Азнавсозии сотсиалистии хоҷагии қишлоқ бо роҳи ихтиёрӣ ба хоҷагии коллективӣ – колхозҳо муттаҳид кардани хоҷагиҳои деҳқонони яккадаст.
Аз хоҷагиҳои яккадаст ба колхоз гузаштани миллионҳо оммаи деҳқонон муҳимтарин қисми таркибии протсеси таърихи сохтмони сотсиалистӣ дар СССР буд. Коллективониро зарурати дар асоси техникаи замонавӣ барпо намудани хоҷагии қишлоқи калони серсоҳа, барҳам додани охирин синфи истисморгар – кулакҳо ба шароитҳои онро тавлидкунанда, дар деҳот пойдор кардани муносибатҳои сотсиалистии истеҳсолот тақозо намуданд. Танҳо дар натиҷаи коллективонӣ қафомонии аз сохти куҳна меросмондаи хоҷагии хоҷагии қишлоқро барҳам додан, аҳволи меҳнаткашони деҳотро ба куллӣ беҳтар ва иттифоқи синфҳои коргару деҳқонро мустаҳкам кардан мумкин буд.
СОЛИ 1918
Партияи коммунистӣ ва Ҳукумати Советӣ бевосита баъди ғалабаи Револютсияи Октябр сиёсати тадриҷан азнавсозии сотсиалистии деҳотро пеш гирифтанд. Дар декретҳои КИМУ «Дар бораи ҷамъиятикунонии замин (январи соли 1918) ва «Дар бораи заминсозии сотсиалистӣ ва чораҳои ба деҳқонии сотсиалистӣ гузоштан» (феврали соли 1919) вазифаи дар деҳқонӣ инкишоф додани хоҷагиҳои коллективӣ ба миён гузошта, доир ба масъалаҳои муҳими фаъолияти ин хоҷагиҳо нишондодҳои конкретӣ андешида шуданд.
Колхозҳои аввалин дар мамлакат (СССР) охири соли 1917 ташкил ёфтанд, шумораи онҳо тадриҷан зиёд мешуд, вале вазни қиёсии сектори коллективӣ дар хоҷагии қишлоқ то охири солҳои 20-ум хеле ночиз буд…
СОЛИ 1929
Дар СССР КМ ВКП (б) расман коллективонии сартосарии хоҷагии қишлоқро эълон намуд (20.10.1929). Дар натиҷаи бомуваффақият гузаронда шудани индустриякунонӣ аз трактор ва техникаи дигари муосир таъмин кардани хоҷагии қишлоқ меафзуд, ки истифодаи самарабахши онҳо танҳо дар хоҷагиҳои калон имконпазир буд.
Аз соли 1929 сохтмони стансияҳои мошину трактории (МТС) давлатӣ сар шуд, ки онҳо такягоҳи коллективонӣ гардиданд. Ҳамаи ин барои ҳаракати оммавии колхозӣ шароит фароҳам меовард.
Дар ноҳияҳои гуногуни СССР ҳангоми азнавсозии сотсиалистии хоҷагии қишлоқ ба назар гирифтани шароити иҷтимоию иқтисодии маҳал зарур буд.
РСС ТОҶИКИСТОН
Дар Тоҷикистон, ки аз ҷиҳати тараққии иқтисодиёт нисбат ба ҷумҳуриҳои пешқадами мамлакат ақибмонда буд, тайёр намудани кори коллективонии саросар ба бартараф кардани душвориҳои иловагӣ вобаста буд. Зеро дар қисми зиёди ҷумҳурӣ (ба ҷуз округи Хуҷанд ва ВАБК) ислоҳоти обу замин гузаронда нашуда, тарзи заминдории феодалию бойӣ давом дошт. Дараҷаи қувваҳои истеҳсолгар дар хоҷагии қишлоқ ниҳоят паст буд. Камшумории синфи коргар барои муборизаи зидди бойҳо ташкил ва муттаҳид намудани деҳқононро душвор мегардонд.
Дар кори тайёр намудани коллективонии оммавии хоҷагии қишлоқи ҷумҳурӣ тадбирҳои Ҳукумати Советӣ, ки ба баланд бардоштани хоҷагии деҳқонии меҳнаткаш нигаронда шуда буданд (сабук кардани андозҳо, қарз додан, ба заминҳои нав муҳоҷир кардан, сохтмонҳои ирригатсионӣ, аз техникаи нав таъмин намудани хоҷагии қишлоқ) аҳамияти калон доштанд.
Солҳои 1928-1929 кооператсияи хоҷагии қишлоқ дар РАСС Тоҷикистон 66,2 ва дар округи Хуҷанд 70 дарсади хоҷагиҳои деҳқононро дарбар мегирифт. Ба воситаи кооператсия системаи муоҳидаи давлатии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ (пеш аз ҳама пахта) ба роҳ монда шуд, ки ин саноати давлатӣ ва хоҷагиҳои деҳқононро бештар ба ҳам наздик кард.
АВВАЛИНҲО
Хоҷагиҳои коллективӣ дар Тоҷикистон бори аввал солҳои 1918-1919 дар навоҳии Шимол, дар рафти милликунонии замин ба вуҷуд омаданд, вале зуд аз байн рафтанд. Суръати сохтмони колхозиро ислоҳоти обу замин, ки дар округи Хуҷанд солҳои 1925-1926 гузаронда шуд, тезонд ва дар натиҷа 13 колхоз барпо гардид.
Соли 1927 колхозҳо дар навоҳии марказ ва ҷануби ҷумҳурӣ низ ба вуҷуд омаданд. Шумораи онҳо махсусан баъди съезди XV ВКП (б) афзуд.
Барои роҳбарӣ ба сохтмони колхозӣ марказҳои ташкилӣ таъсис мегардиданд: феврали соли 1928 – Комиссияи марказии колхозӣ (дар округи Хуҷанд – шуъбаи округӣ), январи 1929 – колхозсентр, 1 октябри соли 1929 дар Тоҷикистон 209 колхоз буд, ки 2888 хоҷагии деҳқононро дарбар мегирифт. Дар ин давра колхозҳо асосан дар заминҳои давлатӣ ташкил карда шуда, аз ҷиҳати таркиби иҷтимоӣ, аз камбағалону батракҳо иборат буданд. Коллективонӣ танҳо 1,5 фоизи хоҷагии деҳқононро фаро мегирифт. Баҳори соли 1929 дар ҷумҳурӣ 5 совхоз ташкил шуд…
ГАРДИШИ КУЛЛӢ
Дар тараққии деҳоти советӣ нимаи дуюми соли 1929 ба амал омад. Дар баробари камбағалон доираи васеи деҳқонони миёнаҳол ба ҳаракати колхозӣ ҳамроҳ шуданд ва ин ҳаракат характери оммавӣ гирифт…
Дар Тоҷикистон низ то андозае болоравии ҳаракати колхозӣ ба амал омад: дар 3 моҳи соли 1929 миқдори хоҷагиҳои ба колхозҳо муттаҳидшудаи деҳқонон қариб ду баробар (аз 2888 то 5421) афзуд. Пленуми ноябрии (1929) КМВКП (б) махсусан мураккаб будани шароити сохтмони колхозиро дар маҳалҳои миллие, ки боқимондаҳои феодаливу қабилавӣ аз байн нарафтааст, нишон дод.
Мувофиқи вазъияти конкретии ҷумҳурӣ КМ ПК (б) Тоҷикистон «Дар бораи плани сохтмони колхозӣ барои солҳои 1929-1930» қарор қабул карда (10 декабри соли 1929), зарурати вобаста ба хусусияти маҳал гузарондани коллективонии хоҷагии қишлоқро қайд намуд…
МТС
Баҳори соли 1930 чор МТС (стансияҳои мошину тракторӣ)-и аввалин (дар Чиптура, Арал, Саройи Камар ва Шаҳритус) ба кор сар карданд. Ҳамаи ин боиси болоравии ҳаракати колхозӣ гардид.
Дар давраи тайёрӣ ва гузарондани маъракаи кишти баҳории соли 1930 ба колхозҳо аз паси камбағалон оммаи деҳқонони миёнаҳол низ дохил шудан гирифтанд. Ҳаракати колхозӣ дар аксари навоҳии пахтакор характери оммавӣ гирифта, дар баъзеи аз онҳо (Нов, Арал) ба дараҷаи коллективонии саросар расид. Барои дар сохтмони колхозӣ кумак расондан партия ба деҳоти тоҷик қариб 150 нафар коргарони саноатро фиристод (бригадаҳои корхонаҳои бофандагии шеф – Биступанҷҳазориён). Онҳо дар ташкил ва мустаҳкам кардани колхозу МТС-ҳо ҳиссаи калон гузоштанд…
Умар АЛӢ