълими умумӣ ва ғайра қарорҳо қабул кард.
Солҳои 1925 – 1926 дар уезди Хуҷанд, ки дар ҳайати РСС Ӯзбекистон буд, ислоҳоти обу замин гузаронда шуд. Дар солҳои 1926 - 1929 дараҷаи пешазҷангии хоҷагии қишлоқ, барқарор гардид. Дар соҳаи пахтакорӣ пешравиҳои назаррас ба даст омаданд, бунёди саноати сотсиалистӣ гузошта шуд.
Моҳи сентябри соли 1929 уезди Хуҷанд ба ҳайати РАСС Тоҷикистон дохил карда шуд.
РСС ТОҶИКИСТОН
Съезди 3 – юми фавқулодаи Советҳои Тоҷикистон 16 октябр дар бораи ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил додани РАСС Тоҷикистон Декларатсия қабул кард. 5 декабри соли 1929 Комитети Иҷроияи Марказии СССР қарор дод, ки шартномаи оид ба таъсиси СССР ба РСС Тоҷикистон дахл дорад. Тоҷикистон ихтиёрӣ 5 декабри соли 1929 ба ҳайати СССР шомил гашт. Ташкилоти ҳизбии вилоятии Тоҷикистон ба ПК(б) Тоҷикистон табдил дода шуд. Съезди 1 – уми ПК(б) Тоҷикистон оид ба сохтмони хоҷагӣ ва маданӣ дар ҷумҳурӣ қарорҳои муҳим ба тасвиб расонд.
Дар панҷсолаҳои пешазҷангӣ дар Тоҷикистон сохтмони сотсиалистӣ басо авҷ гирифт, индустронӣ асосан ба анҷом расид. Саноати сабук ва баъзе соҳаҳои саноати вазнин тараққӣ кард. Синфи коргар ба вуҷуд омад ва шумораи коргарон босуръат афзуд. Инчунин азнавсозии сотсиалистии хоҷагии қишлоқ ба амал омад.
Аз охири соли 1929 дар навоҳии пахтакор ҳаракати оммавии колхозӣ авҷ гирифт ва минбаъд дар ноҳияҳои ғаллакор ва чорводор низ ҷорӣ шуд. Дар ин давра меҳнаткашони Тоҷикистон бо ҳамкории дигар халқҳои СССР дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ҷамъияти сотсиалистиро асосан бунёд карданд.
Умар АЛӢ
13.10.2022