ХАБАРИ ДОҒ

РЕВОЛЮТСИЯИ КАБИРИ СОТСИАЛИСТИИ ОКТЯБР

  • Чоршанбе, Окт 26 2022

 

Имсол ба солгарди Револютсияи Кабири сотсиалистии Октябр 105 сол пур шуд. Аммо ин санаро ба ҷуз коммунистон дигар касе дар қаламрави кишвар ҷашн намегиранд. Чи ҳам метавон гуфт, ки аз мост ки бар мост.

Аҷиб рафтор дорем, 70 ё 80-солагии ин ё он мақомот ва ё донишгоҳу донишкада ва ё хайрро ҷашн мегирему Ғалабаи Инқилоби Октябрро на. Ҳол он ки мустақилияту озодии кишвар аз ҳамон соли Инқилоби ленинӣ дар Петроград (соли 1917), Инқилоби Бухоро (соли 1920), Ҷумҳурии автономии Тоҷикистон (1924) ва таъсиси Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1929) маншаъ мегирад. Ин таърихи давлату халқи тоҷик аст, онро аз лавҳи таърих дигар кардан наметавонем.

105-солагии Ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр муборак ҳамватанони азиз!

 

БУНЁД

Дар таърихи башарият нахустин револютсияи музаффари Сотсиалист, ки 25 октябр (7 ноябр) синфи коргари Россия бо деҳқонони камбағалтарин иттифоқ баста, таҳти роҳбарии Партияи коммунистӣ бо сардории В.И. Ленин ба амал омад. Инқилоби мазкур дар мамлакати мо ҳокимияти буржуазия ва помешиконро сарнагун, диктатураи пролетариатро барқарор ва давлати советии сотсиалистиро бунёд карда, дар таърихи инсоният давраи нав-давраи аз капитализм ба сотсиализм гузаштанро боз намуд.

 

ЗУЛМ

Он замон Ҳукумати подшоҳии Россия нисбат ба халқҳои ғайрирус сиёсати истисмори дағалона, зӯрӣ ба зурӣ русгардонӣ, нисбат ба маданияти миллӣ фишоровариро пеш гирифта, дар байни халқҳо тухми кинаю адоват, душманӣ ва нобоварӣ мекошт. Ба дӯши миллату халқиятҳои (бештар аз 100 миллату халқият) мазлуми ғайрирус дар баробари истисмори беандозаи ҳукумати подшоҳӣ зулму истисмори буржуазияву помешикони маҳаллӣ низ бор шуда буд.

Ҷараёни инкишофи объективии ҷамъиятӣ тақозо мекард, ки халқҳои мазлуми Россия, ки аксарияти мутлақашон деҳқонони камбағал буданд, ба синфи коргари рус иттифоқи мустаҳкам баста, таҳти роҳбарии ӯ ба муқобили душмани умумӣ – мутлақияти подшоҳӣ ва империализм муборизаи беамон баранд.

 

ИНҚИЛОБ

Дар ибтидои тирамоҳи соли 1917 барои ғалабаи револютсияи Октябр шароит пухта расид. Муваффақияти он ба фаъолияти сиёсӣ ва ташкилотчигии партияи болшевикон, ба сиёсати дурусти он вобаста буд.

 

23 октябри соли 1917 таҳти роҳбарии Ленин дар маҷлиси КМ РСДРП (б) масъалаи шӯриши яроқнок муҳокима шуд. Маҷлис дар бораи пухта расидан ба ногузирии шӯриш резолютсияи ленинӣ қабул кард (Каменов ва Зиновев ба он муқобил баромаданд). 25 октябр дар назди Совети Петроград Комитети ҳарбӣ-револютсионӣ барпо карда шуд, ки он штаби асосии тайёр намудани шӯриши мусаллаҳ гардид.

Дар маҷлиси КМ Маркази ҳарбӣ-револютсионии партиявӣ интихоб карда шуд, ки он ба ҳайати шӯриш роҳбарӣ менамуд. Ба ҳайати он А.С. Бубнов, Ф.Э. Дзержинский, Я.М. Свердлов, И.В. Сталин, М.С. Уритский дохил мешуданд…

 

ШӮРИШ

Партияи болшевикӣ дар шӯриши мусаллаҳи Октябр ба қувваҳои бузурги мусаллаҳ такя мекард. Пешсафи онҳо Гвардияи сурхи Петроград буд, ки сафҳои он дар ҷараёни мубориза то 40 ҳазор нафар афзуд. 200 ҳазор нафар Гвардиячиёни сурхи дигар шаҳрҳои Россия тайёр буданд, ки ин қувваи пешсафи мусаллаҳи револютсияро дастгирӣ кунанд. Дар оғози шӯриш шумораи аскарони револютсионии гарнизони Петроград ба 150 ҳазор нафар расид.

Флоти Балтика, ки ба тарафи болшевикон гузашта буд, бештар аз 80 ҳазор нафар матросҳо ва қариб 700 киштии ҷангию ёрирасон дошт. Аз паси онҳо миллионҳо нафар аскарони револютсионии фронт (махсусан фронтҳои Шимолӣ ва Ғарбӣ) ва гарнизонҳои ақибгоҳ мерафтанд. Ин қувваҳо ба коргарони Инқилобӣ ва деҳқонони камбағали мамлакат, ки ба дигаргунсозиҳои револютсионӣ бисёр манфиатдор буданд, такя менамуданд.

 6 ноябр Шӯриши мусаллаҳ сар шуд. Ленин ба Смолний – штаби револютсия омада, ба шӯриш бевосита раҳбарӣ кард. Гвардиячиёни сурх, аскарони инқилобӣ даставвал кӯпрукҳои дарёи Нева ва пунктҳои муҳимтарини дохили шаҳрро зери назорат гирифта, роҳҳои Петроградро ба даст дароварданд ва пеши роҳи қувваҳои контрреволютсиониеро, ки аз фронтҳо даъват шуда буданд, гирифтанд, то пагоҳии 25 октябр (7 ноябр) вокзалҳо, стансияҳои барқи-электрикӣ, банкҳои давлатӣ, почтаю телеграф ва дигар муассисаҳои асосии ҳукуматӣ ишғол карда шуданд.

 

25 ОКТЯБР

Соати 10 пагоҳии 7 ноябр Комитети ҳарбӣ-револютсионӣ дар бораи ғалабаи револютсия бо хитобномаи «Ба гражданинҳои Россия!» муроҷиат кард. Хитобномаро В.И. Ленин навишта буд. Дар он гуфта мешуд, ки Ҳукумати муваққатӣ сарнагун ва ҳокимият ба дасти органи Совети депутатҳои коргарон ва солдатҳои Петроград- КҲР гузашт. Худи ҳамон рӯз бегоҳӣ дар Смолний Съезди 2-юми Умумироссиягии Советҳои депутатҳои коргарон ва солдатҳо кушода шуд, ки он аз номи халқи меҳнаткаш ба дасти Советҳо гузаштани тамоми ҳокимиятро эълон кард. Соати 02:10 дақиқаи шаби 26 октябр (8 ноябр) Қасри зимистонӣ ишғол карда шуд, вазирони Ҳукумати муваққатӣ ба ҳабс гирифта шуданд. Шӯриши мусаллаҳи Октябр ғалаба кард. 26 октябр (8 ноябр) мувофиқи маърӯзаи Ленин съезди Советҳо Декрети сулҳ ва Декрети заминро қабул кард. Съезди КИМУ (ВЦИК) интихоб кард ва аввалин Давлати Советӣ – Совети Комиссарони Халқро бо сардории В.И. Ленин барпо намуд.

15 ноябр дар Москва Ҳокимияти Советӣ барпо карда шуд. 25-27 октябр (7-9 ноябр) Ҳокимияти Советӣ дар Минск, Кронштадт, Иваново-Вознесенск, Луганск, Қазон, Ростови Дон, Екатеринбург, Ревел, Самара, Саратов; 31 октябр (13 ноябр) дар Боку 1 (14) ноябр дар Тошкент, 18 ноябр (1 декабр) дар Владивосток ғалаба кард.

Аз 25 то 31 октябр (7 -13 ноябр) дар 17 шаҳри губерниягӣ ва то охири моҳи ноябр дар 28 шаҳри губерниягӣ ва муҳимтарин марказҳои саноатӣ ҳокимият ба дасти Советҳо гузашт. Револютсия, ки дар марказ оғоз ёфта буд, барқвор ба тамоми мамлакат паҳн шуд…

 

АМОРАТИ БУХОРО…

Аз ғалабаи револютсияи февралӣ дар Россия меҳнаткашони аморати Бухоро низ хабар ёфтанд. Марти соли 1917 дар маҳалҳои руснишини Бухорои Нав, Чорҷӯй, Тирмиз ва Каркӣ коргарону аскарон Советҳои депутатҳои коргарон ва аскаронро барпо намуданд. Дар тамоми маҳалҳои руснишин митингу намоишҳо шуда гузаштанд. Бисёр маҳбусони сиёсӣ аз ҳабс озод карда шуданд…

Дар воқеаҳои сиёсии ҳаёти аморат махсусан Совети Бухорои Нав, ки дар он нуфузи болшевикон зиёд буд, таъсири самарабахш мерасонд. Дар ин Совет болшевикони маҳаллӣ Абдуллохоҷа Тӯраев ва Алӣ Усмонов, ки дар зиндони амир ҳалок шуданд, кори зиёди ташвиқотию тарғиботӣ мебурданд…

 

Умар АЛӢ

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter