ХАБАРИ ДОҒ

ХОИНИ №1 Генерал Власов А.А.

  • Панҷшанбе, Нояб 10 2022

 

Оғоз

Насли калонсол, нафароне, ки овони Шуравӣ умр ба сар бурдаанд, танҳо як Власовро аз китобҳои марбут ба таърихи корзори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 медонистанд. Генерал Власови хоин, аммо он овон аз ин бора дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ маълумоти кофӣ дастрас набуд. Адабиёти махсусро оид ба ин мавзуъ танҳо муаррихони марказ, муҳаққиқони ин давра медонистанду бас.

Банда низ ба ҷуз якчанд пора аз филмҳои ҳунарии советӣ, дигар маъхазе рӯи даст надоштам, ки аз ин хусус муфассалтар чизе бихонаму бидонам. Баъдан, танҳо охири солҳои 70-уми асри гузашта, дар «Энсиклопедияи советии тоҷик» (ҷилди 1, Душанбе, 1978, саҳ.634) таҳти сарлавҳаи «Власовчиён» ҳамагӣ 12 сатр нашр намуданд: «Власовчиён, хоинони Ватани советӣ, иштирокчиёни қисмҳои ҳарбии зиддисоветӣ, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Германияи фашистӣ ёрӣ расонданд. Аз номи генерал-лейтенант А.А. Власов, собиқ фармондеҳи Армияи 2-юми зарбазани фронти Волхов, ки июли соли 1942 асир афтод ва ба хизмати гитлерчиён гузашт. Соли 1945 Власов ва шариконаш дастгир ва соли 1946 бо ҳукми коллегияи ҳарбии Суди Олии СССР қатл карда шуданд».

 

Власов Андрей Андреевич

Баъди барҳам хӯрдани СССР ва ба миён омадани васоити ахбори навин, минҷумла интернет мавзуи болозикр рӯшантар гашт. Муҳаққиқон ва масъулони сайтҳои интернетӣ кунун парда аз бисёр розҳо бардоштанд. Аз он ҷумла, дар бораи тафсилоти рӯзгори генерали хоин Андрей Власов. Кист ӯ?

Власов Андрей Андреевич 1 (14) сентябри соли 1901 дар деҳаи Ломакино, уезди Сергачский, губернияи Нижегород (ҳоло ноҳияи Гачински вилояти Нижегород)-и империяи Россия таваллуд шудааст. Миллаташ рус. Фарзанди 13-ум, писари хурдии хонадон буд. Оилаи камбағал, падар наметавонист, ки ба онҳо маълумот диҳад. Бародари калониаш Иван ӯро ба семинарияи динии Нижегород равон карда, маблағи таҳсилро ба гардан гирифт. Инқилоби соли 1917 дар Россия ба таҳсили Андрей Власов хотима гузошт. Соли 1918 ӯ ба мактаби агрономӣ дохил шуд, аммо соли дигар ӯро ба аскарӣ даъват карданд.

 

РККА

Дар Армияи Сурхи коргару деҳқон Андрей Власов соли 1919 хизмат оғоз намуд. Баъди хатми курсҳои чормоҳаи командирон тобистони ҳамон сол ӯро командири взвод таъин карданд. Вай дар муҳорибаҳо бо неруҳои мусаллаҳи Ҷануби Россия дар фронти Ҷанубӣ иштирок кард. Дар дивизияи 2-юми Дон адои хизмат намуд.  Бо ба охир расидани маҳви қӯшунҳои сафед дар Кавкази Шимолӣ дивизияе, ки дар он Власов хизмат мекард ба Таврияи Шимолӣ, ба зидди Врангел гузаронданд. Власов командири рота таъин гашт, баъд ӯро ба штаб гузаронданд.

Охири соли 1920 дар отряде, ки Власов командири савора ва разведкаи пиёдагард буд, ба маҳви ҳаракати шӯришгарон таҳти фармондеҳии Нестор Махно фиристоданд. 

Аз соли 1922 Власов дар вазифаҳои фармондеҳию штабӣ ва ҳатто муаллимӣ фаъолият дошт. Соли 1929 курсҳои олии ҳарбии фармондеҳии «Выстрел»-ро хатм кард. Соли 1930 ба ҳизб – ВКП (б) дохил шуд. Соли 1935 шунавандаи Академияи ҳарбии ба номи И.В. Фрунзе, аз августи соли 1937 командири полки 133-юми тирандози дивизияи 72-юми тирандоз ва аз апрели соли 1938 ёрдамчии командири ҳамин дивизия буд.

 

Хитой

Тирамоҳи соли 1938 Андрей Власовро барои кор дар ҳайати гурӯҳи мушовирони ҳарбӣ ба Хитой сафарбар намуданд, ки ин аз боварии роҳбарияти сиёсии мамлакат гувоҳӣ медиҳад. Аз май то ноябри соли 1939 мушовири калони ҳарбӣ буд. Ҳангоми хайрухуш аз Хитой Чин Кайши Андрей Власовро бо ордени «Аждаҳои тиллоӣ», завҷаи Чан Кайши-Сун Мэйлин сарфароз гардонданд. Баъди бозгашт ба СССР орден ва соати Власовро ҳукумат мусодира кард.

Генерал Н.С. Соркин дар ёддоштҳои худ қайд намудааст, ки Власовро аз Хитой барои кирдори ношоиста бозхостаанд. Дар китоби О.Ф. Сувениров «Трагедия РККА 1937-38» чунин нукта зикр шудааст: «Собиқ командири дивизияи тирандози 99-ум А.А. Власов баъди бозгашт аз Хитой боз ба дивизияи худ фиристода шуд, аммо ин дафъа барои тафтиш кардан. Қисми ҳарбӣ пешсаф будаву ягон камбудӣ ёфт нагашт. Командир тактикаи амалиёти ҳарбии ҷиддан вермахтро меомӯхт. Власов аз рӯи ин далел «рапорт» навишт. Баъди ин командирро ҳабс карданд ва дере нагузашта Власовро ба ҷойи ӯ муқаррар карданд».

 

Генерал Власов

Моҳи январи соли 1940 генерал-майор Андрей Власов командири дивизияи 99-уми тирандоз таъин намуданд. Дивизия дар сарҳад, дар маҳали Перемишля, дар рӯ ба рӯи душмани оянда ҷойгир шуда буданд.

Власов диққати ҳайати фармондеҳии дивизияро ба иҷрои бечунучарои интизоми ҳарбӣ ҷалб намуд. Дар натиҷа октябри ҳамон сол бо Байрақи Сурхи сайёр сазовор шуда, дивизия дар округи ҳарбии Киев аз беҳтарин дониста шуд. Маршал Тимошенко дивизияро беҳтарин дар Армияи Сурх унвон кард. А. Власов бо соати тиллоӣ ва ордени Байрақи Сурх мукофотонда шуд. Дар ин бора рӯзномаи «Красная звезда» мақолаи таърифӣ чоп кард…

Моҳи январи соли 1941 Власов командири корпуси 4-уми механиконидашудаи округи ҳарбии махсуси Киев таъин гашта, баъди як моҳ бо ордени Ленин қадрдонӣ шуд…

  20 апрел генерал Андрей Андреевич Власов фармондеҳи армияи 2-юми ҳамлавар таъин шуда, ҳамзамон муовини фармондеҳи фронти Волхов буд. Дар рафти амалиёти аз муҳосира баровардани армияи 2-юми ҳамлавар дар ҷараёни май-июн таҳти фармондеҳии Власов 2 маротиба сахт (бебокона) кӯшиши халос  хӯрдан аз муҳосираро карданд. Амали қӯшунҳои армияи 52 ва 59-уми фронти Волхов бо мақсади ба истиқболи онҳо зада гузаштан бебарор монд…

 

Барқияи пуризтироб

21 июни соли 1942. Соати 8:10. Ба сардори Штаби генералии Армияи Сурх. Совети ҳарбии фронт.

«Қӯшунҳои армия се ҳафта боз 50 граммӣ сухарӣ мегиранд. Рӯзҳои охир озуқаворӣ тамоман набуд. Аспҳои охиринро хӯрда истодаем. Аскарон аз ҳад зиёд бемадор гаштаанд. Аз гуруснагӣ фавти гурӯҳӣ ба назар мерасад. Лавозимоти ҷангӣ нест…».

Власов, Зуев

 

Гаштугузор

25 июн душман роҳрав (коридор)-ро нобуд кард. Барои Власов самолёти охирон фиристоданд, то ӯро ба пешгоҳи ҳудуди советӣ эвакуатсия кунанд, ба қавле фармондеҳ розӣ нашудааст, ки аскаронашро партояд.

Маълумоти шоҳидони гуногун ба як савол посух дода наметавонад, ки генерал Андрей Власов 3 ҳафта дар куҷо пинҳон шуда буд? Дар ҷангал гашт ё дар ягон пункти фармондеҳии эҳтиётӣ буд, ки гурӯҳ ба он ҷо гузаштаанд. Власов дар бораи тақдири худ андешида, худро бо генерал А.В. Самсонов муқоиса кард, фармондеҳи армияи 2-юм, ки ҳамчунон дар муҳосираи немисҳо ғалтида буд, худкушӣ кард. Ба гуфтаи Власов фарқияти ӯ аз Самсонов дар он буд, ки дувумиро чизе буда, ки вай ҷони худро нисор кардааст. Власов чунин ҳисобид, ки барои Сталин шуда худро намекушад…

11 июл барои дарёфти озуқа Власов бо ҳамроҳи охирини худ аз гурӯҳи нахустин, ошпаз Воронова ба деҳаи куҳнакешон (староверов)-и Туховежи ворид шуданд. Ба хонае, ки онҳо муроҷиат карданд, хонаи арбоби деҳа будааст. То вақте ки Власов ва Воронова хӯрок мехӯрданд, арбоб политсайҳои маҳалии ёрирасонро ҷеғ зад. Политсайҳо ҳавлиро муҳосира карда, онҳоро ҳабс кардаанд. Власов боисрор мегуфт, ки вай муаллими фирорӣ (муҳоҷир) аст. Онҳоро дар ҳезумхона маҳкам карданд. Рӯзи дигар, 12 июл патрули немисҳо ба Туховежи омада, Власовро аз рӯи портрети дар газета чопшуда шинохт. Арбоби деҳа барои доштани Власов аз фармондеҳи армияи 18-уми немисҳо 1 гов, 10 қуттӣ махорка, 2 шиша арақи зирагӣ ва грамотаи фахрӣ мукофот гирифт.

 

Асорат ва ҳамкорӣ бо немисҳо

Ӯро ба лагери ҳарбии Виннитса, лагер барои маҳбусон – афсарони олирутба оварданд. Власов барои ҳамкорӣ бо натсистон розӣ шуда, роҳбарии «Армияи озодибахши Рус» (АОР) ва «Комитети озодибахши миллатҳои Россия» (КОМР)-ро, ки аз маҳбусони ҳарбии советӣ буд, ба уҳда гирифт…

 

(давом дорад)

 

Умари Шерхон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter